Гардишгарӣ

Душанбе

Душанбе - калонтарин шаҳр ва пойтахти кишвaри Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он беш аз 1 000 000 нафар (соли 2012) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд.

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» низ навишта шудааст. Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд.

Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе Сталинобод номида шуд. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд.

Хуҷанд

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад,ки инҷо маркази тиҷорат ва роҳе буд, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард.

Дар вақти истилои худ Искандари Макдунӣ шаҳри қадимаи Хуҷандро пурра несту нобуд карда, дар ҷояш шаҳри нав сохт, ки номи онро Александрияи Эсхата ном гузошт.

Дар асри 13 дар вақти истилои муғулҳо қаҳрамонии худро Темурмалики паҳлавон нишон дода буд, ки ҳоло халқи ин шаҳр бо ӯ ифтихор доранд.

Дар айни ҳол Хуҷанд маркази вилояти Суғд мебошад.

Хуҷанд маркази маъмурии вилояти Суғд бо таърихи куҳанбунёд ва имрӯзи шукуфонаш мояи ифтихори мардуми сарбаланди мост. Он бо маънои томаш гаҳвораи тамаддун аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо нобиғаҳоро ба олами ҳастӣ овардааст ва фарзандони фарзонааш дар тамоми давру замонҳо номбардори халқу миллати тоҷик ва ин сарзамини биҳиштосо буданду имрӯз ҳам бо гузашти асрҳову наслҳо номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ,  Мӯниса Маҳастии Хуҷандӣ, Темурмалики қаҳрамонаш  рӯи забонҳост.

Мардуми Хуҷанд аз азал бо меҳнатқаринии худ номвар аст ва косибӣ аз замонҳои қадим шуғли асосии сокинони шаҳр ва гирду атрофии он буд. Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки аз ин ҷо мегузашт, аз лиҳози он, ки косибонаш бо ҳунару санъати ресандагию бофандагии худ маъмул буданд, таваҷҷӯҳи тоҷиронро аз Осиёю Аврупо ба худ мекашиданд ва  Хуҷанд як нав таваққуфгоҳи корвонҳои ин Шоҳроҳ маҳсуб мешуд.

Табиист, ки завқи инсон мутобиқ ба зиндагӣ, давру замон сайқал меёбад. Хуҷанди беш аз 2500-сола худ бо мавқеи ҷуғрофиаш, бо обу ҳавояш, бо табиати худододаш зебост. Вазифаи мо аст, ин зебогиро натанҳо ҳифз намоем, балки онро бо завқи худ афзун гардонем.

Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки ифодагари муборизаҳои шадиди хуҷандиён алайҳи аҷнабиён аст, бо назардошти хусусиятҳои таърихии худ аз нав эҳё гардид, ба ҳамин мавзеъ кӯчондани осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоятӣ низ ғановатбахши ҳамин маънӣ аст. Маҷмааи таърихии «Шайх Маслиҳатдин» бо тарзи нав ва нигаҳдошти ифодаҳои аслии худ тармим шуд. Майдони «Панҷшанбе»  васеъ карда, дар шафати он гузаргоҳи зеризаминӣ бунёд ёфт ва пайваста бо симои бозори соф шарқиёнаи «Панҷшанбе» мантиқи  маҷмааи «Шайх Маслиҳатдин»-ро пурра кард.

Хоруғ

Хоруғ - шаҳрест дар ҷанубу ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, дар ду соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он дар рӯди Панҷ дар баландии 2200 метр аз сатҳи дарё воқеъ гаштааст. Аҳолии шаҳр бино бар саршумори соли 2003 30 ҳазор нафар аст.

Тобистонаш гарм, зимистонаш хунуки мӯътадил, ҳарорати миёнаи июл 22,2 C, янв.- 7,8 С (2006), боришоти солона 263 мм.

Хоруғ 5 маҳалла дорад: маҳаллаи Моёншо Назаршоев, маҳаллаи С. Абдуллоев, Шош-Хоруғ, Бархоруғ, 75-солагии ВМКБ. Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард бо ш. Душанбе ба воситаи ағбаи Сағирдашт, (527 км), ба воситаи шоҳроҳи Кулоб 417 км ва Уш (740 км) бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо роҳи ш. Хоруғ - Мурғоб- Кулма бо Ҷумҳурии халқии Хитой алоқаманд аст.

Хоруғ то пирӯзи инқилоби Октябр (1917) деҳае буд, ки дар он 10-12 хонавода зиндагонӣ доштанд ва шуғли асосии онҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буд. Соли 1897 қароргоҳи посгоҳи марзбонии Русия Помир аз Шоҷон (Мурғоб) ба Помири Ғарбӣ (Хоруғ) кӯчонида мешавад ва аз ҳамин замон ин деҳа маркази маъмурӣ мегардад.

Густаришу ободонии ҳамаҷонибаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри ХХ сар шуд. Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ (ВСИК) аз 2-уми январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ҳамчун вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ дар таркиби Тоҷикистон таъсис ёфт ва маркази онро ш. Хоруғ эълон намуданд. Аз ҳамин сол тараққиёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази ВАБК сар мешавад. Хоруғ ҳамчун шаҳр аз 27 окт. с.1932 ба ҳукми қонун даромадааст.

Қурғонтеппа

Қурғонтеппа - маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷой дорад.

Қурғонтеппа дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 85 ҳазор нафар ҷамъият севумин шаҳри Тоҷикистон аст.

Қурғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз узбакҳо ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад.

Шаҳри Қурғонтеппа дар солҳои 1944 - 1992 маркази вилояти Қурғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.

Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест ки бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кушониён вуҷуд доштааст.

Панҷакенти қадим

Нодирии ёдгории мазкур дар он ифода меёбад, ки тамоми қаламрави он то замони мо бо сохтмони биноҳои пештара ва чун замини киштукор истифода бурдани онҳо хароб нагардидааст. Биноҳо, маъбаду ибодатхонаҳо, кӯчаҳо ва паскӯчаҳои он дар намуди аввала ҳифз шудааст.

Панҷакенти қадимро метавон бо чунин ёдгориҳои дар ҷаҳон машҳур чун Афросиёб, Варахш, Пайкент (Ӯзбекистон), Нисо, Марв (Туркманистон), Оқ-теппа, Тара, Отрар (Қазоқистон), Уструшана, Кофир-Қалъа, Ҳулбук (Тоҷикистон), Чакалак-теппа (Афғонистон)  ва амсоли ин муқоиса намуд.

Панҷакенти қадим ёдгории таърихии  давраи то исломӣ ба ҳисоб  меравад. Дар ин маҳал  аз  асри 5 то асри 8 давраи мо Суғдиён – аҷдоди тоҷикони муосир, ки дар водии Зарафшон умр ба сар мебурданд, зиндагӣ кардаанд.

Шаҳристон бо девори қалъагӣ  иҳота гардида, дар дохили шаҳр ду ибодатгоҳи зардуштиён, биноҳои истиқоматӣ бо деворҳои пурнақшу нигору мусаввара, ҳашт кўча, фурўшгоҳҳо, боқимондаҳои устохонаҳои ҳунармандӣ ва иншооти муҳофизатӣ бозёфт карда шудааст.

Кӯлоб

Шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб мешавад. Далели мӯътамади таърихӣ будани онро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат медиҳад. Дар солҳои 1993-94 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мири Кабир хумдонеро пайдо карданд, ки ба асрҳои ҳафт шаши пеш аз мелод мансуб буд. Хумдони мазкур яке аз далелхои таърихи 2700 солаи шаҳри Кӯлоб мебошад.

Шаҳри Кӯлоб бо таьрихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохта аст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои 9-8- пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд.

Ҳисор

Ноҳияи Ҳисор— яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 29 январи соли 1932 дар бахше аз вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ҳисор аст ки 26 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хонақоҳ ва Ҷӯи калони Ҳисор ҷойгир аст.

Ноҳияи Ҳисор бо сарзамине 1982,1 км² дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳринав ва дар шарқ — бо ноҳияи Варзоб аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

 Гармчашма

«Гармчашма» дар ҷараёни миёнаи дарёи ҳамномаш (шохоби рости дарёи Панҷ), дар шохаи ҷанубу ғарбии сислсилакўҳҳои Ишкошим, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Аҷиб аст, ки дар номҳои ҷуғрофии қадимӣ ду номи нахустини дарёчаи номбурда ёдоварӣ мешавад: Андароб ва Ростйў-дара. Аммо кунун номи ҳозираи он номи дараро низ ба худ гирифтааст. Ин дара, ки қисмати болоияш ба қуллаи теғаи тездори Маяковский рафта мерасад, урён буда, дар тамоми дарозии худ ғафсиҳои хокистаррранги хоросанг ва варақсангҳои булўриро бурида мегузарад, ки синну соли докембрӣ дорад. Ин ҷинсҳои кўҳӣ бо растанӣ пўшонида нашудааст, танҳо дар поёни нишебиҳои кўҳ  онҳоро сабзаву алафҳои ковоки дарёӣ пӯшонидааст. Вақте ба чашма наздик мешавед, чунин ба назар мерасад, ки суфачаҳо мустақиман аз ин обовардҳо фаввора мезананд.