Оҷонсҳои туристӣ

Саҳифа дар марҳалаи иҷрошави…

Дарёҳо ва кӯҳҳо

Дарёҳои Тоҷикистон - Ҳисоби дарёҳои Тоҷикистон ба 947 мерасад, ки дарозии ҳар кадом беш аз 10 км ва дарозии умумии онҳо 28,500 км аст. Иқтидори энергияи дарёҳову кӯлҳои Тоҷикистон - 64 миллион киловат/соатро ташкил медиҳад.

Дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал ба шумор мераванд, оби ҳаётбахши худро ба кишварҳои дар поёнтар ҷойгиршуда мерасонанд ва пахтакорию гидроэнергетикаро бе онҳо наметавон тасаввур кард. Тамоми дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи баҳри Арал мансубанд. Муҳимтарини онҳо: Панҷ, Вахш, АмударёСирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон, Бартанг, Яхсу, Фондарё, Шинг, Искандардарё, Хоҷабқирғон, Оқсу, Ширинсоӣ, Қизилсу, Исфара ва ғайраҳо.

Бояд қайд кард , ки қисми шимолии ҳавзаи Сирдарё дар минтақаи иқлимии муътадил, қисми ҷанубиаш дар минтақаи иқлими субтропикию континенталӣ чойгир мебошад. Аз лиҳози маъмурӣ Сирдарё аз ҳудуди 4-ҷумҳури мегузарад: Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон. Ё худ:

• Ҳавзаи дарёи Норин, қаторкӯҳҳои Чатколу Фарғона, қисми шимолии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Туркистону Олой ба Ҷумҳурии Қирғизистон мансубанд.

• Қисми марказии водии Фарғона, ҳавзаи дарёҳои Чодак, Оҳангарон ва Пскем ба Ҷумҳурии Узбекистон мансубанд.

• Қисми ҷанубии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Қурама, қисми шимолии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Туркистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд.

• Ҳамаи дарёи Арис,ҷануби-ғарбии нишебиҳои қаторкӯҳҳои Қаратоғ, қисми поёнии Сирдарё ба Ҷумҳурии Қазоқистон мансубанд.

Сирдарё яке аз артерияҳои бузурги обии сарзамини Осиёи Миёна буда, 443ҳ.км² масоҳат дошта, ҳавзааш дар байни 39º23'-46º арзи шимоли ва 61º-78º24' тули шарқи ҷойгир шудааст. Тӯли он аз шимол ба ҷануб ба масофаи 800 км ва аз ғарб ба шарқ 1600км аст. Ҳавзаи Сирдарё 32%-и масоҳати Осиёи Миёнаро ишғол кардааст. Ҷараёни солонаи дарё 14 км. мукааб аст. Ҳавзаи обғундории Сирдарё асосан ба қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Тиёншон ва нишебиҳои қаторкӯҳҳои Олой ва нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон мансуб аст.

Сирдарё аз рӯдҳои Норин ва Қародарё сарчашма мегирад. Дар саробаш (Қирғизистон) Норин ном дорад.З ахираи обии рӯди Норин се маротиба зиёдтар нисбат ба Қародарё аст. Дарёи Сир идомаи рӯди Норин буда, Қародарё шохоби чапи он мебошад. Дарозии умумии Сирдарё аз он ҷое,ки Қародарёву Норин бо ҳам пайваст мешаванд  2212 км. аст, вале аз сароби Норин 3019 км. мебошад. Масоҳати ҳавзаи обғундории Сирдарё 219000 км²аст. Дарёҳои қаторкӯҳҳои Туркистон, Олой ва Тиёншони Ғарбӣ, ки оби худро ба Сирдарё мерезанд, пуроб шуда, ба воситаи водии Фарғона ба пастии Тӯрон ҷорӣ шуда, сипас ба қисми шимоли-ғарби тоб хурда, аз доманаи қаторкӯҳҳои Каротоғ мегузарад. Баъдан даштҳои ҳамвори Қазоқистонро убур карда, ба баҳри Арал мерезад.

Дар ҳавзаи Сирдарё дар маҷмӯъ беш аз 2600 кӯл (кӯлҳо асосан дар болооби дарёи Норин), 29784-дарё бо масоҳати 108634 км. вуҷуд доранд. Сирдарё дар саршавиаш яке аз дарёҳои бузурги кӯҳӣ буда, аз баландиҳои 4000-5000м ҷорӣ мешавад. Сирдарё нисбат ба Амударё захираи обии кам дорад. Агар ҳавзаи оббғундории Сирдарё дар як шабонарӯз 1200м мукааб/сон. бошад, дар Амударё 2500м мукааб/сон. -ро ташкил медиҳад. Сирдарё аз барфу пиряхҳои доимӣ ғизо мегирад, барои он, ки дар қисми кӯҳии Сирдарё пиряҳҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин рӯ, ғизогирии Сирдарё ба типи ғизогирии пиряхию барфӣ рост меояд. Танҳо қисми шимолии қаторкӯҳҳои Туркистону Олой зиёда аз 250-пирях доранд. Дар болооби дарёи Норин бошад 200, дар қисми ҷанубӣ-ғарбии қаторкӯҳи Фарғона 57-пирях ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии пиряхҳо 2208км² аст. Миқдори умуми дарёҳое, ки дар ҳавзаи Сирдарё ҷойгиранд аз нигоҳи гидрологӣ то ҳол танҳо 131- тои онҳо омӯхта шудаанд.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон обанбори сунъии Қайроқум барои обёрӣ намудани заминҳо солҳои 50 асри XX сохта шудааст.

Амударё — дарёест дар Осиёи Марказӣ.

Сарчашмаи рӯди Амударё рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҳастанд, ки яке аз дарёҳои Зоркӯл дар сарзамини Тоҷикистон ва дигаре аз кӯҳсори Олой дар сарзамини Қирғизистон об мегиранд.

Дарозии ин рӯд 1415 км, паҳноварии ҳавзаи обхезаш 534 739 км², миёнгини гузашти обаш 2,525 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ ба кор меравад.

Номи Амударёро баъд аз ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш мегирад.                                                                                            Амударё ба баҳри Арал мерезад. Аз тарафи рост се шохоби калон (Кофарниҳон, Сурхондарё, Шеробод) ва аз тарафи чап як шохоб - (Қундуз) дорад. Баъд аз ин то баҳри Арал дигар шохоб надорад. Манбаи асосии дарё оби барфу пиряхҳо мебошад, аз ин сабаб дар тобистон сероб буда, зимистон камоб мешавад. Оби Амударё асосан аз ҳудуди Тоҷикистон (80 %) ва қисман Афғонистон меояд. Баъд дарё қад-қадди сарҳади Афғонистону Ўзбекистон равон гашта, ба Туркманистон меравад ва боз ба Ўзбакистон баргашта, ба баҳри Арал мерезад.

Дар даврони бостон рӯди Вахшро сарчашмаи аслии Амударё мешумурдаанд, аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.

Амуй муҳимтарин гузаргоҳи Вахш дар роҳи Марв ба Бухоро буд ва аз ин рӯ номаш бар рӯду регзори гирду канораш низ гузашт. Аз инҷост ки Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ин рӯдро «Оби Ому» ва Қароқумро «Реги Ому» хондааст.

Искандар - дарёест дар Тоҷикистони Марказӣ, аз Искандаркӯл ҷорӣ шуда ба дарёи Фон (ҳавзаи Зарафшон) ҳамроҳ мешавад. Тӯлаш 20 км, масоҳаташ 950км2. Сарфи миёнаи солонаи об 19,1 м3/сон. Дарё қаторкӯҳи Зарафшонро аз ҷануб ба шимол бурида мегузарад. 1,5 км поёнтар аз саргаҳаш шаршара (баландиаш 20м) дорад.

Вахш — рӯдест дар Осиёи Марказӣ, ки дар Қирғизистону Тоҷикистон равон аст ва бо рӯди Панҷ пайваста дар Омударё мерезад.

Рӯди Вахш аз кӯҳҳои Помир дар сарзамини Тоҷикистон ва кӯҳсори Олой дар сарзамини Қирғизистон сарчашма мегирад. Қирғизистону Тоҷикистон ду кишвари аслии обгири он ҳастанд.

Дарозои ин рӯд 786 км, паҳнои ҳавзаи обхезаш 39 100 км², миёнгини гузашти обаш 156 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ дар пахтазорҳо ба кор меравад. Аз дараи рӯди Вахш шоҳроҳи Душанбе — Чанок мегузарад.

Шаҳрҳои Норак, Сарбанд ва Қурғонтеппа дар канораи рӯди Вахш ҷой доранд. Дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ шикоргоҳи «Бешаи палангон» ҷойгир аст.

Искандаркӯл - яке кӯлҳои Тоҷикистон мебошад. Искандаркӯл дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад: аз 86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Гармии об + 11,5 то + 180, зимистон ях мекунад.

Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон (Панҷакент, Айнӣ, Масчоҳ) гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.

Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогару офарандаи Александри Мақдунӣ (Искандари Мақдунӣ 356-323 пеш аз милод) вобаста мекунанд, ки соли 329 Осиёи Миёнаро забт кардаст.

Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст.

Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км,. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.

Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.

Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондан ба рустои Сарез ва боз се деҳи дигар таҳдид кард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд. Дар ҷои уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.

Зоркӯл – яке аз кӯлҳои Тоҷикистон мебошад. Зоркӯл дар кӯҳистони Помир (Ноҳияи Мурғоб) ҷойгир аст. Кӯл аз шарқ то ба ғарб дар масофаи 25 км тӯл кашидааст, масоҳаташ - 87700 (га) аст. Аз Зоркӯл дарёи Помир ҷорӣ гардида ба дарёи Панҷ ҳамроҳ мешавад.  «Зоркӯл» дар ҳифз ва истифодаи мероси табии ҷумҳурӣ мебошад. 

Ҳафткӯл – яке аз силсилакӯлҳои мавзеъҳои табии Тоҷикистон мебошад. Ҳафткӯл дар кӯҳистони Фонқаторкӯҳҳои Зарафшон воқеъ аст. Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегирад. Кӯлҳо дар бари кӯҳпораҳои наву кӯҳнаи лагжида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё Ҳафт нозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Кӯлҳои Марғузор аз ҳафт кӯли фирӯзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Кӯли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кўли дуввум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кўлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кўлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи он мушкилгузар аст. Кӯли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллӣ мегўянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Мижгон бо ранги ғайриоддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шӯхи Шинг низ ранги осмонї медиҳад. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кӯл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад. «Ҳафткӯл» дар ҳифз ва истифодаи мероси табии ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин мавзеъ, ки ба яке аз минтақаи сайёҳии Тоҷикистон (минтақаи туристии водии Зарафшон) табдил ёфтааст, туристони зиёде меоянд.

Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва 93 дарсади сарзамини он аз 300 то 7495 м баландтар аз сатҳи дарё аст. Кӯҳсори Тоҷикистон бахше аз кӯҳистонҳои Тиён-Шон ва Помир ҳастанд. Баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон инҳоянд:

 Қуллаи Исмоили Сомонӣ яке аз куллаҳои кӯҳҳои баланди Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ номаш қуллаи Коммунизм буд.

Кӯҳ

Баландӣ

Ҷойгоҳ

Қуллаи Истиқлолият

7,174 м

23,537 ft

кӯҳсори Олой

Кӯтали Қизиларт

4,280 м

14,042 ft

кӯҳсори Олой

Қуллаи Исмоили Сомонӣ   (аз ҳама баландтарин)

7,495 м

24,590 ft

Помир

Қуллаи Абуалӣ ибни Сино

6,974 м

22,881 ft

Помир

Қуллаи Корженевский

7,105 m

23,310 ft

Помир

Қаторкӯҳи Академияи Фанҳо

6,785 м

22,260 ft

Помир

Қуллаи Конкорд

5,469 м

17,943 ft

кӯҳсори Қарақорум

Куллаи Карл Маркс

6,726 м

22,067 ft

кӯҳсори Қарақорум

Қуллаи Маяковский

6,096 м

20,000 ft

марз бо   Афғонистон

Гардишгарӣ

Душанбе

Душанбе - калонтарин шаҳр ва пойтахти кишвaри Тоҷикистон аст.

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он беш аз 1 000 000 нафар (соли 2012) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд.

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» низ навишта шудааст. Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд.

Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе Сталинобод номида шуд. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд.

Хуҷанд

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад,ки инҷо маркази тиҷорат ва роҳе буд, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард.

Дар вақти истилои худ Искандари Макдунӣ шаҳри қадимаи Хуҷандро пурра несту нобуд карда, дар ҷояш шаҳри нав сохт, ки номи онро Александрияи Эсхата ном гузошт.

Дар асри 13 дар вақти истилои муғулҳо қаҳрамонии худро Темурмалики паҳлавон нишон дода буд, ки ҳоло халқи ин шаҳр бо ӯ ифтихор доранд.

Дар айни ҳол Хуҷанд маркази вилояти Суғд мебошад.

Хуҷанд маркази маъмурии вилояти Суғд бо таърихи куҳанбунёд ва имрӯзи шукуфонаш мояи ифтихори мардуми сарбаланди мост. Он бо маънои томаш гаҳвораи тамаддун аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо нобиғаҳоро ба олами ҳастӣ овардааст ва фарзандони фарзонааш дар тамоми давру замонҳо номбардори халқу миллати тоҷик ва ин сарзамини биҳиштосо буданду имрӯз ҳам бо гузашти асрҳову наслҳо номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ,  Мӯниса Маҳастии Хуҷандӣ, Темурмалики қаҳрамонаш  рӯи забонҳост.

Мардуми Хуҷанд аз азал бо меҳнатқаринии худ номвар аст ва косибӣ аз замонҳои қадим шуғли асосии сокинони шаҳр ва гирду атрофии он буд. Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки аз ин ҷо мегузашт, аз лиҳози он, ки косибонаш бо ҳунару санъати ресандагию бофандагии худ маъмул буданд, таваҷҷӯҳи тоҷиронро аз Осиёю Аврупо ба худ мекашиданд ва  Хуҷанд як нав таваққуфгоҳи корвонҳои ин Шоҳроҳ маҳсуб мешуд.

Табиист, ки завқи инсон мутобиқ ба зиндагӣ, давру замон сайқал меёбад. Хуҷанди беш аз 2500-сола худ бо мавқеи ҷуғрофиаш, бо обу ҳавояш, бо табиати худододаш зебост. Вазифаи мо аст, ин зебогиро натанҳо ҳифз намоем, балки онро бо завқи худ афзун гардонем.

Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки ифодагари муборизаҳои шадиди хуҷандиён алайҳи аҷнабиён аст, бо назардошти хусусиятҳои таърихии худ аз нав эҳё гардид, ба ҳамин мавзеъ кӯчондани осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоятӣ низ ғановатбахши ҳамин маънӣ аст. Маҷмааи таърихии «Шайх Маслиҳатдин» бо тарзи нав ва нигаҳдошти ифодаҳои аслии худ тармим шуд. Майдони «Панҷшанбе»  васеъ карда, дар шафати он гузаргоҳи зеризаминӣ бунёд ёфт ва пайваста бо симои бозори соф шарқиёнаи «Панҷшанбе» мантиқи  маҷмааи «Шайх Маслиҳатдин»-ро пурра кард.

Хоруғ

Хоруғ - шаҳрест дар ҷанубу ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, дар ду соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он дар рӯди Панҷ дар баландии 2200 метр аз сатҳи дарё воқеъ гаштааст. Аҳолии шаҳр бино бар саршумори соли 2003 30 ҳазор нафар аст.

Тобистонаш гарм, зимистонаш хунуки мӯътадил, ҳарорати миёнаи июл 22,2 C, янв.- 7,8 С (2006), боришоти солона 263 мм.

Хоруғ 5 маҳалла дорад: маҳаллаи Моёншо Назаршоев, маҳаллаи С. Абдуллоев, Шош-Хоруғ, Бархоруғ, 75-солагии ВМКБ. Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард бо ш. Душанбе ба воситаи ағбаи Сағирдашт, (527 км), ба воситаи шоҳроҳи Кулоб 417 км ва Уш (740 км) бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо роҳи ш. Хоруғ - Мурғоб- Кулма бо Ҷумҳурии халқии Хитой алоқаманд аст.

Хоруғ то пирӯзи инқилоби Октябр (1917) деҳае буд, ки дар он 10-12 хонавода зиндагонӣ доштанд ва шуғли асосии онҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буд. Соли 1897 қароргоҳи посгоҳи марзбонии Русия Помир аз Шоҷон (Мурғоб) ба Помири Ғарбӣ (Хоруғ) кӯчонида мешавад ва аз ҳамин замон ин деҳа маркази маъмурӣ мегардад.

Густаришу ободонии ҳамаҷонибаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри ХХ сар шуд. Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ (ВСИК) аз 2-уми январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ҳамчун вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ дар таркиби Тоҷикистон таъсис ёфт ва маркази онро ш. Хоруғ эълон намуданд. Аз ҳамин сол тараққиёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази ВАБК сар мешавад. Хоруғ ҳамчун шаҳр аз 27 окт. с.1932 ба ҳукми қонун даромадааст.

Қурғонтеппа

Қурғонтеппа - маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷой дорад.

Қурғонтеппа дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 85 ҳазор нафар ҷамъият севумин шаҳри Тоҷикистон аст.

Қурғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз узбакҳо ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад.

Шаҳри Қурғонтеппа дар солҳои 1944 - 1992 маркази вилояти Қурғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.

Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар таърихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест ки бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кушониён вуҷуд доштааст.

Панҷакенти қадим

Нодирии ёдгории мазкур дар он ифода меёбад, ки тамоми қаламрави он то замони мо бо сохтмони биноҳои пештара ва чун замини киштукор истифода бурдани онҳо хароб нагардидааст. Биноҳо, маъбаду ибодатхонаҳо, кӯчаҳо ва паскӯчаҳои он дар намуди аввала ҳифз шудааст.

Панҷакенти қадимро метавон бо чунин ёдгориҳои дар ҷаҳон машҳур чун Афросиёб, Варахш, Пайкент (Ӯзбекистон), Нисо, Марв (Туркманистон), Оқ-теппа, Тара, Отрар (Қазоқистон), Уструшана, Кофир-Қалъа, Ҳулбук (Тоҷикистон), Чакалак-теппа (Афғонистон)  ва амсоли ин муқоиса намуд.

Панҷакенти қадим ёдгории таърихии  давраи то исломӣ ба ҳисоб  меравад. Дар ин маҳал  аз  асри 5 то асри 8 давраи мо Суғдиён – аҷдоди тоҷикони муосир, ки дар водии Зарафшон умр ба сар мебурданд, зиндагӣ кардаанд.

Шаҳристон бо девори қалъагӣ  иҳота гардида, дар дохили шаҳр ду ибодатгоҳи зардуштиён, биноҳои истиқоматӣ бо деворҳои пурнақшу нигору мусаввара, ҳашт кўча, фурўшгоҳҳо, боқимондаҳои устохонаҳои ҳунармандӣ ва иншооти муҳофизатӣ бозёфт карда шудааст.

Кӯлоб

Шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб мешавад. Далели мӯътамади таърихӣ будани онро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат медиҳад. Дар солҳои 1993-94 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мири Кабир хумдонеро пайдо карданд, ки ба асрҳои ҳафт шаши пеш аз мелод мансуб буд. Хумдони мазкур яке аз далелхои таърихи 2700 солаи шаҳри Кӯлоб мебошад.

Шаҳри Кӯлоб бо таьрихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохта аст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои 9-8- пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд.

Ҳисор

Ноҳияи Ҳисор— яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 29 январи соли 1932 дар бахше аз вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ҳисор аст ки 26 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хонақоҳ ва Ҷӯи калони Ҳисор ҷойгир аст.

Ноҳияи Ҳисор бо сарзамине 1982,1 км² дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳринав ва дар шарқ — бо ноҳияи Варзоб аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

 Гармчашма

«Гармчашма» дар ҷараёни миёнаи дарёи ҳамномаш (шохоби рости дарёи Панҷ), дар шохаи ҷанубу ғарбии сислсилакўҳҳои Ишкошим, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Аҷиб аст, ки дар номҳои ҷуғрофии қадимӣ ду номи нахустини дарёчаи номбурда ёдоварӣ мешавад: Андароб ва Ростйў-дара. Аммо кунун номи ҳозираи он номи дараро низ ба худ гирифтааст. Ин дара, ки қисмати болоияш ба қуллаи теғаи тездори Маяковский рафта мерасад, урён буда, дар тамоми дарозии худ ғафсиҳои хокистаррранги хоросанг ва варақсангҳои булўриро бурида мегузарад, ки синну соли докембрӣ дорад. Ин ҷинсҳои кўҳӣ бо растанӣ пўшонида нашудааст, танҳо дар поёни нишебиҳои кўҳ  онҳоро сабзаву алафҳои ковоки дарёӣ пӯшонидааст. Вақте ба чашма наздик мешавед, чунин ба назар мерасад, ки суфачаҳо мустақиман аз ин обовардҳо фаввора мезананд.