Барномаҳои муштарак

Саҳифа дар марҳалаи иҷрошави…

Хронологияи Сафарҳои Президент ба Эрон

  • 1995, 16-19 июл, Теҳрон, Шероз, Эрон
    Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Дар Теҳрон бо миёнҷигарии СММ мулоқоти дуюми Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ИМТ С.А. Нурӣ баргузор шуд. Ҳамзамон дар рафти сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ҶИЭ Алӣ Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ вохӯрӣ ба анҷом расонид.
  • 1996, 12-13 май, Машҳад, Эрон
    Боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Эрон сурат гирифта, ӯ дар он ҷо дар маросими тантанавии ифтитоҳи роҳи оҳани Машҳад-Сарахс ширкат варзид. Дар ҷараёни боздид вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ҶИЭ Алӣ Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ баргузор шуд.
  • 1997, 18-21 феврал, Машҳад, Эрон
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Машҳад сафари корӣ ҷараён дода, дар он ҷо дар доираи музокироти байни тоҷикон оид ба ҳалли мусолиматомези ихтилоф бо миёнаравии СММ Сарвари давлат бо роҳбари ИМТ С.А. Нурӣ вохӯрӣ доир намуд.
    Дар рафти боздид вохӯриҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ҶИЭ Алӣ Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Вазири корҳои хориҷии Эрон А. Вилоятӣ, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г.Д. Меррем баргузор шуданд.
  • 1998, 13-14 декабр, Теҳрон, Эрон

         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Теҳрон боздиди корӣ ба амал овард, ва дар   вохӯрии VIII         давлатҳои аъзои Созмони Конфоронси Исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд. 
1998, 13-14 декабр, Теҳрон, Эрон
Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Эрон сурат гирифт. Роҳбари Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ мулоқот ҷараён дод.

  • 2000, 9-11 июн, Теҳрон, Эрон
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Теҳрон боздиди корӣ ба амал овард, ки он ҷо дар вохӯрии  IV сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуд. 
    Дар рафти боздид вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ баргузор шуд.
  • 2000, 7-8 ноябр, Теҳрон, Эрон

          Боздиди кории  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ баргузор шуд.

  • 2003, 16-18 июн, Теҳрон, Табриз, Эрон
    Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт.
    Дар Теҳрон вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои Президенти Тоҷикистон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Хоманеӣ, Президенти ҶИЭ Саид Муҳаммад Хотамӣ, Раиси Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳ. Карзай баргузор гардиданд.
    Ҳамчунин гуфтушунидҳои сеҷониба бо иштироки Президенти Тоҷикистон, Президенти ҶИЭ ва Раиси Ҳукумати Интиқолии Афғонистон ба вуқӯъ пайвастанд.
  • 2006, 16-19 январ, Теҳрон, Кеш, Эрон
    Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.
  • 2007, 7-9 май, Теҳрон, Эрон
    Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.
  • 2008, 9-10 феврал, Теҳрон, Эрон
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ташриф овард.
    Дар рафти боздид Сарвари давлат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, Вазири энергетикаи Эрон Парвиз Фаттоҳ ва Вазири мудофиа ва дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор вохӯриҳо анҷом дод.
  • 2008, 27-28 ноябр, Теҳрон, Эрон 
    Боздиди дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. 
    Дар рафти боздид вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ҶИЭ Маҳмуд Аҳмадинажод баргузор шуд, сипас гуфтушуниди ҳайатҳо дар шакли васеъ доир гардиданд.
  • 2009, 10-15 март, Теҳрон, Кирмон, ҷазираи Киш, Эрон
    Боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. 
    10 март дар Теҳрон вохӯрии сеҷонибаи сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон Ҳамид Карзай ва Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд.
  • 2010, 26-27 март, Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ва иштирок дар ҷашни бузурги ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
  • 2010, 5-6 август, Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
  • 2011, 26-27 март, Теҳрон, Эрон
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
    Дар ҳошияи Иҷлосияи дуюми ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
  • 2011, 24-25 июн, Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
  • 2013, 4 - август, Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон

           Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон

Равобити байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои  таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ ва ҳамкории судманд мебошанд. Муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Исломии Эрон  пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатори нахустин кишварҳо истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 аввалин шуда дар Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 1995 Сафоратхонаи худро дар Теҳрон фаъол кард.

Қобили зикр аст, ки пайвандҳи қавии таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши муносиботи ду кишвари ба ҳам дӯст дар замони истиқлоли Тоҷикистон гардиданд.

Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давоми беш аз 20 сол сарфи назар аз марҳилаҳои душвор, ки аз масъалаҳои сиёсӣ ба миён меомаданд, тадриҷан рӯ ба инкишоф ниҳоданд.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланд қарор доранд. Сафарҳои расмии олимақоми раҳбарони ду кишвар аз соли 1992 то ба имрӯз ба кишварҳои ҳамдигар дар таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи тарафайн такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ин муддат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 100  санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расид, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян сохта, дар бунёди асосҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши ҳалкунандаро иҷро карданд.

Моҳи июни соли 1992 Президенти ҶТ Раҳмон Набиев аз Эрон боздиди расмӣ кард ва дар ҷараёни он принсипҳои асосии ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар муқаррар ва танзим шуданд.

Моҳи июли соли 1995 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сафари расмӣ анҷом дод. Зимни ин сафар “Ёддошти тафоҳум перомуни густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон” ба имзо расид, ки он самтҳои тозаеро дар пешрафти муносибатҳои дуҷониба кушод.

Такони мусбат ва самаранокро дар истифодаи васеи имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳои бунёди иқтисодӣ ва бомуваффақияти Тоҷикистону Эрон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, инчунин баланд бардоштани нақши минтақавии ду кишвар, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сафарҳои расмии  Раиси Ҷумҳури Исломии Эрон ҷаноби оқои доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон мебошанд, эҷод намуданд. Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари ба ҳам бародарро ошкор карданд.

Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқотву музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои нерӯи об, нақлиёт ва роҳсозӣ, нақбканӣ, тиҷорат, телевизион ва радио ба имзо расиданд.

Иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»-ро яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи энергетика ва парчамбардори равобити иқтисодии ду кишвар арзёбӣ кардан мумкин аст. Дар баробари ин тарҳрезии лоиҳаҳои нерӯгоҳҳоии обиву барқии хурду миёнаи дигар, амсоли омӯзиши муқаддамотии маконёбии НОБ-ҳои миёна дар рудхонаи Варзоб  дар мадди назари ҷонибҳо қарор доранд. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуди Аҳмадинажод масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энержӣ, саноеъ, нақлиёту мухобирот ва илму фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рушди ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар доираи робитаҳои  Тоҷикистону Эрону низ аз мавзӯъҳои асосии ин мулоқот аст. Тарафҳо омодагии худро ба тавсеаи ҳамкории ҳарбию техникӣ низ таъкид кардаанд.

Тарафайн ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба, ки бар шарикии табиии стратегӣ асос ёфтаанд, таъкид намуданд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба роҳҳои рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, иҷрои тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика, саноат, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифт. Аз омода гаштани навбати аввали нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ва омодагии ҷониби Эрон барои иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳои дигари Тоҷикистон, хати интиқоли нерӯи барқ ва хати об аз Тоҷикистон ба Эрон ва пайвасти роҳҳои оҳани ду кишвар ибрози қаноатмандӣ карда шудааст. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда бояд дар Тоҷикистон корхонаҳои зиёди муштараки саноатӣ бунёд шаванд. Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг ва сайёҳӣ низ аз мавзӯъҳои асосӣ мебошанд.

Дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Эрон низ тайи солҳои охир ривоҷи тоза мегиранд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи байнипарламентӣ фаъолият мекунад, ки нақши он дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии ду кишвар муассир аст.

Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш меёбанд. Миёни ду кишвар Комиссияи муштараки байнидавлатии иқтисодиву тиҷоратӣ амал мекунад, ки фаъолияти назаррасе дорад.

Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас карда шуданд, дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бузург мебошад.
       То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳашт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шудаанд. Ин аст, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 150 ширкати эронӣ, аз ҷумла корхонаи тракторсозии ҶМСП "ТоҷИрон" фаъолият мекунанд.

Дар соҳаи нақлияёт ҳамкориҳои ду кишвар инчунин дар тарроҳии нақби «Чормағзак» ва сохтмони марҳилаи дуввуми роҳи автомобилгарди Шагон-Зиғар ба чашм мерасад.
       Ҳамзамон байни ду кишвар роҳи ҳавоӣ вуҷуд дорад, ки парвозҳои мустақими ҳавопаймоҳои Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон  “Тоҷик Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии Эрон “Осмон” ба роҳ монда шудааст. Парвозҳо ҳафтае  се маротиба бо сайрхатҳои Душанбе – Теҳрон - Душанбе ва  Машҳад – Душанбе – Машҳад  сурат мегиранд.

Аз ҷумла, дар давоми  солҳо, якчанд сафарҳои кории ҳайъатҳои тоҷикистонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва эронӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд, ки дар онҳо масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида ва ҳамзамон санадҳои муфиди ҳамкориҳои соҳавӣ оид ба маориф, мудофиа, саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва ғайра ба имзо расиданд. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ низ назаррас аст. Мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои дуҷониба ба имзо расонида, афзоиши табодули толибилмони ҷонибҳо пайваста мушоҳида мешавад.

       Тоҷикистон ва Эрон ҳамчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, назири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгхой фаъолиятҳои муштарак доранд ва пайваста аз мавқеъи ҳамдигар дар ин созмонҳо дифоъ мекунанд. Иҷрои бархе аз тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон дар чорчӯби барномаҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) сурат мегиранд.

      Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар формати сегона низ босамарона рӯ ба густариш аст. Аввалин мулоқотҳои муштараки раҳбарони се кишвари форсизабон 10 майи соли 1997 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳоло чунин мулоқот анъанавӣ шудаанд. Маҳз Тоҷикистонро метавон ташаббускори асосии ҳамкории сеҷонибаи кишварҳои форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон унвон кард. Зимни мулоқоти сегона масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ дар соҳаи мухобирот ва иртиботот, нақлияи автомобилӣ ва роҳи оҳан, бунёди неругоҳҳо ва масоили дигари иқтисодӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамкории илмию фарҳангии ду кишвар яке аз саҳифаҳои дурахшони равобити Тоҷикистону Эрон маҳсуб мешавад. Зеро табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, амалӣ сохтани барномаҳои фарҳангӣ ва мусиқӣ, иштироки аҳли илму фарҳанг дар маросимҳои фарҳангӣ афзалиятҳои асосии ин муносибатҳо мебошанд.

Дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ва қарордодҳое, ки миёни вазоратхонаҳои маорифи ҳар ду кишвар ба имзо расидаанд, ҳамкорӣ дар ин бахш назаррас аст. Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои мухталифи  шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Қазвин, Исфаҳон ва Ҳамадон таҳсил мекунанд. Қисми бештари муҳассилин бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Эрон омадаанд ва аксари онҳо донишҷӯёни бахши забон ва адабиёт ҳастанд.

Шоистаи зикр аст, ки нумӯъ ва равнақи муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштарак ва ягона аст. Ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мо ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва дарозмуддати ду кишвар мебошанд.