Равобити иқтисодӣ

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон

Муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз таърихи соҳибистиқлол шудани ҷумҳурии мо оғоз гирифтааст, соҳаҳои мухталифи фаъолиятҳои иқтисодию тиҷоратиро фаро мегиранд.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, ба хусус Эрон пайваста таъкид менамоянд.

Барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Эрон тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, дар ин самт беш аз 150 санади танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра дар бар мегиранд.

Танзимкунандаи асосии фаъолияти иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо асосан созишномаҳои ниҳоят муҳим ба монанди Мувофиқатнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо (18.07.1995), ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.03.96) ба тасвиб расидааст, Созишнома дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯӣ аз пардохти андоз (31.12.96), ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (05.11.2012) ба тасвиб расидааст ва Созишномаи тиҷоратӣ (30.04.02) мебошанд.

Дар заминаи Созишномаи тиҷоратӣ (30.04.02)  Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсис дода шудааст.

Нақши Комиссияи муштараки мазкур дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон калон мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи кори ҷаласаҳои Комиссияи муштарак самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас карда шуданд. Ҷонибҳо аз ҷараёни ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ натиҷагирӣ намуда, имконоту захираҳои истифоданашудаи ҳамгироии барои ҳарду ҷониб судбахшро  таъкид менамоянд.

Аз ҷумла, муайян гардидааст, ки барои ҳамкориҳо дар риштаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд ва пайваста густариш додани онҳо боиси афзун намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷии кишварҳо хоҳад гашт.

Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои имконоти васеи таҳким ва густариши ҳамкориҳои бунёдии иқтисодӣ ва боло бурдани нақши минтақавии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошад.

Гардиши савдо байни ду кишвар: Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки гардиши савдои хориҷии байни Тоҷикистону Эрон мунтазам афзоиш меёбад. Танҳо дар соли 2009 бо таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ сатҳи муомилоти молии ду кишвар коҳиш ёфта буд, ки ҷонибҳоро бе тараф нагузошт.

Тибқи маълумоти омории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 11 соли охир 1млрд 455 млнро ташкил дод, ки ин нисбат ба гардиши савдо дар соли 2002 (43,6 млн) 116 % афзоиш ёфт.  

Маҳсулоти асосии содиротӣ: алюминий ва маҳсулот аз он, нахи пахта, пилла, абрешим ва партовҳои абрешимӣ, лӯбиё, зардолу, олугиҳо, кунҷит, шикастпораи металлҳои сиёҳ.

Дар сохтори воридот мавқеи назаррасро маҳсулоти зерин ишгол менамоянд: гӯшти мурғ, шакар, тухм, равғани растанӣ, чой, равғани маска, маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти қаннодӣ, шоколад, писта, маҳсулоти макаронӣ, семент, гилхок, маҳсулоти доруворӣ, собун, маҳсулот аз пластмасса, шиша ва маҳсулоти шишагин, мошину таҷҳизотҳои барқӣ ва қисмҳои онҳо, воситаҳои нақлиёти заминӣ.