Вилоятҳо ва ноҳияҳо

Вилояти Суғд яке аз вилоятҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вилоят  27 октябри соли 1939 ҳамчун вилояти Ленинобод таъсис ёфтааст. Дар таърихи 10 ноябри соли 2000 ҳамчун вилояти Суғд номгузорӣ шуд. Ин вилоят дар шимоли Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Тян-Шан ва кӯҳҳои Ҳисор Алай қарор дорад ва қисмати шимолӣ бо водии Фарғона иҳота шудааст. Вилояти Суғд дорои 14 ноҳия мебошад: Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Гафуров, Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Исфара, Истравшан, Конибодом, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен ва Шаҳристон. Маркази вилоят шаҳри Хуҷанд мебошад. Шаҳрҳое, ки дар вилояти Суғд  ҷойгир шудаанд: Ғафуров, Истравшан, Исфара, Қайроққум, Конибодом, Панҷакент, Табошар ва Чкаловск. Иқлими Хуҷанд – континенталӣ мебошад ва дарёҳои асосии он Сирдарё ва Зарафшон мебошанд. Бузургтарин ва маъруфтарин кӯл - Искандаркӯл аст. Дигар захираҳои обӣ дар Қайроққум, Фарҳод, Каттасой ва Даҳансой ҷойгир шудаанд.

Вилояти Хатлон дар бахши ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор Алай воқеъ аст. Дар вилояти Хатлон шаш шаҳр -  Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Данғара, Сарбанд ва Панҷ ва 21 ноҳия – Балҷувон, Бохтар, Вахш, Восе, Данғара, Ҷомӣ, Ҷиликӯл, Қабодиён, Кӯлоб, Қумсангир, Муъминобод, Норак, Панҷ, Роғун, Румӣ, Сарбанд, Темурмалик, Фархор, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ховалинг, Хуросон, Шаҳритус, Шуробод ва Ёвон вуҷуд доранд.

Иқлими Хатлон континенталӣ мебошад ва муҳимтарин дарёҳо Панҷ ва Вахш мебошанд.

Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ  ( ГБАО) дар моҳи январи соли 1925 бо Қарори кумитаи иҷроии шӯрои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта буд. Вилоят дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин ва дар ҷанубу шарқӣ бо Афғонистон марз дорад. Масоҳати вилоят  64 200 км кв. ( 44.5 % аз тамоми қаламрави Тоҷикистон) мебошад. Дорои 7 ноҳия ва як маркази идорӣ – Хоруғ мебошад. Ноҳияҳо – Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб ва шаҳри Хоруғ.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Душанбе – гурӯҳе иборат аз 13 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва бо Ӯзбекистон дар ғарб, бо Помир дар шарқ ва бо Қирғизистон дар ҷануб дорои марз мебошанд. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Варзоб, Ваҳдат (Кофарниҳони қаблӣ), Ҳисор, Ҷиргатол, Нуробод (собиқ Дарбанд), Рашт (собиқ Ғарм), Роғун, Рудакӣ ( собиқ Ленинский), Тавилдара, Тоҷикобод, Турсунзода (собиқ Регар), Файзобод ва шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебошанд.  Шаҳри Душанбе дар баландии 800 м аз сатҳи дарё дар водии Ҳисор воқеъ аст. Душанбе дорои иқлими континенталӣ бо зимистони сард ва хушк мебошад.

Дарёчаи Душанбинка аз дохили шаҳр мегузарад ва кӯли маснуии Комсомолро бо об таъмин мекунад. Дар шимоли шаҳр дараи Варзоб бо маконҳои истироҳатӣ ва тафреҳӣ маъруф аст. Инчунин ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ноҳияи Варзоб ва Ромит ҳамчун марказҳои туристӣ ва тафреҳӣ шинохта шудаанд.