Таърих

То нимаи ҳазорсолаи пеш аз соли мелодӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияҳои Амударё ва Сирдарё  қавмҳои шарқии эронӣ мустақар шуда буданд. Бохтария  ва Суғдиёно давлатҳои бостонӣ буданд, ки дар боло ва миёнаи Амударё зиндагӣ мекарданд. Дар асрҳои 4-6 пеш аз мелод қисмате аз императории  Ҳахоманишӣ буданд, ки тавассути порсиён таъсис шуда буданд. Ноҳияи кишоварзии Суғдиёно, ки шомили водиҳои Фарғона ва Зарафшон буд ва роҳҳои тиҷоратӣ ба Чин ва Осиёи марказӣ дошт бо расидан ба ғарби Бухоро нақши муҳиммеро дар тиҷорати байналмиллалӣ иҷро мекард. Давлати Ҳахоманишӣ дар соли 330 пеш аз мелод таҳти фишори қувваҳои юнонӣ-мақдунӣ ало рағми муқовиматҳои қаҳрамононаи бохтариҳо ва суғдиҳо ва дигар қавмҳои Осиёи Марказӣ бар зидди артиши Искандари Мақдунӣ мағлуб шуд.

Ҳудуди 200 сол баъд аз қавмҳои  Бохтария  ва Суғдиёно бо қавмҳои Масаҷет ҳамроҳ шуда юнониҳоро мағлуб мекунанд. Дар Бохтария давлате бо номи Тохаристон ба вуҷуд меояд, ки баъдтар бо Суғдиёно қисмате аз қаламрави ҳукумати Кушон гардид. Роҳи абрешим аз Тохаристон мегузашт ва абрешим дар бозорҳои наздики дарёи Тарима ба фурӯш мерафт ва аз он ҷо ба кишварҳои императории Руми ғарбӣ интиқол дода мешуд.  Дар роҳи бозгашт аз Рум ва Византиё ба Чин маҳсулоти шишагӣ (намудҳои кристалл ва булурҳои рангоранги зариф), аз Осиёи Марказӣ -- тилловорӣ ва ҷавоҳирот, аз Ҳинд -- коғаз, маҳсулоти чӯбӣ ва адвия ворид мешуданд.

Дар асри 5-ум Тохаристон ва Бохтария ва дигар ноҳияҳои Осиёи Марказӣ зери ҳукумати Эфталит ( Ephtalits) даромаданд ва дар асри 6-ум қавмҳои саҳронишини туркзабон ин минтақаро ишғол мекунанд. Суғдиҳо ба ин саҳронишинҳо, ки бо қабилаҳои маҳаллӣ ҳамроҳ буданд, нуфуз доштанд. Дар асрҳои 6 ва 7 дар Тахористон ва Суғдиёно бо мавҷуд будани хидматгорҳо ташкили системаи феодалӣ оғоз  мешавад. Дар  натиҷа   иқтисод ва фарҳанг тараққӣ ёфтанд. Оҳан, мис, сангҳои қиматбаҳо коркард мешуданд, каналҳои обёрӣ сохта шуданд, ки тавассути онҳо обёрӣ анҷом мешуд. Шаҳрҳои нав зуд тараққӣ мекарданд, ки дар онҳо саноати дастӣ ва тиҷорат равнақ меёфтанд. Забонҳои аслии суғдӣ ва бохтарӣ – забонҳои қавмҳои шарқии Эрон буданд. Давлатҳои мустақили бешумор ба вуҷуд меомаданд, вале ба далели суст будан натавонистанд дар баробари арабҳо, ки дар асрҳои 7 ва 8 мелодӣ мавриди ҳамла қарор мегиранд, муқовимат кунанд.

Аҳолии Суғдиёно ва Тахориҳо ба шакли мустамар барои озодӣ мубориза мебурданд. Ин шӯришҳои мустамар боиси он шуданд, ки ба арабҳо танзиму назорати ин заминҳо мушкил гардид ва онҳо бештар ба кӯмаки системҳои феодалии ин сарзаминҳо ниёз доштанд. Ин муборизаҳо заминаеро  барои озод намудани Осиёи Марказӣ аз салтанати арабҳо омода мекарданд.  Дар натиҷа дар охири асри нуҳум ҷудо аз халифоти Бағдод давлати Тоҷикон -- Сомониён ташкил ёфт. Дар натиҷаи рушди намоёни Сомониён аз саҳроҳои Осиёи Марказӣ ба самти халиҷ ва аз марзҳои Ҳиндустон ба Бағдод густариш пайдо кард. Замони императории Сомониён мардум ва фарҳанги тоҷикон равнақ ёфт ва забони тоҷикӣ торафт густариш пайдо кард. Давлати Сомониён ба муддати 100 сол дар сулҳу оромиш ҳамзамон бо тараққиёти шаҳрҳо, саноати дастӣ, рушди кишоварзӣ ва тиҷоратӣ фаъолият кард. Дар ин замон бархе аз донишмандони бузург ба монанди асосгузори шеъри форсӣ-тоҷикӣ – Рудакӣ, нависандаи “Шоҳнома”-и безавол -- Фирдавсӣ ва донишманди маъруфи дунё мисли Абу Алӣ ибни Сино зиндагонӣ мекарданд.

Эътирозҳои дохилӣ ва ҳуҷумҳои беҳамтои саҳронишинон давлати Сомониёнро заиф намуд ва дар соли 999 зери ҳуҷуми қавмҳои туркзабон давлати Сомониён суқут кард. Сулолаҳои Карахонҳо дар шимол ва Ғазнавиҳо дар ҷануб баъд аз поён расидани давлати Сомониён ба вуҷуд омаданд.

Дар аввали асри 13 ( 1219-1221 ) Осиёи Марказӣ бо фармони Чингизхон мавриди ҳамлаи муғулҳо қарор гирифт. Кишвар ба таври комил торумор  гардид. Шаҳрҳо вайрон шуданд, боғҳо ва токзорҳо ба маҳалли чарогоҳҳои аспҳои таҷовузгарон табдил ёфтанд. Қабл аз вафоташ Чингизхон заминҳоро байни писаронаш тақсим кард. Марказҳои асосии Осиёи Марказӣ ба улус (ҳукуматҳои мустақил ) писари дуввумаш Чагатай дода шуд. Мардум зидди ин муқобилият нишон доданд. Бузургтарин шӯриш дар соли 1238 тавассути ҳунарманди санъати дастӣ ба номи Маҳмуди Тарабӣ дар Бухоро ба амал омад ва шикаст хӯрд. Шӯриши дигар дар Самарқанд сурат гирифт, ки бо номи “сарбадорон” машҳур аст ва дар натиҷаи ин шӯриш ҳокимият ба дасти Темурланг мерасад.

Сулолаи темуриҳо барои расидан ба қудрат дар соли 1370 ба системаи феодалӣ хотима мебахшанд. Темурланг дар натиҷаи барномаҳои бешумораш ҷиҳати ғалаба бар кишварҳои шарқӣ ба бераҳмӣ ва қатли омми ҷамъияти форсизабонон роҳ дод ва Самарқандро пойтахт эълом кард. Қисмати асосии хоки Тоҷикистони имрӯза зери фармонравоии императории Темурланг буд. Дар замони ҳукмронии писараш ва хусусан наберааш – Улуғбек донишмандони барҷаста ва ситорашиносон ба таври васеъ дар Осиёи Марказӣ риёзиёт, таърих, адабиёт ва ҳунарҳои дигарро эҳё карданд. Вале мухолифатҳои дохилӣ ва ҳуҷумҳои берун давлати темуриҳоро заиф намуд. Дар натиҷа роҳбари саҳронишинони узбек ба номи Шайбонихон, ки дар Урал зиндагӣ мекард аз мухолифатҳои дохилии темуриҳо истифода мекунад ва солҳои 1500 -1507 ба Осиёи Марказӣ ҳамла мекунад. Замони ҳукмронии ӯ давлат ба ҳукуматҳои мустақил  тақсим мешавад, ки марказҳои  онҳо Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Балх буданд.

Аз соли 1557 то 1598 Осиёи Марказӣ аз тарафи Абдуллохони Шайбонӣ идора мешуд. Дар соли 1598 Абдуллохон кушта мешавад  ва ҳукумат ба дасти сулолаи Аштархониҳо мегузарад, ки аз муғулҳо буданд. Дар ин давра шоҳигарии Амударё Хива ташкил мешавад. Дар натиҷаи ҷангҳои бешумор ва молиётҳои сангин иқтисоди ин минтақа хароб мешавад. Тамоми ин ҳукуматҳои шоҳзодагӣ ақибмонда ва аз назари сиёсӣ фалаҷ шуда буданд. Он чӣ, ки мо имрӯз дар Тоҷикистони имрӯза ба монанди Ҳисор, Кӯлоб, Вахш, Дарвоз, Қаротегин, Шуғнон мешиносем – ҳукуматҳои шоҳзодагӣ буданд. Аксари тоҷикҳои Осиёи Марказӣ дар Бухоро ва Қӯқанд зиндагонӣ мекарданд.

Дар нимаи дуввуми асри 14 ноҳияҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия ва Туркистон  забт шуданд ва як ҳукумати умумӣ дар ин қаламрав ташкил шуд.  Минтақаҳои шимолии Тоҷикистон ва Помир қисматҳои қаламрави ҷадид буданд, минтақаҳои марказӣ ва ҷанубӣ ( Бухорои шарқӣ ) зери моликияти фиристодаи Русия – тсар-эмири Бухоро номида мешуд. Дар охири асри 14 ҳукумати тсар-эмир ислоҳоти заминро анҷом дод, яъне аҳолӣ заминҳои обёриро гирифтанд . Вале аксарияти заминҳо дар дасти ҳукумат нигоҳ дошта мешуд. Бо сабаби афзоиши молиётҳо мардуми ин заминҳо ба тазоҳурот ва қонуншиканӣ роҳ медоданд. Яке аз бузургтарин шӯришҳо дар соли 1888 дар хонигарии Балҷувон ба вуҷуд омад, ки онро марде бо номи Восеъ роҳбарӣ мекард. Дар соли 1900 дар хонигарии Келиф, соли 1901 дар Деҳнав ва соли 1902 дар Қӯрғонтеппа шӯришҳо сар заданд. Тамоми ин шӯришҳо аз тарафи ҳукумат ба таври ваҳшиёна саркӯб мешуданд.

Дар давоми ҷанги аввали ҷаҳонӣ мухолифатҳо ва ҷудоиандозиҳо шиддат ёфтанд. Дар тобистони соли 1906 бузургтарин таҳаввулот сурат гирифт, вале аз тарафи артиши амир саркуб шуд. Дар 31 марти соли 1917 Русия Осиёи Марказиро таҳти таъсири худ қарор дод ва ин боиси он гардид, ки ҳукумати Туркистон барҳам хӯрад.

6 октябри соли 1920 аввалин маҷлиси Бухоро даъват шуд ва Ҷумҳурии Советии Халқии Бухоро таъсис ёфт. Кишоварзон аз молиёт озод карда шуданд, ба кишоварзоне, ки аз ҷанг зарар дида буданд қарз, тухмиҳо ва олоти кишоварзӣ дода мешуд. Дар соли 1924 як давлати нав дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад: Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон, ки ба он Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон шомил буд. Дар соли 1929 Ҷумҳурии Худмухтор ба Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мубуддал гашт.

Ҳамчун яке аз аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба як кишвари саноатӣ ва  кишоварзӣ мубаддал гашт. Тоҷикистон манбаи асосии пахтаи маҳиннах барои Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Синфи  коргар ва интиллегенсия миллӣ ба вуҷуд омад ва аввалин муассисаҳои таҳсилотӣ ташкил шуданд. Мавриди зикр аст, ки иштироки Тоҷикистон дар ҷанги дуввуми ҷаҳон бар зидди фашизм бисёр муҳим буд.  Беш аз 190 000 фиристода дар хатти аввал меҷангиданд ва беш аз 60 000 нафар дар воҳидҳои низомии Сибир ва дигар шаҳрҳо кор мекарданд.  Ба 54 намояндаи ҷумҳурӣ нишони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Баъд аз ҷанг рушди иқтисодӣ – иҷтимоии  ҷумҳурӣ ба марҳалаи болотар расид. Ҳосилнокӣ ва ҷамъоварии пахта афзоиш пайдо кард. Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз ҷойҳои аввалро дар истеҳсоли пахта ишғол мекард.

Саноати ҷумҳурӣ бо сохта шудани бузургтарин неругоҳи обӣ зуд пешрафт мекард, ки байни онҳо неругоҳи обии Норак яке аз бузургтарин неругоҳҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт.

Дар моҳи сентябри соли 1991 бо фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ давлати ҷадид ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақшаи дунё ба вуҷуд омад. Дар соли 1992 дар натиҷаи тазодҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ ҷанги дохилӣ шуруъ шуд. Музокироти тӯлонӣ байни тоҷикон зери назари Созмони Миллали Муттаҳид  дар апрели соли 1994 оғоз шуд ва қарордоди сулҳ ва оштӣ дар 27 июни соли 1997 тавассути Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари мухолифин Саид Абдулло Нурӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил буда аз тарафи 117 кишвари дунё ба расмият шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Миллали Муттаҳид ва бархе аз созмонҳои байналмиллалӣ мебошад.