Мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлим

Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. Аз тарафи ғарб ва шимол бо ­Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар шарқ  дар аксарияти манотиқи кӯҳӣ бо Чин марз дорад.

Иқлим

Вобаста ба мавҷуд будани пастӣ ва баландиҳои мухталиф ва кӯҳҳои баланд обу ҳавои Тоҷикистон гуногун мешавад. Тоҷикистон бо иқлими хеле гарм дар тобистон ва зимистони мӯътадил дар баландии 350-500 метр шинохта шудааст. Тобистони баландмуддат ( бештар аз 200 рӯз ) ва боришоти кам, ба ҳисоби миёна 150-200 миллиметр, мушоҳида мешавад. Иқлими Тоҷикистон дорои тобистони хеле гарм ва зимистони хеле хунук дар теппаҳои кӯҳистонӣ, ҷанубу ғарбии қисмати поёнии теппаҳо ва дарраҳо мебошад. Иқлими мӯътадил хусусан дар риштакӯҳҳои Тоҷикистон ва қисмати ҷанубии Помир дар баландии 1500-3000 метр вуҷуд дорад. Дар қаторкӯҳҳои дар баландии беш аз 3000 метр иқлими сард вуҷуд дорад, ки дорои тобистони кӯтоҳ ва зимистони дарозмуддат ва хунук аст. Боришот дар ин минтақаҳо аз 600 то 1000 милиметр мебошад, ки аксарияти он дар фасли тобистон дида мешаванд.  Дар Помир тобистонҳо хушк ва кӯтоҳ, вале зимистонҳои хеле хунук бо бориши барфи зиёд ва дарозмуддат мебошанд. Дар  баландиҳо метавон қабати 1,5 метрии яхро мушоҳида кард.

Кӯҳҳо

Тоҷикистон кишваре мебошад, ки бо кӯҳҳои хеле баланд ва дарёҳои бисёр зебо маъруф шудааст. Тақрибан аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ бо кӯҳҳо ( 93%) пӯшонида шудаанд ва ба он қисмати аз кӯҳҳои Помир, Тян-Шан ва Ҳисор Олой бо баландии аз 300 то 7495 метр дохил мешаванд. Дар қисмати ҷанубу шарқии кишвар метавон манзараҳои беназири кӯҳҳои Помирро мушоҳида кард. Поёнтарин гузаргоҳ  дар кӯҳҳои Помир – Камолояк ( Kamaloyak) бо баландии 4340 метр мебошад, ки дар як сатҳ бо Монт Бланк – баландтарин қуллаи риштакӯҳҳои Алпи Урупо меистад. Баландтарин қулла дар Помир – қуллаи Коммунизм мебошад, ки бо баландии 7495 метр ба қуллаи Исмоили Сомонӣ тағири ном кард.

Дар қисмати шимолу ғарбии Тоҷикистон риштакӯҳҳои Туркистон (шибҳои шимолии барфӣ  бо баландии 3500-4000 метр), Зарафшон ва Ҳисор мавҷуд ҳастанд. Кӯҳҳои машҳур ва зебо бо шаклҳои барҷаста ва баландиҳои зиёд ( 5495 м) дар ин минтақаҳо вуҷуд  доранд. Қисмати шимолии кишвар бо водии Фарғона иҳота шудааст. Дар ин ҷо риштакӯҳҳои Курамин ва даштҳои васеи Голодная ҷойгир шудаанд. Барф ва ях  тамоми сол дар баландиҳои аз 4000 то 5000 м мавҷуд аст. Ин қуллаҳо барои дарраҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳавои софро фароҳам мекунанд ва пиряхҳо ва барф дарёҳоро бо об таъмин мекунанд. Зебогии кӯҳҳои Тоҷикистон дар рӯзҳои офтобӣ диққати наворбардоронро ба худ ҷалб мекунад.

Пиряхҳои табиӣ ва дарёҳо

Пиряхҳои хушманзараи Тоҷикистон дар Осиё бо пиряхи Федченко маъруф мебошад, ки дарозии он 77 км ва арзаш аз 177 то 3100 метр мебошад.

Дарёчаҳои босуръат дар қисмати поёнии риштакӯҳҳо ва дарраҳо ҷараён доранд, ки манбаи онҳо аз кӯҳҳои Помир оғоз мешаванд. Ин дарёчаҳо манбаи гаронбаҳо барои кишвари Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя маҳсуб мешаванд. Аксари ин дарёчаҳо ба дарёи Арал мерезанд ва андозаи ками он ба Каракул ё Тарима (Чин) ҷараён доранд. Дар Тоҷикистон беш аз 1000 дарёҳо  мавҷуд ҳастанд, ки бузургтарини онҳо Зарафшон, Сирдарё, Амударё, Кофарниҳон, Вахш ва Панҷ мебошанд, ки аз кӯҳҳои баланд сарчашма мегиранд ва аз обҳои пиряхҳо таъмин мешаванд. Яке аз бузургтарин дарёҳо – дарёи Панҷ мебошад, ки тӯли он 921 км аз марзи ҷанубии Тоҷикистон ва Афғонистон убур мекунад. Дарёи Вахш бо беш аз 525 км масофат ва Амударё аз бузургтарин дарёҳои кишвар ба ҳисоб мераванд. Дарёи дигари бузурги Тоҷикистон – Сирдарё мебошад, ки аз қисмати шимолии Тоҷикистон ба масофати 105 км ҷараён дорад. Дарёи Зарафшон аз аз маркази кишвар ҷараён дорад ва дар ҷануб дарёи Кофарниҳон ба обҳои Амударё мепайвандад.

Кӯлҳо

Дар кишвар якчанд кӯлхои арзишманд мавҷуд ҳастанд. Ба таври куллӣ онҳо дар кӯҳҳои Тоҷикистони марказӣ ва Помир ҷойгир шудаанд. Яке аз бузургтарин ва ҷолибтарин кӯлҳо -- кӯли Карокӯл мебошад, ки дар қисмати шарқии Помир дар баландии 3900 м воқеъ аст.  Бо диаметри  52 км (32 miles) ин кӯл дар хушкӣ ҳеҷ навъ ҷараёни беруна надорад ва оби он дорои намаки зиёд мебошад. Ин кӯл фурӯрафтагии ба масоҳати 380 км кв. дорад, ки тавассути як санги кайҳонӣ 5 млн сол пеш ба замин бархӯрда буд, ташкил шудааст. Номи он Каракӯл ба маънои кӯли чуқур аст, ки чуқурии  он ба 230 метр мерасад. Мустамликадорони англис дар Ҳиндустон ин кӯлро ба номи Викторияи Помир ёд мекунанд.

Кӯлҳои Сарез ва Яхшикӯл, ки дар натиҷаи заминларза ва резиши замин ба вуҷуд омадаанд бо соҳилҳои шебдор иҳота шудаанд ва пур аз моҳӣ мебошанд. Кӯли Сарез яке аз чуқуртарин кӯлҳо бо чуқурии беш аз 500 м мебошад ва мутаассифона дастрасӣ ба он маҳдуд мебошад ва тамошогарон иҷозаи вуруд ба ин минтақаро надоранд.

Дар байни машҳуртарин кӯлҳо дар кӯҳҳои Фан дар ғарби кишвар кӯли Искандаркӯл маъруф аст, ки дорои зебоии хос ва дастрасии осон мебошад. Роҳҳои асфалтпӯши хуб ба ин кӯл дастрасии осонро мекунад ва номи он аз Александри Бузург гирифта шудааст, ки ба забони форсӣ Искандар мебошад. Ӯ дар соҳили ин макон дар вақти ҳамлаҳояш ба Ҳинд муддате иқомат дошт. Тибқи афсонае аспи ҷангии Искандар ба номи Бутсефал дар ин кӯл ғарқ шуда ва онро метавон ҳангоме, ки моҳ комил аст дид, ки дар сатҳи об дар ҳоли давидан аст. Кӯл ба дарёи Искандария мерезад, ки як обшори бузург ба баландии 40 м-ро  ташкил медиҳад.

Кӯлҳои Аладдин дар марказтарин қисмати кӯҳҳои Фан ва наздик ба баландтарин қуллаҳои ин ҷо воқеъ шудаанд. Онҳо дорои чашмандози зебо ва санги бузурге  (натиҷаи заминларзаи бузург ҳазорҳо сол пеш) ва чаманҳои пур аз гулу гиёҳ мебошанд. Оби хунук мисли ях ва шаффоф мисли кристалл дорад. Кӯлҳои Аладдин нуқтаи ибтидоӣ барои гардишгарон ва кӯҳнавардон ҳисоб меёбад   ва аз ҳамин хотир дорои маконҳои бисёр зебо дар минтақаи Зарафшон мебошанд.

Гул ва гиёҳ

Бо вуҷуди мавҷуд будани пастӣ ва баландиҳои кӯҳҳо  ва иқлими гуногун дар Тоҷикистон гул ва гиёҳони зиёди зебо ва мухталиф мерӯянд. Дар байни онҳо дарахти саксаул, писта, арча ва дигар намудҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин дарахтони мисли анҷир, чинор ва ғайраҳо мушоҳида мешаванд. Дар Тоҷикистон ҳамчунин зироатҳои ҷавдор ва гандум низ фаровон ҳастанд. Бештар аз 5000 намуди гиёҳон дар кӯҳҳо ва водиҳои Тоҷикистон мерӯянд. Яке аз вижагиҳои гиёҳони маҳаллӣ гиёҳи семифрутекс (semifrutex) мебошад, ки буттаҳои паҳн дорад.

Мавқеияти  Тоҷикистон дар як минтақаи саҳроӣ бо иқлимҳои хушк ва пастӣ ва баландиҳои кӯҳистонӣ вижагиҳои хокро муайян менамояд. Хокҳои навъи серозем (sierozem) дар минтақаҳои хунук ва хушк дида мешаванд ва ранги хокистарӣ, наздик ба қаҳваӣ доранд. Ин хок аз карбонат бой мебошад ва аз ин рӯ барои рушди гиёҳон ва хусусан пахта хеле мусоид аст.

Ҷонварони Тоҷикистон

Таркиби ҷонварони Тоҷикистон хеле гуногун мебошад, зеро онҳо ниёз ба созгор будан бо минтақаҳои кӯҳистонӣ ва заминҳои пастӣ ва иқлими ин ҷо мебошанд. Ҳайвоноти хос дар минтақаҳои шимолӣ дида мешаванд ба мисли хирс, харгӯши саҳроӣ, гург, санҷоб, рӯбоҳ, марал ва бузи кӯҳӣ. Инчунин ҳайвонҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинду Тибетӣ низ аз қабили паланг, бабр ва гурги тибетӣ мушоҳида мешаванд. Намудҳои ҳайвоноти ҳиндӣ монанди чӯҷа-теғӣ (хорпушт), парасту, мурғи анҷирхӯр ва аз ҳайвонҳои Афғонистон – қучи кӯҳӣ, мори кобра, сусмор дар ин минтақаҳо дида мешаванд. Дар шароити табиӣ ҳудуди 70 намуди пистондорон ва 46 намуди хазандагон низ вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон беш аз 1000 навъ ҳашарот ва ҳудуди 350 навъ парранда мавҷуданд. Инчунин ҳайвоноти ба мисли гурози ваҳшӣ, харгӯш, рӯбоҳ, гург, кабки кӯҳӣ ва ғози ҳиндӣ мушоҳида мешаванд.  Мубодилаи ғайриқонунӣ боиси кам шудани намудҳои гуногуни ҳайвонот мешавад. Бинобар ин шикор маҳдуд шудааст ва минтақаҳои махсус барои ҳифзи ин ҳайвонот дар минтақаҳои гуногун эҷод мешаванд.