Иқтисодиёт

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои истиқлол

Баъд аз касби истиқлол дар соли 1991 вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба якборагӣ бад гардид. Агар аз як сӯ ба ин амр фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ сабаб шуда бошад, омили дигари муҳим ангезаҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон буданд, ки то соли 1997 идома дошт. Дар натиҷа, бахши аслии зербаноҳои иқтисодӣ  хароб шуда ва муҳоҷирати кодрҳои ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар сурат гирифт. Коршиносон мизони зарари иқтисодӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро худуди 7 милёрд дуллори омрикоӣ арзёбӣ мекунанд. Вуқуъи офатҳои табиӣ дар солҳои 1992-1993 вазъи иқтисодии кишварро боз ҳам печидатар сохтанд. Камбуди маболиғи буҷети давлати Тоҷикистон боиси сар задани  гиперинфлятсия, яъне болоравии сареъи қимматҳо дар бозорҳо мунҷар шуд.

Аз соли 1997 баъд аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ миёни тоҷикон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконияти иҷрои тадобире барои барқарории харобиҳои замони ҷанг ва рушди бозсозии сохторӣ мутобиқи барномаи Хазинаи байналмилалии асъор (Post – Conflict Facility ва Enhanced Structural Adjustment Facility \ ESAF) (минбаъд ИСАФ) бархурдор шуд. Барномаи ИСАФ баъдтар ба номи меконизми сармоягузорӣ ба манзури коҳиши сатҳи фақр ва мусоидат ба рушди иқтисод табдил дода шуд. Ин барномаҳо ба манзури эҳёи макроиқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ нигаронида шуда, барои гузар ба шакли иқтисоди бозорӣ равона шуда буданд. Барои барқарорсозии иқтисодиёт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои мухталифи байналмиллалии молиявӣ ва созмонҳои байналмилалии башардӯстона ҳамкориҳои бисёрҷониба анҷом дод. Натиҷаҳои чунин ҳамкорӣ бо озодии қимматҳо ва тиҷорат, ислоҳоти арсаи замин, беҳтар шудани дастрасӣ ба таълимоти аслӣ ва беҳдоштӣ, инчунин ислоҳоти зарурии ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ мусоидат карданд.

Бояд зикр кард, ки дар пайи руйи даст гирифтани ин тадобир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муътадилсозии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ афзоиши мизони таваррум боздошта шуда, фарқияти қурби асъор кам карда шуд. Аз соли 1997 бад ин сӯ, афзоиши ММД (Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ) оғоз гардид. Дар солҳои 2007 ва 2011 афзоиши воқеии ММД ба ҳисоби миёна зиёда аз 6,4 фоизро ташкил дода, дар панҷ соли охир 2,3 маротиба зиёд гардид.

Феълан бахши саноеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 соҳаҳои гуногуни истеҳсолотро доро буда, бархе аз ин муассисот бо истифода аз сармояи хориҷӣ фаъол ҳастанд.

Бояд зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хом бо захираҳои хеле зиёд барои корхонаҳои оҳангудозӣ,  маҳсулоти кимиёӣ, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои саноат мавҷуд аст.   Ҳоло дар ҷумҳурӣ маъданҳои бузурги нуқра, тилло, сурб, оҳан, зуғолсанг, намак, сангҳои нодир ва конҳои гуногун коркард шуда, барои истифода дар куллия бахшхои иқтисоди кишвар омода мебошанд.

Бузургтарин корхонаҳои санъатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -  корхонаи тавлиди олюминиюми тоҷик, корхонаи истеҳсоли сурби Адрасмон, корхонаҳои тавлиди таллои «Зарафшон»-у «Дарвоз» мебошанд.

Саноеъи сабуки ҷумҳурӣ яке аз бузургтарин бахшҳое мебошад, ки дар паҳлӯи таъмини тавлиди маводи ниёзи мардум, ҳамчунин ба тавлиди маводи фаннӣ ва маводи ниёзи зиндагӣ машғул аст. Ҳоло дар ин бахш беш аз 100 корхона ва муассиса бо шаклҳои мухталиф фаъолият доранд. Корхонаи муштараки тоҷикӣ -куриё мавсум ба «Тоҷик-Кабл-Текстайлз»,   корхонаҳои тоҷикӣ -итолиёвии мавсум ба «Абрешим» ва «Ҷавонӣ»,  корхонаи тоҷикӣ - чинии мавсум ба «Ришта», корхонаҳои тоҷикӣ-ветнамӣ бо номи «ВТ-Силк» ва «ВТ-Роҳи Абрешим»  чанде аз он корхонаҳо мебошанд.

Маводи истеҳсолкардаи корхонаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  18 кишвари чаҳон, аз ҷумла Итолиё, Куреёи Ҷанубӣ, Ветном, Чин, Русия, Олмон, Суид, Ҳинд ва Узбекистон содир мешавад. Зимнан, ин кишварҳое ҳастанд, ки мизони тиҷорати Тоҷикистон бо онҳо бештар аст.

Бахши тавлиди мошинолот, ки он дорои 100 корхона мебошад, 7.4 дарсади бахши кулли саноеъи кишварро ташкил мекунад. Зарфияти тавлидотии феълӣ имкон медиҳанд, ки тавлиди  маводҳои гуногуни мошинсозиро аз қабили дастгоҳҳои дақиқи истеҳсолӣ, қисмҳои алоҳидаи истеҳсолӣ барои мошинҳои кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум ба роҳ монда шавад.

Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои истиқлол дар арсаи сиёсати иқтисоди хориҷии кишвар ин шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи байналмилалӣ, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ бо кишвархои ҷаҳон, узвият дар созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Вобаста ба ин бояд таъкид кард, ки ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлатии Тоҷикистон роҳандозии рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои кишвар асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлоли энержӣ, аз бунбасти иртибототи раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти ғизоӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ мешаванд.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 102 кишвари ҷаҳон робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Дар тули солҳои истиқлол сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши равобити иқтисоди хориҷӣ ба бунёди муҳити созгор ва ҷолиби сармоягузорӣ, марҳила ба марҳила идома додани раванди озодии тиҷорат, кам кардани монеъаҳои тарифӣ ва аз байн бурдани монеъаҳои ғайритарифӣ дар тиҷорати хориҷӣ, мусоидат ба рушди тиҷорат, ҳалли мушкилоти ҳамлу нақл ва интиқоли транзитии колоҳо барои мусоидат кардан ба рушди тиҷорати озод равона шудаанд.

Дар шароити ҷаҳонишавии бозорҳо ва пайваста таҳким ёфтани ҳамгироии иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон дар доираи созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ҳеҷ як кишвари ҷаҳон наметавонад дар канор бошад. Дар ин замина корҳои зиёд барои ҳамгироии Тоҷикистон дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва бавижа бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шангхой (ШОС) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба анҷом расидаанд.

Солҳои охир дар пайи иҷрои аҳдофи истротежик ва афзалиятҳои миллӣ, густариши ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, татбиқи вазифаҳои истротежик ва барномавӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъмини субботи макроиқтисодӣ, дар кишвар рушди иқтисодиёт таъмин гардид ва дар заминаи он мизони фақр мутобиқ ба пажуҳишҳои тоза дар даҳ соли қаблӣ (1999-2009) аз 81 фоиз ба 46,7, дар соли 2010 ин нишондиҳанда то 45 фоиз коҳиш ёфта, тибқи омор дар асоси рушди маҷмўи маҳсулоти доҳилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, дар соли 2011 нишондиҳандаи сатҳи фақр худуди 42 дарсадро ташкил дод.

Тоҷикистон дар байни ду рудхонаи бузурги минтақа - Амударё ва Сирдарё воқеъ аст. Дар қаламрави Тоҷикистон  захираҳои аслии оби минтақа ташаккул меёбанд. Аз ҳаҷми умумии маҷрои рудхонаҳои минтақа, ки 115 км. кубиро ташкил медиҳад, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 км. кубӣ арзёбӣ мешавад. Бо дарназардошти маҷрои рудхонаи Сирдарё ин бузургӣ 80 км. кубиро ташкил мекунад, ки он қариб 70% захираҳои минтақавии обро ташкил медиҳад. Ин иқтидори бузурги захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистонро муайян мекунад. Аз рӯи ин омор Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои 8 – ум дар ҷаҳонро соҳиб аст.  

Таркиби захираҳои энержӣ дар шароити феълӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки барои Тоҷикистон алтернативаи беҳтаре ба ғайр аз истифода аз захираҳои обуэнержӣ вуҷуд надорад. Аммо, аз ин миқдори захираҳо танхо 4-5 фоизи он феълан мавриди истифода қарор мегирад .      

Бояд зикр кард, ки захоири обии Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаротиб бештар аз талаботи дохили ҷумҳурӣ аст ва ба ин далел бамаврид аст, ки истифодабарии онро дар сатҳи минтақавӣ баррасӣ кунем.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои тақрибан 4 дарсади захоири обуэнержии ҷаҳон аст. Миқдори умумии иқтидори захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо 527,06 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад, ки аз ин 50 фоиз яъне зиёда аз 280 млрд. кВт. соати он, аз нуқтаи имконияти назари техникӣ ва аз ҷиҳати истифодаи самараноки иқтисодӣ бо технологияи муосир имконпазир мебошад.