Фарҳанг ва адабиёт

  Фарҳанги мардуми тоҷик ба давраи бостонӣ тааллуқ  дорад. То ба имрӯз мардуми тоҷик бештари суннатҳо ва одатҳоро ҳифз кардааст ва онро ба сабки зиндагии имрӯза мувофиқ намудааст. Агар шумо алоқаманди таърихи Тоҷикистон бошед,  онро метавонед аз асри аввали пеш аз мелод мулоҳиза фармоед.

Шояд барои Шумо дидани манзараҳои Панҷакенти бостонӣ бисёр ҷолиб бошад. Бостоншиносон дар он ҷо биноҳои маскунӣ ва мазҳабиро, ки онҳо шомили наққошиҳои ҳайратангези таърихӣ ва муҷассамаҳои бузург, ки ба асри 7 ва 8 баъд аз мелод  тааллуқ  доранд,  кашф намудаанд. Таркиби меъмории ин шаҳр аз назари донишмандон дар байни шаҳрҳои Осиё ҳамто надорад.

Мардуми тоҷик ҳамчун устодони санъати дастии сафолӣ маъруф ҳастанд. Дар шаҳрҳо ва водиҳо мардон зарфҳои сафолиро дар чархҳои  сафолгарӣ дуруст мекарданд.  Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ  чархҳои сафолгарӣ истифода намешуданд. Дар ин ҷо занон кӯзаҳоро бо даст, якеро болои дигаре гузошта шакл медоданд ва то ҳоло дуруст намудани намудҳои гуногуни саноии  дастӣ аз насл ба насл нигоҳ дошта шудаанд. Ҳамаи инҳоро метавонед дар салонҳои ҳунарии шаҳри Душанбе мушоҳида намоед.

Дар шаҳрҳо бофандагон,  сафолгарон, оҳангарон, сангкорон ва чӯбкорон фаъолият мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо корхонаҳои тавлиди масолеҳи қоғазӣ ва порчаҳои абрешимӣ мавҷуд ҳастанд. Дар онҳо асосан мардон кор мекунанд ва дар деҳаҳои дурдаст занон  бофтаҳои пашмӣ ва дар дастгоҳҳои бофандагӣ қолиҳои соддаро  тавлид мекунанд . Ҳоло бошад мардуми тоҷик бо истифода аз сабку услуби қадима маҳсулоти зебо истеҳсол мекунанд, ки то ҳол ҳам ба он алоқамандони худро доранд. Устоҳои имрӯза ба мисли садсолаҳо пеш гӯшвораҳо, либоси занона ва лавозими хонагӣ ба мисли сӯзанӣ, дастархон ва ғайраҳоро тавлид мекунанд.

Қабл аз ҳуҷуми арабҳо (дар аввали асри ҳафт баъд аз мелод) гурӯҳҳои аслии мазҳабӣ -зартуштиҳо, маниҳониҳо, буддоиҳо ва ҳиндуиҳо буданд. Бо мурури замон ислом оҳиста-оҳиста ҷойгузини ин мазҳабҳо шуд. Масҷидҳои зиёд дар ин давра сохта шуданд, ки дар байни онҳо Саят, қалъаи Ҳисор ва Мазори Шариф, ки дар асрҳои 11 ва 12  ва  масҷидҳои асри 15 дар Ӯротеппа бино ёфта ва  то  ба имрӯз нигоҳ дошта шудаанд.

Гуфта мешавад, ки мазҳаби тоҷикон аз тариқи илм ва адабиёт дарк мешавад. Ҳамлагарони араб забони аслии тоҷиконро аз байн бурданд. Сарфи назар аз ин забони дарӣ забони аслии навиштаҳои қадимии тоҷикон аз қабили адабиёт, сурудҳо ва китобҳои илмӣ буд.

Замони давлатдории Сомониён давраи шукуфоии фарҳанги тоҷикон, тараққиёти илм ва адабиёт ба ҳисоб меравад. Дар ин давра нуфузи Бағдод ва Дамишқ кам шуда ва шоиру нависандагон бо забони форсӣ асарҳои худро меофариданд.  Шароитҳои мусоид барои рушди  илму фарҳанг фароҳам оварда шуда буданд. Шахсиятҳои бузург дар ин давра умр ба сар мебурданд, ба тавре, ки тамоми насли донишмандони бузург, шоирон ва чеҳраҳои давлатӣ дар ин давра зоҳир шуда буданд. Дар байни онҳо асосгузори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ – Абу Абдулло Рӯдакӣ мавқеи хос  дошт. Абдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммади ҷавон ё ба манбаи дигар  Абдул Ҳасан ба таҳсил рағбати зиёд дошт ва шабҳо овоз мехонд. Овозаи қиссаҳо ва шеърҳои ӯ то ба амир расид ва ҳангоми зиндагӣ дар дарбор Рӯдакӣ шеър, қасида, ғазал ва рубоиҳои зиёде офарид.

Донишманди барҷаста ва шоир Абу Алӣ ибни Сино (Ибн Сино 980-1037) дар баробари мухолифат бо равшанфикрӣ, ситоиши илм мубориза мебурд. Баъдҳо ақидаҳои ӯ дар кори шоир ва файласуф Носири Хисрав инъикос гардид. Дар ашъори ӯ монанди “Саодатнома”, “Рӯшноинома” инсоният ситоиш дода шуд ва тарафдории ӯ аз шоистагӣ ва аҳамияти илм дида мешуд.

  Дар асри 13 Саъдии Шерозӣ асарҳои маъруфи худ – “Бӯстон” ва “Гулистон”-ро офарид. Ду аср пас шоири маъруфи дигар Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ақидаҳои инсондӯстиро дар асарҳои безаволи худ “Ҳафт Авранг” ва силсилаи масалҳо “Баҳористон” мунакис кардааст.

Нависандагони бузург ба монанди Аҳмади Дониш, Абу Райҳон Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Имом Термизӣ, Форобӣ ва Умар Хайём аз маҷмӯаи донишмандон, риёзидонон ва нависандагон буданд. Онҳо осори ҷовидонаи худро дар давраи Исмоили Сомонӣ навишта буданд. Дар соли 1999 Тоҷикистон ба таври бошукӯҳ  1100-солагии давлати Сомониёнро ҷашн гирифт.

     Яке аз падидаҳои бузурги замони истиқлолият - ба даст овардани истиқлолияти забонӣ ва дар мақоми забони давлатӣ қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин давра бо татбиқи сиёсати огоҳона дар бораи забон – муҳимтарин рукни пойдории миллат забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ мақому мартабаи махсус пайдо кард ва лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
    Дар замони истиқлолият фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.
     Барои тақвияти ин дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омада, фарҳанг рушди бесобиқа пайдо кард.
Таваҷҷӯҳ барои эҳё ва нигоҳдории мусиқии классикӣ ва мардумӣ рӯзҳои “Шашмақом” ва “ Фалак” таъин шуданд. Дар ҳамин давра ба хотири ҳифз ва пойдории ҳунари зебои мероси миллии тоҷикӣ соли 2001 ансамбли давлатии “Фалак” таъсис  ёфт, ки беҳтарин сарояндагон ва иҷрокунандагони фалакро дар ҳайати худ гирд овард. То имрӯз ин ансамбл симои эҷодии худро пайдо карда  бо суруду оҳангҳои нав ба наву дилнишин хазинаи тиллоии мусиқии тоҷикро ғанитар гардондааст.
Ансамбли рақсии “Гулрез” низ аз падидаҳои нав буда, соли 2000 таъсис ёфтааст.

Бинобар фароҳам омадани фазои мусоиди густариши робитаҳои хориҷӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Франсия, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Туркманистон бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардиданд, ки ҳунармандон тавонистанд фарҳангу ҳунари воло ва ғании гузаштаву муосири хешро муаррифӣ намоянд.
       Ҳамзамон рӯзҳои фарҳангии чанде аз кишварҳо, ба монанди Россия, Қирғизистон, Чин, Озарбойҷон, Қазоқистон, Белорус, Туркманистон дар сарзамини мо баргузор гардиданд.
     Истиқлолият барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ, сайқал додани суннатҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар заминаҳои боэътимод фароҳам овард.

Матбуоти даврӣ як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад. Дар ин самт низ таи солҳои истиқлолият дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд.
      Ба шарофати фароҳам овардани шароит барои озодии сухан теъдоди воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳод. Ҳоло дар кишвар 268 рӯзнома, 136 маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ва 8 агентии иттилоотӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, форсӣ ва қирғизӣ ба табъ мерасанд.
       Нашри осори безаволи гузаштагон барои калонсолону хурдсолон аз силсилаҳои «Ахтарони адаб» ва «Китобхонаи мактаб» дар нашрияҳои «Адиб» ва «Маориф ва фарҳанг» бо сифати хуб ба табъ расиданд. Маҳз ба шарофати истиқлолият китобҳои «Қуръони карим», «Маснавии маънавӣ», «Ҳидояи шариф», «Шоҳнома», «Қобуснома», «Кимиёи хирад», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам», «Тӯтинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Шашмақом» ва бисёр асарҳои гаронбаҳои дигар дастраси алоқамандон гардиданд.
      Яке аз падидаҳои хуби даврони истиқлолият ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Беҳзод додани мақоми миллӣ буд. Дар ин давра нахустин Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои беш аз 2000 ёдгориҳои таърихиву фарҳангист, таи солҳои истиқлолият 36 ёдгориҳои нодир, аз қабили мақбара, осорхона, масҷид, қалъа, мадраса, манора дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тармиму барқарор карда шуданд. Ҳамзамон бо мақсади ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихив фарҳангӣ Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии “Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихиву фарҳангии Панҷрӯд” таъсис ёфтанд.
        Соли 2011 – дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду иншооти мӯҳташами меъморӣ – биноҳои нави Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам мекунанд.
     Дар 20 соли охир бо иштироки меҳмонон аз кишварҳои дуру наздики ҷаҳон дар сатҳи баланди байналмилалӣ таҷлил гардидани ҷашнвораҳои гиромидошти бузургмардони таъриху адабиёти ҷаҳоншумули тоҷик далели эҳтирому арҷгузории роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик мебошад.  Аз ҷумла таҳти унвони «Ситоишгари адлу ростӣ ва нури хирад» симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ 5 сентябри соли 1994, тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 680-умин солгарди зодрӯзи олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳи сентябри соли 1995 ва чорабиниҳои идона ба муносибати 675-умин солгарди Хоҷа Камол дар соли 1996 то дер дар қалби иштирокдорон ва меҳмонон боқӣ хоҳанд монд. Худи хамон сол дар ҳузури ширкаткунандагони анҷумани сеюми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шаҳри Хуҷанд пардаҳо аз рӯи пайкараи Хоҷа Камол ва муҷассамаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бардошта шуд, ки ин дар абадӣ гардонидани номи неки гузаштагони гиромиқадр иқдоми наҷибу ғамхорона буд.
      90-умин солгарди зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 1998, баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба шарафи 90 - солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода 27-уми октябри соли 2001 ва тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 1000 - солагии мутафаккири бузурги Шарқ Носири Хусрави Қубодиёнӣ рӯҳияи ифтихор ва эҳтироми ҷомеаро ба хазинаи ҷовидонии таъриху адабиёти ниёгон афзун гардонид.
       Ҷашнҳои зиёде, ки ба бузургдошти олимону шоирон ва арбобони сиёсиву ҷамъиятии халқи тоҷик, ба мисли Абдулқосими Фирдавсӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Баҳодур Искандаров, Ғулом Алиев, Алоуддин Баҳоваддинов, Лоиқ Шералӣ ва дигарон бахшида шуданд, боиси таҳлили нави мероси онҳо гардида, илму фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳониён бештару беҳтар шинос намуданд ва боиси таҳкими ифтихори миллии мардум гардиданд.
        Дар силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлили 2500 - солагии шаҳри бостонии Истаравшан, ҷашн гирифтани 2700 - солагии шаҳри қадимаи Кулоб, обод намудани ёдгориҳои таърихӣ, мамнӯъгоҳи фарҳангӣ эълон намудани Ҳулбук, ба минтақаи туризм табдил додани чандин ноҳияҳои зебоманзари кишвар далели ба рушди устувор ворид гардидани Тоҷикистон мебошад.
        5 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 500 нафар олимону мутафаккирон аз 50 кишвари ҷаҳон ва шумораи зиёди аҳли зиёи Тоҷикистон ба ифтихори 1310 – солагии Имом Абу Ҳанифа – бунёдгузори яке аз мазоҳиби бонуфузи дини ислом Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» баргузор гардид.
        Чорабиниҳо бахшида ба Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми бисёр кишварҳои ҷаҳон дар маросими оғози сохтмони бузургтарин масҷиди ҷомеи Тоҷикистон баргузор гаштанд.
        Ин тадбирҳои дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва умумибашарӣ имконият фароҳам оварданд, ки халқи тоҷик бедортару огоҳтар гардад, робитаи худро бо тоҷикони бурунмарзӣ барқарор ва мустаҳкамтар намояд, ба решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ назари тоза андозад, барои ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллат ва рушди ифтихори миллӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Зиндагии имрӯзаи фарҳангии Тоҷикистонро бе Театри Давлатии Опера ва Балет, Театри Драммавии Тоҷик, Театри Драммавии Рус, Академияи Илмҳо, Донишгоҳҳои Давлатӣ, музеҳои таърихӣ ва музеҳои ҳунарӣ наметавон тасаввур кард.