Иртиботот

Алоқа

Коди телефонии байналмиллалии Тоҷикистон  +992 ва пешшумораи шаҳри Душанбе 37 мебошад.

Агар Шумо мехоҳед ба хориҷ аз кишвар занг занед бояд шумораи 810 (коди байналмиллалӣ) + коди кишвар + телефони дархостиро шуморагирӣ намоед.

Кодҳои шаҳрҳои  Аврупо ва Амрикоро дар сайти зерин метавонед пайдо кунед:  http://www.tajiktelecom.tj/codes.html.

Имконоти истифодабарӣ аз шуморагири  Skype дар интернет-кафеҳо дар саросари кишвар имконпазир мебошад.

Дар Тоҷикистон  IP телефон (тамосҳои байналмиллалӣ бо корт) хеле пешрафта аст ва ингуна хадамотро ширкатҳои мисли - "Intercom", "Telecomm Technology", "Babilon-T", OJSC “Tojiktelecom” анҷом медиҳанд. Тартиби шуморагирӣ аз тариқи IP телефон ба кишварҳои муштаракулманофеъ ва дигар кишварҳои хориҷа ба шарҳи зер аст:

8 + 11 + коди кишвар + коди шаҳр + шумораи телефони дархостӣ +.

Хадамоти телефонҳои мобилиро дар Тоҷикистон  чунин ширкатҳо анҷом медиҳанд:

Ҳисобҳои телефонҳои мобилии худро метавонед бо хариди кортҳои аз 10 то 35 доллари амрикоӣ аз тариқи дастгоҳҳои худпардоз ё дар мағозаҳои телефонӣ пур кунед.

Тараққии соҳаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар асоси барномаҳо ва стратегияҳои қабулшудаи дахлдор амалӣ мегарданд. Дар ин доира ба нақша гирифта шудааст, ки дар тамоми маҳалҳои маскунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеияти ҷуғрофӣ, намудҳои асосӣ ва муҳими хизматрасонии телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла хизматрасонии телефонии маҳаллӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ ва дастрасӣ ба шабакаи интернет фароҳам оварда шавад.
Бо ин мақсад аз ҷониби оператори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷиктелеком» Стратегияи рушд ва тараққии зерсохтор ва шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра татбиқ шуда истодааст.
Аз соли 2002 ба ин сӯ ҳамаи истгоҳҳои алоқаи телефонии мансуби шабакаи ҶСК «Тоҷиктелеком» пурра бо технологияҳои муосири рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Бо рақамӣ кардани истгоҳҳои телефонӣ зарурати таҷдиди шабакаҳои дастрасии муштариён ба миён омад, ки ин масъала низ амалӣ карда шуд.
Аз соли 2005 ҶСК “Тоҷиктелеком” дар амал татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони марҳалавии шабакаи шоҳроҳии хатҳои алоқаи нуриву нахӣ (ВОЛС)-ро бо дарназардошти имкониятҳои баромад ба кишварҳои ҳамсарҳад оғоз намуд. Дар доираи лоиҳа иваз намудани шабакаи кӯҳна ва фарсудаи асосии байнишаҳрӣ, ки тавассути кабелҳои мисиву симӣ фаъолият менамояд, бо шабакаи хатҳои алоқаи нуриву нахӣ дар назар гирифта шудааст.
Соли 1996 аввалин муассисаи муштараки тоҷикӣ-амрикоӣ - Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «ТоҷикТел» таъсис дода шуд, ки он бо стандарти АМРS хизматрасонии алоқаи кандуиро пешниҳод мекард. Дар давоми 15 сол алоқаи кандуии Тоҷикистон аз стандарти АМРS оғоз намуда, баъдан то ба стандартҳои мухталифи алоқаи кандуӣ GSM, CDMA 20001Х, CDMA450, 3G-UMTS расидааст.
Соли 1998 дар вилояти Суғд оператори алоқаи кандуӣ «Индиго Сомонком» бо стандарти GSM ва аз октябри соли 2001 то сентябри соли 2002 боз 3 оператори алоқаи кандуӣ - «Индиго Тоҷикистон», «ТТ Мобайл» ва «Вавилон Мобайл» пешниҳоди хизматрасониро бо стандарти GSM оғоз намуданд, ки ин ин иқдом боиси паст шудани нархи ин навъи хизматрасонӣ гардид. Соли 2004 оператори «ТК Мобайл» пешниҳоди хизматрасониро бо стандарти муосири CDMA 20001Х оғоз намуд.
Ҳоло барои пешниҳод намудани алоқаи кандуӣ аз рӯи ҳар як стандарт ба 8 оператор 15 иҷозатнома дода шудаст. Миқдори муштариёни фаъоли алоқаи кандуӣ дар ин давра 3 млн. 800 ҳазор нафарро ташкил дод ва афзоиш идома дорад.
Дар Тоҷикистон Интернети беноқили WIMAX пайдо шуда, шабакаи ғайримутаҳаррики алоқа тариқи NGN - технология васеъ мешавад ва дар сохтори дохилии алоқа системаҳои беноқил инкишоф меёбанд.

 

Фарҳанг ва адабиёт

  Фарҳанги мардуми тоҷик ба давраи бостонӣ тааллуқ  дорад. То ба имрӯз мардуми тоҷик бештари суннатҳо ва одатҳоро ҳифз кардааст ва онро ба сабки зиндагии имрӯза мувофиқ намудааст. Агар шумо алоқаманди таърихи Тоҷикистон бошед,  онро метавонед аз асри аввали пеш аз мелод мулоҳиза фармоед.

Шояд барои Шумо дидани манзараҳои Панҷакенти бостонӣ бисёр ҷолиб бошад. Бостоншиносон дар он ҷо биноҳои маскунӣ ва мазҳабиро, ки онҳо шомили наққошиҳои ҳайратангези таърихӣ ва муҷассамаҳои бузург, ки ба асри 7 ва 8 баъд аз мелод  тааллуқ  доранд,  кашф намудаанд. Таркиби меъмории ин шаҳр аз назари донишмандон дар байни шаҳрҳои Осиё ҳамто надорад.

Мардуми тоҷик ҳамчун устодони санъати дастии сафолӣ маъруф ҳастанд. Дар шаҳрҳо ва водиҳо мардон зарфҳои сафолиро дар чархҳои  сафолгарӣ дуруст мекарданд.  Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ  чархҳои сафолгарӣ истифода намешуданд. Дар ин ҷо занон кӯзаҳоро бо даст, якеро болои дигаре гузошта шакл медоданд ва то ҳоло дуруст намудани намудҳои гуногуни саноии  дастӣ аз насл ба насл нигоҳ дошта шудаанд. Ҳамаи инҳоро метавонед дар салонҳои ҳунарии шаҳри Душанбе мушоҳида намоед.

Дар шаҳрҳо бофандагон,  сафолгарон, оҳангарон, сангкорон ва чӯбкорон фаъолият мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо корхонаҳои тавлиди масолеҳи қоғазӣ ва порчаҳои абрешимӣ мавҷуд ҳастанд. Дар онҳо асосан мардон кор мекунанд ва дар деҳаҳои дурдаст занон  бофтаҳои пашмӣ ва дар дастгоҳҳои бофандагӣ қолиҳои соддаро  тавлид мекунанд . Ҳоло бошад мардуми тоҷик бо истифода аз сабку услуби қадима маҳсулоти зебо истеҳсол мекунанд, ки то ҳол ҳам ба он алоқамандони худро доранд. Устоҳои имрӯза ба мисли садсолаҳо пеш гӯшвораҳо, либоси занона ва лавозими хонагӣ ба мисли сӯзанӣ, дастархон ва ғайраҳоро тавлид мекунанд.

Қабл аз ҳуҷуми арабҳо (дар аввали асри ҳафт баъд аз мелод) гурӯҳҳои аслии мазҳабӣ -зартуштиҳо, маниҳониҳо, буддоиҳо ва ҳиндуиҳо буданд. Бо мурури замон ислом оҳиста-оҳиста ҷойгузини ин мазҳабҳо шуд. Масҷидҳои зиёд дар ин давра сохта шуданд, ки дар байни онҳо Саят, қалъаи Ҳисор ва Мазори Шариф, ки дар асрҳои 11 ва 12  ва  масҷидҳои асри 15 дар Ӯротеппа бино ёфта ва  то  ба имрӯз нигоҳ дошта шудаанд.

Гуфта мешавад, ки мазҳаби тоҷикон аз тариқи илм ва адабиёт дарк мешавад. Ҳамлагарони араб забони аслии тоҷиконро аз байн бурданд. Сарфи назар аз ин забони дарӣ забони аслии навиштаҳои қадимии тоҷикон аз қабили адабиёт, сурудҳо ва китобҳои илмӣ буд.

Замони давлатдории Сомониён давраи шукуфоии фарҳанги тоҷикон, тараққиёти илм ва адабиёт ба ҳисоб меравад. Дар ин давра нуфузи Бағдод ва Дамишқ кам шуда ва шоиру нависандагон бо забони форсӣ асарҳои худро меофариданд.  Шароитҳои мусоид барои рушди  илму фарҳанг фароҳам оварда шуда буданд. Шахсиятҳои бузург дар ин давра умр ба сар мебурданд, ба тавре, ки тамоми насли донишмандони бузург, шоирон ва чеҳраҳои давлатӣ дар ин давра зоҳир шуда буданд. Дар байни онҳо асосгузори адабиёти форсӣ-тоҷикӣ – Абу Абдулло Рӯдакӣ мавқеи хос  дошт. Абдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммади ҷавон ё ба манбаи дигар  Абдул Ҳасан ба таҳсил рағбати зиёд дошт ва шабҳо овоз мехонд. Овозаи қиссаҳо ва шеърҳои ӯ то ба амир расид ва ҳангоми зиндагӣ дар дарбор Рӯдакӣ шеър, қасида, ғазал ва рубоиҳои зиёде офарид.

Донишманди барҷаста ва шоир Абу Алӣ ибни Сино (Ибн Сино 980-1037) дар баробари мухолифат бо равшанфикрӣ, ситоиши илм мубориза мебурд. Баъдҳо ақидаҳои ӯ дар кори шоир ва файласуф Носири Хисрав инъикос гардид. Дар ашъори ӯ монанди “Саодатнома”, “Рӯшноинома” инсоният ситоиш дода шуд ва тарафдории ӯ аз шоистагӣ ва аҳамияти илм дида мешуд.

  Дар асри 13 Саъдии Шерозӣ асарҳои маъруфи худ – “Бӯстон” ва “Гулистон”-ро офарид. Ду аср пас шоири маъруфи дигар Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ақидаҳои инсондӯстиро дар асарҳои безаволи худ “Ҳафт Авранг” ва силсилаи масалҳо “Баҳористон” мунакис кардааст.

Нависандагони бузург ба монанди Аҳмади Дониш, Абу Райҳон Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Имом Термизӣ, Форобӣ ва Умар Хайём аз маҷмӯаи донишмандон, риёзидонон ва нависандагон буданд. Онҳо осори ҷовидонаи худро дар давраи Исмоили Сомонӣ навишта буданд. Дар соли 1999 Тоҷикистон ба таври бошукӯҳ  1100-солагии давлати Сомониёнро ҷашн гирифт.

     Яке аз падидаҳои бузурги замони истиқлолият - ба даст овардани истиқлолияти забонӣ ва дар мақоми забони давлатӣ қарор додани забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин давра бо татбиқи сиёсати огоҳона дар бораи забон – муҳимтарин рукни пойдории миллат забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ мақому мартабаи махсус пайдо кард ва лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
    Дар замони истиқлолият фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.
     Барои тақвияти ин дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омада, фарҳанг рушди бесобиқа пайдо кард.
Таваҷҷӯҳ барои эҳё ва нигоҳдории мусиқии классикӣ ва мардумӣ рӯзҳои “Шашмақом” ва “ Фалак” таъин шуданд. Дар ҳамин давра ба хотири ҳифз ва пойдории ҳунари зебои мероси миллии тоҷикӣ соли 2001 ансамбли давлатии “Фалак” таъсис  ёфт, ки беҳтарин сарояндагон ва иҷрокунандагони фалакро дар ҳайати худ гирд овард. То имрӯз ин ансамбл симои эҷодии худро пайдо карда  бо суруду оҳангҳои нав ба наву дилнишин хазинаи тиллоии мусиқии тоҷикро ғанитар гардондааст.
Ансамбли рақсии “Гулрез” низ аз падидаҳои нав буда, соли 2000 таъсис ёфтааст.

Бинобар фароҳам омадани фазои мусоиди густариши робитаҳои хориҷӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Франсия, Қазоқистон, Белорус, Озарбойҷон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Туркманистон бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардиданд, ки ҳунармандон тавонистанд фарҳангу ҳунари воло ва ғании гузаштаву муосири хешро муаррифӣ намоянд.
       Ҳамзамон рӯзҳои фарҳангии чанде аз кишварҳо, ба монанди Россия, Қирғизистон, Чин, Озарбойҷон, Қазоқистон, Белорус, Туркманистон дар сарзамини мо баргузор гардиданд.
     Истиқлолият барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ, сайқал додани суннатҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, таҳкими равобити фарҳангии манотиқи гуногуни кишвар заминаҳои боэътимод фароҳам овард.

Матбуоти даврӣ як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад. Дар ин самт низ таи солҳои истиқлолият дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд.
      Ба шарофати фароҳам овардани шароит барои озодии сухан теъдоди воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳод. Ҳоло дар кишвар 268 рӯзнома, 136 маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ва 8 агентии иттилоотӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, форсӣ ва қирғизӣ ба табъ мерасанд.
       Нашри осори безаволи гузаштагон барои калонсолону хурдсолон аз силсилаҳои «Ахтарони адаб» ва «Китобхонаи мактаб» дар нашрияҳои «Адиб» ва «Маориф ва фарҳанг» бо сифати хуб ба табъ расиданд. Маҳз ба шарофати истиқлолият китобҳои «Қуръони карим», «Маснавии маънавӣ», «Ҳидояи шариф», «Шоҳнома», «Қобуснома», «Кимиёи хирад», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам», «Тӯтинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Шашмақом» ва бисёр асарҳои гаронбаҳои дигар дастраси алоқамандон гардиданд.
      Яке аз падидаҳои хуби даврони истиқлолият ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Беҳзод додани мақоми миллӣ буд. Дар ин давра нахустин Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои беш аз 2000 ёдгориҳои таърихиву фарҳангист, таи солҳои истиқлолият 36 ёдгориҳои нодир, аз қабили мақбара, осорхона, масҷид, қалъа, мадраса, манора дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тармиму барқарор карда шуданд. Ҳамзамон бо мақсади ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихив фарҳангӣ Мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук, Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Муассисаи давлатии “Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихиву фарҳангии Панҷрӯд” таъсис ёфтанд.
        Соли 2011 – дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду иншооти мӯҳташами меъморӣ – биноҳои нави Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам мекунанд.
     Дар 20 соли охир бо иштироки меҳмонон аз кишварҳои дуру наздики ҷаҳон дар сатҳи баланди байналмилалӣ таҷлил гардидани ҷашнвораҳои гиромидошти бузургмардони таъриху адабиёти ҷаҳоншумули тоҷик далели эҳтирому арҷгузории роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик мебошад.  Аз ҷумла таҳти унвони «Ситоишгари адлу ростӣ ва нури хирад» симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ 5 сентябри соли 1994, тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 680-умин солгарди зодрӯзи олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳи сентябри соли 1995 ва чорабиниҳои идона ба муносибати 675-умин солгарди Хоҷа Камол дар соли 1996 то дер дар қалби иштирокдорон ва меҳмонон боқӣ хоҳанд монд. Худи хамон сол дар ҳузури ширкаткунандагони анҷумани сеюми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шаҳри Хуҷанд пардаҳо аз рӯи пайкараи Хоҷа Камол ва муҷассамаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бардошта шуд, ки ин дар абадӣ гардонидани номи неки гузаштагони гиромиқадр иқдоми наҷибу ғамхорона буд.
      90-умин солгарди зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 1998, баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба шарафи 90 - солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода 27-уми октябри соли 2001 ва тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 1000 - солагии мутафаккири бузурги Шарқ Носири Хусрави Қубодиёнӣ рӯҳияи ифтихор ва эҳтироми ҷомеаро ба хазинаи ҷовидонии таъриху адабиёти ниёгон афзун гардонид.
       Ҷашнҳои зиёде, ки ба бузургдошти олимону шоирон ва арбобони сиёсиву ҷамъиятии халқи тоҷик, ба мисли Абдулқосими Фирдавсӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Баҳодур Искандаров, Ғулом Алиев, Алоуддин Баҳоваддинов, Лоиқ Шералӣ ва дигарон бахшида шуданд, боиси таҳлили нави мероси онҳо гардида, илму фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҷаҳониён бештару беҳтар шинос намуданд ва боиси таҳкими ифтихори миллии мардум гардиданд.
        Дар силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлили 2500 - солагии шаҳри бостонии Истаравшан, ҷашн гирифтани 2700 - солагии шаҳри қадимаи Кулоб, обод намудани ёдгориҳои таърихӣ, мамнӯъгоҳи фарҳангӣ эълон намудани Ҳулбук, ба минтақаи туризм табдил додани чандин ноҳияҳои зебоманзари кишвар далели ба рушди устувор ворид гардидани Тоҷикистон мебошад.
        5 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 500 нафар олимону мутафаккирон аз 50 кишвари ҷаҳон ва шумораи зиёди аҳли зиёи Тоҷикистон ба ифтихори 1310 – солагии Имом Абу Ҳанифа – бунёдгузори яке аз мазоҳиби бонуфузи дини ислом Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» баргузор гардид.
        Чорабиниҳо бахшида ба Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми бисёр кишварҳои ҷаҳон дар маросими оғози сохтмони бузургтарин масҷиди ҷомеи Тоҷикистон баргузор гаштанд.
        Ин тадбирҳои дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва умумибашарӣ имконият фароҳам оварданд, ки халқи тоҷик бедортару огоҳтар гардад, робитаи худро бо тоҷикони бурунмарзӣ барқарор ва мустаҳкамтар намояд, ба решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ назари тоза андозад, барои ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллат ва рушди ифтихори миллӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Зиндагии имрӯзаи фарҳангии Тоҷикистонро бе Театри Давлатии Опера ва Балет, Театри Драммавии Тоҷик, Театри Драммавии Рус, Академияи Илмҳо, Донишгоҳҳои Давлатӣ, музеҳои таърихӣ ва музеҳои ҳунарӣ наметавон тасаввур кард. 

Аҳолӣ

Замони ташаккулёбии миллияти тоҷик дар ибтидои асрҳои 4 ва 5 оғоз ёфта то охири асрҳои 9 ва 10  дар пойдории давлати Сомониён давом мекунад. Гурӯҳҳои қавмии тоҷикҳо яке аз қавмҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба мисли Бохтариҳо, Сарматиҳо, Тахориҳо, Саксҳо, Суғдиёнҳо ва Массаҷитҳо буданд.

Ҳамаи мардуми эронзабон  чӣ  Дардҳо дар Ҳиндустон ва ё чӣ мардуми Нуристон  -- тоҷикҳо буданд онҳоро аз қавмҳои ориёӣ ба шумор мебурданд. Ниёгони тоҷик мардуме буданд, ки бо забони эрониёни шарқӣ сӯҳбат мекарданд. Ниёгони тоҷикҳои имрӯза ба забони форсӣ сӯҳбат намекарданд, зеро онҳо ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ мансуб мешуданд. Забони форсии ҷадид ба унвони ” форсӣ”  дар Эрон ва “дарӣ” дар Афғонистон ва “забони тоҷикӣ” дар Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри 8 мелодӣ муайян шуда буд. Эрониёни қисмати шарқӣ забони форсиро дар давраи ҳамлаи арабҳои мусулмон ба Осиёи Марказӣ пазируфта буданд ва ин сабаби муҳоҷирати форсҳо (эрониёни шарқӣ) ба Осиёи Марказӣ (шомили Чини ғарбӣ) шуд. Дар натиҷаи ин эрониёни маҳаллии шарқӣ (тоҷикҳо) ба забони форсӣ сӯҳбат карданро шурӯъ карданд, вале асоси забонҳои онҳо  –  забонҳо ва лаҳҷаҳои эрониёни шарқӣ буданд.

Аз назари мардумшиносӣ тоҷикҳо ба нажоди қавқозиҳо мансуб мешаванд. Мӯй ва чашмҳои сиёҳ, ранги пӯсти аз тира то равшан хосаи тоҷикҳо мебошанд. Сокинини водиҳои Суғд вижагиҳои муғулӣ доранд – мӯи кам, чеҳраҳои паҳн ва чашмҳои борик.  Мӯй ва чашҳои равшан дар Помир дида мешаванд.

Таркиби миллии кишвар бар асоси фурсатҳои таърихӣ дониста мешавад. Кишвар то замони тағииротҳои бузурги ҷуғрофӣ дар масири ҷодаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ буд ва дар тӯли замони ҳуҷум ва рақобатҳои мухталиф ранҷ мебурд. Қаламрави Тоҷикистон дорои ноҳияҳои васеъ буд ва аз ин рӯ таркиби қавмии мухталиф дошт ва хусусан дар ноҳияҳои ҷанубӣ.

Аз мардумони  тоҷикҳо – тоҷикҳои Помир аз назари забон, тарзи зиндагӣ ва дигар хусусиятҳо фарқ мекунанд. Инҳо  қавмҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ, хуфӣ, язгуломӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва бартангӣ мебошанд. Ҳамаи онҳо Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Гурӯҳи хоси дигари тоҷикҳо – яғнобиҳо мебошанд, ки ниёгони суғдиён ҳастанд ва  дар баландиҳои кӯҳии Яғноб (Зарафшон) зиндагӣ мекунанд. Забони онҳо яке аз лаҳҷаҳои суғдии  қадимӣ  мебошад, ки аз забонҳои қабл аз ҳуҷумҳои арабҳо дар асрҳои 7-8 буд ва  бо он қисмате аз тоҷикҳои имрӯза сӯҳбат мекунанд . Ҳоло яғнобиҳо бо ду забон – яғнобӣ ва тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд.

Барои Тоҷикистон, мисли дигар минтақаҳои кӯҳӣ, тақсимбандии аҳолӣ дар баландиҳои гуногун ба таври вижае мебошад. Минтақаҳои поёнӣ дорои водиҳои бузурги дарёӣ мебошанд ва пешрафтатар  ва сераҳолӣ ҳастанд. Минтақаҳои кӯҳӣ камаҳолӣ ва камсукунат мебошанд. Аксарияти мардум дар шаҳрҳо, ноҳияҳо ва водиҳои дар сатҳи 1000 м зиндагӣ мекунанд.  Аксарияти аҳолӣ дар минтақаҳои аз 1000 то 2000 м ва бахши каме аз 2000 м ба боло зиндагӣ мекунанд.

Дар ҷануби Тоҷикистон теъдоди каме аз арабҳо зиндагӣ менамоянд. Туркманҳо аз қавмҳои Ирсорӣ дар манотиқи дурафтодаи Вахш аз миёнаҳои асри 14 сукунат доранд. Мардуми қирғиз дар шимолу шарқӣ ва шарқи Помир зиндагӣ мекунанд.  Ҷӯгиҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун қавмҳои ҷудогона зиндагӣ мекунанд ва мардум онҳоро “ҷӯгӣ” ё “лӯлӣ” меноманд. Русҳо, тоторҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, олмонҳо ва яҳудиёни Осиёи Марказӣ низ дар шаҳрҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистон мусулмон ҳастанд. Бештари онҳо суннӣ мазҳаб ва аққалият шиамазҳаб ҳастанд. Яке аз вижагиҳои Тоҷикистон рушди аҳолӣ мебошад ва ҳоло дар кишвар беш аз 8 млн аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.