Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид

29 январи 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати аъзо қабул шуд. 2 марти 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба иттифоқи оро қабул гардид. Пайвастани кишвар ба Ҷомеаи Миллатҳо асоси устуворро барои рушди ҳамкории он бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии СММ эҳё гардонид. Дар тӯли давраи таърихан начандон дарозмуддати аъзогӣ дар СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаҳои муайяни ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид паси сар кард. Тавре, ки маълум аст, дар оғоз дар натиҷаи вазъияти дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва субот дар кишвар афзалиятнок буд. Намояндагии аввали СММ - Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) - 1 феврали 1993 дар Душанбе кушода шуд. Фаъолияти ДНСММТ пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиётҳои сулҳпарвар ва кумаки фаврии башардӯстонаро таъмин намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи 2000 дар асоси ДНСММТ бо ташаббуси Дабири кулли СММ Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд.

идомаи матлаб...

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СКИ

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Конфронси Исломӣ

Созмони конфронси исломӣ (СКИ) соли 1969 ташкил шудааст. СКИ аз 57 давлати мусулмоннишини Осиё, Африқо ва Америкаи Ҷанубӣ ва хамчунин Созмони озодихоҳи Фаластин иборат мебошад.
Аз якуми декабри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СКИ мебошад. Аз соли 1975 СКИ дар Созмони Милали Муттахид мақоми нозирро дорост.
СКИ ҳадафҳои зеринро эълом медорад: таҳкими хамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои узв; мусоидат ва рафъи тамоми шаклҳои нажодпарастӣ ва мустамликадорӣ; татбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод кардан ва ҳифзи ҷойҳои муқаддас; дастгирии муборизаи мардуми Фаластин, кӯмак барои барқарор кардани ҳуқуқҳо ва озод намудани сарзамини онҳо; дастгирии муборизаи мардуми мусулмон барои муҳофизати шаъну шарафи хеш; истиқлолият ва хуқуқи миллӣ; фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои узв ва дигар давлатҳо.

идомаи матлаб...

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

Ҷумҳурии Тоҷикистон Санади хотимавии Хелсинкиро феврали 1992 имзо намуд. Кӯшиши дохил гаштани  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба САҲА аҳамияти истифодаи таҷриба, нуфуз ва нерӯи он ташкилот дар ҷараёни демократикунонии ҷомиа, таҳкими амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ, эҷод намудани унсурҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва танзими масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ воҷиб гардонида буд.

Ҷорӣ намудани муносибатҳои қавӣ дар инкишофи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни байналмилалии амниятӣ, аз он ҷумла САҲА ба мақсад ва принсипҳои сиёсати берунаи Тоҷикистон  мусоидат менамояд. Он ба манфиати таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ дар самти Аврупо мусоидат менамояд. Ба ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА 15 сол пур мешавад ва дар муддати на он қадар зиёд байни институтҳои ҶТ ва САҲА ҳамкории хеле пурмазмун ва гуногунҷабҳа бунёд гардид. Натиҷаи ин ҳамкории сермаҳсул буд, ки муносибатҳои баёни ҶТ ва САҲА рӯ ба инкишоф ниҳод.

идомаи матлаб...