Сомонаҳои давлатӣ

Сомонаҳои расмии мақомотҳои давлатӣ:

Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cомонаи расмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати Рушд ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Вазорати Меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Маркази Миллии Қонунгузории назди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Агентии гидрометеорологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва инспексия савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Агентии давлатии оид ба назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Суғд

Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа

Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа

  Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Федератсияи Россия

  Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

  Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

  Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Стамбул

  Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа, Федератсияи Россия

  Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

  Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

  Давлати Кувайт

  Давлати Қатар

  Конфедератсияи Швейтсария

  Туркманистон

  Украина

  Федератсияи Россия

  Ҷумҳурии Австрия

  Ҷумҳурии Беларус

  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

  Ҷумҳурии Исломии Покистон

  Ҷумҳурии Исломии Эрон

  Ҷумҳурии Қазоқистон

  Ҷумҳурии Қирғизистон

  Ҷумҳурии Мисри Араб

  Ҷумҳурии Озарбойҷон

  Ҷумҳурии Туркия

  Ҷумҳурии Ӯзбекистон

  Ҷумҳурии Фаронса

  Ҷумҳурии Федеративии Олмон

  Ҷумҳурии Халқии Хитой

  Ҷумҳурии Ҳиндустон

  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

  Шоҳигарии Белгия

  Штатҳои Муттаҳидаи Америка

  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

  Япония

Тоҷикистон ва иртибот бо ҷаҳон

Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон

Пас аз истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло дарҷ гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».
Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ умдатарин манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад. Ҳавзаи дувум Осиёи Марказист, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст. Ҳавзаи сеюм аз фазои зисти давлатҳои ҳамсояи форсизабон иборат буда, ҳавза бо вуҷуди он, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасидааст, аммо онро ҳамбастагии таърихӣ, динию фарҳангӣ ва дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад. Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро нафақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои динӣ, балки имконият ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад. Ниҳоят, ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ роҳ мепаймояд”.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштироки он дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Албатта, на ҳамаи ҳадафҳои ИДМ дар шароити имрӯза пурра амалӣ мешаванд, аммо сарфи назар аз ин, Иттиҳод имрӯз баёнгари умумият ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллионҳо одамони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Тоҷикистон дар баробари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориро дар доираи ду созмони дигари дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалкунанда - Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ мешуморад.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратҳои давлатҳое чун Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Франсия, Федератсияи Россия, ӯзбекистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирғизистон кушода шуда, ба фаъолияти мунтазам шурӯъ намудаанд. Як идда давлатҳои дигар низ дар арафаи кушодани сафоратҳои худ қарор доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар 23 давлати хориҷӣ - Австрия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Белгия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Куба, Озарбойҷон, Олмон, Миср, Покистон, Туркия, Туркманистон, Федератсияи Россия, ӯзбекистон, Украина, Эрон, Чин, Ҷопон, Швейтсария, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Қирғизистон намояндагиҳои дипломатӣ (сафоратҳо) ва дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо намояндагиҳои доимии худро боз намудааст. Ҳоло дар Амороти Муттаҳидаи Араб Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлолият, бахусус солҳои охир ин тамоюлоту равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳими ҷаҳони дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро мадди назар дошт ва пайваста кӯшиш дорад, ки манфиатҳои стратегии Ватан ва мардуми худро дар чаҳорчӯбаи сиёсати «дарҳои кушода» дар сатҳи шоиста таъмин намояд.
Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи даргир ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар шаҳри Душанбе дар як вақт пазироӣ намудани ҳамоишҳои cарони давлатҳои cе созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – ИДМ, Иттиҳоди иктисодии Авруосиё ва СААД 5-6 октябри соли 2007, ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон 28 августи соли 2008, мулоқотҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия 30 июли соли 2009, Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 - солагии Ҷалолиддини Румӣ 6-8 сентябри соли 2007, Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, иҷлоси 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ 18-20 майи соли 2010, Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10 – солаи амалиёти ҷаҳонии «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дуюми он 08-09 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 давлат ва 65 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ҳамчунин баргузоршавии конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷаҳонианд.
Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббускор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.