Нишони миллӣ

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарори мазкур аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов
ш.Душанбе, 11 декабри соли 1999
№ 891

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст.
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва курсӣ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.