Суруди миллӣ

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994, №17-18, мод.306

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Таҳрири нави матну оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар шеъри Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои саросарии Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин Қонун тасдиқ гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ карда мешавад.
3. Фармони Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 4ноябри соли 1977 "Дар бораи таҳрири нави матни Гимни РСС Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, 1977, № 23, моддаи 245) беэътибор дониста шавад.

Раиси Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 1994
№ 1074

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дӯстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. 
Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шеъри Гулназар Келдӣ
Оҳанги Сулаймон Юдаков

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, 
кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, 
канори ту
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!