Иттилооти куллӣ

Иттилооти куллӣ

Номи кишвар: Ҷумҳурии ИсломииЭрон

Номи байналмиллалӣ: Islamic Republic of Iran

Масоҳат: 1648195 км 2

Ҷамъият: 75 597 633 дар соли 2011

Пойтахт: Теҳрон

Дини расмӣ: Ислом

Забони расмӣ: Форсӣ

Воҳиди пул: Риёл

Эрон бо масохати 1,648,195 км мураббаъ ( шонздаҳумин кишвари чаҳон аз назари масоҳат) дар ҷанубу ғарбии Осиё воқеъ аст ва ҷузви кишварҳои Ховари Миёна мебошад. Сарзамини Эрон ба таври куллӣ кӯҳистонӣ ва нима хушк буда миёнгини баландии он беш аз 1200 метр аз сатҳи дарё мебошад. Аз нисф бештар масоҳати кишварро кӯҳҳо ва баландиҳо, як чаҳоруми онро даштҳо ва камтар аз як чаҳоруми дигари онро заминҳои дар дасти кишт ташкил медиҳад. Баландтарин қуллаи Эрон қуллаи Дамованд бо баландии 5628 метр дар миёни риштакӯҳҳои Албурз мебошад.

Эрон аз шимол бо Туркманистон, баҳри  Хазар (Каспий), Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон, аз ғарб бо Туркия ва Ироқ, аз шарқ бо Покистон ва Афғонистон ва аз ҷануб ба баҳри Уммон ва халиҷи Форс ҳамсарҳад аст.

Дарёи Корун бо тӯли 950 км ( танхо дарёи қобили киштиронӣ) дарозтарин дарё ва кӯли Урумия бо 4868 км мураббаъ вусъат бузургтарин кӯл, ҷазираи Қешм бо 1491 км вусъат бузургтарин ҷазира мебошанд.

Ҳукумат: Ҳукумати  Эрон- Ҷумҳурии Исломӣ ва рӯзи миллии он - 22 баҳман мебошад.

Бар асоси тақсимоти кишварӣ дар соли 2011 Эрон шомили  31 вилоят, 397 шаҳристон, 984 бахшҳо, 1154 шаҳр, 2499 деҳот  мебошад.

Парчами Эрон : аз се радифи уфуқии мусовӣ ташкил шудааст, ки ранги сабз дар боло, сафед дар миёна ва сурх дар поён ҷойгир шудаанд. Калимаи Оллоҳ бо ранги сурх дар миёнаи қисмати сафеди парчам ҷой дода шудааст. Калимаи Оллоҳу Акбар бо ранги сафед дар боло ва поёни парчам навишта шудааст.

Содирот: нафт, фарш, мева, хушкбор ( писта, кишмиш, хурмо), пӯст, хавёр, маҳсулоти соҳаи петрушимӣ, пӯшок, маҳсулоти саноати маводи ғазоӣ.

Воридот: мошинолот, оҳан, маводи ғазоӣ, дору, хадамоти фаннӣ, нассоҷӣ, семент ва масолеҳи дигари сохтмонӣ.

Кишоварзӣ: гандум, биринҷ, мева, донаҳои равғанӣ ( писта, бодои,чормағз), пахта, маҳсулоти ширӣ, пашм, хавёр.

Воҳиди пул: 10 риёл  - 1 туман.

Роҳи оҳан : 9796 км.

Дарозии роҳҳои мошингарди кишвар : 158000 км.

Хатҳои интиқол:  нафт 3900 км, газ 4550 км.

Бандарҳо: Ободон, Аҳвоз, бандари шаҳид Биҳиштӣ, Бандар-Аббос, Бандар Анзалӣ, Бандари Бушеҳр, бандари Эмом Ҳумайнӣ, бандари Моҳшаҳр, бандари Туркман, Хуррамшаҳр.