Хусусиятҳои иқтисодии Эрон

Хусусиятҳои  иқтисодии Эрон

Хусусият  ва вижагиҳои иқтисоди Эрон :

- ҳаждаҳумин иқтисоди бартари ҷаҳон;

- рушди мусбати иқтисодӣ новобаста аз таҳримҳои иқтисодӣ;

- ҷомеаи ҷавон ва таҳсилкарда;

- фаровонии захираҳои табиӣ;

- зерсохтҳои қавии иқтисодӣ.

Захираҳои табиӣ ва маъданӣ:

- ғанӣ будан бо захираҳои нафтӣ ва гидрокарбонӣ;

- чорумин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон;

- дорои дуввумин макон дар захираҳои газӣ дар ҷаҳон;

- дорои рутбаи даҳум дар санъати туризм ва рутбаи панҷум дар экотуризм;

- бузургтарин ва бештарин мизони саноат дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо;

- дорои рутбаи боло дар захираҳои алюминий ва мис дар ҷаҳон;

- дорои рутбаи чаҳорум дар соҳаи кишоварзӣ дар ҷаҳон.

Ислоҳоти иқтисодӣ дар барномаи панҷум:

- 20  миллиард  доллар сармоягузорӣ  дар бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар саноати нафт ва газ;

- беҳбуд ёфтани низоми таъмини саломатӣ дар кишвар;

- густариши  равобити байналмиллал;

Хусусисозии густарда:

- 80 % аз дороиҳои давлат бояд ба бахши хусусӣ интиқол ёбад;

- 40 % аз ин интиқол аз тариқи саҳмия бояд сурат бипазирад;

- 40 % дигар аз тариқи бозори бурси Теҳрон пахш мешавад;

- давлат  молики 20 % аз дороиҳоро дар даст дорад;

- ҳаҷми кулли дороиҳо ва амволи давлат 120 миллиард доллар мебошад;

- аз ин мизон 63 миллиард доллар дар давоми панҷ соли гузашта  хусусӣ гардонида шудаанд;

- саҳми давлат дар истеҳсоли нохолиси дохилӣ аз 80% ба 40% коҳиш ёфт;

Хусусиятҳои қонуни сармоягузорӣ:

- тазмин ва ҳимоят;

- тазмини пардохт дар сурати миллӣ шудани моликият;

- тазмини пардохти зарар;

- тазмин хариди маҳсулот ва хадамоти истеҳсолии сармоягузории хориҷӣ;

- бархурдории сармоягузории хориҷӣ аз ҳуқуқ, ҳимоят ва тасҳилот дар баробари сармоягузорони дохилӣ;

- интиқоли озодонаи асли сармоя ва манофеи сармоягузорӣ дар кишвар ба сурати арзӣ ё маҳсулот;

- имкони сармоягузории хориҷӣ ба сурати 100 %;

- қабули тамоми намудҳои сармоягузорӣ дар заминаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақл, иртиботот;

- хадамот ва таъмини об, барқ, газ;

- имкони ҳалли ихтилофот дар додгоҳҳои байналмиллалӣ;

- имкони хариди замин ба номи ширкат ( сабтшуда дар Эрон ) дар сармоягузориҳои муштарак;

- таъмини иқомати се сола дар Эрон барои сармоягузорони хориҷӣ, мудирон ва коршиносон ва аҳли хонаводаи онҳо ва имкони тамдиди он;

- дида баромадани дархости сармоягузорони хориҷӣ давоми 45 рӯз;

 Фазои куллии сармоягузорӣ  дар Эрон:

-  номи созмони масъул – созмони сармоягузорӣ ва кӯмакҳои фаннӣ ва иқтисодии Эрон;

- чорчӯби қонунӣ – қонуни ташвиқ ва ҳимоят аз сармоягузории хориҷӣ;

- манбаъ – маркази хадамоти сармоягузории хориҷӣ.