Хусусиятҳои иқтисодии Эрон

Хусусиятҳои  иқтисодии Эрон

Хусусият  ва вижагиҳои иқтисоди Эрон :

- ҳаждаҳумин иқтисоди бартари ҷаҳон;

- рушди мусбати иқтисодӣ новобаста аз таҳримҳои иқтисодӣ;

- ҷомеаи ҷавон ва таҳсилкарда;

- фаровонии захираҳои табиӣ;

- зерсохтҳои қавии иқтисодӣ.

Захираҳои табиӣ ва маъданӣ:

- ғанӣ будан бо захираҳои нафтӣ ва гидрокарбонӣ;

- чорумин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон;

- дорои дуввумин макон дар захираҳои газӣ дар ҷаҳон;

- дорои рутбаи даҳум дар санъати туризм ва рутбаи панҷум дар экотуризм;

- бузургтарин ва бештарин мизони саноат дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо;

- дорои рутбаи боло дар захираҳои алюминий ва мис дар ҷаҳон;

- дорои рутбаи чаҳорум дар соҳаи кишоварзӣ дар ҷаҳон.

Ислоҳоти иқтисодӣ дар барномаи панҷум:

- 20  миллиард  доллар сармоягузорӣ  дар бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар саноати нафт ва газ;

- беҳбуд ёфтани низоми таъмини саломатӣ дар кишвар;

- густариши  равобити байналмиллал;

Хусусисозии густарда:

- 80 % аз дороиҳои давлат бояд ба бахши хусусӣ интиқол ёбад;

- 40 % аз ин интиқол аз тариқи саҳмия бояд сурат бипазирад;

- 40 % дигар аз тариқи бозори бурси Теҳрон пахш мешавад;

- давлат  молики 20 % аз дороиҳоро дар даст дорад;

- ҳаҷми кулли дороиҳо ва амволи давлат 120 миллиард доллар мебошад;

- аз ин мизон 63 миллиард доллар дар давоми панҷ соли гузашта  хусусӣ гардонида шудаанд;

- саҳми давлат дар истеҳсоли нохолиси дохилӣ аз 80% ба 40% коҳиш ёфт;

Хусусиятҳои қонуни сармоягузорӣ:

- тазмин ва ҳимоят;

- тазмини пардохт дар сурати миллӣ шудани моликият;

- тазмини пардохти зарар;

- тазмин хариди маҳсулот ва хадамоти истеҳсолии сармоягузории хориҷӣ;

- бархурдории сармоягузории хориҷӣ аз ҳуқуқ, ҳимоят ва тасҳилот дар баробари сармоягузорони дохилӣ;

- интиқоли озодонаи асли сармоя ва манофеи сармоягузорӣ дар кишвар ба сурати арзӣ ё маҳсулот;

- имкони сармоягузории хориҷӣ ба сурати 100 %;

- қабули тамоми намудҳои сармоягузорӣ дар заминаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақл, иртиботот;

- хадамот ва таъмини об, барқ, газ;

- имкони ҳалли ихтилофот дар додгоҳҳои байналмиллалӣ;

- имкони хариди замин ба номи ширкат ( сабтшуда дар Эрон ) дар сармоягузориҳои муштарак;

- таъмини иқомати се сола дар Эрон барои сармоягузорони хориҷӣ, мудирон ва коршиносон ва аҳли хонаводаи онҳо ва имкони тамдиди он;

- дида баромадани дархости сармоягузорони хориҷӣ давоми 45 рӯз;

 Фазои куллии сармоягузорӣ  дар Эрон:

-  номи созмони масъул – созмони сармоягузорӣ ва кӯмакҳои фаннӣ ва иқтисодии Эрон;

- чорчӯби қонунӣ – қонуни ташвиқ ва ҳимоят аз сармоягузории хориҷӣ;

- манбаъ – маркази хадамоти сармоягузории хориҷӣ.

Осорҳои таърихии Эрон

Фарҳанг ва гардишгарӣ

Эрон дар радифи кӯҳантарин тамаддунҳои ҷаҳон қарор дорад ва ба ҳамин далел ва ба хотири доштани обу ҳавои муносиб ва ҷозибаҳои табии зебо аз муҳимтарин марказҳои ҷаҳонгардии дунё ба ҳисоб меравад.

Маконҳо ва ҷойҳои таърихие дар Эрон, ки созмони ЮНЕСКО онҳоро ба феҳристи мероси тамаддуни ҷаҳонӣ ворид кардааст:

- тахти  Сулаймон  ( макони бостонӣ дар Озарбойҷони ғарбӣ );

- тахти Ҷамшед ( вайронаҳои пойтахти Эрон дар 2500 сол пеш );

- майдони Нақши ҷаҳон ( маҷмӯаи биноҳои мазҳабии давраи Сафавие, маркази шаҳри Исфаҳон );

- гунбади Султоние ( баландтарин гунбади ҷаҳон дар шаҳристони Худобанда дар Занҷон );

Муҳимтарин ва машҳуртарин маконҳои таърихӣ ва дидании Эрон:

- масҷиди Эмом Резо ( ҳаштумин эмоми шиаёни дунё, шаҳри Машҳад );

- масҷиди Шайх Лутфулло ( яке аз шоҳкорҳои меъмории исломӣ дар давраи сафавие, шаҳри Исфаҳон );

- калисои Ванак ( яке аз зеботарин калисоҳои Эрон, шаҳри Исфаҳон );

- оташкадаи Язд ( бузургтарин ва қадимитарин ибодатгоҳи зардуштиён, шаҳри Язд );

- арги Бам ( бузургтарин биноҳои хиштии ҷаҳон, шаҳри Бам );

- посоргод ( мақбараи Куруш-подшоҳи Ҳахоманишӣ дар Эрон, Марвдашт );

-нақши Рустам ( бузургтарин бинои сангии асри Сосониён, наздикиии Шероз );

- сию се пул ( аз шоҳкориҳои давраи сафавие, Исфаҳон );

- телекобини Тучол ( бузургтарин телекобини ҷаҳон, Теҳрон );

 - оромгоҳи Фирдавсӣ ( шаҳри Тӯс);

-  оромгоҳи Аттор ( Нишопур );

- оромгоҳи Ҳофиз ( Ҳофизия, Шероз );

-оромгоҳи Саъдӣ ( Саъдия, Шероз );

Оромгоҳи Хайём ( Нишопур );

- оромгоҳи Ибни Сино ( Ҳамадон );

Ҳамчунин бурҷи Туғрал дар шаҳри Рей, боғи Фейзи Кошон, бозори бузурги Теҳрон, масҷиди Вакил дар Шероз, боғи Ирам дар Шероз, масҷиди Гавҳаршод дар Машҳад, кохи Гулистон дар Теҳрон, дарвозаи Қуръон дар Шероз ва ғайра аз диданиҳои Эрон ба ҳисоб мераванд.

Муҳимтарин маконҳои табиии диданӣ дар Эрон :

- қулъаи Дамованд ( шимоли шарқии Теҳрон );

- ғори Али Садр ( Ҳамадон );

- ҷангали Гулистон ( Боҷнурд );

- боғи миллии Гулистон ( Остони Гулистон );

- кӯли Урумия ( Озарбойҷон );

Муҳимтарин музейҳои Эрон :

- музеи Эрони бостон ( Теҳрон );

- музеи таърихи табиӣ ( Теҳрон );

- музеи Чиҳилсутун ( Исфаҳон );

- музеи фарш ( Теҳрон );

- муҷтамаи музейҳои Саъдобод ( Теҳрон );

- музеи мардумшиносӣ ( Теҳрон );

- музеи ҳунарҳои зебо ( Теҳрон );

- музеи ҷавоҳироти миллӣ ( Теҳрон );

- музеи ҳунарҳои муосир ( Теҳрон );

- маҷмӯаи фарҳангии озодӣ ( Теҳрон ).

Иттилооти куллӣ

Иттилооти куллӣ

Номи кишвар: Ҷумҳурии ИсломииЭрон

Номи байналмиллалӣ: Islamic Republic of Iran

Масоҳат: 1648195 км 2

Ҷамъият: 75 597 633 дар соли 2011

Пойтахт: Теҳрон

Дини расмӣ: Ислом

Забони расмӣ: Форсӣ

Воҳиди пул: Риёл

Эрон бо масохати 1,648,195 км мураббаъ ( шонздаҳумин кишвари чаҳон аз назари масоҳат) дар ҷанубу ғарбии Осиё воқеъ аст ва ҷузви кишварҳои Ховари Миёна мебошад. Сарзамини Эрон ба таври куллӣ кӯҳистонӣ ва нима хушк буда миёнгини баландии он беш аз 1200 метр аз сатҳи дарё мебошад. Аз нисф бештар масоҳати кишварро кӯҳҳо ва баландиҳо, як чаҳоруми онро даштҳо ва камтар аз як чаҳоруми дигари онро заминҳои дар дасти кишт ташкил медиҳад. Баландтарин қуллаи Эрон қуллаи Дамованд бо баландии 5628 метр дар миёни риштакӯҳҳои Албурз мебошад.

Эрон аз шимол бо Туркманистон, баҳри  Хазар (Каспий), Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон, аз ғарб бо Туркия ва Ироқ, аз шарқ бо Покистон ва Афғонистон ва аз ҷануб ба баҳри Уммон ва халиҷи Форс ҳамсарҳад аст.

Дарёи Корун бо тӯли 950 км ( танхо дарёи қобили киштиронӣ) дарозтарин дарё ва кӯли Урумия бо 4868 км мураббаъ вусъат бузургтарин кӯл, ҷазираи Қешм бо 1491 км вусъат бузургтарин ҷазира мебошанд.

Ҳукумат: Ҳукумати  Эрон- Ҷумҳурии Исломӣ ва рӯзи миллии он - 22 баҳман мебошад.

Бар асоси тақсимоти кишварӣ дар соли 2011 Эрон шомили  31 вилоят, 397 шаҳристон, 984 бахшҳо, 1154 шаҳр, 2499 деҳот  мебошад.

Парчами Эрон : аз се радифи уфуқии мусовӣ ташкил шудааст, ки ранги сабз дар боло, сафед дар миёна ва сурх дар поён ҷойгир шудаанд. Калимаи Оллоҳ бо ранги сурх дар миёнаи қисмати сафеди парчам ҷой дода шудааст. Калимаи Оллоҳу Акбар бо ранги сафед дар боло ва поёни парчам навишта шудааст.

Содирот: нафт, фарш, мева, хушкбор ( писта, кишмиш, хурмо), пӯст, хавёр, маҳсулоти соҳаи петрушимӣ, пӯшок, маҳсулоти саноати маводи ғазоӣ.

Воридот: мошинолот, оҳан, маводи ғазоӣ, дору, хадамоти фаннӣ, нассоҷӣ, семент ва масолеҳи дигари сохтмонӣ.

Кишоварзӣ: гандум, биринҷ, мева, донаҳои равғанӣ ( писта, бодои,чормағз), пахта, маҳсулоти ширӣ, пашм, хавёр.

Воҳиди пул: 10 риёл  - 1 туман.

Роҳи оҳан : 9796 км.

Дарозии роҳҳои мошингарди кишвар : 158000 км.

Хатҳои интиқол:  нафт 3900 км, газ 4550 км.

Бандарҳо: Ободон, Аҳвоз, бандари шаҳид Биҳиштӣ, Бандар-Аббос, Бандар Анзалӣ, Бандари Бушеҳр, бандари Эмом Ҳумайнӣ, бандари Моҳшаҳр, бандари Туркман, Хуррамшаҳр.