Сабти аснод

ТАЙИД НАМУДАНИ ҲУҶҶАТҲО

  • Тайиди консулӣ ин муайян ва тасдиқ намудани:
    а) Дар мавриди тайиди ҳуҷҷатҳои мутааллиқи давлатҳои хориҷӣ - мувофиқати онҳо бо қонунгузории давлати мутааллиқ, аслӣ будани имзои шахси мансабдор ва мўҳри мақомоте, ки салоҳияти тайид намудани онҳоро бо мақсади истифода дар давлати дигар дорад, мебошад;
    б) Дар мавриди тайид намудани ҳуҷҷатҳои дохилӣ - мувофиқати онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аслӣ будани имзои шахси мансабдор ва мўҳри муассисаи давлатие, ки салоҳияти тайид намудани онҳоро дорад;

Салоҳият дар мавриди тайиди ҳуҷҷатҳо

а) Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тайиди ҳуҷҷатҳо аз тарафи Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад.
б) Дар хориҷи кишвар тайиди ҳуҷҷатҳо аз тарафи шўъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии ҶТ анҷом меёбад;

Шўъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро тайид менамоянд:
- ҳуҷҷатҳои давлати иқомат, бо мақсади истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуҷҷатҳои кишвари сеюм, бо мақсади истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Тартиби тайиди ҳуҷҷатҳо

- Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, шўъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳуҷҷатҳои давлати дигарро танҳо дар ҳолати тайид шудани онҳо аз тарафи мақомотҳои салоҳиятдори давлати мутааллиқ, барои баррасӣ қабул менамоянд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, тартиби дигар муайян нашуда бошад;
- Дар шакли асл ҳуҷҷатҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон тайид мегарданд:
а) Шаҳодатнома дар бораи сабти ҳолати шаҳрвандӣ;
б) Ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот;
в) Ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи нотариус ва ё бо иштироки ӯ тартиб дода ва таҳия шудаанд;
- Дар нусхаҳое, ки аз тарафи нотариус тасдиқ шудаанд, ҳуҷҷатҳои ёдоваршуда, дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз муассисаҳои давлатӣ содир шудаанд ва аз тарафи вазорату кумитаҳои салоҳиятдори давлатӣ тасдиқ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ содир шудаанд ва аз ҷониби идораҳои давлатии нотариалӣ тасдиқ шудаанд, тайид карда мешаванд;

Матни тайид

- тайид тавассути тартиб додани матни тайид, аз рўи намунаи муқарраршуда сурат мегирад.
- матни тайид ба таври дастнавис, чопи мошинӣ ва ё тавассути ба ҳуҷҷат гузоштани мўҳри махсус бо хонапурӣ намудании қисматҳои муқарраршудаи он, тартиб дода мешавад.
-Ба матни тайид даровардани ислоҳоту иловаҳо манъ аст.
Дар ҳолатҳои зарурӣ ба тариқи истисно танҳо шахси мансабдори масъул, ки ҳуҷҷатро тайид намудааст, метавонад ба он тағйрот ва иловаҳо дохил намояд.

Ҳуҷҷатҳои зерин тайид карда намешаванд:


а) Ҳуҷҷатҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд ва ё бо мазмуни худ метавонанд ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хисорат ворид намоянд;
б) намунаи аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зерин;
-шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо;
-билетҳои ҳарбӣ; 
-дафтарчаҳои меҳнатӣ;
-шаҳодатномаҳои шахсӣ;
-шаҳодатномаҳои ронандагӣ;
- ҳуҷҷатҳое, ки ба муомилоти тиҷоратӣ ё ба амалиётҳои гумрукӣ муносибати бевосита доранд, ҳисобсуратҳо, ҳуҷҷатҳо дар бораи аз сарҳад гузаронидани молҳо, шартнома дар бораи дастрас намудани молҳо ва расондани хизмат, иҷро кардани корҳои гуногун ва ҳисоббаробаркунӣ, эъломияҳои гумрукӣ ва ғайра;

Амалиёти нотариалӣ, ки аз тарафи шӯъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд:

 • Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариат» амалиётҳои нотариалиро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои дигар, аз тарафи шахсони мансабдори шўъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иҷрои чунин амалиётҳо салоҳият доранд, ба амал бароварда мешавад.
• Ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти нотариалии зеринро ба ҷо меоваранд:
1) аҳдҳо (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва дигар аҳдҳо)-ро, ба ғайр аз шартномаҳо дар бораи аз тасарруф дур кардан ва гарав мондани ҳавлиҳои истиқоматӣ, квартираҳо ва дигар амволи ғайриманқул, тасдиқ мекунанд;
2) барои муҳофизати амволи меросӣ тадбирҳо меандашанд;
3) дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳиссаи амволи умумии зану шавҳар шаҳодатномаҳо медиҳанд. 
4) дар бораи ҳуқуқ ба мерос шаҳодатнома медиҳанд; 
5) дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳои аз онҳо гирифташударо тасдиқ менамоянд;
6) аслияти имзоҳоро дар ҳуҷҷатҳо тасдиқ мекунанд;
7) дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро аз як забон ба забони дигар тасдиқ менамоянд; 
8) воқеияти барҳаёт будани шаҳрванд, дар ҷои муайян будани вай, айнияти шаҳрвандро бо шахси дар сурати фотографӣ аксёфта тасдиқ мекунанд; 
9) вақти пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ менамоянд;
10) маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба амонат (депозит) қабул мекунанд; 
11) номаҳои иҷроишӣ навишта медиҳанд;
12) ҳуҷҷатҳоро барои маҳфуз доштан қабул менамоянд;
13) далелҳоро таъмин менамоянд; 
14) эътирозномаҳои баҳрӣ тартиб медиҳанд;
Қонунгузорӣ дигар амалиёти нотариалиро, ки ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоваранд, метавонад пешбинӣ намояд.

• Тартиби аз тарафи ашхоси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.       

Замимаи 6

Бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

« 2 » ноябри соли 2007 № 546

 

 

Меъёрҳои   хироҷҳои консулӣ

 

Номгӯи амалҳои консулӣ

Меъёри парохт (бо доллари ШМА ё бо фоиз аз арзиши  моликият) дар соли 2011

1.1 Барои додан ва тамдиди муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ:

 

а) барои додани шиносномахои хориҷӣ:

 

-дипломатӣ

53,43

- хидматӣ

42,74

- умумишаҳрвандӣ

21,38

б) барои додани шиносномаи хориҷӣ бар ивази шиносномаи гумшуда:

 

-дипломатӣ

64,12

-хидматӣ

53,43

- умумишахрвандӣ

32,58

в) барои тамдиди мӯҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ:

 

- дипломатӣ (дар ҳолатҳои махсус тариқи мувофиқа роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

10,69

-хидматӣ

16,03

- умумишаҳрвандӣ

10,69

1.2 Барои ба шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани тағйиру иловаҳо

 

 

Эзоҳ: Барои сабти (хориҷ намудани) кӯдакони то 16-сола дар (аз) шиносномаҳои падару модарашон ва намояндаҳои қонунияшон,  инчунин додани шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида намешаванд.

Номгӯи амалҳои консулӣ

Меъёри парохт (бо доллари ШМА ё бо фоиз аз арзиши  моликият) дар соли 2011

1.6. Барои додани раводидҳои вуруду хуруҷ ва хуруҷу

вуруди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони хориҷӣ

ва шахсони бе тобеияти шаҳрвандӣ:

 

- ба муҳлати то 14 руз

 

- ба муҳлати то як моҳ

53,43

- хидматӣ

64,12

1.7. Барои додани визаҳои бисёркаратаи вуруду хуруҷ

ва хуруҷу вуруд:

21,38

- ба муҳлати то як моҳ

85,49

- ба муҳлати то ду моҳ

96,18

- ба муҳлати то се сол

480,87

1.12. Барои додани раводидҳо ба муҳлати то 1 сол ба категорияҳои зерини шаҳрвандони хориҷӣ хироҷи консулӣ ба андозаҳои зерин ситонида мешавад, агар мақаррароти дигаре аз принсипи мутақобила ва Созишномаҳои байниҳукуматии ба имзо расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ  барнаояд:

 

- ба донишҷуене, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд

32,58

-ба аспирантҳо

42,74

- ба докторантҳо

53,43

Барои содир намудани амалҳои нотариалӣ (аз тарафи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешавад):

10,69

- тасдиқи шартнома

21,38

- тасдиқи васиятнома

10,69

- тасдиқи ваколатнома

16,03

- тасдиқ намудани дурустии тарҷума аз як забон ба забони дигар (барои ҳар як саҳифа):

 

А) аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

5,35

Б) аз шаҳрвандони хориҷӣ

21,38

- тасдиқ намудани дурустии тарҷума аз як забон ба забони дигар (барои ҳар саҳифа)

5,35

- тасдиқ намудани айнияти шаҳрванд бо шахсе, ки дар акс тасвир ёфтааст

3,20