Барои шаҳрвандони тоҷик

Ба бахши Консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хуш омадед!

Сабти ном

Бо таваҷҷӯҳ ба Моддаи 29 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Дар бораи шаҳрвандӣ) агар шаҳрванди Тоҷикистон дар тӯли панҷ сол сокини хориҷ аз кишвар  бошад ва дар консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар он кишвар сабти ном (регистрация) нашуда бошад (ғайри мавридҳои истисноӣ), дар ин ҳолат шаҳрвандии худро аз даст медиҳад.

Ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  муваққатан ё ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сукунат доранд, тавсия мешавад 30 рӯз пас аз вуруд ба Эрон дар бахши консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон худро сабти ном намоянд.

Раванди сабти ном барои шаҳрвандони  тоҷикистонии муқими хориҷ аз кишвар содда карда шудааст ва ройгон мебошад.


Хадамоти шаҳрвандӣ

Ҳадафи асосии бахши консулӣ дар Эрон  кумак ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ аст. Бахши консулӣ барои шаҳрвандони тоҷик аз соати 8:30 то 17:30 фаъол аст.

 

Хадамоти паспортӣ

Бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дархостҳоро бобати тамдиди  шиносномаҳое, ки дар ҳоли ниҳояти эътибор ё таърихи эътибори он тамом шудааст, мепазирад.

  • Барои тамдиди эътибори шиноснома ин мадракҳо  пешниҳод шавад:
  1. Паспорт ( асл ва нусхаи он)
  2. Ариза
  3. Формаи дархост, ки ба таври саҳеҳ бо забони тоҷикӣ ё русӣ такмил ва имзо шудааст.
  4. Ду адад акс (3.5*4.5 cm)
  5. Копии асноди иқомат (виза (раводид), корти сабти ном ё иқомат ва ғайра) 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияти ҷойгузин намудани паспортҳое, ки гум ё дуздида,   хароб ё ноқис шударо надорад. Сафорат дархостҳои шиносномаро пазируфта баъдан онҳоро ба Вазорати Корҳои Хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ирсол мекунад. Паспортҳо дар Тоҷикистон содир мешаванд ва муҷаддадан ба Сафорати ҶТ дар Эрон фиристода мешаванд.

Замони мушаххас барои анҷоми ин гардиш вуҷуд надорад.

  • Барои ирсоли дархости шиноснома аз Тоҷикистон ба мадракҳои зер ниёз аст:
  1. Шиносномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (асл ва нусхаи он)
  2. Ариза
  3. Формаи дархост, ки ба таври саҳеҳ бо забони тоҷикӣ ё русӣ такмил ва имзо шудааст.
  4. Чаҳор адад акс (3.5*4.5 cm)
  5. Копии асноди иқомат (виза (раводид), корти сабти ном ё иқомат ва ғайра). 

Барои паспортҳое, ки гум ё дуздида шудаанд:

Агар ҳангоми дар Эрон ташриф доштан паспорт гум ё дуздида шавад бояд ин тавр амал кунед:

  • Аз гум ё дуздида шудан ба полиси ин кишвар хабар диҳед.  Лозим аст то замони  дарёфти паспорт ё шаҳодатнома аз Сафорати ҶТ  баргаи сабти идораи полисро бо худ дошта бошед.
  • Аз гум ё дуздида шудан ба Сафорат ё Консулгарии ҶТ  иттилоъ диҳед. 

 

Тартиби додани Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мавриде, ки дархосткунанда ба сафари изтирорӣ ниёз дорад, Сафорати ҶТ метавонад Шаҳодатнома барои баргашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намояд. Ин Шаҳодатнома ба муддати 30 рӯз мӯътабар хоҳад буд.

Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд, дода мешавад, агар онҳо шиносномаи хориҷӣ надошта бошанд ва ё шиносномаҳои худро дар хориҷи кишвар гум карда бошанд. Шаҳодатнома барои бозгашт ба ҶТ ба мўҳлати барои ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, вале на зиёда аз 6 моҳ дода мешавад. 
• Асос барои додани шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, якҷоя бо ариза чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намудан зарур аст;

а) Маълумотномаи шўъбаи минтақавии мақомоти корҳои дохилии кишвари пазиранда, ки муроҷиати шаҳрвандро нисбати гум шудани шиносномаи хориҷӣ тасдиқ мекунад;

в) Шиносномаи миллии (дохилӣ) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё маълумотнома дар бораи тааллуқ доштан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
• Маълумотнома дар бораи тааллуқ доштан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа нисбати тасдиқ намудани мансубияти ин ё он шахс ба шаҳрвандиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гирифтани Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, дода мешавад.

Дархосткунанда бояд мадракҳои зерро пешниҳод намояд:

  1. Нусхаи  шиносномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Ариза
  3. Формаи дархост, ки ба таври саҳеҳ бо забони тоҷикӣ ё русӣ такмил ва имзо шудааст.
  4. Ду адад акс (3.5*4.5 cm)
  5. Нусхаи асноди иқомат (виза (раводид), корти сабти ном ё иқомат ва ғайра).
  6. Баргаи сабти идораи полис. 

Масоили шаҳрвандӣ

• Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рўзи қабули Конститутсия (6.11.1994) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи ҳамин қонуни конститутсионӣ соҳиб шуда бошад.
Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар, бо истисно аз мавридҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, эътироф намегардад.
• Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатнома дар бораи таваллуд (то соҳиб шудан ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти шахси мазкурро ба шаҳрвандии ҶТ шаҳодат медиҳад;
• Муайян кардани шаҳрвандии кўдакон
а) Кӯдаке, ки волидонаш ҳангоми тавлид ёфтани ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доро ҳастанд, новобаста аз ҷои таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
б) Дар мавриди гуногун будани шаҳрвандии волидони кӯдак:
- агар яке аз волидон ҳангоми таваллуд шудани кӯдак шаҳрвандии ҶТ-ро доро бошад, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад;
-агар кӯдак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфта бошад;
-агар кӯдак берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда бошад, вале волидони кӯдак ва ё яке аз онҳо дар ин вақт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати доимӣ дошта бошанд.
в) Ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии волидони кӯдак, ва қарор доштани яке аз онҳо дар вақти таваллуди кӯдак дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқомати онҳо берун аз қаламрави ҶТ, шаҳрвандии кӯдаке, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудёфта тавассути шартномаи хаттии волидон муайян мегардад. 
г) Кӯдаке, ки яке аз волидонаш ҳангоми таваллуди кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доро буда, дигарӣ мақоми бидуни шаҳрвандӣ дошта, ё умуман шахсияташ номаълум аст, новобаста аз ҷои таваллуд шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мебошад.
д) Дар ҳолати маълум намудани падари кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрвандӣ аст, вале падараш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, кӯдаки ба синни 14 солагӣ нарасида, новобаста аз ҷои таваллудаш шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешавад.
е) Кӯдаке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони бешаҳрвандӣ таваллуд ёфтааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ё) Кӯдаке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат дорад, вале волидайнаш номаълуманд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
ж) Кӯдаке, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидони дар шаҳрвандии дигар давлат қарордошта таваллуд ёфтааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад, агар ин давлатҳо ба кӯдак шаҳрвандии худро надиҳанд.

• Соҳиб шудани шахрвандӣ бо тартиби ба қайд гирифтани он.

Бо тартиби ба қайд гирифтан шахсони зерин ба шаҳрвандӣ соҳиб шуда метавонанд:
а) шахсоне, ки ҳамсар ё хешовандони бевоситаи ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб ҳастанд;
б) шахсоне, ки ҳангоми таваллуд ақаллан яке аз волидайнашон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб буданд, вале дар асоси макони таваллуд дар муддати 5 сол баъди ба синни 18 солагӣ расидан шаҳрвандии дигар давлатро гирифтаанд. 

Барои иттилооти бештар ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.