Нақлиёт

Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.

Бино бар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дарҷ гардид.

Стратегияи мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

  • якум,  ташаккули  шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.  

Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла,  роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол ‑ Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода дар арафаи амалшуда қарор доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.
Дар даҳ соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаихумб, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад. Тибқи барномаи мазкур бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Бо дарназардошти ин, ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталӣ байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлатҳои аъзоҳои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмилалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст.Татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи интиқоли байналмилали бору мусофирон бидуни монеа амалӣ гардида, талаботҳои Созишномаҳо ба таври комил иҷро мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо алъон ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ ҳамроҳ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ба нӯҳ Конвентсия ва созишномаҳои байналмилалӣ шомил гашт:

  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба мутобиқатнамоии назорати ҳамлу нақли мол аз сарҳадот;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба ҳаракат дар роҳ;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба нишонаҳои огоҳкунанда дар роҳҳо;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба расонидан ва нигоҳдории молҳо;
  • Конвентсияи байналмилалии гумрукӣ оид ба ҳамлу нақли молҳо ба воситаи дастури TIR;
  • Созишномаи Аврупоӣ оид ба ҳамлу нақл ва расонидани молҳои хатарнок дар роҳ;
  • Созишномаи байнидавлатӣ оид ба озуқаҳои тезвайроншаванда ва воситаҳои нақлиётии махсус барои расонидаи чунин намуди молҳо;
  • Созишномаи Аврупоӣ оид ба фаъолияти воситаҳои нақлиётии хизматрасон дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • Созишномаи оид ба ворид намудани техникаи бехатарӣ барои воситаҳои нақлиёт, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёт.

Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани кишвар ба ҳайси қаламрави транзитӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, зеро имрӯз тавассути коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ, ба мисоли роҳҳои автомобилгарди Осиё, ЕврАзЭС, ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ЕС, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, ҳамлу нақли транзитӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ низ амалӣ гардида, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам оварда шуд. Бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба бозори байналмилалӣ ислоҳоти сохтории ин соҳа гузаронида шуд. Ин иқдом, имкон дод, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ заминаи устувори инкишоф ба вуҷуд ояд.

Парки тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон   «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр»  «Ист Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймои хориҷӣ Turkish Airlines, Fly Dubai, China South Airlines, Kam Air, Osmon Air, Utair, Ural Airlines, Sibir Airlines батадриҷ нав шуда истодааст.

Ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» батадриҷ нав мешавад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳри 9 кишвари хориҷии дуру наздик парвоз анҷом медиҳанд ва самти парвозҳояшонро торафт васеъ менамоянд. Ширкатҳои кишвар имрӯз имкон доранд, ки дар 73 хатсайр, аз ҷумла дар 8 хатсайри маҳаллӣ парвозҳоро ба роҳ монанд. Ҳоло ҳар ҳафта 116 парвоз, аз ҷумла 61 парвози маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Ҳамчунин 19 ширкати хориҷӣ аз 22 шаҳр ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ҳар ҳафта 55 парвоз доранд. Соли 2010 ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор мусофир ва дар ҳудуди 3 ҳазор тонна бор кашониданд.
Ширкатаи давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» -- http://www.tajikair.tj/

Ширкатаи ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-- http://www.somonair.com/

Ширкатаи ҳавопаймоии «Ист Эйр»- - http://www.eastair.tj