Нақлиёт

Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.

Бино бар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дарҷ гардид.

Стратегияи мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

  • якум,  ташаккули  шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.  

Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла,  роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол ‑ Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода дар арафаи амалшуда қарор доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.
Дар даҳ соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаихумб, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад. Тибқи барномаи мазкур бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Бо дарназардошти ин, ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталӣ байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлатҳои аъзоҳои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмилалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст.Татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи интиқоли байналмилали бору мусофирон бидуни монеа амалӣ гардида, талаботҳои Созишномаҳо ба таври комил иҷро мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо алъон ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ ҳамроҳ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ба нӯҳ Конвентсия ва созишномаҳои байналмилалӣ шомил гашт:

  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба мутобиқатнамоии назорати ҳамлу нақли мол аз сарҳадот;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба ҳаракат дар роҳ;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба нишонаҳои огоҳкунанда дар роҳҳо;
  • Конвентсияи байналмилалӣ оид ба расонидан ва нигоҳдории молҳо;
  • Конвентсияи байналмилалии гумрукӣ оид ба ҳамлу нақли молҳо ба воситаи дастури TIR;
  • Созишномаи Аврупоӣ оид ба ҳамлу нақл ва расонидани молҳои хатарнок дар роҳ;
  • Созишномаи байнидавлатӣ оид ба озуқаҳои тезвайроншаванда ва воситаҳои нақлиётии махсус барои расонидаи чунин намуди молҳо;
  • Созишномаи Аврупоӣ оид ба фаъолияти воситаҳои нақлиётии хизматрасон дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • Созишномаи оид ба ворид намудани техникаи бехатарӣ барои воситаҳои нақлиёт, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёт.

Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани кишвар ба ҳайси қаламрави транзитӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, зеро имрӯз тавассути коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ, ба мисоли роҳҳои автомобилгарди Осиё, ЕврАзЭС, ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ЕС, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, ҳамлу нақли транзитӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ низ амалӣ гардида, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам оварда шуд. Бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба бозори байналмилалӣ ислоҳоти сохтории ин соҳа гузаронида шуд. Ин иқдом, имкон дод, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ заминаи устувори инкишоф ба вуҷуд ояд.

Парки тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон   «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр»  «Ист Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймои хориҷӣ Turkish Airlines, Fly Dubai, China South Airlines, Kam Air, Osmon Air, Utair, Ural Airlines, Sibir Airlines батадриҷ нав шуда истодааст.

Ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» батадриҷ нав мешавад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳри 9 кишвари хориҷии дуру наздик парвоз анҷом медиҳанд ва самти парвозҳояшонро торафт васеъ менамоянд. Ширкатҳои кишвар имрӯз имкон доранд, ки дар 73 хатсайр, аз ҷумла дар 8 хатсайри маҳаллӣ парвозҳоро ба роҳ монанд. Ҳоло ҳар ҳафта 116 парвоз, аз ҷумла 61 парвози маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Ҳамчунин 19 ширкати хориҷӣ аз 22 шаҳр ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ҳар ҳафта 55 парвоз доранд. Соли 2010 ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор мусофир ва дар ҳудуди 3 ҳазор тонна бор кашониданд.
Ширкатаи давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» -- http://www.tajikair.tj/

Ширкатаи ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-- http://www.somonair.com/

Ширкатаи ҳавопаймоии «Ист Эйр»- - http://www.eastair.tj

Манобеи маъданӣ

Канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зиёди канданиҳои фоиданок ҷойгир мебошад. Бисёри намудҳои он аз давраи кӯҳан маълум буданд, аммо системаи тадқиқот ва баҳодиҳии ин соҳа дар ҷумҳурӣ асосан дар солҳои Шӯравӣ муайян шудааст, ки аз рӯи нақшаи корҳои геологӣ гузаронида шуда буд.
Дар натиҷа, имрӯз муайян карда шуд, ки садҳо намуди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла: руҳ, симоб, мис, висмут, оҳан, молибден, волфрам, сурма, сурб, нуқра, ангиштсанг, намак, нафт ва газ, сангҳои сохтмонӣ ва дигар ашёҳои минералӣ барои саноати сохтмонӣ, обҳои ошомиданӣ ва минералӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ғ. 
Дар заминаи ин захираҳо, дар замони Шӯравӣ корхонаҳои зерин ба мисоли саноати кӯҳи, Комбинати сурбу синки Адрасмон, Комбинати симобу сурмаи Анзоб, Комбинати шпати Такоб, Комбинати кӯҳӣ-кимиёвии Ленинобод, Комбинати кӯҳии Тарор, Комбинати масолеҳи сохтмонии Душанбе ва дигар заводҳо ва шахтаҳо сохта шуда буданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳое, ки захираҳои зиёди тилло дорад, дохил мешавад. Дар ҷумҳурӣ ҳар сол тақрибан 3 тонна тилло истеҳсол мешавад. Миқдори зиёди тилло асосан дар водии Зарафшон истеҳсол шуда, дар ин водӣ барои коркарди истеҳсолот якчанд конҳо ба мисли Чоре, Дуоба, Кумманор, Шаҳкон, ки захираи онҳо аз 200 тонна зиёд мебошад, ба роҳ монда шудааст. 
Аз рӯи захираҳои тасдиқшуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби нуқра дар дунё яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки барои истеҳсоли саноатии Конимансури Калон, ки яке аз объектҳои калони истеҳсоли нуқра дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад, комбинати калони кӯҳӣ- металургӣ сохтан зарур аст. Имрӯз озмуни (тендер) байналмилалӣ барои пайдо кардани ҳуқуқи коркарди кони мазкур эълон карда шудааст. Ба ғайр аз ин, дар Тоҷикистон барои конҳои нуқрадори якҷилвин дар Помир ва Мирхонд, водии Зарафшон корҳои ҷустуҷӯӣ ва тадқиқотӣ давом доранд. 
Конҳои сурбию синкӣ асосан дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои Зарнисор ва Конимансур ҷойгир аст. Қисми зиёди захираи сурбу синк дар мавзеи Конимансури Калон ҷойгир буда, захираи саноатии он аз 8 млн. тонна зиёд мебошад. 
Аз рӯи захираҳои сурма Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ҷои аввалро ишғол менамояд. Конҳои асосии ин маъдан дар қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор ҷойгир аст. Дар пойгоҳи захираҳои муайяншудаи кони симобу сурмаи Ҷикрут яке аз корхонаҳои калони ин соҳа, Комбинати қӯҳӣ-маъдантозакунии Анзоб амал мекунад. 
Яке аз конҳои калони олово дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кони Мушкистон ба ҳисоб меравад, ки дар қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир аст. Аз рӯи ҷустуҷӯҳо ин кон дорои тақрибан 10 млн. тонна олово мебошад. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде, ки истеҳсоли оҳан ба роҳ монда нашудааст, кишвари мо дорои захираи бойи ин маъдан ба ҳисоб меравад, ки дар он дар наздикии ш. Хуҷанд кони Шоҳқадамбулоқ ҷойгир мебошад. Захираи оҳан ба 300 млн. тонна баробар аст. Дар ин ҷо низ захираи зиёди висмут, ки яке аз конҳои калони ИДМ мебошад, воқеъ аст.
Дар масофаи 80 км. шимоли ш. Душанбе дар мавзеи Майхура кони волфрам муайян карда шудааст ва барои истеҳсоли он сохтани комбинати металлургӣ зарур аст. 
Дар ҷануби Тоҷикистон 46 км. дуртар аз ш. Кӯлоб кони маъдани Стронсий, дар мавзеи Чилтоҷ муайян карда шудааст. Захираи зиёди ин маъдан, ки зиёда аз 20 млн. тонна муайян шудааст, имконият медиҳад, ки корхонаи фоиданоки истеҳсоли ин маъдан сохта шавад. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азхудкунии саноатии кони Бор дар мавзеи Якархар, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар баландии 4500 - 5000 метр ҷойгир аст, зарурияти сохтани корхона барои истеҳсоли ин маъдан мавҷуд мебошад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони гузашта бо сангҳои қиматбаҳои худ шӯҳратманд шудааст. Дар асрҳои гузашта лаъл ва дигар сангҳои қиматноки Бадахшон қасрҳои шоҳҳои бисёр давлатҳоро зинат медоданд. Сутунҳои собори исакиеви Санкт-Петербург бо лаъли Бадахшон зинат дода шудааст. Омӯзиши нақша ва истеҳсоли сангҳои қиматбаҳо дар замони Шӯравӣ аз соли 1937 оғоз ёфта, дар муддати даҳсолаҳо дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва геологи зиёда аз 600 конҳои сангҳои қиматнок муайян карда шудаанд. Омӯхтани конҳои сангҳои қиматбаҳо имкон медиҳад, ки пас аз муайян намудани захираҳои сангҳои қиматбаҳо истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти «Ювелири» Бадеӣ ташкил карда шавад, то талаботи бозори илмӣ-техникиро қонеъ гардонад.
Бойигарии бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон об мебошад. Дар замони имрӯза 9 ҳазор скваж барои обҳои зеризаминӣ кушода шудааст. Дар пойгоҳҳои обҳои шифобахш табобатгоҳҳои машҳури Хоҷа Обигарм, Обит Гарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ ва ғайраҳо амал мекунанд. 
Захираҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ, аз ҷумла ангиштсанг, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар конҳои Шӯроб, Фон-Яғноб, Назарайлоқ, Зидди ва ғайра, ки захираи онҳо ба 3 млрд тонна баробар мебошад, мавҷуд аст. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои бисёр миллиардтоннагии намаки ошӣ мавҷуд аст, ва дар пойгоҳи ин конҳо имконияти истеҳсоли баландсифати намаки ош ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ мавҷуд аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи васеъ барои рушди саноати сохтмонӣ мавҷуд буда, даҳҳо корхонаҳҳо дар базаи конҳои маҳсулоти сохтмонӣ амал мекунанд. Намудҳои гуногуни мармар дар мавзеи даштаки Ванҷ, Тиллолул, Панҷекент, Қурғунча дар наздикии Хуҷанд ва корхонаҳои хиштбарорӣ амал мекунанд.

 

Низоми бонкӣ

Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон дар заминаи шабакаи бонкии замони Шӯравӣ ва бонкҳои хусусии нав бунёд гардида, дар солҳои истиқлолият зина ба зина инкишоф ёфт, имрӯз ба яке аз соҳаҳои аҳамиятнок ва тезтараққиёбандаи иқтисодиёт табдил гаштааст.

Дар ин марҳалаи начандон тӯлонӣ низоми бонкӣ зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, бунёди назорати бонкии ба меъёрҳои ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ такякунанда, таҳкими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, таҷдиди бонкҳои калон ва таҳаввулоти дигарро паси сар намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Соли 1995 рубли тоҷикӣ ҳамчун асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, Комиссияи давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ таъсис шуда буд. Бонки миллии Тоҷикистон аз 10-уми майи соли 1995 бо қарори Комиссияи давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ - “рубли тоҷикии барориши соли 1994”-ро ба муомилот баровард.
Дар раванди барпо шудани низоми ягонаи пулию қарзӣ аҳамияти ба узвияти Хазинаи Байналмилалии Асъор пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Ин ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, ки ҳадафи асосии он кӯмак ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, баъди ба расмият даровардани санадҳои дахлдор 23 августи соли 1993 ба узвияти комилҳуқуқи ин ташкилот пазируфта шудани Тоҷикистонро эътироф намуд.
Яке аз барномаҳои асосие, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои тозааъзо пешниҳод менамояд, барномаи кӯмаки пас аз низоъ (ESAF) ба шумор меравад, ки он аз маҷмӯи кӯмакҳои моддиву молиявӣ, ихтисосиву машваратӣ ва техникӣ иборат мебошад. Барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бузурги ин ташкилот дар идораи макроиқтисодӣ нақши назаррас дорад.
Бо амалӣ гаштани ислоҳоти пулии соли 1995 марҳалаи нави ташаккули сиёсати пулию қарзӣ ва барпо намудани асосҳои муҳимтарини низоми мукаммали бонкӣ оғоз гардид. Дар ин марҳала зарурати қабули маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ, ки ҳадаф ва вазифаҳои бонки марказиро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дақиқан ифода намоянд, ба миён омада буд. Вобаста ба ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон замина гузошт.
Сиёсати танзими асъор аз ибтидо яке аз самтҳои муҳими сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳалаи аввал бо мақсади ташкили механизми бозории савдои асъори хориҷӣ, ки дар асоси “талабот ва пешниҳод” бояд амал мекард, моҳи апрели соли 1995 Биржаи байнибонкии асъор ташкил карда шуд. Дар ин асос 4 ноябри соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” қабул гардид. Қабули қонуни мазкур ҳамчунин ба шароит ва хусусияти бозори истеъмолии ватанӣ, ки ба асъори хориҷӣ талаботи калон дорад, мусоидат намуд. Бонки миллии Тоҷикистон тадриҷан дар амалияи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, қисмати асъории он ва танзими механизми қурбгузории пули миллиро ба роҳ монд.
Яке аз падидаҳои хеле муҳими таърихие, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ омад, ин бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ бо номи “сомонӣ” буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар таъсири мусбат расонида, барои раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи молиявӣ, мӯътадил гардонидани иқтисодиёт, молия, буҷет ва вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар мусоидат намуд.

Дар давраи 20 соли фаъолият низоми бонкии кишвар дар самти ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба натиҷаҳои назаррас сазовор гашт. Ташкилотҳои мазкур дар низоми бонкии мамлакат барои дастгирии соҳаи соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика (тармим ва барқарорcозии шабакаҳои барқӣ), обёрии заминҳо ва дигар соҳаҳо саҳмгузорӣ намуданд.
Низоми бонкии кишвар дар давоми 20 соли фаъолияти худ ҳамкориҳои судмандро ҳамчунин бо кишварҳои халиҷи Форс ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас сазовор гашт. Аз ҷумла, ҳамкориҳоро бо Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб ва Фонди Созмони Кишварҳои Содиркунандаи Нафт мустаҳкам намуда, дар ин самт истифодаи қарзҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сохтмони роҳҳои автомобилӣ, маблағгузории бахши хусусӣ, махсусан корхонаҳои хурду миёна тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар амалӣ намуд.
Ба хотири мусоидат ба рушди сохторҳои нави молиявӣ дар кишвар, ҳамчунин ҷалби бештари ташкилотҳои молиявии мавҷуда дар ҷараёни додани қарзҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини табақаҳои камбизоат бо ҷои кор ва афзудани даромади онҳо зарурати омода кардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди ташкилотҳои маблағгузории хурд ба миён омад. Барои танзими ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2004 қабул гардид.
Пас аз қабули ин қонун барои татбиқи он Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёриро доир ба тартиби иҷозатномадиҳӣ ва танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд таҳия намуд, ки дар ин замина шумораи чунин ташкилотҳо то охири соли 2010 ба 138 расид.
Қарздиҳии хурд хусусан дар давоми панҷ соли охир афзоиши назаррасро соҳиб гардида, нисбат ба солҳои пешин то 3 маротиба афзуд, ки он дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бахши иқтисодиёт ба 36,0 % мерасад.
Раванди таҳким ва такмил додани бахшҳо ва ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва он барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, мувофиқ будан ба меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёт равона шудааст.
То охири соли 2010 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 138 ташкилоти қарзӣ ва маблағгузории хурд, аз ҷумла 14 бонк, 2 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд ва 44 фонди қарзии хурд фаъолият менамояд. Зиёдшавии ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо ба васеъ ва беҳтар шудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ мусоидат мекунад. Зиёдшавии қарзҳо асосан аз ҳисоби афзудани бақияи қарзҳои додашудаи бонкҳои мамлакат, махсусан ба соҳаи тиҷорат, кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна ба амал омадааст.

Бонки Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.nbt.tj/tj/

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Агроинвестбонк»

http://agroinvestbank.tj/tj/private_individuals/chl/index.php

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Ориёнбонк” 

http://www.orienbank.com/tj/

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»

http://tsb.tj/tj/news.list/