Сиёсати тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Сиёсати савдои хориҷии Ҷумҳурии Тољикистон
Дар шароити њозира, њангоме, ки раванди фаъоли  њамгирої ба иќтисоди љањонї љараён дорад, робитањои иќтисодии хориљї ањамияти нињоят муњим пайдо карда, муњимтарин омили рушди иќтисоди миллї мегардад. Ањамияти ин соња њамчун омили  истиќрор ва  ќонеъгардонии эњтиёљоти аввалиндараљаи комплекси иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон  дар аввали солњои навадум, дар давраи бўњрони амиќи иќтисодї, ки бо мањдуд гардидани талаботи дохилї ва афзоиши касри баланси пардохт алоќаманд буд, чандин маротиба афзуд. Дар ин шароит рушди фаъолияти иќтисодии хориљї  мунтазам ба унсури  муњимтарини  стратегияи  дарозмўњлати иќтисодии давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон табдил ёфта, ба њалли масъалањои модернизатсия, азнавсозї ва ташкили иќтисоди бозаргонии раќобатпазир равона шудааст. Бинобар ин ба самти афзалиятноки  сиёсати иќтисодии давлат, яке аз ќисматњои асосии дигаргунињои сохторї табдил додани ташкили комплекси иќтисоди хориљии Љумњурии Тољикистон амри ќонунист.

         Бо маќсади бартараф сохтани зуњуроти манфї дар робитањои иќтисодию тиљоратї дар дохил   ва хориљи љумњурї, ташкили комплекси самарабахши робитањои иќтисодии хориљї  Њукумати Љумњурии Тољикистон курси стратегиро барои либерализатсияи давра ба давраи савдои хориљї ва воридшавї ба Созмони Умумиљањонии Савдо (СУС) ќабул намуд. Ќабули Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 июни соли 1995 № 261 «Дар бораи либерализатсияи минбаъдаи савдои хориљї дар Љумњурии Тољикистон»  дар ин самт ќадами аввалин  ба шумор рафта, амалан дар мамлакат  дар соњаи робитањои иќтисодии хориљї ислоњот шурўъ гардид. Роњи интихобшуда дар љараёни рушди  иљтимоию иќтисодии мамлакат дуруст  ва сариваќтї будани худро нишон дод.

         Баъди барњам додани тартиби квотадињї ва  литсензиядињї ба мањсулоти содиршаванда, бољњои содиротї ва ташкили шароити воќеї, ки афзоиши истењсолотро бо маќсади ба бозорњои хориљї баромадани молистењсолкунандагони ватанї таъмин мекунанд, дар зарфи 1,5-2 сол дар иќтисоди миллї таѓйироти прогрессивї ба амал омад. Бори дигар  мамлакат  ба суръати воќеии рушди иќтисодї  ноил шуд: њаљми ММД назар ба солњои гузашта  афзуда, суръати устувор гирифт.

Бо шарофати роњи  даќиќи стратегии барои либерализатсияи савдои хориљї муайяншуда маљмўи робитањои иќтисодии хориљии мамлакат  ягона бахши иќтисоди миллї гардид, ки ба он рушди босуръат хос аст. Њаљми муомилоти савдои хориљї аз 881,9  млн. долл. ШМА дар соли 1993  ва 1459,0 млн. долл. ШМА дар соли 2000 ва  дар 6 моҳи соли 2013   ба 2 527 871 долл. ШМА расид.

         Зикр кардан зарур аст, ки таѓйироти мусбї дар савдои хориљї ва тамоюли пешбинишудаи рушди содирот тавассути ташкили системаи самарабахши робитањои дуљониба ва бисёрљонибаи иќтисодию тиљоратии Љумњурии Тољикистон бо дигар кишварњо муяссар гардид ва он дар заминањои зерин оќилона истифода мешавад:

- тавсеаи њамкорї бо бисёр кишварњои љањон дар асосњои дуљониба ва бисёрљониба. Имрўз беш аз 130 кишвари љањон Тољикистонро њамчун субъекти баробарњуќуќи иќтисоди љањонї расман шинохта, зиёда аз 95 мамлакат бо кишвари мо робитањои дипломатї ва тиљоратї барќарор намуданд.

- воридшавии тадриљии Тољикистон ба созмонњои байналмилалї ва минтаќавї, иќтисодї, тиљоратї, гумрукї ва ташкилоту иттињодияњои дигар. Тољикистон узви баробарњуќуќи ИДМ, Иттињоди иќтисодии Европаю Осиё (ЕврАзЭС), Созмони њамкорињои Шанхай (СЊШ), Созмони њамкорињои иќтисодї (ЭКО) ва ѓайра мебошад. Соли 2001 Тољикистон ба сифати кишвари нозир дар Созмони Умумиљањонии Савдо эътироф гардид.

Соли 2008 муомилоти мол бо кишварњои ИДМ 44,0 фоиз, муомилоти умумї  бо кишварњои  ЭКО – 32,4 фоизро ташкил дод.

         Созмон додани њамкорињои дуљониба ва бисёрљонибаи иќтисодї имконияти воќеии таъмини рушди робитањои иќтисодии хориљии љумњуриро муайян карданд. Муомилоти савдои хориљї дар шаш моҳи соли 2013  45,0  фоиз афзуд. Њаљми содирот 612276. долл. ШМА ва воридот 1915595 долл. ШМА-ро ташкил дод. Тавозуни савдои хориљї дар солҳои охир манфї буда, воридот аз содироти мањсулот бештар буд, ки ба суръати рушди иќтисодї таъсири манфї расонд. Дар таркиби содирот ба мисли  собиќ ќисми бештарро алюминийи аввалия (72,0 фоиз), нахи пахта (7,7 фоиз), нерўи барќ (4,2 фоиз), сангњои ќиматбањо  (1,7 фоиз) ташкил медињанд. Ба љумњурї ашёи хоми алюминий (гилхок) – 11,6 фоиз, мањсулоти нафтї  - 18,2 фоиз, таљњизоту техника бо шумули реакторњо ва дегњои бўѓї – 6,1 фоиз, нерўи барќ  - 2,7 фоиз ва орд  4,5  фоиз аз њаљми умумии воридот оварда шуданд.

         Асоси муњими модернизатсияи иќтисод ва тањкими иќтидори содиротии он дар радифи суръати баланди рушди иќтисодї ва дигаргунињои институтсионалї вусъати манбањои афзалиятноки табиии раќобатноки Тољикистон ва татбиќи лоињањои самараноки рушд дар соњањои энергетика, металлургияи ранга, саноати сабук, сектори аграрї ва туризм мегардад.