Бахшҳои аслии сармоягузорӣ

Барои чӣ Тоҷикистон?

 Маълумоти умумӣ

Тафсири иқтисодӣ

Инфрасохтор

Тафсири фазои соҳибкорӣ

Тафсири фазои сармоягузорӣ ва преференсияҳо ҷиҳати ҷалби сармояҳо

Тафсири лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ татбиқ карда мешаванд

 

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳо:

Гидроэнергетика

Саноати маъданҳои кӯҳӣ

Инфрасохтор

Саноати сабук

Кишоварзӣ

Сектори иҷтимоӣ

Сайёҳӣ

 

Давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо Созишнома дар бораи ҳавасмандгардони ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо ба имзо расонида аз тарафи Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ратификиатсия шудаанд:

 

Бо Ҷумҳурии

Ба имзо расонида шудааст

Ратификатсия шудааст

1

Ҷумҳурии Қазоқистон

16 декабри 1999 дар ш. Душанбе

6.06.00с. № 84

№6\00с. М-363.

2

Ҳукумати Шоҳигарии Нидерландия

24 июли 2002 дар Душанбе

20.11.02с.№ 729.

№11\02с. М-820

3

Ҷумҳурии Молдова

5 ноябри 2002 ба дар ш. Душанбе

1.10.03с. №914.

№9-10\03с. М-485

4

Ҷумҳурии Федеративии  Германия 

27 марти 2003 дар Берлин

23.06.04с. №1162

№6\04с. М-401.

5

Ҷумҳурии Индонезия

28 октябри 2003 дар Ҷакарта

23.06.04с. №1162

№6\04с. М-401.

6

Ҷумҳурии Франсия

2 декабри соли 2002  дар Париж

16.06.04с.

№1147№6\04с. М-392.

7

Ҷумҳурии Озарбойҷон

15 марти 2007 дар Душанбе

1.10.07с.№749. №10/07с.М-829.

8

Ҷумҳурии Арабии Сурия

8 феврали 2007 дар Димишқ

14.05.08 № 975 №5/08 М-391

 

9

Ҷумҳурии Исломии Покистон

19 майи 2004 дар Исломобод

28.01.2009№1231№1/09М-

 

10

Ҷумҳурии Туркия

 

 

14.12.96с. №368.

№24\96с. М-394

11

Ҳукумати Давлатии Қатар

6 майи соли 2007 дар Давҳа

1.10.07с. №750.

№10/07с. М-830

12

Ҷумҳурии Туркманистон

4 октябри 2007 дар Душанбе

14. 05.08  №976

№5/08 М-392

 

Давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо Созишнома дар бораи ҳавасмандгардони ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо ба имзо расонида дар баррасии Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ратификиатсия пешниҳод шудаанд:

 

Бо Ҷумҳурии

Ба имзо расонида шудааст

Ратификатсия шудааст

1

Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

11 марти 2008

 

2

Ҷумҳурии Арманистон

02 апрели, 2002, дар Душанбе

 

3

Ҷумҳурии Арабистони Саудӣ

21 майи, 2003 , дар ш. Душанбе

 

4

Ҷумҳурии Корея

27 июли, 1993, дар ш. Душанбе

 

5

Ҷумҳурии СотсиалистииВетнам

19 январи, 1999, дар ш. Ханой

 

6

Ҷумҳурии Исломии Эрон

18 июли соли 1995

 

7

Ҳукумати Шоҳигарии Тайланд

9 августи соли 2005, дар ш. Банкок

 

8

Ҷумҳурии Ҳиндустон

12 декабри соли 1995, дар Нью - Деҳли

 

9

Федератсияи Руссия

Апрели соли 1999

 

10

Ҷумҳурии Украина

6 июли соли 2001

 

11

Ҷумҳурии Кувайт

18 апрели соли 1995

 

12

Штатҳои Мутаидаи Амрико

1 июни соли 2004, дар Вашингтон

 

13

Ҷумҳурии Латвия

9 феврали соли 2009

 

14

Ҷумҳурии Аморати Муттаҳиди Араб

17 декабри соли 1995, дар Абу Дабӣ

 

15

Ҷумҳурии Белорусия

26 июли 2001

 

16

Шӯрои Федералии Швейтсария

Июни соли 2009

 

17

Ҷумҳурии Литва

12 февралисоли 2009, дар ш. Вилнюс

 

18

Ҷумҳурии Муғулистон

27 марти соли 2009, дар ш. Улан - Батор

 

19

Иттифоқи иқтисодии Бельгия - Люксембург

10 феврали соли 2009, дар ш . Брюсел

 

         

 Нишондиҳандаҳои асосӣ

Сармоягузорӣ бо иштироки институтҳои байналмилалии молиявӣ 2002-2012 – 2,13 млрд.долл.ШМА
Сармоягузории мустақими хориҷӣ то 9/2013 –  2,71  млрд.долл.ШМА
Сармоягузории ғайримустақими хориҷӣ то 9/2013 –  1,84  млрд.долл.ШМА
Сармоягузории мустақими хориҷӣ, 9 моҳи 2013 –  208,9  млн.долл.ШМА
Сармоягузории ғайримустақими хориҷӣ,  9 моҳи 2013 –  277,8  млн.долл.ШМА
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Ишкашим», «Панҷ»
Ҳисоботи «Doing Business»2010-2011 – Тоҷикистон дар қатори беҳтарин кишварҳои ислоҳотчиён

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Иcтиқлолияти кишвар тавонист, ки иқтисодиёти мамлакатро эҳё намуда рӯ ба афзоиш  ниҳояд. Асоси инкишофи механизми бозори хоҷагидорӣ ин санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабул намуда ба ҳисоб мераванд. Аз соли 2002 то инҷониб дар қонунгузории Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар як қатор ислоҳотҳо дароварда шудааст.

Яке аз мӯҳимтарини онҳо ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ (инвеститсия)", ки ин Қонуни қаблан қабул намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Сармоягузории хориҷӣ"-ро иваз менамояд, ба шумор меравад. Дар Қонуни навқабулкардашуда на инки сармоягузорони хориҷӣ балки сармоягузорони ватанӣ барои рушди иқтисодӣ кишвар низ сармоягузорӣ карда метавонанд.

Ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва ҳавасмандии сармоягузорон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусуси гардонии амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шартномаҳо дар бораи тақсими молҳо», «Дар бораи консенсияҳо», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи таърихи кредитӣ», «Дар бораи шарики хусусии давлатӣ» қабул карда шудааст. Илова бар ин дар назар аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои сармоягузорӣ" қабул карда шавад.  
  Пас аз эълон шудани  ҳадафҳо ҷиҳати эҷоди фазои сармоягузорӣ дар кишвар ислоҳотҳо оид ба раванди сабти номи ашхоси ҳуқуқию вокеъӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, тартиби гумрукӣ, гирифтани иҷозатномаҳои сохтмонҳо ва ғайраҳо осон карда шуд. Танҳо дар муддати якчанд сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои муҳиме оид ба рушди сармоягузорӣ, бартараф намудани монеаҳо, осон намудани фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон, ки ба иқтисоди кишвар зарар мерасонд, осон карда шуд. 
    Низоми равзанаи ягона ба роҳ мондашуд, ки барои ба қайд гирифтани тиҷорат, кам намудани литсензияҳои лозима, иҷозатномаҳо, назорати тафтишоти мукамали муфлисшавӣ ва ҳимояти саҳмиядорони афсудаҳоле, ки дар раванди ислоҳот қарор доранд ва дар сатҳи байналмилали баҳо додамешаванд, мусоидат менамояд. Дар ҳисоботи солонаи Бонки ҷаҳони «Doing Business» дар солҳои 2010-2011 Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои беҳтарини ислоҳотҳо дар ҷои даҳум қарор дорад. Фаъолияти фазои сармоягузорӣ тавассути Шурои машваратии назди Президекти кишвар, ки ба он ҳам намояндагони бахши ҳуқуқӣ ва ҳам намояндагони бахши хусусӣ дохил мешаванд, дастгирӣ карда мешавад. 
Дар қонунгузории кишвар барои фаъолияти сармоягузорӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ низоми кафолати сармоягузорӣ ба роҳ монда шудааст, ки содироту воридоти даромади соҳибкоронро кафолат медиҳад. Ҳамчунин низоми преферентсияи андозҳо ва гумрук дар қонунгузории кишвар амал мекунад, ки дар фаъолияти он соҳибкорону сармоягузороне, ки дар рушди иқтисоди кишвар саҳмгузор мебошанд, монанди сохтани неругоҳҳои барқии обии хурд ва заводҳои пахта, имтиёзҳо дода мешавад. 
  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасманд ва ҷалб намудани соҳибкорон бо 25 кишвари ҷаҳон Созишнома оид ба андозбандии дукарата ва бо 18 кишвар Созишнома оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ба имзо расонидааст ва санадҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқ ва эътироф шудаанд. Нишонаи беҳбудӣ ва фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ дар кишвар ин ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ба Конвенсияи СММ оид ба иҷро намудани қонунҳои арбитражӣ, ки 10 июни соли 1958 қбул карда шудааст, мебошад. 
   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилотҳои мавҷударо баназар гирифта, барои муккамал намудани идораҳои давлатӣ, сиёсати макроиқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 Конвенсия Нию Йорк оид ба эътибори қонунҳои судҳои арбитражӣ қабул ва ратификатсия намуд, ки Конвенсияи мазкур аз октябри соли 2012 ба расмият дароварда шудааст, ҳамзамон барнома роҷеъ ба беҳбуд ва ҳавасманд намудани сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 2012-2015 қабул карда шуд.

Дар солҳои 2007-2012 дар масъалаҳои асосии зерин корнамуд:
Амали намудани ислоҳотҳои институтӣ
Паст намудани корҳо ва омилҳои хатарҳои сармоягузорӣ
Нест кардани монеаҳои дучоршавандаи сармоягузорон ва соҳибкорон

Кумаки давлатӣ оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ.

Дар муддати солҳои 2002-2012 дар чаҳорчубаи лоиҳаҳои давлатӣ оид ба татбиқи сармоягузорӣ бокӯмаки молии донорҳо ва созмонҳои молии байналмилалӣ зиёда аз 200 созишномаҳо татбиқ ва ба тасвиб расидаанд, ки маблағи умумии онҳо 2,13 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз маблағи мазкур 1,614 млрд доллар кредит, 371,5 млн доллар грантҳо, 119,12 млндоллар ҳиссаи Ҳукумат ва 28,7 млн доллари дигарро даромадҳо ташкил медиханд. Дар солҳои буҳрони 2008-2010 1,038 млрд доллари амрикоӣ ворид шуд, ё ин ки 47%  аз маблағи умумии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлати афзоиш ёфт.

Дар охири соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 ва Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014-2016 тасдиқ кард. Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016 120 лоиҳаро бо дар бар мегирад. 39 лоиҳаи он бо маблағи 1,3 миллиард доллар амалкунанда буда барои 3 соли пешбинишуда маблағгузорӣ дар ҳаҷми 1,8 миллиард доллари амрикоӣ муайян шудааст.

Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ

Дар тули солҳои истиқлолияти кишвар ва бо  9 моҳи соли 2013 сармоягузории мустақими хориҷӣ ба ҳаҷми 2271,6 млн.дол.ШМА ворид гашт, ки аз он аз давлатҳои ИДМ 855,9 млн.дол.ШМА (37,6%) ва кишварҳои хориҷи дур  1415,7 млн.дол ШМА (62,3%). Кишварҳои асосии сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти кишвар: Россия – 827,1 млн.дол ШМА (36,4%), Хитой – 319,9 млн.дол ШМА (14,1%), Эрон – 302,4 млн.дол ШМА (13,3%), Британияи Кабир – 210,5 млн.дол ШМА (9,3%).

Ҳаҷми  умумии сармоягузории ғайримустақим ба ҳаҷми 1884,3 млн.дол ШМА расид, ки аз он давлатҳои ИДМ – 40,9 млн.дол ШМА (2,17%) ва кишварҳои хориҷи дур – 1843,3 млн.дол ШМА (97,8%). Кишварҳои асосии сармоягузории ғайримустақим ба иқтисодиёти кишвар: Хитой – 1093,0 млн.дол ШМА (58,0%), ШМА – 203,6 млн.дол ШМА (10,8%), Филиппин – 193,8 млн.дол ШМА (10,2%), Арабистони Саудӣ – 61,1 млн.дол ШМА (3,2%) мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузории мустақими хориҷӣ ба ҳаҷми 208,9 млн. доллари ШМА ворид гашт, ки аз он аз кишварҳои ИДМ 47,9 млн. долл ШМА ва кишварҳои хориҷи дур 161,9 млн. долл. ШМА. Кишварҳои асосии сармоягузори мустақим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хитой – 92,9 млн. долл.ШМА Россия – 44,1 млн. долл.ШМА, Давлати Катар –17,9 млн. долл.ШМА, Британияи Кабир –17,6 млн. долл.ШМА.

Ҳамзамон, сармоягузории ғайримустақим 277,8 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод, ки аз он аз давлатҳои ИДМ 30,2 млн. долл ШМА, кишварҳои хориҷи дур 247,6 млн. долл. ИМА. Кишварҳои асосии сармоягузории ғайримустақим: Хитой – 84,4 млн. долл.ШМА, Туркия – 46,0 млн. долл.ШМА, Россия  – 26,0 млн. долл.ШМА, Филиппин 20,6 млн. долл.ШМА ва ғайраҳо мебошад.