Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

НИЗОМНОМАИ

МИНТАЌАИ ОЗОДИ ИЌТИСОДИИ "СУЃД"

1. Муќаррароти умумї

1. Низомномаи мазкур мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ва Низомнома дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон, ки бо Ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 5 декабри соли 2005 тањти №191 тасдиќ шудааст, тањия гардида, асосњои ташкилї, њуќуќию иќтисодии фаъолияти минтаќаи озоди иќтисодии шакли истењсолию инноватсионии Минтаќаи озоди иќтисодии «Суѓд» (минбаъд - МОИ «Суѓд»)- ро муайян менамояд.

2.Маќсади асосии ташкили МОИ «Суѓд»:

- њавасмандгардонии рушди иќтидори иќтисодии Љумњурии Тољикистон, аз љумла бо роњи љалби сармоягузории ватанию хориљї, љорї намудани усулњои муосири идоракунї ва менељмент;

- таъмини иштироки самараноки иќтисодиёти минтаќа ва кишвар дар таќсимоти байналмилалии мењнат, тараќќї додани њамкорињои тиљоратию иќтисодї бо кишварњои хориљї, афзун намудани иќтидори содиротии љумњурї;

- рушди шањрсозї дар минтаќањои атрофи МОИ «Суѓд», ташкил намудани инфрасохтори муосири муњандисию наќлиётї, телекоммуникатсионї, истењсолї ва иљтимої;

- ташкили шабакаи истењсолоти аз љињати экологї тоза, бунёди истењсолоти молу мањсулоти раќобатноки содиротї;

- таъмин намудани ањолии минтаќа ва љумњурї бо кор, ташкили љойњои иловагии корї, баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї, бењтар намудани ќобилияти харидорї, афзун гардидани даромади коргароне, ки дар МОИ «Суѓд» кор мекунанд ва њалли дигар масъалањои иљтимоию иќтисодии минтаќа.

3. Вазифањои асосии МОИ «Суѓд» :

- рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар асоси њамгироии сармоягузорињои хориљї бо воситањои пулию моддии корхонаю ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;

- љалби сармоягузорињои хориљї ва дохилї, техника ва технологияњои  муосир, љорї намудани таљрибаи хориљии идоракунї ва усулњои нави хољагидорї;

- љорї намудани навоварињо ва ихтирооти илмию техникии ватанї ва хориљї дар истењсолот бо истифодаи минбаъдаи онњо дар минтаќањои дигари кишвар;

- таъмини рушди устувори иљтимоию иќтисодии минтаќа;

- кам кардани харољоти истењсолот, истифодаи пурраи захирањои озоди мењнатї, табиї ва дигар захирањои мањаллї барои истењсоли молу мањсулот љињати содирот ва бозори дохилї;

- бунёд ва ободонии њудуди МОИ "Суѓд", њифз ва њимояи муњити зист;

- дар њудуди МОИ "Суѓд" ташкил намудани инфрасохтори истењсолї дар сатњи меъёрњои байналмилалї (алоќа, наќлиёт, коммуникатсия ва ѓайрањо);

- ташаккул додани буљети мустаќили  МОИ "Суѓд ".

2. Маќоми МОИ «Суѓд»

4. Маќоми МОИ "Суѓд" аз сарњадоти он, заминаи ќонунгузорї ва низомњои махсуси њуќуќї, инчунин буљети минтаќа ва маќомоти идоракунии худї ташаккул  меёбад.

5. МОИ «Суѓд»  дар мавзеи саноатии љанубу ѓарбии шањри Њуљанди вилояти Суѓди Љумњурии Тољикистон дар масоњати умумии320 гектарќитъаи замин њамчун минтаќаи алоњидаи (мањдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 25 сол ташкил карда мешавад.

Заминњои МОИ "Суѓд" моликияти истисноии давлат буда, муносибатњои ба онњо алоќаманд тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба танзим дароварда мешаванд.

6. Дар њудуди МОИ «Суѓд» ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.

Муносибатњое, ки бевосита бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи минтаќањои озоди иќтисодї ба танзим дароварда нашудаанд, тибќи меъёрњои ќонунгузорие, ки ба моњияти онњо зид нестанд ва муносибатњои монандро танзим менамоянд, амалї мегарданд.

7. МОИ «Суѓд» минтаќаи алоњидаи (мањдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар њудуди он низоми махсуси гумрукию андозї, инчунин низоми соддагардонидашудаи баќайдгирии субъектњои МОИ «Суѓд» (минбаъд - субъектњои МОИ) ва њамчунин тартиби даромад ва баромади резиденту ѓайрирезидентњои МОИ «Суѓд»  амалї мешавад.

Дар њудуди МОИ «Суѓд» барои таъсис ва фаъолияти ташкилотњо, корхонањо ва соњибкорони инфиродї, резидентњо ва ѓайрирезидентњо, ки бо љалби сармояњои ватанї ва (ё) хориљї ташкил мешаванд, низоми имтиёзнок созмон дода мешавад.

8. Дахолати маќомоти њокимияти давлатї ба фаъолияти молиявию хољагидории МОИ «Суѓд», ба ѓайр аз њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, манъ аст.

9. МОИ «Суѓд» буљети мустаќил дорад, ки он аз њисоби даромадњои худї ва дигар пардохтњо, ки аз љониби Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар мегарданд, ташкил меёбад.

 Буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва маќоми ваколатдори давлатии молиявї мувофиќа карда мешавад.    

10. Маќоми идоракунї дар њудуди МОИ «Суѓд» Маъмурияти МОИ «Суѓд» мебошад (минбаъд - Маъмурияти МОИ).

Маъмурияти МОИ њамчун муассисаи давлатии сатњи љумњуриявї таъсис ёфта, дар асоси Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ мегардад, фаъолияти худро анљом медињад.

11. Дар њудуди МОИ «Суѓд» чунин амалњо манъ аст:

- иљрои корњои истифодаи захирањои зеризаминї (ба ѓайр аз истихрољи обњои зеризаминї барои таъмини фаъолияти МОИ бо об);

- истењсоли молњои зераксизї, ба истиснои истењсоли наќлиёти автомобилї ва дигар воситањои наќлиётии муњаррикдор, ки барои боркашонию мусофиркашонї пешбинї шудаанд;

-  истењсоли ќоѓазњои ќиматбањо, пул ва тангањо, маркањои почта;

 - истењсол, коркард ва фурўши воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо;

- пахши барномањои радио ва телевизионї, ба истиснои хизматрасонии техникии радио ва телевизион;

- истењсол, коркард, нигоњдорї, безараргардонї ва фурўши маводњои хатарнок ва радиоактивї;

- истењсоли мањсулоти аввалияи металлургияи ранга ва сиёњ;

- табобати  касалињои  руњї дар шакли  агрессивї ва беморињои  сирояткунанда;

- табобати њайвонњое, ки касалињои хавфнок доранд;

- фаъолияте, ки ба масъалањои муњољирати мењнатии хориљї алоќамандї дорад;

- бунёди истењсолоти аз љињати экологї хатарнок, ки ба муњити зист зараровар мебошад;

- фурўши маводи сўзишворию равѓанњои молиданї дар њудуди МОИ ба шахсони воќеї ва њуќуќї, ки ба субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї мансуб нестанд;

- фурўши чаканаи молу ашё, ба истиснои фурўши чаканаи мањсулоти ниёзи мардум барои истеъмоли дохилї бо тарзи ташкили фаъолияти субъектњои МОИ оид ба савдо ва хўроки умумї дар љойњои аз љониби Маъмурияти МОИ муайянкардашуда;

- фаъолияти хољагидорию тиљоратї, ки бо таъмини амният ва дифои давлат, инчунин бо истењсол, коркард, нигоњдорї ва фурўши яроќ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда, воситањои нашъадор, моддањои психотропї алоќамандї дорад;

- воридоти воситањои нашъадор, моддањои психотропї, яроќ, лавозимоти љангї, дигар молњое, ки фурўш ва интиќоли онњо дар Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудаанд;

- ташкил намудани ќимор ва лотереяњо, ќиморхонањо (казиноњо), видеосалонњо, бозињои  автоматикї ва њоказо.

12. Рељаи кории МОИ «Суѓд» аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї муќаррар карда мешавад. Рељаи кории субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ муќаррар карда мешавад.

13. Аз њудуди МОИ «Суѓд» содироти молњо ба кишварњои дигар њавасманд карда мешавад.

Нисбати истифодаи њатмии ашёи хом ва маводњои мањаллї бар ивази ашёи хом ва маводњои воридотї талабот муќаррар карда намешавад.

3. Намудњои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Суѓд»

14. Намудњои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Суѓд»:

- истењсоли ресмонњои дўзандагї, мањсулоти трикотажї, матоъњои сунъї ва синтетикї, матоъњо ва мањсулоти тайёр аз ресмони шоњї ва пахтагин, матоъњои тайёр ва мањсулоти дўзандагии пашмї, коркарди пўсти чорвои майда ва калон бо истењсоли мањсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;

- рангубор кардани матоъњо ва истењсоли мањсулоти тайёр барои соњаи дўзандагї, истењсоли матоъњои пардаворї ва рўйкаш барои мебелсозї, истењсоли фурнитураи истифодаи гуногун;

-  истењсоли курсию мебел;

- истењсоли рангњои гуногуни сунъї ва синтетикї;

-  истењсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;

- мошинсозї  (васлкунї ва истењсоли автомобилњо, тракторњо ва  техникаи гуногунтамѓа барои соњаи кишоварзї ва дигар соњањо, ќисмњои эњтиётї барои онњо, таљњизот ва техникаю технологияи соњаи коркард, хизматрасонї ва ниёзи мардум, насосњои обкаш ва дигарњо);

- истењсоли лўлањои ѓайриметаллї барои соњањои гуногун;

- истењсоли мањсулоти электротехникї, радиоэлектронї ва техникаи соњаи маишї;

- истењсоли нурињои минералї ва биоиловагињо барои соњаи кишоварзї;

-  коркарди сангњои кўњї, истењсоли масолењи сохтмонї ва ороишї;

- истењсоли нахњои шишагї, рухомї ва мањсулоти тайёр аз онњо;

- истењсоли масолењи сохтмони замонавї (шиша, дару тиреза, хиштњо ва панелњои гарминигоњдорандаи стандарти байналмилалї, мањсулоти ороишии пластикї (ба истиснои хишти сохтмонї);

-  истењсоли мањсулоти гаљї;     

-  истењсоли симњои электрикии гуногунтамѓа;

- истењсоли мањсулот аз коркарди партовњои маишї (бе технологияи коркарди аввалия);

-  истењсоли мањсулоти атторї ва маводњои шустушўйии кимиёвї;

-  истењсоли мањсулоти фарматсевтї ва доруворї;

-  истењсоли таљњизоту лавозимот барои соњаи тандурустї;

-  истењсоли таљњизот ва лавозимоти рўшанидињанда;

- фаъолияти нархгузорї, ќарздињї, суѓуртакунї, консалтингї, аудиторї, лизингї ва сертификатсиякунонї;

-  фаъолияти воридотї ва содиротї;

-  фаъолият дар самти технологияи иттилоотї;

- фаъолият дар самти тадќиќоти илмию техникї, фаъолияти инноватсионї, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарњо.

4. Субъектњои МОИ «Суѓд»

15. Ба сифати субъектњои МОИ «Суѓд» соњибкорони инфиродї ва ташкилотњо, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќиашон, ки ќонунгузории Ҷумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онњо эътироф карда мешаванд, ки:

- тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ќайди давлатї гузаштаанд;

- шартномаи фаъолиятро дар њудуди МОИ «Суѓд» бо Маъмурияти МОИ ба имзо расонидаанд; 

- сертификати субъектњои МОИ «Суѓд»- ро тибќи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинї шудааст, соњиб гардидаанд.

16. Субъектњои МОИ фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медароранд, ба роњ мемонанд.

17. Шахсони њуќуќї, намояндагињо, филиалњои шахсони њуќуќї, шахсони воќеї ва соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон), ки  дар њудуди МОИ «Суѓд» то таъсисёбии он фаъолият доштанд, дар мўњлати 3 моњ аз рўзи ба фаъолият шурўъ намудани Маъмурияти МОИ вазъи ташкилию њуќуќии худро бо муќаррароти Низомномаи мазкур мувофиќ менамоянд.  

Дар њолати аз тарафи онњо иљро накардани талаботи Низомномаи мазкур Маъмурияти МОИ оид ба баргардонидани ќитъаи замин барои эњтиёљоти давлатї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи замин љињати ќабули ќарори дахлдор ба маќоми ваколатдори давлатии замин мурољиат мекунад.

18. Баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ё намояндагии шахси њуќуќї, резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд - довталаб), ки хоњиши гирифтани статуси субъектњои МОИ «Суѓд»- ро доранд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур сурат мегирад.

19. Маъмурияти МОИ барои баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ва намояндагии шахсони њуќуќї -резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон њамчун субъектњои МОИ ба довталаб њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Суѓд»-ро медињад.

20. Барои гирифтани њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Суѓд» довталаб ба Маъмурияти МОИ бо ариза ва замима намудани иттилооти пурра  дар бораи довталаб, бизнес-наќшањо ва (ё) лоињањои сармоягузорї мурољиат менамояд. 

21. Бизнес-наќшањо ва лоињањои сармоягузорї бояд ба чунин талабот мутобиќат намоянд:

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти истењсолї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти 500 њазор доллари ИМА;

- ворид намудани на кам аз 90 фоизи таљњизоти технологї – истењсолї;

- мўњлати пештараи истифодаи таљњизоти технологї – истењсолии воридшаванда на бояд аз 3 сол зиёд бошад;

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти содиротию воридотї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти 50 њазор доллари ИМА;

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти хизматрасонї – на камтар аз эквиваленти 10 њазор доллари ИМА;

- оѓоз намудани истењсоли мањсулот на дертар аз 3 сол аз рўзи баќайдгирии давлатї.

Њуљљатњое, ки ба талаботи банди мазкур љавобгўй намебошанд, барои баррасї ќабул карда намешаванд.

22. Маъмурияти МОИ дар мўњлати се рўзи корї њуљљатњои довталабро барои гирифтани хулоса ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї равон менамояд. Маъмурияти МОИ дар мўњлати се рўз аз рўзи дастрас намудани ќарор ё нусха аз протоколи комиссияи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ аризадињандагон – шахсони воќеї ё њуќуќии Љумњурии Тољикистон, шахсони воќеї ё њуќуќии хориљиро аз ќарори ќабулшуда нисбати лоињаи инвеститсионї огоњ мекунад. Њангоми манфї будани ќарори комиссияи мазкур Маъмурияти МОИ аз ин шахсњо даъво ќабул намекунад.

23. Довталабон барои дурустии маълумоти пешнињодшуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масъул мебошанд.

24. Шакл ва тартиби омода намудани ариза, маълумоти иттилоотии пешнињодшаванда, бизнес-наќша ва (ё) лоињаи сармоягузорї аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тањия ва тасдиќ мегардад.

25. Довталаб барои гирифтани сертификати субъектњои МОИ (минбаъд - сертификат) бо Маъмурияти МОИ шартномаи фаъолиятро (минбаъд - шартнома) ба имзо мерасонад.

Дар шартнома талабот оид ба фаъолият дар њудуди МОИ «Суѓд», тартиби истифодаи имтиёзњо ва низомњои махсус, ќитъаи замин, бино, иншооти истењсолию маъмурии ба иљора додашаванда, коммуникатсияњо, муносибатњои молиявию хољагидорї ва дигар талаботи дар Низомномаи мазкур пешбинишуда дарљ мегардад.  

26. Барои ба имзо расонидани шартнома довталаб ба Маъмурияти МОИ бояд чунин њуљљатњоро пешнињод намояд:

-  ариза;

- њуљљатњои тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатї дар њудуди МОИ «Суѓд»;

- намунањои имзоњои шахсони ваколатдори довталаб.

27. Маъмурият дар мўњлати 3 рўзи корї њуљљатњои пешнињоднамудаи довталабро баррасї намуда, лоињаи шартномаро бо довталаб омода ва ба имзо мерасонад.

28. Баъди ба имзо расидани шартнома ба довталаб сертификат дода мешавад.  

29. Сертификат њуљљати баќайдгирии довталаб ба сифати субъектњои МОИ дар њудуди МОИ «Суѓд» ба њисоб рафта, барои пешбурди фаъолият, истифодаи имтиёзњову низомњои махсуси пешбининамудаи Низомномаи мазкур иљозат медињад.

30. Шакл ва мазмуни шартнома ва сертификат аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ карда мешаванд.

31. Сертификатњо ба мўњлатњои зерин дода мешаванд:

- сертификат барои фаъолияти тиљоратї ба мўњлати то 10 сол;

- сертификат барои фаъолияти истењсолї ба мўњлати то 15 сол.

Арзиши сертификат барои њар гуна намуди фаъолият, новобаста  ба њаљми истењсолот ва гардиши мол 5 њазор доллари ИМА-ро ташкил медињад.

 32. Маъмурияти МОИ дафтари баќайдгирии сертификатро бо шакли аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї муќарраргардида пеш мебарад.

Дар дафтари ќайд, маълумоти асосї дар бораи субъектњои МОИ дарљ гардида, ба сертификат раќами баќайдгирї дода мешавад.

33. Дар њолати таѓйир ёфтани намуди фаъолият ё шакли ташкилию њуќуќии субъектњои МОИ таѓйироти зарурї ба сертификат ва дафтари ќайд ворид карда мешавад.

34. Баррасии аризаи субъектњои МОИ оид ба таѓйир ёфтани намуди фаъолият бо тартиби дар Низомномаи мазкур муќарраргардида анљом дода мешавад. Дар ин њолат ба субъектњои МОИ сертификати нав дода мешавад ва сертификати кўњна баргардонида шуда, бекор карда мешавад.

35. Боздошти муваќќатї, азнавбарќароркунии фаъолият ва ё беэътибор донистани сертификати субъектњои МОИ бо асосњои зерин амалї карда мешаванд:

1) боздошти муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мўњлати то 3 моњ њангоми ба амал омадани њолатњои дар поён овардашуда амалї мегардад:

- дар њолатњои иљро нагардидани шартњои шартнома бо Маъмурияти МОИ аз љониби субъектњои МОИ «Суѓд»;

- њангоми аз љониби субъектњои МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он расонидани зарар ба объектњои хизматрасонї ва таљњизоти МОИ «Суѓд» ва идомаи ин амалњо новобаста аз огоњ кардан аз тарафи Маъмурияти МОИ ва (ё) напардохтани зарари расонидашуда;

- њангоми аз љониби субъектњои МОИ риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур ё роњ додан ба вайронкунињои тартибе, ки дар МОИ «Суѓд» муќаррар гардидааст;

2) азнавбарќароркунии фаъолияти субъектњои МОИ бо иљозати Маъмурияти МОИ дар њолати иљрои шартњо ё аз байн бурдани сабабњои боздоштани фаъолияти субъектњои МОИ амалї карда мешавад;

3) бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат аз тарафи маъмурияти МОИ баъди гузаронидани тафтиши далелу маълумотњо дар њолатњои зерин амалї мегардад:

- агар муайян шуда бошад, ки дар давоми мўњлати дар шартњои шартнома нишондодашуда сабабњое, ки ба ќатъи муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ асос гардида буданд, аз байн бурда нашудаанд;

- агар муайян шуда бошад, ки аз тарафи субъектњои МОИ  талаботи Низомномаи мазкур ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон вайрон карда шудаанд.

Барои бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат Маъмурияти МОИ бо овардани далелњои мўътамад иљозати маќоми ваколатдори давлатии идораи минтаќањои озоди иќтисодиро мегирад.

36. Дар њолати бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат Маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии баќайдгирии давлатї барои беэътибор донистани ќайди давлатии субъектњои МОИ бо нишонии њуќуќии МОИ «Суѓд» мурољиат менамояд.

5. Танзими рељаи иљозати даромад  ба њудуди МОИ «Суѓд»

37. Барои ба њудуди МОИ «Суѓд» даромадан ба намояндагон, хизматчиён, коргарони маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ва дигар шахсон навъњои зерини рухсатномањо пешбинї мегардад:

- рухсатномањои доимї;

- рухсатномањои муваќќатї;

- кортњои хизматї.

38. Рухсатномањои доимї, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ба намояндагон, хизматчиён ва коргарони субъектњои МОИ дода мешаванд, бояд дорои маълумоти зерин бошанд:

- ном ва мўњри махсуси Маъмурияти МОИ;

- санаи дода шудан;

- сурати дорандаи рухсатнома;

- насаб, ном ва номи падари дорандаи рухсатнома;

- љойи кор;

- шартњои рухсат.

39. Рухсатномањои муваќќатї аз тарафи Маъмурияти МОИ дар даромадгоњи МОИ «Суѓд» ба шахсоне дода мешаванд, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ба њудуди МОИ «Суѓд» даъват шудаанд.

Барои гирифтани рухсатномаи муваќќатї субъектњои МОИ ба таври расмї ба Маъмурияти МОИ на дертар аз як рўзи ташрифи шахсони таклифшуда мурољиат менамоянд.

Ранги рухсатномаи муваќќатї аз дигар рухсатномањо фарќ намуда, он ба хадамоти дахлдори МОИ «Суѓд» њангоми баромадан аз минтаќа баргардонида мешавад.

Рухсатномањои муваќќатї њангоми пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи шахсият эътибор доранд.

40. Кортњои хизматї аз тарафи Маъмурияти МОИ ба хизматчиёни Маъмурияти МОИ, инчунин ба шахсоне, ки аз љониби Маъмурияти МОИ киро шудаанд, дода мешаванд ва онњо дорои маълумоти якхела бо рухсатномањои доимї мебошанд.

41. Њамчунин бо чунин тартиб рухсатномањо барои даромадани автомобилњо, техникањои гуногун ва ронандагони онњо дода мешаванд.

42. Рухсатномањо пулакї буда, дар асоси нархномаи муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дода мешаванд.

43. Субъектњои МОИ  бояд дар бораи аз кор рафтани кормандон худи њамон рўз Маъмурити МОИ-ро огоњ намоянд. Дар ин њолат рухсатномаи доимии корманд ба Маъмурияти МОИ њатман баргардонида мешавад.

6. Њуќуќи субъектњои МОИ «Суѓд»

44. Субъектњои МОИ, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба ѓайр аз ташкилотњои буљетї) њуќуќ доранд:

- бо иштироки сармоягузорони ватанию хориљї ташкилотњои муштарак таъсис дињанд;

- дар асоси шартномањо фаъолияти хољагидориро амалї намоянд, озодона шарикону мазмуни шартномаро интихоб намоянд, ўњдадорињо, инчунин њама гуна шартњои дигари муносибатњои байнињамдигарии хољагидориро муайян намоянд;

 - мустаќилона фаъолияти иќтисодии хориљиро пеш баранд, амалиёти мубодилаи молњо (бартер) ва миёнаравї, инчунин азнавсармоягузорињоро дар њудуди минтаќаи озоди иќтисодї  анљом дињанд, ба шарте ки хусусияти ин амалиётњо хилофи ќонунгузорї ва амнияти иќтисоди Љумњурии Тољикистон набошанд;

- аз бонкњо, ширкатњо ва ташкилотњои хориљї бе мањдудият ќарз гиранд, барои бастани њама гуна шартномањои суѓуртавї ширкатњои суѓуртавии хориљиро љалб намоянд;

- дар минтаќаи озоди иќтисодї њама гуна сармоягузорињои бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манънашударо татбиќ намоянд;

- истифодаи ќитъаи заминро дар асоси шартнома дар бораи иљораи мўњлатнок, иљораи такрории молу мулк, њуќуќњои молумулкї ва њуќуќи гузашти истифодабариро ба ворисони њуќуќї аз рўи мувофиќаи дуљонибаи тарафњо, ки шартномаи иљораро имзо кардаанд, инчунин дигар њуќуќњои молумулкї ва ѓайримолумулкиро амалї намоянд;

- шањрвандони хориљї ва шањрвандони Љумњурии Тољикистонро дар асоси шартнома ба кор ќабул намоянд;

- њар гуна фаъолияти дигареро, ки бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ нагардидааст, анљом дињанд.

45. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд, ки ба фаъолияти соњибкорї берун аз њудуди МОИ «Суѓд» дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон машѓул шаванд.

7. Кафолати њуќуќ ва њифзи манфиатњои субъектњои МОИ

46. Давлат риояи њуќуќњо ва манфиатњои ќонунии субъектњои МОИ-ро, ки дар њудуди МОИ «Суѓд» фаъолият доранд, кафолат медињад.

47. Дар МОИ «Суѓд» мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалї кафолат дода мешавад:

- њимояи њуќуќии сармоягузорињо;

- њимояи њуќуќњои муаллифии  субъктњои МОИ;

- низоми баробари њуќуќии сармоягузорињои хориљию дохилї;

- роњ надодан ба њељ гуна табъизи ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї.

48. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї, ки ба соњаи хољагидорї ва ё дигар фаъолияти МОИ «Суѓд» маблаѓгузорї ва ё сањмгузории моддї кардаанд, њуќуќ доранд аз натиљањои сармоягузорињои худ, аз љумла азнавсармоягузорї ва муомилоти тиљоратї дар њудуди Љумњурии Тољикистон истифода баранд. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї метавонанд фоида ё ќисми онро дар намуди мањсулоти истењсоли худї ва ё мањсулоти аз бозор харидашуда бароранд.

49. Ба субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљие, ки дар минтаќа фаъолият мекунанд, пас аз пардохти маблаѓњои њатмї интиќоли маблаѓњо бо асъори хориљї, ки чун фоида ба даст омадаст, инчунин аз фурўши тамоми њиссаи онњо дар сармояи оинномавии ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї бинобар хориљ шудан ё барњам хўрдани ташкилот ба даст омадааст, кафолат дода мешавад. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї барои интиќоли маблаѓ, барои гарав, содирот ва ќатъи сармоягузорї ба минтаќаи озоди иќтисодї, њуќуќ доранд.

50. Муносибатњое, ки субъектњои МОИ анљом медињанд, сарфи назар аз шакли моликият дар асоси ќарордод (шартнома) ба роњ монда мешаванд. Субъектњои МОИ барномањои истењсолиро мустаќилона тањия менамоянд.

Бањсњои хољагидорї, аз љумла бањсњо байни иштирокчиёни ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї, ки дар МОИ «Суѓд» ба вуљуд меоянд, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њалли худро меёбанд.

8. Механизми молиявию асъорї

51. Фаъолияти МОИ «Суѓд»  дар асоси худмаблаѓгузорї амалї мегардад. Бо маќсади таъмини фаъолияти МОИ «Суѓд» буљети мустаќили МОИ «Суѓд» ташкил карда мешавад.

52. Буљети мустаќили МОИ «Суѓд» шакли бавуљудоии даромад ва харољоти воситањои пулии МОИ «Суѓд» буда, барои амалї намудани маќсад ва вазифањои МОИ «Суѓд» истифода мегардад.

Лоињаи буљети мустаќили МОИ «Суѓд» аз љониби Маъмурияти МОИ тањия гардида, барои дохил намудан ба буљети њарсолаи давлатї бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва маќоми ваколатдори давлатии молиявї дар марњилаи тањияи лоињаи буљети давлатї тибќи тартиби муќаррарнамудаи  маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи  молияи давлатї пешнињод мешавад.

53. Ба буљети мустаќили МОИ «Суѓд» чунин даромадњо ворид мешаванд:

- даромадњо аз иљораи замин, бино, иншоот ва таљњизоти дар ихтиёри Маъмурияти МОИ ќарордошта;

- арзиши сертификат;

- пардохтњо барои њуќуќи даромадан ба њудуди МОИ «Суѓд» барои автомобилњо ва техникаи гуногун (ба ѓайр аз автомобилњо ва техникањои Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ);

- пардохтњо барои рухсатномањо барои даромадан ба МОИ «Суѓд» (ба истиснои њайати кормандони Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ);

- даромадњо аз хизматрасонињои гуногун;

- даромадњо аз дигар пардохтњо барои хизматрасонии субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ, инчунин мутобиќи муќаррароти ќонунгузорї дар бораи буљети давлатї барои соли молиявии дахлдор зикршуда ва Низомномаи мазкур.

54. Номгўи хизматрасонињои пешнињодшаванда ва андозаи меъёрњои пардохтњои Маъмурияти МОИ барои хизматрасонї аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молияи давлатї дар асоси пешнињоди асосноки иќтисодии Маъмурияти МОИ муайян карда мешавад.

55. Иљорапулї ва мўњлати иљораи истифодаи ќитъањои замин, инчунин майдонњои анборњои пўшида, биноњои истењсолї ва маъмурї, ки Маъмурияти МОИ њуќуќи истифодаи онњоро дорад, дар асоси тартиби њисоби иљорапулї, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї вобаста ба намудњои фаъолияти субъектњои МОИ тасдиќ карда шудааст ва на камтар аз меъёрњои зерин аз љониби Маъмурияти МОИ муайян карда мешаванд:

- иљораи њармоњаи майдонњои анборњои пўшида барои фаъолияти тиљоратї, инчунин нигоњ доштан, бандубаст ва ба навъњо људокунии мањсулот маблаѓи 5 доллари ИМА-ро ташкил медињад. Ин маблаѓ барои њар як метри мураббаи майдони ба иљора додашаванда ба мўњлати то се моњ муайян гардидааст ва дар њолати зиёд шудани мўњлати нигоњдорї бештар аз се моњ маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад;

- иљораи солонаи майдони биноњои маъмурї 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ба мўњлати то як сол ташкил медињад ва дар њолати иљораи он ба мўњлати зиёда аз як сол маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад.

- иљораи солонаи майдонњои биноњо барои фаъолияти истењсолї 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад ва дар њолати иљораи он ба мўњлати зиёда аз як сол маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад.

- иљораи солонаи ќитъањои замин маблаѓи  1 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад.

Ҳадди нињоии пардохтњои муќарраршуда метавонанд бо ќарори маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дар асоси таклифњои аз љињати иќтисодї асосноки Маъмурияти МОИ таѓйир дода шавад.

Барои субъектњои МОИ, ки дар ќисми 17 Низомномаи мазкур ќайд гардидаанд, меъёри иљораи яксолаи китъаи замин дар давраи гузариш ба андозаи 25 фоиз муќаррар мегардад. Дар њолати аз љониби онњо ба субъектњои МОИ ба иљора додани ќитъаи замини вобасташуда, инчунин биною иншооти ба онњо тааллуќдошта меъёри иљораи замин ба андозаи 100 фоиз ё бо эквиваленти 1 доллари ИМА барои 1 метри мураббаъ дар як сол аз љониби Маъмурияти МОИ ситонида мешавад.

56. Харољот оид ба нигоњдорї, таъмири майдонњои замини истифодаи умум, роњњои дохилї, гузаргоњњо, майдонњои муойина, сабзгардонї ва ѓайрањо аз њисоби маблаѓњои Маъмурияти МОИ ва пардохтњои субъектњои МОИ аз рўи тарифњои муќаррарнамудаи Маъмурияти МОИ амалї мешаванд.

57. Дар МОИ «Суѓд» муомилот бо пули миллї ва асъори хориљї озод мебошад. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд тибќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бонкњо, ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї (муассисањои онњо) ва маблаѓгузории хурди дар МОИ «Суѓд» воќеъгардида ва берун аз он њисобњои бонкї дошта бошанд, хариду фурўши пули  миллї ва асъори хориљиро дар МОИ «Суѓд» озодона амалї намоянд ва амалиётњои интиќолиро анљом дињанд.

58. Субъектњои МОИ метавонанд аз њисоби фондњои асъории ташаккулёфтаи худї ба коргарони худ бо асъори хориљї музди мењнат дињанд, дар њудуди МОИ  «Суѓд» њисоббаробаркунињоро бо асъори хориљї дар байни худ амалї гардонанд.

59. Дар МОИ «Суѓд» бонкњо, ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї, ташкилотњои маблаѓгузории хурд ва суѓуртавї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешаванд.

9. Фаъолияти молиявию хољагидории субъектњои МОИ «Суѓд»

60. Субъектњои МОИ ўњдадоранд:

- тибќи тартиби муќараршуда бањисобгирии муњосибї ва њисоботро дар бораи фаъолияти молиявию хољагидорї амалї гардонанд ва ба Маъмурияти МОИ «Суѓд» тибќи тартиб ва номгўи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї маълумот пешнињод намоянд. Њисоботу эъломияњо оид ба пардохти андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда ба нозироти андози шањри Хуљанд пешнињод намоянд. 

- сари ваќт ва дар њаљми пурра пардохтњои њатмї, маблаѓњои андози иљтимої  ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунандаро таъмин намоянд;

- шахсони ваколатдори Маъмурияти МОИ- ро барои ташхиси чорањои зиддиэпидемиологї ва зиддисўхторї, њисоббаробаркунињо дар асоси шартномаи бо Маъмурияти МОИ басташуда роњ дињанд.

61. Субъектњои МОИ ўњдадоранд, ки ќарорњои Маъмурияти МОИ-ро, ки дар чорчўбаи ваколатњои худ ќабул кардааст, риоя намоянд. Дар њолати норозигї бо ќарорњои Маъмурияти МОИ субъектњои МОИ метавонанд ба суд мурољиат намоянд.

62. Барои субъектњои МОИ соли молиявї 1 январ оѓоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.

10. Низоми гумрукї дар МОИ «Суѓд»

63. МОИ «Суѓд» ќисми ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мебошад.

Сарњадњои њудуди МОИ «Суѓд» сарњадњои гумрукии Љумњурии Тољикистон ба њисоб мераванд.

Моли дар њудуди МОИ «Суѓд» љойгиршуда бо маќсади истифодаи бољњои гумрукї ва андоз, инчунин мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодї, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян шудаанд, њамчун моли берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон љойгиршуда ба њисоб меравад.

64. Дар њудуди МОИ «Суѓд» тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї молњои ватанї ва хориљї бе ситонидани бољи гумрукї ва андозњо, инчунин бе истифодабарии мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон љойгир карда мешаванд.

65. Барасмиятдарории гумрукї ва бањисобгирии молњо дар њудуди МОИ «Суѓд» тибќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми давлатии ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти тиљорати хориљї анљом дода мешаванд.

66. Анљоми амали низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї ва муайян намудани кишвари истењсолнамудаи мол тибќи муќаррароти ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон нисбати молњои аз њудуди МОИ «Суѓд» содиршаванда амалї гардонида мешавад.

       11. Низоми андозї дар МОИ «Суѓд»

67. Субъектњои МОИ дар давраи фаъолияташон дар МОИ «Суѓд» мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон аз андозњои муайян озод карда мешаванд.

68. Дар њудуди МОИ «Суѓд» фаъолияти соњибкории субъектњои МОИ, новобаста аз шакли моликияташон, аз пардохти њама гуна андозњо, ки бо Кодекси андози Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидааст, ба ѓайр аз андози иљтимої  ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда озод карда мешаванд.

Андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда аз тарафи  субъектњои МОИ мутобиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон мустаќилона њисоб ва пардохт карда мешаванд.

69. Андоз аз даромади шахсони воќеї барои мутахассисони хориљї- ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон тибќи тартиби муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон њисоб ва пардохт карда мешавад.

70. Субъектњои МОИ њамчун андозсупорандагон дар  маќомоти андози шањри Хуљанд ба ќайд гирифта мешаванд.

71. Назорат аз рўи пардохти пурра ва сариваќтии андози иљтимої ва андоз аз даромад аз тарафи шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда аз љониби маќомоти андози шањри Хуљанд амалї мешавад.

72. Даромади бадастомада ё музди мењнати сармоягузорони хориљї, ки бо асъори хориљї пардохт шудааст, метавонанд ба хориљи кишвар интиќол дода шаванд ва дар ин њол аз андоз озод мебошанд.

12. Муносибатњои мењнатї дар МОИ «Суѓд»

73. Муносибатњои мењнатї, аз љумла масъалањои кироя ва аз кор озод намудан, низоми мењнат ва истироњат, кафолатњои иљтимої ва љубронпулињои субъектњои МОИ бо ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон, инчунин ба воситаи шартномаи (созишномаи) дастаљамъї ва (ё) шартномањои инфиродии мењнатї (ќарордодњо) ба танзим дароварда мешаванд.

Шароит ва њаљми музди мењнат, инчунин дигар намудњои даромади кормандон, аз љумла бо асъори хориљї аз тарафи субъектњои МОИ мустаќилона муќаррар гардида, аз њисоби маблаѓњои худї пардохт мешавад.

Шартњои шартномањои мењнатии коллективї ва инфиродї њолати кормандони ин ташкилотњоро дар муќоиса бо шартњои пешбининамудаи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар бораи мењнат, инчунин эъломияњои Созмони байналмилалии мењнат наметавонанд бад созанд.

74. Мутобиќи ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон, аз љумла ќонунгузорї дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон:

 - ба Маъмурияти МОИ ваколати ба субъектњои МОИ додани рухсат (иљозатномаи корї) барои љалби ќувваи корї аз хориљи кишвар ба вазифањои идоракунї ва техникї иљозат дода мешавад ва дар њама њолат муќаррар карда шавад, ки теъдоди кормандон-шањрвандони хориљї набояд аз 20 фоизи теъдоди умумии кормандони субъектњои МОИ зиёд бошад;

- субъектњои МОИ барои љалби ќувваи корї аз хориљи кишвар ба Маъмурияти МОИ дархостро барои љалби мутахассиси хориљї бо замимаи маълумот оид ба ин мутахассис, шартномаи мењнатї миёни субъектњои МОИ ва мутахассиси мазкур ва дигар њуљљатњои лозима, ки аз љониби Маъмурияти МОИ муќаррар гардидааст, пешнињод менамояд;

- маъмурияти МОИ дархостро барои љалби мутахассиси хориљї дар мўњлати то 10 рўз баррасї  менамояд. Рухсати кор бо назардошти мўњлати эътибори шартномаи мењнатї аз 5 сол зиёд дода намешавад;

- субъектњои МОИ баъди гирифтани рухсати кор барои гирифтани раводид ва иљозатнома барои истиќомат ба шањрванди хориљї ба Маъмурияти МОИ дархост манзур менамоянд;

- раводид ва иљозатнома барои истиќомат ба шањрванди хориљї, ки ба кор љалб гаштааст, тавассути Маъмурияти МОИ аз љониби маќомоти дахлдори идораи давлатї дар асоси рухсати кор бо тартиби  соддашуда бо назардошти мўњлати рухсати кор дода мешавад;

- кормандони хориљии субъектњои МОИ, ки раводид ва рухсати кор гирифтаанд, дар шўъбаи раводид ва баќайдгирии маќомоти дахлдори давлатї ба ќайд гирифта мешаванд;

- пардохти хизматрасонї барои додани рухсати кор, раводид ва истиќомат барои мутахассисони хориљии субъектњои МОИ ва аъзои оилаи онњо аз рўи меъёрњои тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дар мувофиќа бо маќомоти давлатии ваколатдори дахлдор мутобиќи меъёрњои муќаррарнамудаи  ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

75. Субъектњои МОИ њар моњ музди мењнати њамаи кормандонро дар асоси шартномањои мењнатї пардохт мекунанд. Дар њолати бо айби корфармо бо таваќќуф пардохтани музди мењнати кормандон, Маъмурияти МОИ њуќуќ дорад дар доираи ваколатњои худ нисбати субъектњои МОИ тибќи Низомномаи мазкур ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки ба њифзи њуќуќи кормандон ва хизматчиён равона шудааст, чорањо андешад.

Кормандони субъектњои МОИ метавонанд мутобиќи шартномаи мењнатї музди мењнати худро бо асъори миллї ё хориљї гиранд, инчунин метавонанд њангоми анљом додани сафарњои хизматї маблаѓро бо асъори хориљї барои харољоти сафари хизматї гиранд.

Музди мењнатеро, ки  кормандони хориљї бо асъори миллї ё хориљї ба даст овардаанд, мумкин аст пас аз пардохти андозњо бе мамониат аз љониби онњо ба хориља бароварда шавад.

76. Субъектњои МОИ бояд:

- ќарордоди мењнатиро барои њар корманди МОИ «Суѓд» њангоми мурољиат барои дарёфти раводиди доимї пешнињод намоянд;

- гирифтани раводидро дар мўњлати 72 соат пас аз ташрифи хизматчї таъмин намоянд;

- њамаи кормандон ва хизматчиёнро бо либоси махсус ва бехатарии техникии корњоро таъмин намоянд;

- фавран ба Маъмурияти МОИ оид ба бедарак шудани њар як корманди худ хабар дињанд;

- кормандони худро бо љойи истиќомат таъмин намоянд;

- кормандони худро њатман суғуртаи иљтимої ва тиббї намоянд;

- барои зараре, ки ба саломатии кормандон ва хизматчиёни аз рўи шартнома коркунанда расонида шудааст, инчунин барои осеби мењнатие, ки бо гуноњи корхона дар њудуди он ба кормандон расонида шудааст, љавобгарии моддиро ба зимма гиранд.

77. Дар њудуди МОИ «Суѓд» корпартої манъ карда шудааст.

13. Тартиби дохилшавї ва хориљшавї аз МОИ «Суѓд»

78. Дар њудуди МОИ «Суѓд» низоми соддаи дохилшавї ва хориљшавии шањрвандони хориљии аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон муќарраргардида амал мекунад, ки инњоро дар бар мегирад:

- кам кардани 50 фоизи маблағи пардохтњои консулї;

- кам кардани мўњлати баррасии њуљљатњо барои додани раводидњои дохилшавї ва хориљшавї;

- додани раводидњои дохилшавї барои шањрвандони хориљї дар баробари ташрифи онњо ба Љумњурии Тољикистон, ки ба МОИ «Суѓд» равонаанд;

- дигар хизматрасонињои иттилоотию њуќуќї ва машваратї, ки аз љониби Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон барои МОИ «Суѓд» мувофиќ бо равандњои тағйирёбандаи рушди минтаќаи озоди иќтисодї пешбинї шудаанд.

79. Субъектњои МОИ дар њолати зарурї бањри гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Суѓд» ба Маъмурияти МОИ аз рўи тартиби муќарраршуда як моњ пеш аз ташрифи мазкур дархост пешнињод менамоянд.

Маъмурияти МОИ дархостро баррасї намуда, ба субъектњои МОИ дар бораи имконияти гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Суѓд» мушаххасан оид ба њар кадом номзад хабар медињад.

Рўйхати шахсони барои кор ба МОИ «Суѓд» ташрифоваранда аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ гардида, он барои баррасї ба идорањои консулии Вазорати корњои хориљї дар љойњои ташрифи кормандон дар њудуди Љумњурии Тољикистон ирсол мегардад.

Маъмурияти МОИ пешвозгирї ва њамроњии шахсони ташрифовардаро то њудуди МОИ «Суѓд» якљоя бо намояндаи субъекти МОИ ва аз њисоби ў ташкил мекунад.

Айнан њамин тартиб њангоми ба хориљ рафтани кормандон - шањрвандони хориљие, ки дар МОИ «Суѓд» кор мекунанд, анљом дода мешавад.

80. Маъмурияти МОИ барои гирифтани раводид љињати ташрифи шањрвандони хориљї, дароз кардан ва аз эътибор соќит донистани он мусоидат менамояд.

Маъмурияти МОИ њар моњ ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон дар бораи шањрвандони хориљии барои кор ба МОИ «Суѓд» ташрифоварда бо роњи пешнињоди рўйхати шахсони воќеии хориљии барои кор ба МОИ «Суѓд» ташрифоварда мувофиќи тартиби муќарраршуда иттилоъ медињад.

81. Дохилшавии шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд ба њудуди наздисарњадии Љумњурии Тољикистон бо маќсади сафарњои хизматї, корї, хусусї ва фаъолияти мењнатї бо иљозатномањои аз љониби Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон додашуда амалї мегардад. Тартиби дохилшавї ва истиќомати шањрвандони хориљї дар њудуди Љумњурии Тољикистон тавассути асосњои умумии ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї мегардад. Баќайдгирї, масоили баќайдгирии муваќќатї, дохилшавї ва истиќомати шањрвандони хориљї аз љониби маќомоти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Маъмурияти МОИ амалї мегардад.

14. Мўњлати амали МОИ «Суѓд»

82. Мўњлати амали МОИ «Суѓд» 25 сол мебошад.

Мўњлатњои давраи гузариш њангоми љорї кардани низоми МОИ «Суѓд» аз тарафи маъмурияти минтаќа на зиёдтар аз 7 сол аз рўзи ќабул кардани ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муайян мегардад.

Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи њуќуќї ва  ба таври воќеї аз худ намудани ќаламрави МОИ  «Суѓд» истифода мешавад.

Мўњлат ва шартњои давраи гузариш пеш аз ќатъи амали низоми МОИ «Суѓд» аз љониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад. Дар ин маврид шартњои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то ќатъи амали минтаќаи озоди иќтисодї фаро мерасанд.

Дар тамоми давраи амали низоми МОИ «Суѓд» дар њудуди минтаќа дар баробари забони давлатї забонњои муоширати байнидавлатї - русї ва англисї забонњои корї ба њисоб мераванд.

83. Барои дароз кардани мўњлати амали МОИ «Суѓд» аз љониби Маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї хулосањои иќтисодї оид ба дароз кардани мўњлати фаъолияти МОИ «Суѓд» пешнињод мегардад, ки инњоро дар бар мегирад:

- ояндабинї ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ «Суѓд»;

- бањои самаранокии фаъолияти МОИ «Суѓд».

15. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ

84. Дар њудуди МОИ «Суѓд» вазифаи идоракуниро Маъмурияти МОИ иљро менамояд, ки онро роњбар ба ўњда дорад.

Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ бо Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.

Маъмурияти МОИ маќоми идоракунандаи МОИ «Суѓд» буда, фаъолият ва рушди МОИ «Суѓд» ва њамоњангсозии фаъолияти субъектњои МОИ-ро дар доираи њуќуќу ваколатњои пешбинишуда  таъмин менамояд.

Маъмурияти МОИ шахси њуќуќї буда, дар шакли ташкилию њуќуќї њамчун муассисаи давлатии љумњуриявї таъсис дода мешавад. Маъмурияти МОИ дар тобеияти маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ќарор гирифта, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ мегардад, фаъолият менамояд.

Маъмурияти МОИ дорои мўњр бо акси Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ва номгузории «Минтаќаи озоди иќтисодии «Суѓд» ба забонњои давлатї ва англисї, суратњисобњо, рамзи хусусї, атрибутика ва дигар нишонањо мебошад.

85. Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар њамкорї бо маќомоти љумњуриявї ва мањаллии њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар асоси принсипњои њамкории зич бо маъмурияти дигар минтаќањои озоди иќтисодї дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо маќсади мувофиќ гардонидан ва бо назардошти манфиатњои дигар минтаќањои озоди иќтисодии љумњурї ба роњ мемонад, ба барќарорсозии стандартњои байналмилалии пешбурди соњибкорї ва одоби корї дар тамоми ќаламрави љумњурї мусоидат менамояд.

86. Харољот барои нигоњдории дастгоњи Маъмурияти МОИ аз њисоби буљети МОИ «Суѓд» тибќи сметаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва маќоми ваколатдори давлатии молиявї барои соли навбатии молиявї маблаѓгузорї карда мешаванд.

87. Њуќуќу ваколатњои Маъмурияти МОИ аз инњо иборатанд:

- тањия ва татбиќи стратегия ва барномаи рушди МОИ «Суѓд», аз љумла наќшаи генералии минтаќа;

- ќабули санадњо доир ба идоракунї ва њамоњангсозии фаъолият дар МОИ «Суѓд»;  

- тањияи буљети мустаќили минтаќа, тасдиќи он тибќи тартиби муќараргардида ва таъмини иљрои он;

- тањияи наќшаи љобаљокунии субъектњои МОИ дар сарњади њудудии МОИ «Суѓд» бо назардошти таклифњои онњо, аз љумла харољоти молиявии њар як субъекти МОИ барои пешнињоди минбаъдаи он ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунандаи минтаќањои озоди иќтисодї;

- тањияи сметаи харољот оид ба ободонии сарњади њудуди муайяншудаи МОИ «Суѓд»;

- мувофиќаи наќшаи љойгиршавии инфрасохторњои гумрукї бо маќоми ваколатдори давлатии гумрукї;

-  таъмини ягонагї ва фаъолияти пурсамари МОИ «Суѓд»;

- таъмини рушди МОИ «Суѓд» бо роњи љалби сармоягузорони ватанию хориљї, воситањои молиявии ташкилотњои ватанию хориљї дар шакли ќарзњои имтиёзнок, ќарз ва грантњо дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва маќоми ваколатдори давлатии молиявї;

- ташкили маъхази иттилоотию тањлилии фаъолият ва рушди иќтисодии МОИ «Суѓд»;

-   њимояи манфиатњои субъектњои  МОИ;

- фароњам овардани шароити мусоид барои љалб намудани сармоягузорињои ватанию хориљї ва дигар намуди захирањо;

- назорати риояи низоми њуќуќии МОИ «Суѓд», тањияи таѓйиру иловањо ба Низомномаи мазкур ва баррасии масъала тибќи тартиби муќараргардида;

- таъмини назорати давлатї ва назорати истифодаи оќилонаи захирањои табиї ва мењнатї дар њудуди МОИ «Суѓд» бо маќсади иљрои ќонунњо ва санадњои меъёрї оид ба масъалањои рушди МОИ «Суѓд»;

- пешнињоди замин барои иљора ба субъектњои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ «Суѓд»;

- ташкили маркази иттилоотї, бизнес-инкубаторњо, анборњо, биноњои маъмурї, иншооти истењсолї ва дигар сохторњои зарурї барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ «Суѓд»;

- њамоњангсозии корњои ташкилотњои илмї, лоињавї, саноатї, сохтмонї ва дигар муассисањои ватанї ва хориљие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ «Суѓд» љалб мешаванд;

- баррасии бизнес-наќшањо ва лоињањои сармоягузории довталабон;                     

- ба довталабон додани њуљљати тасдиќкунандаи љойгиршавї  ва нишонии њуќуќї дар МОИ «Суѓд»;

- танзими робитањои МОИ «Суѓд» бо бозори байналмилалї;

- ташкили омўзиш, бозомўзї ва такмили ихтисоси кадрњо барои МОИ «Суѓд», иштирок дар татбиќи сиёсати давлатї дар соњаи ташаккули кадрњо, шуѓл, сиёсати љавонон ва муњољират дар минтаќа;

- ташкили конфронсњо, машваратњо, семинарњо ва ѓайра;

- ба имзо расонидани шартномањо бо субъектњои МОИ;

- ташкил ва пешбурди дафтари баќайдгирии сертификатњо;

- додани сертификатњо ба субъектњои МОИ;

- такмили шаклњои идоракунии хољагии МОИ «Суѓд» ва амалигардонии идоракунии хољагї бо боназардошти самаранокии иќтисодии истифодаи масоњатњои заминњои давлатї ва моликияти хусусї дар њудуди МОИ «Суѓд»;

- таъмини азхудкунии маблаѓњо дар лоињањое, ки моњияти умумиминтаќавї доранд;

- хизматрасонї дар гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон амалї мегарданд;

- додани рухсатномањо барои даромадан ба њудуди МОИ «Суѓд»

- ташкил ва назорати фаъолияти воњидњои њарбикунонидашудаи њифзи иншооти МОИ «Суѓд». Сохтор ва шумораи воњидњои дар боло зикршуда аз љониби Маъмурияти МОИ дар мувофиќа бо вазоратњои дахлдори Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд;

- њар семоња ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї пешнињод намудани њисобот оиди фаъолияти МОИ «Суѓд»;

- амалигардонии дигар ваколатњое, ки бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидаанд.

88. Иљрои санадњои Маъмурияти МОИ, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, барои субъектњои МОИ њатмї мебошад.

89. Санљиши фаъолияти Маъмурияти МОИ аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї амалї мегардад.

90. Роњбари Маъмурияти МОИ ва муовинони вай аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Њаљми маоши вазифавии роњбарияти Маъмурияти МОИ аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

91. Ба вазифаи роњбари Маъмурияти МОИ шахсе таъин мегардад, ки маълумоти олии њуќуќї ё иќтисодї ва собиќаи кории на кам аз 5 соли фаъолият дар вазифаи роњбари ташкилот ё дар вазифањои хизмати давлатї дошта бошад.

92.  Роњбари Маъмурияти МОИ:

-  њуќуќ ва вазифањои Маъмурияти МОИ-ро таъмин менамояд;  

- МОИ «Суѓд»-ро дар њама ташкилотњои ватанї, хориљї, байналмилалї, корхонањо, бонкњо ва муассисањо намояндагї менамояд;

- барои иљрои уњдадорињо ва вазифањояш љавобгарии шахсї дорад;

- воњидњои кориро муќаррар менамояд, кормандони Маъмурияти МОИ-ро ба вазифа таъин ва озод менамояд.

93. Роњбари Маъмурияти МОИ дар баробари дигар вазифањо инчунин  њамоњангсозии фаъолияти мувофиќашудаи Маъмурияти МОИ- ро бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ташаккул ва рушди МОИ «Суѓд» амалї менамояд.

16. Тартиби барњам додани МОИ «Суѓд»

94. МОИ «Суѓд» дар њолатњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон барњам дода мешавад.

95. Субъектњои МОИ «Суѓд» дар њолати барњамдињии минтаќаи озоди иќтисодї аз њуќуќњо ва ўњдадорињои худ, ки дар ќонунгузорї оид ба минтаќањои озоди иќтисодї пешбинї гардидаанд, мањрум мешаванд.

Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љињати фаъолият ё барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо метавонанд дар њудуди собиќ минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият кунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода шаванд.

Маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињодро оид ба барњам додани МОИ «Суѓд» ирсол менамояд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон барои анљом додани тањлили пурраи иќтисодиии мувофиќи маќсад будани барњамдињии МОИ «Суѓд» комиссия таъсис медињад.

Дар асоси тањлили пурраи анљомдодашуда ва бо назардошти таклифи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї комиссия ба баррасии Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба барњам додани МОИ «Суѓд» ва мўњлатњои барњам додани МОИ «Суѓд» пешнињод ирсол менамояд.

17. Нишонии Маъмурияти МОИ «Суѓд»

96. Маъмурияти МОИ «Суѓд» дар суроѓаи зайл љойгир аст:

Љумњурии Тољикистон, вилояти Суѓд, шањри Хуљанд, Минтаќаи саноатии љанубу ѓарбї.