Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»

НИЗОМНОМАИ

МИНТАЌАИ ОЗОДИ ИЌТИСОДИИ «ИШКОШИМ»

1. Муќаррароти умумї

1. Низомномаи мазкур мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ва Низомнома дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 5 декабри соли 2005 тањти №191 тасдиќ шудааст, тањия гардида, асосњои ташкилї, њуќуќию иќтисодии фаъолияти минтаќаи озоди иќтисодии шакли истењсолию тиљоратии Минтаќаи озоди иќтисодии «Ишкошим» (минбаъд - МОИ «Ишкошим»)- ро муайян менамояд.

2. Маќсади асосии таъсиси МОИ «Ишкошим»:

- њавасмандгардонии рушди иќтидори иќтисодии Љумњурии Тољикистон, аз љумла бо роњи љалби сармоягузории ватанию хориљї, љорї намудани усулњои муосири идоракунї ва менељмент;

- таъмини иштироки самараноки иќтисодиёти минтаќа ва кишвар дар таќсимоти байналмилалии мењнат, тараќќї додани њамкорињои тиљоратию иќтисодї бо кишварњои хориљї, афзун намудани иќтидори содиротии љумњурї;

- таъмини рушди устувори иљтимоию иќтисодии минтаќа;

- ташкил намудани инфрасохтори муосири муњандисию наќлиётї, телекоммуникатсионї, истењсолї ва иљтимої;

- таъмин намудани ањолии минтаќа ва љумњурї бо кор, ташкили љойњои иловагии корї, баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї ва њалли дигар масъалањои иљтимоию иќтисодии минтаќа.

3. Вазифањои асосии МОИ «Ишкошим»:

-рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар асоси њамгироии сармоягузорињои хориљї бо воситањои пулию моддии корхонаю ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;

-љалби сармоягузорињои хориљї ва дохилї, техника ва технологияњои  муосир, љорї намудани таљрибаи хориљии идоракунї ва усулњои нави хољагидорї;

- љорї намудани навоварињо ва ихтирооти илмию техникии ватанї ва хориљї дар истењсолот бо истифодаи минбаъдаи онњо дар минтаќањои дигари кишвар;

- ташкили шабакаи истењсолоти аз љињати экологї тоза, кам кардани харољоти истењсолот, истифодаи пурраи захирањои озоди мењнатї, табиї ва дигар захирањои мањаллї, барои истењсоли молу мањсулоти раќобатнок  љињати содирот ва таъмини бозори дохилї;

- бунёд ва ободонии њудуди МОИ «Ишкошим», њифз ва њимояи муњити зист;

- дар њудуди МОИ «Ишкошим» ташкил намудани инфрасохтори истењсолї дар сатњи меъёрњои байналмилалї (алоќа, наќлиёт, коммуникатсия ва ѓайрањо);

- ташаккул додани буљети мустаќили  МОИ «Ишкошим».

2. Маќоми МОИ «Ишкошим»

4. Маќоми МОИ «Ишкошим» бо сарњадоти он, заминаи ќонунгузорї ва низомњои махсуси њуќуќї, инчунин буљети минтаќа ва маќомоти идоракунии худї муайян мегардад.

5. МОИ «Ишкошим» дар њудуди  ноњияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшони  Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 25 сол дар масоњати умумии200 гектарќитъаи замин, ки  аз њудудњои алоњида (мањдуд) иборат аст,  таъсис дода мешавад.

6. Дар њудуди МОИ «Ишкошим» ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.

Муносибатњое, ки бевосита бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи минтаќањои озоди иќтисодї ба танзим дароварда нашудаанд, тибќи меъёрњои ќонунгузорие, ки ба моњияти онњо зид нестанд ва муносибатњои монандро танзим менамоянд, амалї мегарданд.

  7. Ба шахсони њуќуќї, намояндагињо, филиалњои шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон), ки фаъолияти худро дар њудуди МОИ «Ишкошим» амалї менамоянд (минбаъд - субъектњои МОИ) низоми махсуси њуќуќии истифодаи замин, низомњои махсуси гумрукї, андозї ва дигар низомњои мўќаррарнамудаи Низомномаи мазкур ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медароранд, амал мекунад.

8. Дахолати маќомоти њокимияти давлатї ба фаъолияти молиявию хољагидории МОИ «Ишкошим», ба ѓайр аз њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, манъ аст.

9. МОИ «Ишкошим» дорои буљети мустаќил буда, аз њисоби даромадњо ва пардохтњое, ки Низомномаи мазкур муайян намудааст, инчунин аз њисоби дигар манбањои маблаѓгузорие, ки ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.

10. Маќоми идоракунї дар њудуди МОИ «Ишкошим» Маъмурияти МОИ «Ишкошим» мебошад (минбаъд - Маъмурияти МОИ).                Маъмурияти МОИ њамчун муассисаи давлатии сатњи љумњуриявї таъсис ёфта, дар асоси Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ мегардад, фаъолияти худро анљом медињад.

 11. Дар МОИ «Ишкошим» чунин амалњо манъ аст:

- иљрои корњои истифодаи захирањои зеризаминї (ба ѓайр аз истихрољи обњои зеризаминї барои таъмини фаъолияти МОИ бо об);

- истењсоли молњои зераксизї, ба истиснои истењсоли наќлиёти автомобилї ва дигар воситањои наќлиётии муњарриќдор, ки барои боркашонию мусофиркашонї пешбинї шудаанд;

-  истењсоли ќоѓазњои ќиматбањо, пул ва тангањо, маркањои почта;

- истењсол, коркард ва фурўши воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо;

- пахши барномањои радио ва телевизионї, ба истиснои хизматрасонии техникии радио ва телевизион;

- истењсол, коркард, нигоњдорї, безараргардонї ва фурўши маводњои хатарнок ва радиоактивї;

- истењсоли мањсулоти аввалияи металлургияи ранга ва сиёњ;

- табобати  касалињои  руњї дар шакли  агрессивї ва беморињои  сирояткунанда;

- табобати њайвонњое, ки касалињои хавфнок доранд;

- фаъолияте, ки ба масъалањои муњољирати мењнатии хориљї алоќамандї дорад;

- бунёди истењсолоти аз љињати экологї хатарнок, ки ба муњити зист зараровар мебошад;

- фурўши маводи сўзишворию равѓанњои молиданї дар њудуди МОИ ба шахсони воќеї ва њуќуќї, ки ба субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї мансуб нестанд;

- фурўши чаканаи молу ашё, ба истиснои фурўши чаканаи мањсулоти ниёзи мардум барои истеъмоли дохилї бо тарзи ташкили фаъолияти субъектњои МОИ оид ба савдо ва хўроки умумї дар љойњои аз љониби Маъмурияти МОИ муайянкардашуда;

- фаъолияти хољагидорию тиљоратї, ки бо таъмини амният ва дифои давлат, инчунин бо истењсол, коркард, нигоњдорї ва фурўши яроќ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда, воситањои нашъадор, моддањои психотропї алоќамандї дорад;

- воридоти воситањои нашъадор, моддањои психотропї, яроќ, лавозимоти љангї, дигар молњое, ки фурўш ва интиќоли онњо дар Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудаанд;

- ташкил намудани ќимор ва лотереяњо, ќиморхонањо (казиноњо), видеосалонњо, бозињои  автоматикї ва њоказо.

12. Рељаи кории МОИ «Ишкошим» аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИмуќаррар карда мешавад. Рељаи кории субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ муќаррар карда мешавад.

13. Аз њудуди МОИ «Ишкошим» содироти молњо ба кишварњои дигар њавасманд карда мешавад.

Нисбати истифодаи њатмии ашёи хом ва маводњои мањаллї бар ивази ашёи хом ва маводњои воридотї талабот муќаррар карда намешавад.

3. Намудњои фаъолияти афзалиятнок

дар МОИ «Ишкошим»

14. Намудњои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Ишкошим»:

- коркарди саноатии мањсулоти кишоварзї;

- истењсоли мањсулоти пашмї, коркарди пўсти чорвои майда ва калон бо истењсоли мањсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;

- истењсоли рангњои гуногуни сунъї ва синтетикї;

-  истењсоли крахмал;

- мошинсозї  (васлкунї ва истењсоли автомобилњо, тракторњо ва  техникаи гуногунтамѓа барои соњаи кишоварзї ва дигар соњањо, ќисмњои эњтиётї барои онњо, таљњизот ва техникаю технологияи соњаи коркард, хизматрасонї ва ниёзи мардум, насосњои обкаш ва дигарњо);

- истењсоли лўлањои ѓайриметаллї барои соњањои гуногун;

- истењсоли мањсулоти электротехникї, радиоэлектронї ва техникаи соњаи маишї;

- истењсоли нурињои минералї ва биоиловагињо барои соњаи кишоварзї;

-  коркарди сангњои кўњї, истењсоли масолењи сохтмонї ва ороишї;

- истењсоли масолењи сохтмони замонавї (шиша, дару тиреза, хиштњо ва панелњои гарминигоњдорандаи стандарти байналмилалї, мањсулоти ороишии пластикї (ба истиснои хишти сохтмонї);

-  истењсоли мањсулоти гаљї;   

-  истењсоли симњои электрикии гуногунтамѓа;

- истењсоли мањсулот аз коркарди партовњои маишї (бе технологияи коркарди аввалия);

-  истењсоли мањсулоти атторї;

-  истењсоли мањсулоти фарматсевтї ва доруворї;

-  истењсоли таљњизоту лавозимот барои соњаи тандурустї;

-  истењсоли таљњизот ва лавозимоти рўшанидињанда;

- фаъолияти нархгузорї, ќарздињї, суѓуртакунї, консалтингї, аудиторї, лизингї ва сертификатсиякунонї;

-  фаъолият дар самти технологияи иттилоотї;

- фаъолият дар самти тадќиќоти илмию техникї, фаъолияти инноватсионї, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарњо.

4. Субъектњои МОИ «Ишкошим»

15. Ба сифати субъектњои МОИ «Ишкошим» соњибкорони инфиродї ва ташкилотњо, новобаста аз шакли ташкилию њуќуќиашон, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онњо эътироф карда мешаванд, ки:

- тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ќайди давлатї гузаштаанд;

- шартномаи фаъолиятро дар њудуди МОИ «Ишкошим» бо Маъмурияти МОИ ба имзо расонидаанд; 

- сертификати субъектњои МОИ «Ишкошим»- ро тибќи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинї шудааст, соњиб гардидаанд.

16. Субъектњои МОИ фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медароранд, ба роњ мемонанд.

17. Шахсони њуќуќї, намояндагињо, филиалњои шахсони њуќуќї, шахсони воќеї ва соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон), ки  дар њудуди МОИ «Ишкошим» то таъсисёбии он фаъолият доштанд, дар мўњлати 1 сол аз рўзи ба фаъолият шурўъ намудани Маъмурияти МОИ вазъи ташкилию њуќуќии худро бо муќаррароти Низомномаи мазкур мувофиќ менамоянд.  

Дар њолати аз тарафи онњо иљро накардани талаботи Низомномаи мазкур Маъмурияти МОИ оид ба баргардонидани ќитъаи замин барои эњтиёљоти давлатї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи замин љињати ќабули ќарори дахлдор ба маќоми ваколатдори давлатии замин мурољиат мекунад.

18. Баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ё намояндагии шахси њуќуќї, резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд - довталаб), ки хоњиши гирифтани статуси субъектњои МОИ «Ишкошим»- ро доранд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур сурат мегирад.

19. Маъмурияти МОИ барои баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ва намояндагии шахсони њуќуќї -резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон њамчун субъектњои МОИ ба довталаб њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Ишкошим»-ро медињад.

20. Барои гирифтани њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Ишкошим» довталаб ба Маъмурияти МОИ бо ариза ва замима намудани иттилоот дар бораи довталаб, бизнес-наќша(њо) ва (ё) лоиња(њо)и сармоягузорї мурољиат менамояд. 

21. Бизнес-наќша (њо) ва лоиња (њо) и сармоягузорї бояд ба чунин талабот мутобиќат намоянд:

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти истењсолї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти  500 њазор доллари ИМА;

- ворид намудани на кам аз 90 фоизи таљњизоти технологї – истењсолї;

- мўњлати ќаблан истифодашудаи таљњизоти технологї – истењсолии воридшаванда на бояд аз 3  сол  зиёд бошад;

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти содиротию воридотї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти 50 њазор доллари ИМА;

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти хизматрасонї – на камтар аз эквиваленти  10 њазор доллари ИМА;

- оѓоз намудани истењсоли мањсулот на дертар аз 3  сол аз рўзи баќайдгирии давлатї њамчун субъекти МОИ.

Њуљљатњое, ки ба талаботи банди мазкур љавобгўй намебошанд, барои баррасї ќабул карда намешаванд.

22. Маъмурияти МОИ дар мўњлати се рўзи корї аз рузи гирифтани ариза, довталабро бо ќарори ќабулшуда огоњ мекунад.

23. Довталабон барои дурустии маълумоти пешнињодшуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масъул мебошанд.

24. Шакл ва тартиби омода намудани ариза, маълумоти иттилоотї, бизнес-наќша ва (ё) лоињаи сармоягузории довталаб аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.

25. Довталаб барои гирифтани сертификати субъектњои МОИ (минбаъд - сертификат) бо Маъмурияти МОИ шартномаи фаъолиятро (минбаъд - шартнома) ба имзо мерасонад.

Дар шартнома талабот оид ба фаъолият дар њудуди МОИ «Ишкошим», тартиби истифодаи имтиёзњо ва низомњои махсус, ќитъаи замин, бино, иншооти истењсолию маъмурии ба иљора додашаванда, коммуникатсияњо, муносибатњои молиявию хољагидорї ва дигар талаботи дар Низомномаи мазкур пешбинишуда дарљ мегардад.  

26. Барои ба имзо расонидани шартнома довталаб ба Маъмурияти МОИ бояд чунин њуљљатњоро пешнињод намояд:

-  ариза;

- њуљљатњои тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатї дар њудуди МОИ «Ишкошим»;

- намунањои имзоњои шахсони ваколатдори довталаб.

27. Маъмурият дар мўњлати 3 рўзи корї њуљљатњои пешнињоднамудаи довталабро баррасї намуда, лоињаи шартномаро бо довталаб омода ва ба имзо мерасонад.

28. Баъди ба имзо расидани шартнома ба довталаб сертификат дода мешавад.  

29. Сертификат њуљљати баќайдгирии довталаб ба сифати субъекти МОИ ба њисоб рафта, барои дар њудуди МОИ «Ишкошим» пешбурди фаъолият, истифодаи имтиёзњову низомњои махсуси пешбининамудаи Низомномаи мазкур иљозат медињад.

30. Шакл ва мазмуни шартнома ва сертификат аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.

31. Арзиши сертификат 5 њазор доллари ИМА-ро ташкил медињад.

 32. Маъмурияти МОИ дафтари баќайдгирии сертификатро бо шакли аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муќарраргардида пеш мебарад.

Дар дафтари ќайд, маълумоти асосї дар бораи субъектњои МОИ дарљ гардида, ба сертификат раќами баќайдгирї дода мешавад.

33. Дар њолати таѓйир ёфтани намуди фаъолият ё шакли ташкилию њуќуќии субъекти МОИ таѓйироти зарурї ба дафтари ќайд ворид карда мешавад.

34. Таѓйир додани намуди фаъолият ё шакли ташкилию њуќуќї мувофиќи аризаи субъекти МОИ дар асоси  ќарори Маъмурияти МОИ анљом дода мешавад. Дар ин њолат ба субъекти МОИ сертификати нав дода мешавад ва сертификати кўњна бекор карда мешавад.

35. Боздошти муваќќатї ва азнавбарќароркунии  фаъолияти субъекти МОИ, инчунин беэътибор донистани сертификати субъекти МОИ бо асосњои зерин амалї карда мешаванд:

1) боздошти муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мўњлати то 3 моњ њангоми ба амал омадани њолатњои дар поён овардашуда амалї мегардад:

- дар њолатњои иљро нагардидани шартњои шартнома бо Маъмурияти МОИ аз љониби субъектњои МОИ «Ишкошим»;

- њангоми аз љониби субъектњои МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он расонидани зарар ба объектњои хизматрасонї ва таљњизоти МОИ «Ишкошим» ва идомаи ин амалњо новобаста аз огоњ кардан аз тарафи Маъмурияти МОИ ва (ё) напардохтани зарари расонидашуда;

- њангоми аз љониби субъектњои МОИ риоя нагардидани талаботи Низомномаи мазкур ё роњ додан ба вайронкунињои тартибе, ки дар МОИ «Ишкошим» муќаррар гардидааст;

2) азнавбарќароркунии фаъолияти субъектњои МОИ бо иљозати Маъмурияти МОИ дар њолати иљрои шартњо ё аз байн бурдани сабабњои боздоштани фаъолияти субъектњои МОИ амалї карда мешавад;

3) бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат аз тарафи маъмурияти МОИ баъди гузаронидани тафтиши далелу маълумотњо дар њолатњои зерин амалї мегардад:

- муайян шудани њолатњои дар давоми мўњлати дар шартњои шартнома нишондодашуда аз байн набурдани сабабњое, ки ба ќатъи муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ асос гардида буданд;

- муайян шудани њолатњои аз тарафи субъектњои МОИ  риоя нагардидани талаботњои низомномаи мазкур ва санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон;

36. Дар њолати бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат Маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии баќайдгирии давлатї барои беэътибор донистани ќайди давлатии субъектњои МОИ бо нишонии њуќуќии МОИ «Ишкошим» мурољиат менамояд.

5. Танзими рељаи иљозати даромад

ба њудуди МОИ «Ишкошим»

37. Барои ба њудуди МОИ «Ишкошим» даромадан ба намояндагон, хизматчиён, коргарони маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ва дигар шахсон навъњои зерини рухсатномањо пешбинї мегардад:

- рухсатномањои доимї;

- рухсатномањои муваќќатї;

- кортњои хизматї.

Шакл ва тартиби омода намудани рухсатномањо аз љониби Маъмурияти МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.

38. Рухсатномањои доимї, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ба намояндагон, хизматчиён ва коргарони субъектњои МОИ дода мешаванд, бояд дорои маълумоти зерин бошанд:

- ном ва мўњри махсуси Маъмурияти МОИ;

- санаи дода шудан;

- сурати дорандаи рухсатнома;

- насаб, ном ва номи падари дорандаи рухсатнома;

- љойи кор;

- шартњои рухсат.

39. Рухсатномањои муваќќатї аз тарафи Маъмурияти МОИ дар даромадгоњи МОИ «Ишкошим» ба шахсоне дода мешаванд, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ба њудуди МОИ «Ишкошим» даъват шудаанд.

Барои гирифтани рухсатномаи муваќќатї субъектњои МОИ ба таври расмї ба Маъмурияти МОИ на дертар аз як рўзи ташрифи шахсони таклифшуда мурољиат менамоянд.

Ранги рухсатномаи муваќќатї аз дигар рухсатномањо фарќ намуда, он ба хадамоти дахлдори МОИ «Ишкошим» њангоми баромадан аз минтаќа баргардонида мешавад.

Рухсатномањои муваќќатї њангоми пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи шахсият эътибор доранд.

40. Кортњои хизматї аз тарафи Маъмурияти МОИ ба хизматчиёни Маъмурияти МОИ, инчунин ба шахсоне, ки аз љониби Маъмурияти МОИ киро шудаанд, дода мешаванд ва онњо дорои маълумоти якхела бо рухсатномањои доимї мебошанд.

41. Њамчунин бо чунин тартиб рухсатномањо барои даромадани автомобилњо, техникањои гуногун ва ронандагони онњо дода мешаванд.

42.Рухсатномањо пулакї буда, дар асоси нархномаи муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дода мешаванд.

43. Субъектњои МОИ  бояд дар бораи аз кор рафтани кормандон худи њамон рўз Маъмурияти МОИ-ро огоњ намоянд. Дар ин њолат рухсатномаи доимии корманд ба Маъмурияти МОИ њатман баргардонида мешавад.

6. Њуќуќи субъектњои МОИ «Ишкошим»

44. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд:

- бо иштироки сармоягузорони ватанию хориљї ташкилотњои муштарак таъсис дињанд;

- дар асоси шартномањо фаъолияти хољагидориро амалї намоянд, озодона шарикону мазмуни шартномаро интихоб намоянд, ўњдадорињо, инчунин њама гуна шартњои дигари муносибатњои байнињамдигарии хољагидориро муайян намоянд;

 - мустаќилона фаъолияти иќтисодии хориљиро пеш баранд, амалиёти мубодилаи молњо (бартер) ва миёнаравї, инчунин азнавсармоягузорињоро дар њудуди минтаќаи озоди иќтисодї  анљом дињанд, ба шарте ки хусусияти ин амалиётњо хилофи ќонунгузорї ва амнияти иќтисодии Љумњурии Тољикистон набошанд;

- аз бонкњо, ширкатњо ва ташкилотњои хориљї бе мањдудият ќарз гиранд, барои бастани њамагуна шартномањои суѓуртавї ширкатњои суѓуртавии хориљиро љалб намоянд;

- дар минтаќаи озоди иќтисодї њамагуна сармоягузорињои бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манънашударо татбиќ намоянд;

- истифодаи ќитъаи заминро дар асоси шартнома дар бораи иљораи мўњлатнок, иљораи такрории молу мулк, њуќуќњои молумулкї ва њуќуќи гузашти истифодабариро ба ворисони њуќуќї аз рўи мувофиќаи дуљонибаи тарафњо, ки шартномаи иљораро имзо кардаанд, инчунин дигар њуќуќњои молумулкї ва ѓайримолумулкиро амалї намоянд;

- шањрвандони хориљї ва шањрвандони Љумњурии Тољикистонро дар асоси шартнома ба кор ќабул намоянд;

- барномањои истењсолиро мустаќилона тањия менамоянд;

- њаргуна фаъолияти дигареро, ки бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ нагардидааст, анљом дињанд.

45. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд, ки ба фаъолияти соњибкорї берун аз њудуди МОИ «Ишкошим» дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон машѓул шаванд.

7. Кафолати њуќуќ ва њифзи манфиатњои

субъектњои МОИ

          46. Давлат риояи њуќуќњо ва манфиатњои ќонунии субъектњои МОИ-ро, ки дар њудуди МОИ «Ишкошим» фаъолият доранд, кафолат медињад.

47. Дар МОИ «Ишкошим» мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрию њуќуќии байналмилалї кафолат дода мешавад:

- њимояи њуќуќии сармоягузорињо;

- њимояи њуќуќњои муаллифии  субъктњои МОИ;

- низоми баробари њуќуќии сармоягузорињои хориљию дохилї;

-роњ надодан ба њељгуна табъизи ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї.

48. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї, ки ба соњаи хољагидорї ва ё дигар фаъолияти МОИ «Ишкошим» маблаѓгузорї ва ё сањмгузории моддї кардаанд, њуќуќ доранд аз натиљањои сармоягузорињои худ, аз љумла азнавсармоягузорї ва муомилоти тиљоратї дар њудуди Љумњурии Тољикистон истифода баранд. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї метавонанд фоида ё ќисми онро дар намуди мањсулот бароранд.

49. Ба субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљие, ки дар МОИ фаъолият мекунанд, пас аз пардохти маблаѓњои њатмї интиќоли маблаѓњо бо асъори хориљї, ки чун фоида ба даст омадаст, инчунин аз фурўши тамоми њиссаи онњо дар сармояи оинномавии ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї бинобар хориљ шудан ё барњам хўрдани ташкилот ба даст омадааст, кафолат дода мешавад. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї барои интиќоли маблаѓ, барои гарав, содирот ва ќатъи сармоягузорї ба МОИ, њуќуќ доранд.

50. Бањсњои хољагидорї, аз љумла бањсњо байни иштирокчиёни ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї, ки дар МОИ «Ишкошим» ба вуљуд меоянд, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода мешавад.

8. Механизми молиявию асъорї

51. Фаъолияти МОИ «Ишкошим»  дар асоси худмаблаѓгузорї амалї мегардад. Бо маќсади таъмини фаъолияти МОИ «Ишкошим» буљети мустаќили МОИ «Ишкошим» ташкил карда мешавад.

52. Буљети мустаќили МОИ «Ишкошим» шакли бавуљудоии даромад ва харољоти воситањои пулии МОИ «Ишкошим» буда, барои амалї намудани маќсад ва вазифањои МОИ «Ишкошим» истифода мегардад.

Лоињаи буљети мустаќили МОИ «Ишкошим» аз љониби Маъмурияти МОИ тањия гардида, барои дохил намудан ба буљети њарсолаи давлатї бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва маќоми ваколатдори давлатии молиявї дар марњилаи тањияи лоињаи буљети давлатї тибќи тартиби муќаррарнамудаи  маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи  молияи давлатї пешнињод мешавад.

53. Сарчашмањои ташаккулёбии буљети мустаќили МОИ «Ишкошим»:

- даромадњо аз иљораи замин, бино, иншоот ва таљњизоти дар ихтиёри Маъмурияти МОИ ќарордошта;

- арзиши сертификат;

- пардохтњо барои даромадан ба њудуди МОИ «Ишкошим» барои автомобилњо ва техникаи гуногун (ба ѓайр аз автомобилњо ва техникањои Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ);

- пардохтњо барои рухсатномањо барои даромадан ба МОИ «Ишкошим» (ба истиснои њайати кормандони Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ);

- даромадњо аз хизматрасонињои гуногун, аз љумла барои субъектњои МОИ;

- дигар пардохтњо ва маблаѓгузорї  тибќи муќаррароти ќонунгузорї дар бораи молия, буљети давлатї ва Низомномаи мазкур.

54. Номгўи хизматрасонињои пешнињодшаванда ва андозаи меъёрњои пардохтњои Маъмурияти МОИ барои хизматрасонї аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИдар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молияи давлатї дар асоси пешнињоди асосноки иќтисодии Маъмурияти МОИ муайян карда мешавад.

55. Иљорапулї ва мўњлати иљораи истифодаи ќитъањои замин, инчунин майдонњои анборњои пўшида, биноњои истењсолї ва маъмурї, ки Маъмурияти МОИ њуќуќи истифодаи онњоро дорад, дар асоси тартиби њисоби иљорапулї, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИвобаста ба намудњои фаъолияти субъектњои МОИ тасдиќ карда шудааст ва на камтар аз меъёрњои зерин аз љониби Маъмурияти МОИ муайян карда мешаванд:

- иљораи њармоњаи майдонњои анборњои пўшида барои фаъолияти тиљоратї, инчунин нигоњ доштан, бандубаст ва ба навъњо људокунии мањсулот маблаѓи 5 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад ва дар њолати зиёд шудани мўњлати нигоњдорї бештар аз се моњ маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад;

 - иљораи солонаи майдони биноњои маъмурї 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад ва дар њолати иљораи он ба мўњлати зиёда аз як сол маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад.

- иљораи солонаи майдонњои биноњо барои фаъолияти истењсолї 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад ва дар њолати иљораи он ба мўњлати зиёда аз як сол маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад;

- иљораи солонаи ќитъањои замин маблаѓи 1 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад.

њадди нињоии пардохтњои муќарраршуда метавонанд бо ќарори маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар асоси таклифњои аз љињати иќтисодї асосноки Маъмурияти МОИ таѓйир дода шавад.

Барои субъектњои МОИ, ки дар ќисми 17 Низомномаи мазкур ќайд гардидаанд, меъёри иљораи яксолаи китъаи замин дар давраи гузариш ба андозаи 25 фоиз муќаррар мегардад. Дар њолати аз љониби онњо ба субъектњои МОИ ба иљора додани ќитъаи замини вобасташуда, инчунин биною иншооти ба онњо тааллуќдошта меъёри иљораи замин ба андозаи 100 фоиз ё бо эквиваленти 1 доллари ИМА барои 1 метри мураббаъ дар як сол аз љониби Маъмурияти МОИ ситонида мешавад.

56. Харољот оид ба нигоњдорї, таъмири майдонњои замини истифодаи умум, роњњои дохилї, гузаргоњњо, майдонњои муойина, сабзгардонї ва ѓайрањо аз њисоби маблаѓњои Маъмурияти МОИ ва пардохтњои субъектњои МОИ аз рўи тарифњои муќаррарнамудаи Маъмурияти МОИ амалї мешаванд.

57. Дар МОИ «Ишкошим» муомилот бо пули миллї ва асъори хориљї озод мебошад. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд тибќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бонкњо, ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї (муассисањои онњо) ва маблаѓгузории хурди дар МОИ «Ишкошим» воќеъгардида ва берун аз он њисобњои бонкї дошта бошанд, хариду фурўши пули  миллї ва асъори хориљиро дар МОИ «Ишкошим» озодона амалї намоянд ва амалиётњои интиќолиро анљом дињанд.

58. Субъектњои МОИ метавонанд аз њисоби фондњои асъории ташаккулёфтаи худї ба коргарони худ бо асъори хориљї музди мењнат дињанд, дар њудуди МОИ  «Ишкошим» њисоббаробаркунињоро бо асъори хориљї дар байни худ амалї гардонанд.

59. Дар МОИ «Ишкошим» бонкњо, ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї, ташкилотњои маблаѓгузории хурд ва суѓуртавї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешаванд.

9. Фаъолияти молиявию хољагидории

субъектњои МОИ «Ишкошим»

60. Субъектњои МОИ ўњдадоранд:

- тибќи тартиби муќараршуда бањисобгирии муњосибї ва њисоботро дар бораи фаъолияти молиявию хољагидорї амалї гардонанд ва ба Маъмурияти МОИ «Ишкошим» тибќи тартиб ва номгўи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ маълумот пешнињод намоянд. Њисоботу эъломияњо оид ба пардохти андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда ба маќомоти андози ноњияи Ишкошим  пешнињод намоянд. 

- сари ваќт ва дар њаљми пурра пардохтњои њатмї, маблаѓњои андози иљтимої  ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунандаро таъмин намоянд;

- шахсони ваколатдори Маъмурияти МОИ- ро барои ташхиси чорањои зиддиэпидемиологї ва зиддисўхторї, њисоббаробаркунињо дар асоси шартномаи бо Маъмурияти МОИ басташуда роњ дињанд.

61. Субъектњои МОИ ўњдадоранд ќарорњои Маъмурияти МОИ-ро, ки дар чорчўбаи ваколатњои худ ќабул кардааст, риоя намоянд. Дар њолати бо ќарорњои Маъмурияти МОИ розї набудан субъектњои МОИ метавонанд ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ ё суд мурољиат намоянд.

62. Барои субъектњои МОИ соли молиявї 1 январ оѓоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.

10. Низоми гумрукї дар МОИ «Ишкошим»

63. МОИ «Ишкошим» ќисми ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мебошад.

Сарњадњои њудуди МОИ «Ишкошим» сарњадњои гумрукии Љумњурии Тољикистон ба њисоб мераванд.

 

Моли дар њудуди МОИ «Ишкошим» љойгиршуда бо маќсади истифодаи бољњои гумрукї ва андоз, инчунин мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодї, ки тибќи санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян шудаанд, њамчун моли берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон љойгиршуда ба њисоб меравад.

64. Дар њудуди МОИ «Ишкошим» тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї молњои ватанї ва хориљї бе ситонидани бољи гумрукї ва андозњо, инчунин бе истифодабарии мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон љойгир карда мешаванд.

65. Барасмиятдарории гумрукї ва бањисобгирии молњо дар њудуди МОИ «Ишкошим» тибќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми давлатии ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти тиљорати хориљї анљом дода мешаванд.

66. Анљоми амали низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї ва муайян намудани кишвари истењсолкунандаи мол тибќи муќаррароти ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон нисбати молњои аз њудуди МОИ «Ишкошим» содиршаванда амалї гардонида мешавад.  

11. Низоми андозї дар МОИ «Ишкошим»

67. Субъектњои МОИ дар давраи фаъолияташон дар МОИ «Ишкошим» мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон аз андозњои муайян озод карда мешаванд.

68. Дар њудуди МОИ «Ишкошим» фаъолияти субъектњои МОИ аз пардохти њама гуна андозњо, ки бо Кодекси андози Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидааст, ба ѓайр аз андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда озод карда мешаванд.

Андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда аз тарафи  субъектњои МОИ мутобиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон мустаќилона њисоб ва пардохт карда мешаванд.

69. Андоз аз даромади шахсони воќеї барои мутахассисони хориљї - ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон тибќи тартиби муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон њисоб ва пардохт карда мешавад.

70. Субъектњои МОИ њамчун андозсупорандагон дар  маќомоти андози ноњияи Ишкошим ба ќайд гирифта мешаванд.

71. Назорат аз рўи пардохти пурра ва сариваќтии андози иљтимої ва андоз аз даромад аз тарафи шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда аз љониби маќомоти андози ноњияи Ишкошим амалї мешавад.

72. Даромади бадастомада ё музди мењнати сармоягузорони хориљї, ки бо асъори хориљї пардохт шудааст, метавонанд ба хориљи кишвар интиќол дода шаванд ва дар ин њолат аз андоз озод мебошанд.

12. Муносибатњои мењнатї дар МОИ «Ишкошим»

73. Муносибатњои мењнатї, аз љумла масъалањои кироя ва аз кор озод намудан, низоми мењнат ва истироњат, кафолатњои иљтимої ва љубронпулињои субъектњои МОИ бо ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон, инчунин ба воситаи шартномаи (созишномаи) дастаљамъї ва (ё) шартномањои инфиродии мењнатї (ќарордодњо) ба танзим дароварда мешаванд.

Шароит ва њаљми музди мењнат, инчунин дигар намудњои даромади кормандон, аз љумла бо асъори хориљї аз тарафи субъектњои МОИ мустаќилона муќаррар гардида, аз њисоби маблаѓњои худї пардохт мешавад.

Шартњои шартномањои мењнатии коллективї ва инфиродї њолати кормандони ин ташкилотњоро дар муќоиса бо шартњои пешбининамудаи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар бораи мењнат, инчунин эъломияњои Созмони байналмилалии мењнат наметавонанд бад созанд.

74. Мутобиќи ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон, аз љумла ќонунгузорї дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон:

 - ба Маъмурияти МОИ ваколати ба субъектњои МОИ додани рухсат (иљозатномаи корї) барои љалби ќувваи корї аз хориљи кишвар ба вазифањои идоракунї ва техникї иљозат дода мешавад ва дар њама њолат теъдоди кормандон-шањрвандони хориљї набояд аз 20 фоизи теъдоди умумии кормандони субъектњои МОИ зиёд бошад;

- субъектњои МОИ барои љалби ќувваи корї аз хориљи кишвар ба Маъмурияти МОИ дархостро барои љалби мутахассиси хориљї бо замимаи маълумот оид ба ин мутахассис, шартномаи мењнатї миёни субъектњои МОИ ва мутахассиси мазкур ва дигар њуљљатњои лозима, ки аз љониби Маъмурияти МОИ муќаррар гардидааст, пешнињод менамоянд;

- маъмурияти МОИ дархостро барои љалби мутахассиси хориљї дар мўњлати то 10 рўз баррасї  менамояд. Рухсати кор бо назардошти мўњлати эътибори шартномаи мењнатї аз 5 сол зиёд дода намешавад;

- субъектњои МОИ баъди гирифтани рухсати кор барои гирифтани раводид ва додани иљозатнома ба шањрванди хориљї барои истиќомат ба Маъмурияти МОИ дархост манзур менамоянд;

- раводид ва иљозатнома барои истиќомат ба шањрванди хориљї, ки ба кор љалб гаштааст, тавассути Маъмурияти МОИ аз љониби маќомоти дахлдори идораи давлатї дар асоси рухсати кор бо тартиби  соддашуда бо назардошти мўњлати рухсати кор дода мешавад;

- кормандони хориљии субъектњои МОИ, ки раводид ва рухсати кор гирифтаанд, дар шўъбаи раводид ва баќайдгирии маќомоти дахлдори давлатї ба ќайд гирифта мешаванд;

- пардохти хизматрасонї барои додани рухсати кор, раводид ва додани иљозатнома ба мутахассони хориљии субъектњои МОИ ва аъзои оилаи онњо аз рўи меъёрњои тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИдар мувофиќа бо маќомоти давлатии ваколатдори дахлдор мутобиќи меъёрњои муќаррарнамудаи  ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

75. Субъектњои МОИ њар моњ музди мењнати тамоми кормандонро дар асоси шартномањои мењнатї пардохт мекунанд. Дар њолати бо айби корфармо бо таваќќуф пардохтани музди мењнати кормандон, Маъмурияти МОИ њуќуќ дорад дар доираи ваколатњои худ нисбати субъектњои МОИ тибќи Низомномаи мазкур ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки оид ба њифзи њуќуќи кормандон ва хизматчиён пешбинї шудааст, чорањо андешад.

Кормандони субъектњои МОИ метавонанд мутобиќи шартномаи мењнатї музди мењнати худро,  инчунин маблаѓи харољотиро њангоми анљом  додани сафарњои хизматї, бо асъори миллї ё хориљї гиранд.

Музди мењнатеро, ки  кормандони хориљї бо асъори миллї ё хориљї ба даст овардаанд, мумкин аст пас аз пардохти андозњо бе мамониат аз љониби онњо ба хориља бароварда шавад.

76. Субъектњои МОИ бояд:

- ќарордоди мењнатиро барои њар корманди МОИ «Ишкошим» њангоми мурољиат барои дарёфти раводиди доимї пешнињод намоянд;

- гирифтани раводидро дар мўњлати 72 соат пас аз ташрифи хизматчї таъмин намоянд;

- њамаи кормандон ва хизматчиёнро бо либоси махсус ва бехатарии техникии корњоро таъмин намоянд;

- фавран ба Маъмурияти МОИ оид ба бедарак шудани њар як корманди худ хабар дињанд;

- кормандони худро бо љойи истиќомат таъмин намоянд;

- кормандони худро њатман суғуртаи иљтимої ва тиббї намоянд;

- барои зараре, ки ба саломатии кормандон ва хизматчиёни аз рўи шартнома коркунанда расонида шудааст, инчунин барои осеби мењнатие, ки бо гуноњи корфармо дар њудуди корхона ба кормандон расонида шудааст, љавобгарии моддиро ба зимма гиранд.

77. Дар њудуди МОИ «Ишкошим» корпартої манъ карда шудааст.

13. Тартиби дохилшавї (хориљшавї) ба (аз) МОИ «Ишкошим»

78. Дар њудуди МОИ «Ишкошим» низоми соддаи дохилшавї ва хориљшавии шањрвандони хориљии аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИдар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон муќарраргардида амал мекунад, ки инњоро дар бар мегирад:

- кам кардани 50 фоизи маблаѓи пардохтњои консулї;

- кам кардани мўњлати баррасии њуљљатњо барои додани раводидњои дохилшавї ва хориљшавї;

- додани раводидњои дохилшавї барои шањрвандони хориљї дар баробари ташрифи онњо ба Љумњурии Тољикистон, ки ба МОИ «Ишкошим» равонаанд;

- дигар хизматрасонињои иттилоотию њуќуќї ва машваратї, ки аз љониби Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон барои МОИ «Ишкошим» мувофиќ бо равандњои таќйирёбандаи рушди минтаќаи озоди иќтисодї пешбинї шудаанд.

79. Субъектњои МОИ дар њолати зарурї бањри гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Ишкошим» ба Маъмурияти МОИ аз рўи тартиби муќарраршуда як моњ пеш аз ташрифи мазкур дархост пешнињод менамоянд.

Маъмурияти МОИ дархостро баррасї намуда, ба субъектњои МОИ дар бораи имконияти гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Ишкошим» мушаххасан оид ба њар кадом номзад хабар медињад.

Рўйхати шахсони барои кор ба МОИ «Ишкошим» ташрифоваранда аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИтасдиќ гардида, он барои баррасї ба идорањои консулии Вазорати корњои хориљї дар љойњои ташрифи кормандон дар њудуди Љумњурии Тољикистон ирсол мегардад.

Маъмурияти МОИ пешвозгирї ва њамроњии шахсони ташрифовардаро то њудуди МОИ «Ишкошим» якљоя бо намояндаи субъекти МОИ ва аз њисоби ў ташкил мекунад.

Айнан њамин тартиб њангоми ба хориљ рафтани кормандон - шањрвандони хориљие, ки дар МОИ «Ишкошим» кор мекунанд, анљом дода мешавад.

80. Маъмурияти МОИ барои гирифтани раводид љињати ташрифи шањрвандони хориљї, дароз кардан ва аз эътибор соќит донистани он мусоидат менамояд.

Маъмурияти МОИ њар моњ ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон дар бораи шањрвандони хориљии барои кор ба МОИ «Ишкошим» ташрифоварда бо роњи пешнињоди рўйхати шахсони воќеии хориљии барои кор ба МОИ «Ишкошим» ташрифоварда мувофиќи тартиби муќарраршуда иттилоъ медињад.

81. Дохилшавии шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї ба њудуди наздисарњадии Љумњурии Тољикистон бо маќсади сафарњои хизматї, корї, хусусї ва фаъолияти мењнатї бо иљозатномањои аз љониби Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон додашуда амалї мегардад. Тартиби дохилшавї ва истиќомати шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї дар њудуди Љумњурии Тољикистон тавассути санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї мегардад. Баќайдгирї, масоили баќайдгирии муваќќатї, дохилшавї ва истиќомати шањрвандони хориљї аз љониби маќомоти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Маъмурияти МОИ амалї мегардад.

14. Мўњлати амали МОИ «Ишкошим»

82. Мўњлати амали МОИ «Ишкошим» 25 сол мебошад.

Мўњлат ва шартњои давраи гузариш њангоми љорї кардани низоми МОИ «Ишкошим» аз тарафи Маъмурияти МОИ на зиёдтар аз 7 сол аз рўзи тасдиќ гардидани Низомномаи МОИ «Ишкошим» муайян мегардад.

Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи њуќуќї ва  ба таври воќеї аз худ намудани ќаламрави МОИ  «Ишкошим» истифода мешавад.

Мўњлат ва шартњои давраи гузариш пеш аз ќатъи амали низоми МОИ «Ишкошим» аз љониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад. Дар ин маврид шартњои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то ќатъи амали минтаќаи озоди иќтисодї фаро мерасанд.

Дар тамоми давраи амали низоми МОИ «Ишкошим» дар њудуди минтаќа дар баробари забони давлатї забонњои муоширати байнидавлатї - русї ва англисї забонњои корї ба њисоб мераванд.

83. Барои дароз кардани мўњлати амали МОИ «Ишкошим» аз љониби Маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИхулосањои иќтисодї оид ба дароз кардани мўњлати фаъолияти МОИ «Ишкошим» пешнињод мегардад, ки инњоро дар бар мегирад:

- ояндабинї ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ «Ишкошим»;

- бањои самаранокии фаъолияти МОИ «Ишкошим».

15. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ

84. Дар њудуди МОИ «Ишкошим» вазифаи идоракуниро Маъмурияти МОИ иљро менамояд, ки онро роњбар ба ўњда дорад.

Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ бо Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.

Маъмурияти МОИ маќоми идоракунандаи МОИ «Ишкошим» буда, фаъолият ва рушди МОИ «Ишкошим» ва њамоњангсозии фаъолияти субъектњои МОИ-ро дар доираи њуќуќу ваколатњои пешбинишуда  таъмин менамояд.

Маъмурияти МОИ шахси њуќуќї буда, дар шакли ташкилию њуќуќї њамчун муассисаи давлатии љумњуриявї таъсис дода мешавад. Маъмурияти МОИ дар тобеияти маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИќарор гирифта, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИтасдиќ мегардад, фаъолият менамояд.

Маъмурияти МОИ дорои мўњр бо акси Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ва номгузории «Минтаќаи озоди иќтисодии «Ишкошим» ба забонњои давлатї ва англисї, суратњисобњо, рамзи хусусї, атрибутика ва дигар нишонањо мебошад.

85. Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар њамкорї бо маќомоти љумњуриявї ва мањаллии њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар асоси ќоидањои маъмули њамкории зич бо маъмурияти дигар минтаќањои озоди иќтисодї дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо маќсади мувофиќ гардонидан ва бо назардошти манфиатњои дигар минтаќањои озоди иќтисодии љумњурї ба роњ мемонад, ба барќарорсозии стандартњои байналмилалии пешбурди соњибкорї ва одоби корї дар тамоми ќаламрави љумњурї мусоидат менамояд.

86. Харољот барои нигоњдории дастгоњи Маъмурияти МОИ аз њисоби буљети МОИ «Ишкошим» тибќи харљномаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва маќоми ваколатдори давлатии молиявї барои соли навбатии молиявї маблаѓгузорї карда мешаванд.

87. Њуќуќу ваколатњои Маъмурияти МОИ аз инњо иборатанд:

- тањия ва татбиќи стратегия ва барномаи рушди МОИ «Ишкошим», аз љумла наќшаи генералии минтаќа;

- ќабули санадњо доир ба идоракунї ва њамоњангсозии фаъолият дар МОИ «Ишкошим»;  

- тањияи буљети мустаќили минтаќа, тасдиќи он тибќи тартиби муќараргардида ва таъмини иљрои он;

- тањияи наќшаи љобаљокунии субъектњои МОИ дар сарњади њудудии МОИ «Ишкошим» бо назардошти таклифњои онњо, аз љумла харољоти молиявии њар як субъекти МОИ барои пешнињоди минбаъдаи он ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунандаи минтаќањои озоди иќтисодї;

- тањияи харљномаи харољотњо оид ба ободонии сарњади њудуди муайяншудаи МОИ «Ишкошим»;

- мувофиќаи наќшаи љойгиршавии инфрасохторњои гумрукї бо маќоми ваколатдори давлатии гумрукї;

-  таъмини ягонагї ва фаъолияти пурсамари МОИ «Ишкошим»;

- таъмини рушди МОИ «Ишкошим» бо роњи љалби сармоягузорони ватанию хориљї, воситањои молиявии ташкилотњои ватанию хориљї дар шакли ќарзњои имтиёзнок, ќарз ва грантњо дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва маќоми ваколатдори давлатии молиявї;

- ташкили маъхази иттилоотию тањлилии фаъолият ва рушди иќтисодии МОИ «Ишкошим»;

-   њимояи манфиатњои субъектњои  МОИ;

- фароњам овардани шароити мусоид барои љалб намудани сармоягузорињои ватанию хориљї ва дигар намуди захирањо;

- назорати риояи низоми њуќуќии МОИ «Ишкошим», тањияи таѓйиру иловањо ба Низомномаи мазкур ва баррасии масъала тибќи тартиби муќараргардида;

- таъмини назорати давлатї ва назорати истифодаи оќилонаи захирањои табиї ва мењнатї дар њудуди МОИ «Ишкошим» бо маќсади иљрои ќонунњо ва санадњои меъёрї оид ба масъалањои рушди МОИ «Ишкошим»;

- пешнињоди замин барои иљора ба субъектњои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ «Ишкошим»;

- ташкили маркази иттилоотї, бизнес-инкубаторњо, анборњо, биноњои маъмурї, иншооти истењсолї ва дигар сохторњои зарурї барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ «Ишкошим»;

- њамоњангсозии корњои ташкилотњои илмї, лоињавї, саноатї, сохтмонї ва дигар муассисањои ватанї ва хориљие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ «Ишкошим» љалб мешаванд;

- баррасии бизнес-наќшањо ва лоињањои сармоягузории довталабон;                     

- ба довталабон додани њуљљати тасдиќкунандаи љойгиршавї  ва нишонии њуќуќї дар МОИ «Ишкошим»;

- танзими робитањои МОИ «Ишкошим» бо бозори байналмилалї;

- ташкили омўзиш, бозомўзї ва такмили ихтисоси кадрњо барои МОИ «Ишкошим», иштирок дар татбиќи сиёсати давлатї дар соњаи ташаккули кадрњо, шуѓл, сиёсати љавонон ва муњољират дар минтаќа;

- ташкили конфронсњо, машваратњо, семинарњо ва ѓайра;

- ба имзо расонидани шартномањо бо субъектњои МОИ;

- ташкил ва пешбурди дафтари баќайдгирии сертификатњо;

- додани сертификатњо ба субъектњои МОИ;

- такмили шаклњои идоракунии хољагии МОИ «Ишкошим» ва амалигардонии идоракунии хољагї бо дарназардошти самаранокии иќтисодии истифодаи масоњати заминњои давлатї ва моликияти хусусї дар њудуди МОИ «Ишкошим»;

- таъмини азхудкунии маблаѓњо дар лоињањое, ки моњияти умумиминтаќавї доранд;

- хизматрасонї дар гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон амалї мегарданд;

- додани рухсатномањо барои даромадан ба њудуди МОИ «Ишкошим»

- ташкил ва назорати фаъолияти воњидњои њарбикунонидашудаи њифзи иншооти МОИ «Ишкошим». Сохтор ва шумораи воњидњои дар боло зикршуда аз љониби Маъмурияти МОИ дар мувофиќа бо вазоратњои дахлдори Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд;

- њар семоња ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИпешнињод намудани њисобот оид ба фаъолияти МОИ «Ишкошим»;

- амалигардонии дигар ваколатњое, ки бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидаанд.

88. Иљрои санадњои Маъмурияти МОИ, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, барои субъектњои МОИ њатмї мебошад.

89.Санљиши фаъолияти Маъмурияти МОИ аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИамалї мегардад.

90. Роњбари Маъмурияти МОИ ва муовинони вай аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Њаљми маоши вазифавии роњбарияти Маъмурияти МОИ аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

91. Ба вазифаи роњбари Маъмурияти МОИ шахсе таъин мегардад, ки маълумоти олии њуќуќї ё иќтисодї ва собиќаи кории на кам аз 5 соли фаъолият дар вазифаи роњбари ташкилот ё дар вазифањои хизмати давлатї дошта бошад.

92. Роњбари Маъмурияти МОИ:

-  њуќуќ ва вазифањои Маъмурияти МОИ-ро таъмин менамояд;  

- МОИ «Ишкошим»-ро дар њама ташкилотњои ватанї, хориљї, байналмилалї, корхонањо, бонкњо ва муассисањо намояндагї менамояд;

- барои иљрои уњдадорињо ва вазифањояш љавобгарии шахсї дорад;

- воњидњои кориро муќаррар менамояд, кормандони Маъмурияти МОИ-ро ба вазифа таъин ва озод менамояд.

93. Роњбари Маъмурияти МОИ дар баробари дигар вазифањо инчунин  њамоњангсозии фаъолияти мувофиќашудаи Маъмурияти МОИ- ро бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ташаккул ва рушди МОИ «Ишкошим» амалї менамояд.

16. Тартиби барњам додани МОИ «Ишкошим»

94. МОИ «Ишкошим» дар њолатњои муќаррарнамудаи ќонунгузории ЉумњурииТољикистон дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон барњам дода мешавад.

95. Субъектњои МОИ «Ишкошим» дар њолати барњамдињии минтаќаи озоди иќтисодї аз њуќуќњо ва ўњдадорињои худ, ки дар ќонунгузорї оид ба минтаќањои озоди иќтисодї пешбинї гардидаанд, мањрум мешаванд.

Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љињати фаъолият ё барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо метавонанд дар њудуди собиќ минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият кунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода шаванд.

Маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИтибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињодро оид ба барњам додани МОИ «Ишкошим» ирсол менамояд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон барои анљом додани тањлили пурраи иќтисодиии мувофиќи маќсад будани барњамдињии МОИ «Ишкошим» комиссия таъсис медињад.

Дар асоси тањлили пурраи анљомдодашуда ва бо назардошти таклифи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї комиссия ба баррасии Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба барњам додани МОИ «Ишкошим» ва мўњлатњои барњам додани МОИ «Ишкошим» пешнињод ирсол менамояд.

17. Нишонии Маъмурияти МОИ «Ишкошим»

96. Маъмурияти МОИ «Ишкошим» дар суроѓаи зайл љойгир аст:

Љумњурии Тољикистон, Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, ноњияи Ишкошим.

 

 

 

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

 НИЗОМНОМАИ

МИНТАЌАИ ОЗОДИ ИЌТИСОДИИ «ДАНЃАРА»

1. Муќаррароти умумї

1. Низомномаи мазкур мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ва Низомнома дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 5 декабри соли 2005 тањти №191 тасдиќ шудааст, тањия гардида, асосњои ташкилї, њуќуќию иќтисодии фаъолияти минтаќаи озоди иќтисодии шакли истењсолию инноватсионии Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» (минбаъд - МОИ «Данѓара»)- ро муайян менамояд.

2. Маќсади асосии таъсиси МОИ «Данѓара»:

- њавасмандгардонии рушди иќтидори иќтисодии Љумњурии Тољикистон, аз љумла бо роњи љалби сармоягузории ватанию хориљї, љорї намудани усулњои муосири идоракунї ва менељмент;

- таъмини иштироки самараноки иќтисодиёти минтаќа ва кишвар дар таќсимоти байналмилалии мењнат, тараќќї додани њамкорињои тиљоратию иќтисодї бо кишварњои хориљї, афзун намудани иќтидори содиротии љумњурї;

- таъмини рушди устувори иљтимоию иќтисодии минтаќа;

- рушди шањрсозї дар минтаќањои атрофи МОИ «Данѓара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муњандисию наќлиётї, телекоммуникатсионї, истењсолї ва иљтимої;

- таъмин намудани ањолии минтаќа ва љумњурї бо кор, ташкили љойњои иловагии корї, баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї ва њалли дигар масъалањои иљтимоию иќтисодии минтаќа.

3. Вазифањои асосии МОИ «Данѓара»:

-рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар асоси њамгироии сармоягузорињои хориљї бо воситањои пулию моддии корхонаю ташкилотњои ватанї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтаанд;

-љалби сармоягузорињои хориљї ва дохилї, техника ва технологияњои  муосир, љорї намудани таљрибаи хориљии идоракунї ва усулњои нави хољагидорї;

- љорї намудани навоварињо ва ихтирооти илмию техникии ватанї ва хориљї дар истењсолот бо истифодаи минбаъдаи онњо дар минтаќањои дигари кишвар;

- ташкили шабакаи истењсолоти аз љињати экологї тоза, кам кардани харољоти истењсолот, истифодаи пурраи захирањои озоди мењнатї, табиї ва дигар захирањои мањаллї, барои истењсоли молу мањсулоти раќобатнок  љињати содирот ва таъмини бозори дохилї;

- бунёд ва ободонии њудуди МОИ «Данѓара», њифз ва њимояи муњити зист;

- дар њудуди МОИ «Данѓара» ташкил намудани инфрасохтори истењсолї дар сатњи меъёрњои байналмилалї (алоќа, наќлиёт, коммуникатсия ва ѓайрањо);

- ташаккул додани буљети мустаќили  МОИ «Данѓара».

2. Маќоми МОИ «Данѓара»

4. Маќоми МОИ «Данѓара» бо сарњадоти он, заминаи ќонунгузорї ва низомњои махсуси њуќуќї, инчунин буљети минтаќа ва маќомоти идоракунии худї муайян мегардад.

5. МОИ «Данѓара» дар њудуди  ноњияи Данѓараи вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 25 сол дар масоњати умумии242,31 гектарќитъаи замин, ки  аз њудудњои алоњида (мањдуд) иборат аст,  таъсис дода мешавад.

6. Дар њудуди МОИ «Данѓара» ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.

Муносибатњое, ки бевосита бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи минтаќањои озоди иќтисодї ба танзим дароварда нашудаанд, тибќи меъёрњои ќонунгузорие, ки ба моњияти онњо зид нестанд ва муносибатњои монандро танзим менамоянд, амалї мегарданд.

  7. Ба шахсони њуќуќї, намояндагињо, филиалњои шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон), ки фаъолияти худро дар њудуди МОИ «Данѓара» амалї менамоянд (минбаъд - субъектњои МОИ) низоми махсуси њуќуќии истифодаи замин, низомњои махсуси гумрукї, андозї ва дигар низомњои мўќаррарнамудаи Низомномаи мазкур ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти МОИ-ро ба танзим медароранд, амал мекунад.

8. Дахолати маќомоти њокимияти давлатї ба фаъолияти молиявию хољагидории МОИ «Данѓара», ба ѓайр аз њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, манъ аст.

9. МОИ «Данѓара» дорои буљети мустаќил буда, аз њисоби даромадњо ва пардохтњое, ки Низомномаи мазкур муайян намудааст, инчунин аз њисоби дигар манбањои маблаѓгузорие, ки ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.

10. Маќоми идоракунї дар њудуди МОИ «Данѓара» Маъмурияти МОИ «Данѓара» мебошад (минбаъд - Маъмурияти МОИ).

Маъмурияти МОИ њамчун муассисаи давлатии сатњи љумњуриявї таъсис ёфта, дар асоси Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ мегардад, фаъолияти худро анљом медињад.

11. Дар МОИ «Данѓара» чунин амалњо манъ аст:

- иљрои корњои истифодаи захирањои зеризаминї (ба ѓайр аз истихрољи обњои зеризаминї барои таъмини фаъолияти субъектњои МОИ бо об);

- истењсоли молњои зераксизї, ба истиснои истењсоли наќлиёти автомобилї ва дигар воситањои наќлиётии муњарриќдор, ки барои боркашонию мусофиркашонї пешбинї шудаанд;

-  истењсоли ќоѓазњои ќиматбањо, пул ва тангањо, маркањои почта;

- истењсол, коркард ва фурўши воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо;

- пахши барномањои радио ва телевизионї, ба истиснои хизматрасонии техникии радио ва телевизион;

- истењсол, коркард, нигоњдорї, безараргардонї ва фурўши маводњои хатарнок ва радиоактивї;

- истењсоли мањсулоти аввалияи металлургияи ранга ва сиёњ;

- табобати  касалињои  руњї дар шакли  агрессивї ва беморињои  сирояткунанда;

- табобати њайвонњое, ки касалињои хавфнок доранд;

- фаъолияте, ки ба масъалањои муњољирати мењнатии хориљї алоќамандї дорад;

- бунёди истењсолоти аз љињати экологї хатарнок, ки ба муњити зист зараровар мебошад;

- фурўши маводи сўзишворию равѓанњои молиданї дар њудуди МОИ ба шахсони воќеї ва њуќуќї, ки ба субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї мансуб нестанд;

- фурўши чаканаи молу ашё, ба истиснои фурўши чаканаи мањсулоти ниёзи мардум барои истеъмоли дохилї бо тарзи ташкили фаъолияти субъектњои МОИ оид ба савдо ва хўроки умумї дар љойњои аз љониби Маъмурияти МОИ муайянкардашуда;

- фаъолияти хољагидорию тиљоратї, ки бо таъмини амният ва дифои давлат, инчунин бо истењсол, коркард, нигоњдорї ва фурўши яроќ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда, воситањои нашъадор, моддањои психотропї алоќамандї дорад;

- воридоти воситањои нашъадор, моддањои психотропї, яроќ, лавозимоти љангї, дигар молњое, ки фурўш ва интиќоли онњо дар Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудаанд;

- ташкил намудани ќимор ва лотереяњо, ќиморхонањо (казиноњо), видеосалонњо, бозињои  автоматикї ва њоказо.

12. Рељаи кории МОИ «Данѓара» аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муќаррар карда мешавад. Рељаи кории субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ муќаррар карда мешавад.

13. Аз њудуди МОИ «Данѓара» содироти молњо ба кишварњои дигар њавасманд карда мешавад.

Нисбати истифодаи њатмии ашёи хом ва маводњои мањаллї бар ивази ашёи хом ва маводњои воридотї талабот муќаррар карда намешавад.

3. Намудњои фаъолияти афзалиятнок

дар МОИ «Данѓара»

14. Намудњои фаъолияти афзалиятнок дар МОИ «Данѓара»:

- коркарди саноатии мањсулоти кишоварзї;

- истењсоли ресмонњои дўзандагї, мањсулоти трикотажї, матоъњои сунъї ва синтетикї, матоъњо ва мањсулоти тайёр аз ресмони шоњї ва пахтагин, матоъњои тайёр ва мањсулоти дўзандагии пашмї, коркарди пўсти чорвои майда ва калон бо истењсоли мањсулоти тайёри чармин, пойафзол ва галантереяи чармин;

- рангубор кардани матоъњо ва истењсоли мањсулоти тайёр барои соњаи дўзандагї, истењсоли матоъњои пардаворї ва рўйкаш барои мебелсозї, истењсоли фурнитураи истифодаи гуногун;

-  истењсоли курсию мебел;

- истењсоли рангњои гуногуни сунъї ва синтетикї;

-  истењсоли крахмал, микроселюллоза, нитроселлюлоза;

- мошинсозї  (васлкунї ва истењсоли автомобилњо, тракторњо ва  техникаи гуногунтамѓа барои соњаи кишоварзї ва дигар соњањо, ќисмњои эњтиётї барои онњо, таљњизот ва техникаю технологияи соњаи коркард, хизматрасонї ва ниёзи мардум, насосњои обкаш ва дигарњо);

- истењсоли лўлањои ѓайриметаллї барои соњањои гуногун;

- истењсоли мањсулоти электротехникї, радиоэлектронї ва техникаи соњаи маишї;

- истењсоли нурињои минералї ва биоиловагињо барои соњаи кишоварзї;

-  коркарди сангњои кўњї, истењсоли масолењи сохтмонї ва ороишї;

- истењсоли нахњои шишагї, рухомї ва мањсулоти тайёр аз онњо;

- истењсоли масолењи сохтмони замонавї (шиша, дару тиреза, хиштњо ва панелњои гарминигоњдорандаи стандарти байналмилалї, мањсулоти ороишии пластикї (ба истиснои хишти сохтмонї);

-  истењсоли мањсулоти гаљї;       

-  истењсоли симњои электрикии гуногунтамѓа;

- истењсоли мањсулот аз коркарди партовњои маишї (бе технологияи коркарди аввалия);

-  истењсоли мањсулоти атторї ва маводњои шустушўйии кимиёвї;

-  истењсоли мањсулоти фарматсевтї ва доруворї;

-  истењсоли таљњизоту лавозимот барои соњаи тандурустї;

-  истењсоли таљњизот ва лавозимоти рўшанидињанда;

- фаъолияти нархгузорї, ќарздињї, суѓуртакунї, консалтингї, аудиторї, лизингї ва сертификатсиякунонї;

-  фаъолият дар самти технологияи иттилоотї;

- фаъолият дар самти тадќиќоти илмию техникї, фаъолияти инноватсионї, рушди нанотехнология, биотехнология ва дигарњо.

4. Субъектњои МОИ «Данѓара»

15. Ба сифати субъектњои МОИ «Данѓара» шахсони њуќуќї, филиал ва намояндагии онњо,  соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон) эътироф карда мешаванд, ки:

- тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ќайди давлатї гузаштаанд;

- шартномаи пешбурди фаъолиятро дар њудуди МОИ «Данѓара» бо Маъмурияти МОИ ба имзо расонидаанд; 

- сертификати субъектњои МОИ «Данѓара»- ро тибќи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинї шудааст, соњиб гардидаанд.

16. Субъектњои МОИ фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медароранд, ба роњ мемонанд.

17. Шахсони њуќуќї, намояндагињо, филиалњои шахсони њуќуќї, шахсони воќеї ва соњибкорони инфиродї (резидент ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон), ки  дар њудуди МОИ «Данѓара» то таъсисёбии он фаъолият доштанд, дар мўњлати 1 сол аз рўзи ба фаъолият шурўъ намудани Маъмурияти МОИ бояд вазъи ташкилию њуќуќии худро бо муќаррароти Низомномаи мазкур мувофиќ намоянд.  

Дар њолати аз тарафи онњо иљро накардани талаботи Низомномаи мазкур Маъмурияти МОИ оид ба баргардонидани ќитъаи замин барои эњтиёљоти давлатї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи замин љињати ќабули ќарори дахлдор ба маќоми ваколатдори давлатии замин мурољиат мекунад.

18. Баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ё намояндагии шахси њуќуќї, резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд - довталаб), ки хоњиши гирифтани маќоми субъектњои МОИ «Данѓара»- ро доранд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур сурат мегирад.

19. Маъмурияти МОИ барои баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ва намояндагии шахсони њуќуќї -резидентњо ва ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон њамчун субъектњои МОИ ба довталаб њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Данѓара»-ро медињад.

20. Барои гирифтани њуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї дар МОИ «Данѓара» довталаб ба Маъмурияти МОИ бо ариза ва замима намудани иттилоот дар бораи довталаб, бизнес-наќша(њо) ва (ё) лоиња(њо)и сармоягузорї мурољиат менамояд. 

21. Бизнес-наќша (њо) ва лоиња (њо) и сармоягузорї бояд ба талаботњои зерин мутобиќат намоянд:

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти истењсолї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти  500 њазор доллари ИМА;

- ворид намудани на кам аз 90 фоизи таљњизоти технологї – истењсолї;

- мўњлати ќаблан истифодашудаи таљњизоти технологї – истењсолии воридшаванда на бояд аз 3  сол  зиёд бошад;

- оѓоз намудани истењсоли мањсулот на дертар аз 3  сол аз рўзи баќайдгирии давлатї њамчун субъекти МОИ;

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти содиротию воридотї – на камтар аз маблаѓи эквиваленти 50 њазор доллари ИМА;

- њаљми сармоягузорї барои амалї намудани фаъолияти хизматрасонї – на камтар аз эквиваленти  10 њазор доллари ИМА.

Њуљљатњое, ки ба талаботи банди мазкур љавобгўй намебошанд, барои баррасї ќабул карда намешаванд.

22. Маъмурияти МОИ дар мўњлати се рўзи корї аз рузи гирифтани ариза, довталабро бо ќарори ќабулшуда огоњ мекунад.

23. Довталабон барои дурустии маълумоти пешнињодшуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масъул мебошанд.

24. Шакл ва тартиби омода намудани ариза, маълумоти иттилоотї, бизнес-наќша ва (ё) лоињаи сармоягузории довталаб аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.

25. Довталаб барои гирифтани сертификати субъектњои МОИ (минбаъд - сертификат) бо Маъмурияти МОИ шартномаи фаъолиятро (минбаъд - шартнома) ба имзо мерасонад.

Дар шартнома талабот оид ба фаъолият дар њудуди МОИ «Данѓара», тартиби истифодаи имтиёзњо ва низомњои махсус, ќитъаи замин, бино, иншооти истењсолию маъмурии ба иљора додашаванда, коммуникатсияњо, муносибатњои молиявию хољагидорї ва дигар талаботи дар Низомномаи мазкур пешбинишуда дарљ мегардад.  

26. Барои ба имзо расонидани шартнома довталаб ба Маъмурияти МОИ бояд чунин њуљљатњоро пешнињод намояд:

-  ариза;

- њуљљатњои тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатї дар њудуди МОИ «Данѓара»;

- намунањои имзоњои шахсони ваколатдори довталаб.

27. Маъмурият дар мўњлати 3 рўзи корї њуљљатњои пешнињоднамудаи довталабро баррасї намуда, лоињаи шартномаро бо довталаб омода ва ба имзо мерасонад.

28. Баъди ба имзо расидани шартнома ба довталаб сертификат дода мешавад.  

29. Сертификат њуљљати баќайдгирии довталаб ба сифати субъекти МОИ ба њисоб рафта, барои дар њудуди МОИ «Данѓара» пешбурди фаъолият, истифодаи имтиёзњову низомњои махсуси пешбининамудаи Низомномаи мазкур иљозат медињад.

30. Шакл ва мазмуни шартнома ва сертификат аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.

31. Арзиши сертификат 5 њазор доллари ИМА-ро ташкил медињад.

32. Маъмурияти МОИ дафтари баќайдгирии сертификатро бо шакли аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муќарраргардида пеш мебарад.

Дар дафтари ќайд, маълумоти асосї дар бораи субъектњои МОИ дарљ гардида, ба сертификат раќами баќайдгирї дода мешавад.

33. Дар њолати таѓйир ёфтани намуди фаъолият ё шакли ташкилию њуќуќии субъекти МОИ таѓйироти зарурї ба дафтари ќайд ворид карда мешавад.

34. Таѓйир додани намуди фаъолият ё шакли ташкилию њуќуќї мувофиќи аризаи субъекти МОИ дар асоси  ќарори Маъмурияти МОИ анљом дода мешавад. Дар ин њолат ба субъекти МОИ сертификати нав дода мешавад ва сертификати кўњна бекор карда мешавад.

35. Боздошти муваќќатї ва азнавбарќароркунии  фаъолияти субъекти МОИ, инчунин беэътибор донистани сертификати субъекти МОИ бо асосњои зерин амалї карда мешаванд:

1) боздошти муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мўњлати то 3 моњ њангоми ба амал омадани њолатњои дар поён пешбинишуда амалї мегардад:

- дар њолатњои иљро нагардидани шартњои шартнома бо Маъмурияти МОИ аз љониби субъектњои МОИ «Данѓара»;

- њангоми аз љониби субъектњои МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он расонидани зарар ба объектњои хизматрасонї ва таљњизоти МОИ «Данѓара» ва идомаи ин амалњо новобаста аз огоњ кардан аз тарафи Маъмурияти МОИ ва (ё) напардохтани зарари расонидашуда;

- њангоми аз љониби субъектњои МОИ риоя нагардидани талаботи Низомномаи мазкур ё роњ додан ба вайронкунињои тартибе, ки дар МОИ «Данѓара» муќаррар гардидааст;

2) азнавбарќароркунии фаъолияти субъектњои МОИ бо иљозати Маъмурияти МОИ дар њолати иљрои шартњо ё аз байн бурдани сабабњои боздоштани фаъолияти субъектњои МОИ амалї карда мешавад;

3) бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат аз тарафи маъмурияти МОИ баъди гузаронидани тафтиши далелу маълумотњо дар њолатњои зерин амалї мегардад:

-  агар муайян шавад, ки дар давоми мўњлати дар шартњои шартнома нишондодашуда сабабњое, ки ба ќатъи муваќќатии фаъолияти субъектњои МОИ асос гардида буданд, аз байн  нарафтаанд;

- агар муайян шавад, ки аз тарафи субъектњои МОИ  талаботњои низомномаи мазкур ва санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон, вайрон шуда бошад;

36. Дар њолати бекор намудани (беэътибор њисобидани) сертификат Маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии баќайдгирии давлатї барои беэътибор донистани ќайди давлатии субъектњои МОИ бо нишонии њуќуќии МОИ «Данѓара» мурољиат менамояд.

5. Танзими рељаи иљозат барои даромад

ба њудуди МОИ «Данѓара»

37. Барои ба њудуди МОИ «Данѓара» даромадан ба намояндагон, хизматчиён, коргарони маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ва дигар шахсон навъњои зерини рухсатномањо пешбинї мегардад:

- рухсатномањои доимї;

- рухсатномањои муваќќатї;

- кортњои хизматї.

Шакл ва тартиби омода намудани рухсатномањо аз љониби Маъмурияти МОИ тањия ва тасдиќ мегардад.

38. Рухсатномањои доимї, аз тарафи Маъмурияти МОИ ба намояндагон, хизматчиён ва коргарони субъектњои МОИ дода мешаванд ва бояд дорои маълумоти зерин бошанд:

- ном ва мўњри махсуси Маъмурияти МОИ;

- санаи дода шудан;

- сурати дорандаи рухсатнома;

- насаб, ном ва номи падари дорандаи рухсатнома;

- љойи кор;

- шартњои рухсат.

39. Рухсатномањои муваќќатї аз тарафи Маъмурияти МОИ дар даромадгоњи МОИ «Данѓара» ба шахсоне дода мешаванд, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ ба њудуди МОИ «Данѓара» даъват шудаанд.

Барои гирифтани рухсатномаи муваќќатї субъектњои МОИ ба таври расмї ба Маъмурияти МОИ на дертар аз як рўзи ташрифи шахсони таклифшуда мурољиат менамоянд.

Ранги рухсатномаи муваќќатї аз дигар рухсатномањо фарќ намуда, он ба хадамоти дахлдори МОИ «Данѓара» њангоми баромадан аз минтаќа баргардонида мешавад.

Рухсатномањои муваќќатї њангоми пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи шахсият эътибор доранд.

40. Кортњои хизматї аз тарафи Маъмурияти МОИ ба хизматчиёни Маъмурияти МОИ, инчунин ба шахсоне, ки аз љониби Маъмурияти МОИ киро шудаанд, дода мешаванд ва онњо дорои маълумоти якхела бо рухсатномањои доимї мебошанд.

41. Бо чунин тартиб рухсатномањо барои даромадани автомобилњо, техникањои гуногун ва ронандагони онњо дода мешаванд.

42.Рухсатномањо пулакї буда, дар асоси нархномаи муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дода мешаванд.

43. Субъектњои МОИ  бояд дар бораи аз кор рафтани кормандон худи њамон рўз Маъмурияти МОИ-ро огоњ намоянд. Дар ин њолат рухсатномаи доимии корманд ба Маъмурияти МОИ њатман баргардонида мешавад.

6. Њуќуќи субъектњои МОИ «Данѓара»

44. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд:

- бо иштироки сармоягузорони ватанию хориљї ташкилотњои муштарак таъсис дињанд;

- дар асоси шартномањо фаъолияти хољагидориро амалї намоянд, озодона шарикону мазмуни шартномаро интихоб намоянд, ўњдадорињо, инчунин њама гуна шартњои дигари муносибатњои байнињамдигарии хољагидориро муайян намоянд;

 - мустаќилона фаъолияти иќтисодии хориљиро пеш баранд, амалиёти мубодилаи молњо (бартер) ва миёнаравї, инчунин азнавсармоягузорињоро дар њудуди минтаќаи озоди иќтисодї  анљом дињанд, ба шарте ки хусусияти ин амалиётњо хилофи ќонунгузорї ва амнияти иќтисодии Љумњурии Тољикистон набошанд;

- аз бонкњо, ширкатњо ва ташкилотњои хориљї бе мањдудият ќарз гиранд, барои бастани њамагуна шартномањои суѓуртавї ширкатњои суѓуртавии хориљиро љалб намоянд;

- дар минтаќаи озоди иќтисодї њамагуна сармоягузорињои бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манънашударо татбиќ намоянд;

- истифодаи ќитъаи заминро дар асоси шартнома дар бораи иљораи мўњлатнок, иљораи такрории молу мулк, њуќуќњои молумулкї ва њуќуќи гузашти истифодабариро ба ворисони њуќуќї аз рўи мувофиќаи дуљонибаи тарафњо, ки шартномаи иљораро имзо кардаанд, инчунин дигар њуќуќњои молумулкї ва ѓайримолумулкиро амалї намоянд;

- шањрвандони хориљї ва шањрвандони Љумњурии Тољикистонро дар асоси шартнома ба кор ќабул намоянд;

- барномањои истењсолиро мустаќилона тањия менамоянд;

- њаргуна фаъолияти дигареро, ки бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ нагардидааст, анљом дињанд.

45. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд, ки ба фаъолияти соњибкорї берун аз њудуди МОИ «Данѓара» дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон машѓул шаванд.

7. Кафолати њуќуќ ва њифзи манфиатњои

субъектњои МОИ

46. Давлат риояи њуќуќњо ва манфиатњои ќонунии субъектњои МОИ-ро, ки дар њудуди МОИ «Данѓара» фаъолият доранд, кафолат медињад.

47. Дар МОИ «Данѓара» мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрию њуќуќии байналмилалї кафолат дода мешавад:

- њимояи њуќуќии сармоягузорињо;

- њимояи њуќуќњои муаллифии  субъктњои МОИ;

- низоми баробари њуќуќии сармоягузорињои хориљию дохилї;

-роњ надодан ба њељ гуна табъизи ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї.

48. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї, ки ба соњаи хољагидорї ва ё дигар фаъолияти МОИ «Данѓара» маблаѓгузорї ва ё сањмгузории моддї кардаанд, њуќуќ доранд аз натиљањои сармоягузорињои худ, аз љумла азнавсармоягузорї ва муомилоти тиљоратї дар њудуди Љумњурии Тољикистон ба даст оварда истифода баранд, ва ихтиёркорї намоянд. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї метавонанд фоида ё ќисми онро дар намуди мањсулот бароранд.

49. Ба субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљие, ки дар МОИ фаъолият мекунанд, пас аз пардохти маблаѓњои њатмї интиќоли маблаѓњо бо асъори хориљї, ки чун фоида ба даст омадаст, инчунин аз фурўши тамоми њиссаи онњо дар сармояи оинномавии ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї бинобар хориљ шудан ё барњам хўрдани ташкилот ба даст омадааст, кафолат дода мешавад. Субъектњои МОИ - сармоягузорони хориљї барои интиќоли маблаѓ, барои гарав, содирот ва ќатъи сармоягузорї ба МОИ, њуќуќ доранд.

50. Бањсњои хољагидорї, аз љумла бањсњо байни иштирокчиёни ташкилотњои дорои сармоягузорињои хориљї, ки дар МОИ «Данѓара» ба вуљуд меоянд, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода мешавад.

8. Механизми молиявию асъорї

51. Фаъолияти МОИ «Данѓара»  дар асоси худмаблаѓгузорї амалї мегардад. Бо маќсади таъмини фаъолияти МОИ «Данѓара» буљети мустаќили МОИ «Данѓара» ташкил карда мешавад.

52. Буљети мустаќили МОИ «Данѓара» шакли бавуљудоии даромад ва харољоти воситањои пулии МОИ «Данѓара» буда, барои амалї намудани маќсад ва вазифањои МОИ «Данѓара» истифода мегардад.

Лоињаи буљети мустаќили МОИ «Данѓара» аз љониби Маъмурияти МОИ тањия гардида, барои дохил намудан ба буљети њарсолаи давлатї бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва маќоми ваколатдори давлатии молиявї дар марњилаи тањияи лоињаи буљети давлатї тибќи тартиби муќаррарнамудаи  маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи  молияи давлатї пешнињод мешавад.

53. Сарчашмањои ташаккулёбии буљети мустаќили МОИ «Данѓара»:

- даромадњо аз иљораи замин, бино, иншоот ва таљњизоти дар ихтиёри Маъмурияти МОИ ќарордошта;

- арзиши сертификат;

- пардохтњо барои даромадан ба њудуди МОИ «Данѓара» барои автомобилњо ва техникаи гуногун (ба ѓайр аз автомобилњо ва техникањои Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ);

- пардохтњо барои рухсатномањо барои даромадан ба МОИ «Данѓара» (ба истиснои њайати кормандони Маъмурияти МОИ ва субъектњои МОИ);

- даромадњо аз хизматрасонињои гуногун, аз љумла барои субъектњои МОИ;

- дигар пардохтњо ва маблаѓгузорї  тибќи муќаррароти ќонунгузорї дар бораи молия, буљети давлатї ва Низомномаи мазкур.

54. Номгўи хизматрасонињои пешнињодшаванда ва андозаи меъёрњои пардохтњои Маъмурияти МОИ барои хизматрасонї аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатї дар соњаи молияи давлатї дар асоси пешнињоди асосноки иќтисодии Маъмурияти МОИ муайян карда мешавад.

55. Иљорапулї ва мўњлати иљораи истифодаи ќитъањои замин, инчунин майдонњои анборњои пўшида, биноњои истењсолї ва маъмурї, ки Маъмурияти МОИ њуќуќи истифодаи онњоро дорад, дар асоси тартиби њисоби иљорапулї, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИвобаста ба намудњои фаъолияти субъектњои МОИ тасдиќ карда шудааст ва на камтар аз меъёрњои зерин аз љониби Маъмурияти МОИ муайян карда мешаванд:

- иљораи њармоњаи майдонњои анборњои пўшида барои фаъолияти тиљоратї, инчунин нигоњ доштан, бандубаст ва ба навъњо људокунии мањсулот маблаѓи 5 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад ва дар њолати зиёд шудани мўњлати нигоњдорї бештар аз се моњ маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад;

 - иљораи солонаи майдони биноњои маъмурї 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад ва дар њолати иљораи он ба мўњлати зиёда аз як сол маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад.

- иљораи солонаи майдонњои биноњо барои фаъолияти истењсолї 3 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад ва дар њолати иљораи он ба мўњлати зиёда аз як сол маблаѓи иљора ба андозаи то 10 фоиз кам карда мешавад;

- иљораи солонаи ќитъањои замин маблаѓи 1 доллари ИМА-ро барои як метри мураббаъ ташкил медињад.

Њадди нињоии пардохтњои муќарраршуда метавонанд бо ќарори маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар асоси таклифњои аз љињати иќтисодї асосноки Маъмурияти МОИ таѓйир дода шавад.

Барои субъектњои МОИ, ки дар ќисми 17 Низомномаи мазкур ќайд гардидаанд, меъёри иљораи яксолаи китъаи замин дар давраи гузариш ба андозаи 25 фоиз муќаррар мегардад. Дар њолати аз љониби онњо ба субъектњои МОИ ба иљора додани ќитъаи замини вобасташуда, инчунин биною иншооти ба онњо тааллуќдошта меъёри иљораи замин ба андозаи 100 фоиз ё бо эквиваленти 1 доллари ИМА барои 1 метри мураббаъ дар як сол аз љониби Маъмурияти МОИ ситонида мешавад.

56. Харољот оид ба нигоњдорї, таъмири майдонњои замини истифодаи умум, роњњои дохилї, гузаргоњњо, майдонњои муойина, сабзгардонї ва ѓайрањо аз њисоби маблаѓњои Маъмурияти МОИ ва пардохтњои субъектњои МОИ аз рўи тарифњои муќаррарнамудаи Маъмурияти МОИ амалї мешаванд.

57. Дар МОИ «Данѓара» муомилот бо пули миллї ва асъори хориљї озод мебошад. Субъектњои МОИ њуќуќ доранд тибќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бонкњо, ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї (муассисањои онњо) ва маблаѓгузории хурди дар МОИ «Данѓара» воќеъгардида ва берун аз он њисобњои бонкї дошта бошанд, хариду фурўши пули  миллї ва асъори хориљиро дар МОИ «Данѓара» озодона амалї намоянд ва амалиётњои интиќолиро анљом дињанд.

58. Субъектњои МОИ метавонанд аз њисоби фондњои асъории ташаккулёфтаи худї ба коргарони худ бо асъори хориљї музди мењнат дињанд, дар њудуди МОИ  «Данѓара» њисоббаробаркунињоро бо асъори хориљї дар байни худ амалї гардонанд.

59. Дар МОИ «Данѓара» метавонанд бонкњо, ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї, ташкилотњои маблаѓгузории хурд ва суѓуртавї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъсис дода шаванд.

9. Фаъолияти молиявию хољагидории

субъектњои МОИ «Данѓара»

60. Субъектњои МОИ ўњдадоранд:

- тибќи тартиби муќараршуда бањисобгирии муњосибї ва њисоботро дар бораи фаъолияти молиявию хољагидорї амалї гардонанд ва ба Маъмурияти МОИ «Данѓара» тибќи тартиб ва номгўи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ маълумот пешнињод намоянд. Њисоботу эъломияњо оид ба пардохти андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда ба маќомоти андози ноњияи Данѓара  пешнињод намоянд;

- сари ваќт ва дар њаљми пурра пардохтњои њатмї, маблаѓњои андози иљтимої  ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунандаро таъмин намоянд;

- шахсони ваколатдори Маъмурияти МОИ- ро барои ташхиси чорањои зиддиэпидемиологї ва зиддисўхторї, њисоббаробаркунињо дар асоси шартномаи бо Маъмурияти МОИ басташуда роњ дињанд.

61. Субъектњои МОИ ўњдадоранд ќарорњои Маъмурияти МОИ-ро, ки дар чорчўбаи ваколатњои худ ќабул кардааст, риоя намоянд. Дар њолати бо ќарорњои Маъмурияти МОИ розї набудан субъектњои МОИ метавонанд ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ ё суд мурољиат намоянд.

62. Барои субъектњои МОИ соли молиявї 1 январ оѓоз ёфта, 31 декабри њар сол ба охир мерасад.

10. Низоми гумрукї дар МОИ «Данѓара»

63. МОИ «Данѓара» ќисми ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мебошад.

Сарњадњои њудуди МОИ «Данѓара» сарњадњои гумрукии Љумњурии Тољикистон ба њисоб мераванд.

Моли дар њудуди МОИ «Данѓара» љойгиршуда бо маќсади истифодаи бољњои гумрукї ва андоз, инчунин мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодї, ки тибќи санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян шудаанд, њамчун моли берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон љойгиршуда ба њисоб меравад.

64. Дар њудуди МОИ «Данѓара» тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї молњои ватанї ва хориљї бе ситонидани бољи гумрукї ва андозњо, инчунин бе истифодабарии мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон љойгир карда мешаванд.

65. Барасмиятдарории гумрукї ва бањисобгирии молњо дар њудуди МОИ «Данѓара» тибќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми давлатии ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти тиљорати хориљї анљом дода мешаванд.

66. Анљоми амали низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї ва муайян намудани кишвари истењсолкунандаи мол тибќи муќаррароти ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон нисбати молњои аз њудуди МОИ «Данѓара» содиршаванда амалї гардонида мешавад.

       11. Низоми андозї дар МОИ «Данѓара»

67. Субъектњои МОИ дар давраи фаъолияташон дар МОИ «Данѓара» мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон аз андозњои муайян озод карда мешаванд.

68. Дар њудуди МОИ «Данѓара» фаъолияти субъектњои МОИ аз пардохти њама гуна андозњо, ки бо Кодекси андози Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидааст, ба ѓайр аз андози иљтимої  ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда озод карда мешаванд.

Андози иљтимої ва андоз аз даромади шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда аз тарафи  субъектњои МОИ мутобиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон мустаќилона њисоб ва пардохт карда мешаванд.

69. Андоз аз даромади шахсони воќеї барои мутахассисони хориљї- ѓайрирезидентњои Љумњурии Тољикистон тибќи тартиби муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон њисоб ва пардохт карда мешавад.

70. Субъектњои МОИ њамчун андозсупорандагон дар  маќомоти андози ноњияи Данѓара ба ќайд гирифта мешаванд.

71. Назорат аз рўи пардохти пурра ва сариваќтии андози иљтимої ва андоз аз даромад аз тарафи шахсони воќеии бо тарзи кироя коркунанда аз љониби маќомоти андози ноњияи Данѓара амалї мешавад.

72. Даромади бадастомада ё музди мењнати сармоягузорони хориљї, ки бо асъори хориљї пардохт шудааст, метавонанд ба хориљи кишвар интиќол дода шаванд ва дар ин њолат аз андоз озод мебошанд.

12. Муносибатњои мењнатї дар МОИ «Данѓара»

73. Муносибатњои мењнатї, аз љумла масъалањои кироя ва аз кор озод намудан, низоми мењнат ва истироњат, кафолатњои иљтимої ва љубронпулињои субъектњои МОИ бо ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон, инчунин ба воситаи шартномаи (созишномаи) дастаљамъї ва (ё) шартномањои инфиродии мењнатї (ќарордодњо) ба танзим дароварда мешаванд.

Шароит ва њаљми музди мењнат, инчунин дигар намудњои даромади кормандон, аз љумла бо асъори хориљї аз тарафи субъектњои МОИ мустаќилона муќаррар гардида, аз њисоби маблаѓњои худї пардохт мешавад.

Шартњои шартномањои мењнатии коллективї ва инфиродї њолати кормандони ин ташкилотњоро дар муќоиса бо шартњои пешбининамудаи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар бораи мењнат, инчунин Конвенсияњои  Созмони байналмилалии мењнат наметавонанд бад созанд.

74. Мутобиќи ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон, аз љумла ќонунгузорї дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон:

 - ба Маъмурияти МОИ ваколати ба субъектњои МОИ додани рухсат (иљозатномаи корї) барои љалби ќувваи корї аз хориљи кишвар ба вазифањои идоракунї ва техникї иљозат дода мешавад ва дар њама њолат теъдоди кормандон-шањрвандони хориљї набояд аз 20 фоизи теъдоди умумии кормандони субъектњои МОИ зиёд бошад;

- субъектњои МОИ барои љалби ќувваи корї аз хориљи кишвар ба Маъмурияти МОИ дархостро барои љалби мутахассиси хориљї бо замимаи маълумот оид ба ин мутахассис, шартномаи мењнатї миёни субъектњои МОИ ва мутахассиси мазкур ва дигар њуљљатњои лозима, ки аз љониби Маъмурияти МОИ муќаррар гардидааст, пешнињод менамоянд;

- маъмурияти МОИ дархостро барои љалби мутахассиси хориљї дар мўњлати то 10 рўз баррасї  менамояд. Рухсати кор бо назардошти мўњлати эътибори шартномаи мењнатї аз 5 сол зиёд дода намешавад;

- субъектњои МОИ баъди гирифтани рухсати кор барои гирифтани раводид ва додани иљозатнома ба шањрванди хориљї барои истиќомат ба Маъмурияти МОИ дархост манзур менамоянд;

- раводид ва иљозатнома барои истиќомат ба шањрванди хориљї, ки ба кор љалб гаштааст, тавассути Маъмурияти МОИ аз љониби маќомоти дахлдори идораи давлатї дар асоси рухсати кор бо тартиби  соддашуда бо назардошти мўњлати рухсати кор дода мешавад;

- кормандони хориљии субъектњои МОИ, ки раводид ва рухсати кор гирифтаанд, бояд ба таври хаттї дар шўъбаи раводид ва баќайдгирии маќомоти дахлдори давлатї ба ќайд гирифта мешаванд;

- пардохти хизматрасонї барои додани рухсати кор, раводид ва додани иљозатнома ба мутахассони хориљии субъектњои МОИ ва аъзои оилаи онњо аз рўи меъёрњои тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИдар мувофиќа бо маќомоти давлатии ваколатдори дахлдор мутобиќи меъёрњои муќаррарнамудаи  ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда шавад.

75. Субъектњои МОИ њар моњ музди мењнати тамоми кормандонро дар асоси шартномањои мењнатї пардохт мекунанд. Дар њолати бо айби корфармо бо таваќќуф пардохтани музди мењнати кормандон, Маъмурияти МОИ њуќуќ дорад дар доираи ваколатњои худ нисбати субъектњои МОИ тибќи Низомномаи мазкур ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки оид ба њифзи њуќуќи кормандон ва хизматчиён пешбинї шудааст, чорањо андешад.

Кормандони субъектњои МОИ метавонанд мутобиќи шартномаи мењнатї музди мењнати худро,  инчунин маблаѓи харољотиро њангоми анљом  додани сафарњои хизматї, бо асъори миллї ё хориљї гиранд.

Музди мењнатеро, ки  кормандони хориљї бо асъори миллї ё хориљї ба даст овардаанд, мумкин аст пас аз пардохти андозњо бе мамониат аз љониби онњо ба хориља бароварда шавад.

76. Субъектњои МОИ бояд:

- ќарордоди мењнатиро барои њар корманди МОИ «Данѓара» њангоми мурољиат барои дарёфти раводиди доимї пешнињод намоянд;

- гирифтани раводидро дар мўњлати 72 соат пас аз ташрифи хизматчї таъмин намоянд;

- њамаи кормандон ва хизматчиёнро бо либоси махсус ва бехатарии техникии корњоро таъмин намоянд;

- фавран ба Маъмурияти МОИ оид ба бедарак шудани њар як корманди худ хабар дињанд;

- кормандони худро бо љойи истиќомат таъмин намоянд;

- кормандони худро њатман суғуртаи иљтимої ва тиббї намоянд;

- барои зараре, ки ба саломатии кормандон ва хизматчиёни аз рўи шартнома коркунанда расонида шудааст, инчунин барои осеби мењнатие, ки бо гуноњи корфармо дар њудуди корхона ба кормандон расонида шудааст, љавобгарии моддиро ба зимма гиранд.

77. Дар њудуди МОИ «Данѓара» корпартої манъ карда шудааст.

13. Тартиби дохилшавї (хориљшавї)

ба (аз) МОИ «Данѓара»

78. Дар њудуди МОИ «Данѓара» низоми соддаи дохилшавї ва хориљшавии шањрвандони хориљии аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИдар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон муќарраргардида амал мекунад, ки инњоро дар бар мегирад:

- кам кардани 50 фоизи маблаѓи пардохтњои консулї;

- кам кардани мўњлати баррасии њуљљатњо барои додани раводидњои дохилшавї ва хориљшавї;

- додани раводидњои дохилшавї барои шањрвандони хориљї дар баробари ташрифи онњо ба Љумњурии Тољикистон, ки ба МОИ «Данѓара» равонаанд;

- дигар хизматрасонињои иттилоотию њуќуќї ва машваратї, ки аз љониби Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон барои МОИ «Данѓара» мувофиќ бо равандњои таќйирёбандаи рушди минтаќаи озоди иќтисодї пешбинї шудаанд.

79. Субъектњои МОИ дар њолати зарурї бањри гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Данѓара» ба Маъмурияти МОИ аз рўи тартиби муќарраршуда як моњ пеш аз ташрифи мазкур дархост пешнињод менамоянд.

Маъмурияти МОИ дархостро баррасї намуда, ба субъектњои МОИ дар бораи имконияти гирифтани раводид барои корманди ташрифоваранда барои кор дар МОИ «Данѓара» мушаххасан оид ба њар кадом номзад хабар медињад.

Рўйхати шахсони барои кор ба МОИ «Данѓара» ташрифоваранда аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИтасдиќ гардида, он барои баррасї ба идорањои консулии Вазорати корњои хориљї дар љойњои ташрифи кормандон дар њудуди Љумњурии Тољикистон ирсол мегардад.

Маъмурияти МОИ пешвозгирї ва њамроњии шахсони ташрифовардаро то њудуди МОИ «Данѓара» якљоя бо намояндаи субъекти МОИ ва аз њисоби ў ташкил мекунад.

Айнан њамин тартиб њангоми ба хориљ рафтани кормандон - шањрвандони хориљие, ки дар МОИ «Данѓара» кор мекунанд, анљом дода мешавад.

80. Маъмурияти МОИ барои гирифтани раводид љињати ташрифи шањрвандони хориљї, дароз кардан ва аз эътибор соќит донистани он мусоидат менамояд.

Маъмурияти МОИ њар моњ ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон дар бораи шањрвандони хориљии барои кор ба МОИ «Данѓара» ташрифоварда бо роњи пешнињоди рўйхати шахсони воќеии хориљии барои кор ба МОИ «Данѓара» ташрифоварда мувофиќи тартиби муќарраршуда иттилоъ медињад.

81. Дохилшавии шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї ба њудуди наздисарњадии Љумњурии Тољикистон бо маќсади сафарњои хизматї, корї, хусусї ва фаъолияти мењнатї бо иљозатномањои аз љониби Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон додашуда амалї мегардад. Тартиби дохилшавї ва истиќомати шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрвандї дар њудуди Љумњурии Тољикистон тавассути санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї мегардад. Баќайдгирї, масоили баќайдгирии муваќќатї, дохилшавї ва истиќомати шањрвандони хориљї аз љониби маќомоти Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Маъмурияти МОИ амалї мегардад.

14. Мўњлати амали МОИ «Данѓара»

82. Мўњлати амали МОИ «Данѓара» 25 сол мебошад.

Мўњлат ва шартњои давраи гузариш њангоми љорї кардани низоми МОИ «Данѓара» аз тарафи Маъмурияти МОИ на зиёдтар аз 7 сол аз рўзи тасдиќ гардидани Низомномаи МОИ «Данѓара» муайян мегардад.

Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи њуќуќї ва  ба таври воќеї аз худ намудани ќаламрави МОИ  «Данѓара» истифода мешавад.

Мўњлат ва шартњои давраи гузариш пеш аз ќатъи амали низоми МОИ «Данѓара» аз љониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад. Дар ин маврид шартњои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то ќатъи амали минтаќаи озоди иќтисодї фаро мерасанд.

Дар тамоми давраи амали низоми МОИ «Данѓара» дар њудуди минтаќа дар баробари забони давлатї забонњои муоширати байнидавлатї - русї ва англисї забонњои корї ба њисоб мераванд.

83. Барои дароз кардани мўњлати амали МОИ «Данѓара» аз љониби Маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИхулосањои иќтисодї оид ба дароз кардани мўњлати фаъолияти МОИ «Данѓара» пешнињод мегардад, ки инњоро дар бар мегирад:

- ояндабинї ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ «Данѓара»;

- бањои самаранокии фаъолияти МОИ «Данѓара».

15. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ

84. Дар њудуди МОИ «Данѓара» вазифаи идоракуниро Маъмурияти МОИ иљро менамояд, ки онро роњбар ба ўњда дорад.

Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ бо Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.

Маъмурияти МОИ маќоми идоракунандаи МОИ «Данѓара» буда, фаъолият ва рушди МОИ «Данѓара» ва њамоњангсозии фаъолияти субъектњои МОИ-ро дар доираи њуќуќу ваколатњои пешбинишуда  таъмин менамояд.

Маъмурияти МОИ шахси њуќуќї буда, дар шакли ташкилию њуќуќї њамчун муассисаи давлатии љумњуриявї таъсис дода мешавад. Маъмурияти МОИ дар тобеияти маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИќарор гирифта, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИтасдиќ мегардад, фаъолият менамояд.

Маъмурияти МОИ дорои мўњр бо акси Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ва номгузории «Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» ба забонњои давлатї ва англисї, суратњисобњо, рамзи хусусї, атрибутика ва дигар нишонањо мебошад.

85. Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар њамкорї бо маќомоти љумњуриявї ва мањаллии њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар асоси ќоидањои маъмули њамкории зич бо маъмурияти дигар минтаќањои озоди иќтисодї дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо маќсади мувофиќ гардонидан ва бо назардошти манфиатњои дигар минтаќањои озоди иќтисодии љумњурї ба роњ мемонад, ба барќарорсозии стандартњои байналмилалии пешбурди соњибкорї ва одоби корї дар тамоми ќаламрави љумњурї мусоидат менамояд.

86. Харољот барои нигоњдории дастгоњи Маъмурияти МОИ аз њисоби буљети МОИ «Данѓара» тибќи харљномаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва маќоми ваколатдори давлатии молиявї барои соли навбатии молиявї маблаѓгузорї карда мешаванд.

87. Њуќуќу ваколатњои Маъмурияти МОИ аз инњо иборатанд:

- тањия ва татбиќи стратегия ва барномаи рушди МОИ «Данѓара», аз љумла наќшаи генералии минтаќа;

- ќабули санадњо доир ба идоракунї ва њамоњангсозии фаъолият дар МОИ «Данѓара»;  

- тањияи буљети мустаќили минтаќа, тасдиќи он тибќи тартиби муќараргардида ва таъмини иљрои он;

- тањияи наќшаи љобаљокунии субъектњои МОИ дар сарњади њудудии МОИ «Данѓара» бо назардошти таклифњои онњо, аз љумла харољоти молиявии њар як субъекти МОИ барои пешнињоди минбаъдаи он ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунандаи минтаќањои озоди иќтисодї;

- тањияи харљномаи харољотњо оид ба ободонии сарњади њудуди муайяншудаи МОИ «Данѓара»;

- мувофиќаи наќшаи љойгиршавии инфрасохторњои гумрукї бо маќоми ваколатдори давлатии гумрукї;

-  таъмини ягонагї ва фаъолияти пурсамари МОИ «Данѓара»;

- таъмини рушди МОИ «Данѓара» бо роњи љалби сармоягузорони ватанию хориљї, воситањои молиявии ташкилотњои ватанию хориљї дар шакли ќарзњои имтиёзнок, ќарз ва грантњо дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИва маќоми ваколатдори давлатии молиявї;

- ташкили маъхази иттилоотию тањлилии фаъолият ва рушди иќтисодии МОИ «Данѓара»;

-   њимояи манфиатњои субъектњои  МОИ;

- фароњам овардани шароити мусоид барои љалб намудани сармоягузорињои ватанию хориљї ва дигар намуди захирањо;

- назорати риояи низоми њуќуќии МОИ «Данѓара», тањияи таѓйиру иловањо ба Низомномаи мазкур ва баррасии масъала тибќи тартиби муќараргардида;

- таъмини назорати давлатї ва назорати истифодаи оќилонаи захирањои табиї ва мењнатї дар њудуди МОИ «Данѓара» бо маќсади иљрои ќонунњо ва санадњои меъёрї оид ба масъалањои рушди МОИ «Данѓара»;

- пешнињоди замин барои иљора ба субъектњои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ «Данѓара»;

- ташкили маркази иттилоотї, бизнес-инкубаторњо, анборњо, биноњои маъмурї, иншооти истењсолї ва дигар сохторњои зарурї барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ «Данѓара»;

- њамоњангсозии корњои ташкилотњои илмї, лоињавї, саноатї, сохтмонї ва дигар муассисањои ватанї ва хориљие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ «Данѓара» љалб мешаванд;

- баррасии бизнес-наќшањо ва лоињањои сармоягузории довталабон;                     

- ба довталабон додани њуљљати тасдиќкунандаи љойгиршавї  ва нишонии њуќуќї дар МОИ «Данѓара»;

- танзими робитањои МОИ «Данѓара» бо бозори байналмилалї;

- ташкили омўзиш, бозомўзї ва такмили ихтисоси кадрњо барои МОИ «Данѓара», иштирок дар татбиќи сиёсати давлатї дар соњаи ташаккули кадрњо, шуѓл, сиёсати љавонон ва муњољират дар минтаќа;

- ташкили конфронсњо, машваратњо, семинарњо ва ѓайра;

- ба имзо расонидани шартномањо бо субъектњои МОИ;

- ташкил ва пешбурди дафтари баќайдгирии сертификатњо;

- додани сертификатњо ба субъектњои МОИ;

- такмили шаклњои идоракунии хољагии МОИ «Данѓара» ва амалигардонии идоракунии хољагї бо дарназардошти самаранокии иќтисодии истифодаи масоњати заминњои давлатї ва моликияти хусусї дар њудуди МОИ «Данѓара»;

- таъмини азхудкунии маблаѓњо дар лоињањое, ки моњияти умумиминтаќавї доранд;

- хизматрасонї дар гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон амалї мегарданд;

- додани рухсатномањо барои даромадан ба њудуди МОИ «Данѓара»

- ташкил ва назорати фаъолияти воњидњои њарбикунонидашудаи њифзи иншооти МОИ «Данѓара». Сохтор ва шумораи воњидњои дар боло зикршуда аз љониби Маъмурияти МОИ дар мувофиќа бо вазоратњои дахлдори Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд;

- њар семоња ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИпешнињод намудани њисобот оид ба фаъолияти МОИ «Данѓара»;

- амалигардонии дигар ваколатњое, ки бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидаанд.

88. Ќарорњои Маъмурияти МОИ, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, барои субъектњои МОИ њатмї мебошад.

89.Санљиши фаъолияти Маъмурияти МОИ аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИамалї мегардад.

90. Роњбари Маъмурияти МОИ ва муовинони вай аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Њаљми маоши вазифавии роњбарияти Маъмурияти МОИ аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

91. Ба вазифаи роњбари Маъмурияти МОИ шахсе таъин мегардад, ки маълумоти олии њуќуќї ё иќтисодї ва собиќаи кории на кам аз 5 соли фаъолият дар вазифаи роњбари ташкилот ё дар вазифањои хизмати давлатї дошта бошад.

92. Роњбари Маъмурияти МОИ:

-  њуќуќ ва вазифањои Маъмурияти МОИ-ро таъмин менамояд;  

- МОИ «Данѓара»-ро дар њама ташкилотњои ватанї, хориљї, байналмилалї, корхонањо, бонкњо ва муассисањо намояндагї менамояд;

- барои иљрои уњдадорињо ва вазифањояш љавобгарии шахсї дорад;

- воњидњои кориро муќаррар менамояд, кормандони Маъмурияти МОИ-ро ба вазифа таъин ва озод менамояд.

93. Роњбари Маъмурияти МОИ дар баробари дигар вазифањо инчунин  њамоњангсозии фаъолияти мувофиќашудаи Маъмурияти МОИ- ро бо маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар ташаккул ва рушди МОИ «Данѓара» амалї менамояд.

16. Тартиби барњам додани МОИ «Данѓара»

94. МОИ «Данѓара» дар њолатњои муќаррарнамудаи ќонунгузории ЉумњурииТољикистон дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон барњам дода мешавад.

95. Субъектњои МОИ «Данѓара» дар њолати барњамдињии минтаќаи озоди иќтисодї аз њуќуќњо ва ўњдадорињои худ, ки дар ќонунгузорї оид ба минтаќањои озоди иќтисодї пешбинї гардидаанд, мањрум мешаванд.

Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љињати фаъолият ё барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо метавонанд дар њудуди собиќ минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият кунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода шаванд.

Маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињодро оид ба барњам додани МОИ «Данѓара» ирсол менамояд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон барои анљом додани тањлили пурраи иќтисодиии мувофиќи маќсад будани барњамдињии МОИ «Данѓара» комиссия таъсис медињад.

Дар асоси тањлили пурраи анљомдодашуда ва бо назардошти таклифи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї комиссия ба баррасии Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба барњам додани МОИ «Данѓара» ва мўњлатњои барњам додани МОИ «Данѓара» пешнињод ирсол менамояд.

17. Нишонии Маъмурияти МОИ «Данѓара»

96. Маъмурияти МОИ «Данѓара» дар суроѓаи зайл љойгир аст:

Љумњурии Тољикистон, Вилояти Хатлон, ноњияи Данѓара.

Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

НИЗОМНОМАИ

МИНТАЌАИ ОЗОДИ ИЌТИСОДИИ «ПАНЉ»

1. Муќаррароти умумї

1. Низомномаи мазкур мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ва Низомнома дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон, ки бо Ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 5 декабри соли 2005 тањти №191 тасдиќ шудааст, тањия гардидааст.

Низомномаи мазкур асосњои ташкилї, њуќуќию иќтисодии таъсис, фаъолият ва барњамдињии минтаќаи озоди иќтисодии шакли комплексии Минтаќаи озоди иќтисодии «Панљ»-ро (минбаъд - МОИ «Панљ») муайян менамояд.

2. Маќсади асосии ташкили МОИ «Панљ»:

- њавасмандгардонии рушди иќтидори иќтисодии вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон, аз љумла, љалб намудани сармояи ватанию хориљї, љорї намудани усулњои пешќадами идоракунї ва менељмент;

-њамроњгардонии иќтисодиёти минтаќа ва кишвар дар таќсимоти байналмилалии мењнат, равнаќ додани њамкорињои тиљоратию иќтисодї бо кишварњои хориљї, афзун намудани иќтидори содиротии љумњурї;

- рушди шањрсозї дар минтаќањои атрофи МОИ «Панљ», ташкил намудани инфрасохтори муосири муњандисию наќлиётї, телекоммуникатсионї, истењсолї ва иљтимої;

- ташкили шабакаи истењсолоти аз љињати экологї тоза, бунёди истењсолоти молу мањсулоти раќобатноки содиротї;

- бо кор таъмин намудани ањолии минтаќа ва љумњурї, ташкили љойњои иловагии кор, баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї, афзун намудани ќобилияти харидорї, сермол гардонидани бозори дохилї аз њисоби афзоиши даромади коргароне, ки дар МОИ «Панљ» кор мекунанд ва њалли дигар масъалањои иљтимоию иќтисодии минтаќа.

3. Вазифањои асосии МОИ «Панљ»:

- рушди иќтидори иќтисодии минтаќа дар асоси њамгироии сармоягузорињои хориљї бо воситањои моддию маблаѓи корхонаю ташкилотњои ватанї, ки ба гуногунрангии шаклњои моликият асос ёфтаанд;

- љалб намудани сармояи хориљї, техника ва технологияњои муосир, таљрибаи хориљии идоракунї ва усулњои нави хољагидорї;

- љорї намудани навоварї ва ихтирооти илмию техникии ватанї ва хориљї дар истењсолот, бо истифодаи минбаъдаи онњо дар минтаќањои дигари кишвар;

- таъмин намудани устувории иљтимоию иќтисодии минтаќа;

- кам намудани харољоти истењсолот, истифодаи пурраи захирањои озоди мењнатї, табиї ва дигар захирањои мањаллии истењсоли молу мањсулот барои содирот ва таъмини бозори дохилї;

- бунёд ва ободонии њудуди МОИ «Панљ», њифз ва њимояи муњити зист;

- дар њудуди МОИ ташкил намудани инфрасохтори истењсолї дар сатњи меъёрњои байналмилалї (алоќа, наќлиёт, коммуникатсия ва ѓайра);

- ташкаккул додани буљаи мустаќили МОИ "Панљ".

2. Маќоми МОИ «Панљ»

4. Маќоми МОИ «Панљ» аз сарњадоти он, заминаи ќонунгузорї ва низомњои махсуси њуќуќї ва инчунин буљети минтаќа ва маќомоти идоракунии худї ташаккул меёбад.

5. МОИ «Панљ» дар мавзеи Ќарадуми ноњияи Ќумсангири вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон бо масоњати умумии400 гектарзамин њамчун минтаќаи алоњидаи (мањдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба мўњлати 25 сол ташкил карда мешавад.

Замини МОИ «Панљ» моликияти истисноии давлат буда, муносибатњои ба он алоќаманд дар доираи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба танзим дароварда мешаванд.

6. Дар њудуди МОИ «Панљ» ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.

Дар бобати муносибатњое, ки бевосита бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи МОИ ба танзим дароварда нашудаанд, меъёрњои ќонунии ба моњияти онњо зиднабуда ва муносибатњои монандро ба танзим дароваранда амалї мегардад.

7. МОИ «Панљ» минтаќаи алоњидаи (мањдуди) ќаламрави Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар њудуди он низоми махсуси гумруку андоз, инчунин низоми соддагардонидашудаи баќайдгирии субъектњои МОИ «Панљ» (минбаъд - субъектњои МОИ) ва њамчунин тартиби даромад ва баромади резиденту ѓайрирезидентњои МОИ амалї мешавад.

Дар њудуди МОИ «Панљ» барои ташкил ва фаъолияти ташкилотњо, корхонањо ва соњибкорони инфиродї, ки бо љалби сармояњои ватанї ва (ё) хориљї ташкил мешаванд, низоми  имтиёзнок созмон дода мешавад.

8. Дахолати маќомоти њокимияти давлатї ба фаъолияти молиявию хољагидории МОИ «Панљ» манъ аст, ба ѓайр аз њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст.

9. МОИ «Панљ» буљети мустаќил дорад, ки он аз њисоби даромади худї ва дигар пардохтњо, ки аз љониби Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар шуда, аз тарафи шахсони воќеию њуќуќии дар ќаламрави он ба ќайд гирифташуда пардохт карда мешаванд, ташкил меёбад.

Буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї бо маќоми ваколатдори давлатии молиявї мувофиќа карда мешавад.

10. Маќоми идоракунї дар њудуди МОИ «Панљ» Маъмурияти МОИ «Панљ» мебошад (минбаъд - Маъмурияти МОИ).

11. Дар њудуди МОИ «Панљ» иљрои чунин амалњо  манъ аст:

- иљрои корњои истифодаи захирањои зеризаминї (ба ѓайр аз истихрољи обњои зеризаминї барои таъмини фаъолияти МОИ бо об);

- истењсоли молњои зераксизї (аз љумла мањсулоти тамоку, машрубот - араќ, ликёр ва дигар нўшокињои алкоголї, ба истиснои истењсоли шампан, майи пурљўш, шаробњои ноб ва нимрас, шаробњои ангурї, пиво), ба истиснои истењсоли наќлиёти автомобилї ва дигар воситањои наќлиётии муњаррикдор, ки барои мусофиркашонї пешбинї шудаанд;

- истењсоли коѓазњои ќиматбањо, пул ва танга, маркањои почта;

- истењсол, коркард, нигоњдорї, фурўши воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо;

- пахши барномањои радио ва телевизион, ба истиснои хизматрасонињои техникии радио ва телевизион;

- истењсол, коркард, нигоњдорї, безараргардонї аз зањролудшавї, фурўши маводи хатарнок ва радиоактивї;

- истењсоли мањсулоти металлургияи ранга ва сиёњ;

- табобати одамони мубталои беморињои хатарнок ва махсусан хатарнок, аз љумла  беморињои узвњои таносул ва сирояткунандаи пўст, касалињои рўњии хуруљкунанда;

- табобати њайвонњое, ки касалињои нињоят хавфнок доранд;

- фаъолияте, ки ба масъалањои муњољирати мењнатии хориљї алоќаманданд;

- бунёди истењсолоти аз љињати экологї хатарнок, ки ба муњити зист зараровар мебошад;

- фурўши маводи сўзишворию равѓанњои молиданї ба шахсони воќеию њуќуќї, ки ба субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї мансуб нестанд;

- фурўши чаканаи молу ашё. Мол ва мањсулоти тайёри хўроки умумии воридотие, ки барои истеъмоли шахсии кормандони МОИ пешбинї шудаанд, аз тарафи муассисаи махсуси хўроки умумї, ки дар асоси ќарордоди бо сохтори дахлдори субъекти МОИ имзошуда амал мекунад, фурўхта мешаванд. Ба ин намуди фаъолият низоми имтиёзноки андоз татбиќ  намешавад.

- фаъолияти хољагидорию тиљоратии бо таъмини амният ва дифои давлат ва инчунин бо истењсол, коркард, нигоњдорї ва фурўши яроќ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда, воситањои нашъадор, моддањои психотропї алоќаманд;

- воридоти воситањои нашъадор, моддањои психотропї, яроќ, лавозимоти љангї ва дигар моле, ки фурўш ва интиќоли он дар Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудааст;

- ташкил намудани ќимор ва лотереяњо, ќиморхонањо (казиноњо), видеосалонњо, автоматњои бозї ва њоказо.

12. Рељаи кори МОИ «Панљ» аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муќаррар карда мешавад.

13.Содироти мол аз њудуди МОИ ба кишварњои дигар нисбат ба содироти мол ба Љумњурии Тољикистон њавасманд карда мешавад.

Њамзамон талабот оид ба истифодаи њатмии ашёи хом ва маводи мањаллї, бар ивази воридотї ё пешнињод шудани субсидияњо ва имтиёзоти дигаре, ки пешнињоди онњо бо чунин талабот вобаста шудааст, муќаррар шуда наметавонанд.

3. Субъектњои МОИ «Панљ»

14. Ба сифати субъектњои МОИ соњибкорони инфиродї ва ташкилотњо новобаста ба шакли ташкилию њуќуќиашон, ки ќонунгузории Ҷумњурии Тољикистон пешбинї намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онњо эътироф карда мешаванд, ки:

          - аз љониби шахсони воќеии дохилї ва (ё) хориљї ва (ё) шахсони њуќуќї дар њудуди МОИ «Панљ» бо маќсади машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї таъсис дода шуда, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз ќайди давлатї гузаштаанд;

          - сертификатро барои машѓул шудан ба ин ё он намуди фаъолият дар њудуди МОИ «Панљ» тибќи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинї шудааст, соњиб гардидаанд;

          - ба сифати субъекти МОИ бо тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбинї шудааст, ба ќайд гирифта шудаанд.

          15. Субъектњои МОИ фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомнома дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон, Низомномаи мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки фаъолияти МОИ-ро ба танзим медароранд, ба роњ мемонанд.

4. Баќайдгирии давлатии таъсиси шахси њуќуќї ва соњибкори

инфиродї дар њудуди МОИ «Панљ»

16. Баќайдгирии давлатии соњибкори инфиродї, шахси њуќуќї, филиал ё намояндагии шахси њуќуќї дар њудуди МОИ «Панљ» мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

17.Ҳуљљати тасдиќкунандаи нишонии њуќуќї ва љойгиршавии шахси њуќуќї, филиал ё намояндагии шахси њуќуќї, соњибкори инфиродиро барои баќайдгирии давлатї бо дарназардошти хулосаи мусбии ташхисии бизнес-наќша ё лоињаи сармоягузорї, ки аз тарафи шахси мурољиаткунанда пешнињод гардидааст, Маъмурияти МОИ медињад.

5. Талабот оид ба лоињањои инвеститсионї

18. Лоињањои инвеститсионї барои субъектњое, ки корхонањои истењсолї таъсис медињанд, бояд ба чунин меъёрњои асосї мутобиќат намоянд:

- њаљми фонди оинномавї барои шахсони њуќуќї бояд на кам аз 500 њазор доллари ИМА бошад;

-  мўњлати истифодабарии на кам аз 90 фоизи таљњизоти асосии технологии воридотї бояд на зиёда аз 5 сол бошад.

19. Маъмурияти МОИ дар муддати се рўзи баъди пешнињоди њуљљатњо лоињаи инвеститсиониро, ки барои истифода дар амал арз шудааст, мутобиќати онро ба маќсаду, талаботи асосї ва вазифањои таъсис ва фаъолияти МОИ «Панљ» ва инчунин мувофиќати њуљљатњои пешнињодшударо ба ќонунгузории Љумњурии Тољикистон баррасї менамояд.

20. Аз натиљаи баррасии њуљљатњо маъмурияти МОИ ба лоињаи инвеститсионї хулосанома омода намуда, тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї лоињаи инвеститсиониро ба баррасии маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ пешнињод менамояд.

21. Маъмурияти МОИ дар муњлати се рўзи баъди дастрас намудани ќарор ё нусха аз протоколи комиссияи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї аризадињандагон – шахсони воќеї ё њуќуќии Љумњурии Тољикистон, шахсони воќеї ё њуќуќии хориљиро аз ќарори ќабулшуда оид ба лоињаи инвеститсионї огоњ мекунад. Њангоми манфї будани ќарори комиссияи мазкур Маъмурияти МОИ аз ин шахсњо эрод ќабул намекунад.

22. Шахсоне, ки дар боби 4 Низомномаи мазкур номбар шудаанд, барои дурустии маълумотњои пешнињодшуда мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масъуланд. Дар њолатњои зарурї Маъмурияти МОИ њуќуќ дорад њуљљатњои иловагиро вобаста ба фаъолияти ин шахсон ва бањодињии лоињаи инвеститсионие, ки барои татбиќ пешнињод шудааст, дархост намояд. Њуљљатњое, ки ба талаботи муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур љавобгўй намебошанд, барои баррасї ќабул карда намешаванд.

6. Сертификат барои фаъолият дар њудуди МОИ «Панљ»

23. Пас аз баќайдгирии давлатї шахсони њуќуќї ё соњибкорони инфиродї, ки мутобиќи боби 4 Низомномаи мазкур ташкил шудаанд, бояд барои фаъолияти соњибкорї дар њудуди МОИ «Панљ» сертификат (минбаъд - сертификат) гиранд.

24. Барои дастрас намудани сертификат ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ пешнињод намудани њуљљатњои зерин зарур аст (њамаи њуљљатњо дунусхагї пешнињод мешаванд):

- анкета-дархости пуркардашуда барои дастрас намудани сертификат (бланкањоро маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ё Маъмурияти МОИ медињанд);

- иттилоотнома оид ба тавсифи ширкат ва фаъолияти пешбинишудаи он дар МОИ;

- њуљљате, ки намунаи имзоњои шахсони ваколатдори ширкатро тасдиќ мекунад;

- барои муассисањои бонкї – иљозати Бонки миллии Тољикистон барои њуќуќи ташкил намудани бонк, филиал ё шўъбаи бонк дар МОИ «Панљ».

25. То дастрас намудани сертификат ба мурољиаткунанда барои шиносшавї лоињаи шартнома бо шартњои фаъолият дар њудуди МОИ «Панљ», ки байни мурољиаткунанда ва Маъмурияти МОИ пас аз гирифтани сертификат баста мешавад, пешнињод мегардад.

26. Пас аз баррасї ва маъќул донистани дархостњо барои гирифтани сертификат шахсоне, ки номзад њисобида мешаванд, яъне ба тамоми талабот барои гирифтани сертификат љавобгў њастанд, бо мактуби расмї хабардор карда мешаванд. Дар мактуби мазкур ба номзад барои гирифтани сертификат 30 рўз мўњлат дода мешавад, ки дар давоми он номзади зикргардида бояд бо Маъмурияти МОИ оид ба иљораи бино ё ќитъаи замини муайяншуда дар њудуди минтаќа шартнома бандад. Нусхаи шартномаи байни номзад ва Маъмурияти МОИ дар давоми мўњлати муайянгардида имзошуда ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї равона карда, баъд аз он аз тарафи ин маќом ба ў сертификат дода мешавад. Агар дар мўњлати муайяншуда байни номзад ва Маъмурияти МОИ созишнома баста нашавад, ин њолат метавонад барои надодани сертификат асос шавад.

Њангоми баррасии дархост ва додани сертификат чунин нишондињандањои фаъолияти ширкат, ба мисоли мусоидат барои рушди содирот, зиёд кардани љои кор, воридоти технологияи пешќадам, истењсолоти аз љињати экологї бехатар ва ѓайра ба назар гирифта мешаванд.

27. Шаклњои сертификат ва анкетањо аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ карда мешаванд.

28. Сертификатњо ба мўњлатњои зерин дода мешаванд:

- сертификат барои фаъолияти тиљоратї ба мўњлати то 10 сол;

- сертификат барои фаъолияти истењсолї ба мўњлати то 15 сол.

29. Арзиши сертификат барои њар гуна намуди фаъолият новобаста ба њаљми истењсолот ва муомилоти мол, 5 њазор доллари ИМА мебошад.

7. Боздошти муваќќатї, азнавбарќароркунии фаъолияти

субъектњои МОИ ва бекоркунии (беэътибор њисобидани) сертификат

30. Боздошти муваќќатї, азнавбарќароркунии фаъолият ва бекоркунии (беэътибор њисобидани) сертификати субъектњои МОИ бо асосњои зерин амалї карда мешаванд:

1) фаъолияти субъекти МОИ аз тарафи Маъмурияти МОИ дар мўњлати то 3 моњ њангоми рух додани њолатњои зерин муваќќатан боздошта мешавад;:

- њангоми пешнињод накардани маълумотњо ва њуљљатњое, ки аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва Маъмурияти МОИ талаб карда шудаанд, дар мўњлатњои муайяншуда ё дидаю дониста пешнињод намудани маълумоти бардурўѓ;

- њангоми тасдиќ гардидани он ки субъекти МОИ, намояндаи ваколатдор ё корманди он ба обьектњои хизматрасонї ва таљњизоти МОИ зарар расонидаанд ва ин амалњо ќатъи назар аз онњоро огоњонидани Маъмурияти МОИ идома доранд ва (ё) надодани товони зарари расонидашуда;

- дар њолати муайян гаштани он ки субъектњои МОИ шартњои шартномаи иљора ё дигар шартномаро, ки бо Маъмурияти МОИ ё ширкати идоракунанда баста шудааст, иљро наменамоянд;

- њангоми риоя накардани муќаррароти дастурамалњо ё вайрон кардани тартиботе, ки дар МОИ муќаррар шудааст;

2) фаъолияти субъекти МОИ бо иљозати Маъмурияти МОИ дар њолати иљрои шартњо ё аз байн бурдани сабабњои боздоштани фаъолияти субъекти МОИ аз нав барќарор карда мешавад;

3) сертификат аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї баъди гузаронидани тафтиши воќеияту маълумотњое, ки дар хулосаи Маъмурияти МОИ дарљ гардидаанд, дар њолатњои зерин бекор карда (беэътибор дониста) мешавад:

- агар дар хулосаи Маъмурияти МОИ муайян шуда бошад, ки дар давоми мўњлати дар шартнома нишондодашуда сабабњое, ки ба ќатъи муваќќатии фаъолияти субъектони МОИ «Панљ» асос мебошанд, аз байн бурда нашудаанд;

- агар дар натиљаи тафтиш ва тањќиќи даќиќ муайян шуда бошад, ки ўњдадорињои дар анкета-дархост барои гирифтани сертификат нишон додашуда риоя намешаванд ва маълумотњои дар он нишон додашуда аз аввал дурўѓ мебошанд;

- агар муайян шуда бошад, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон аз тарафи субъекти МОИ «Панљ» вайрон карда шудаанд.

8. Баќайдгирии субъектњои МОИ «Панљ»

31. Корхонањо ва ташкилотњои дорои шаклњои гуногуни ташкилию њуќуќї, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї кардааст (аз љумла, соњибкорони инфиродие, ки бе таъсиси шахси њуќуќї фаъолият менамоянд), инчунин филиалњо ва намояндагињои онњо - дорандагони сертификатњо њамчун субъекти МОИ ба ќайд гирифта мешаванд.

32. Субъектњои МОИ-ро Маъмурияти МОИ ба дафтар ќайд менамояд.

33. Тартиби баќайдгирии субъектњои МОИ:

- ариза додани дорандагони сертификатњо барои баќайдгирї њамчун субъект;

- ба дафтари ќайд навиштани маълумоте, ки дар сертификат оварда шудааст;

- додани раќами баќайдгирї.

34. Таѓйирот ба дафтари ќайд аз рўи аризаи субъектњои МОИ ворид карда мешавад.

Қайдњо бо роњи ворид намудани ќайди нав ба дафтари ќайд ислоњ ва бекор карда мешаванд.

Ќайдњо оид ба аризањо аз тарафи рўйхатгир ба дафтари ќайд баробари расидани аризаи дахлдор дохил карда мешаванд.

Ба ќайд гирифта шудани субъекти МОИ бо додани њуљљат (шањодатнома) дар бораи ќайд, ки шакли онро маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї муайян мекунад, тасдиќ карда мешавад.

9. Рухсатномањо ва кортњои хизматї

35. Барои ворид шудан ба њудуди МОИ «Панљ» ба намояндагон, хизматчиён, коргарони субъектњои МОИ ва дигар шахсон навъњои зерини рухсатномањо пешбинї шудааст:

- рухсатномаи доимї;

- рухсатномаи муваќќатї;

- кортњои хизматї.

36. Рухсатномањои доимиро Маъмурияти МОИ ба намояндагон, хизматчиён ва коргарони субъектњои МОИ медињад, ки онњо маълумоти зеринро доранд:

- ном ва мўњри Маъмурияти МОИ;

- санаи дода шудан;

- акси дорандаи рухсатнома;

- насаб, ном ва номи падари дорандаи рухсатнома;

- љои кор;

- шартњои воридшавї.

37. Рухсатномањои муваќќатиро Маъмурияти МОИ ба дигар шахсоне медињад, ки дар онњо ному насаб ва номи падари ин шахсон зикр нашудааст, вале ранги онњо аз дигар рухсатномањо фарќ мекунад ва њангоми баромадан аз минтаќа ба хадамоти дахлдори МОИ «Панљ» баргардонида мешаванд.

Рухсатномањои муваќќатї њангоми пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи шахс эътибор доранд.

38. Кортњои хизматиро, ки дорои маълумотњои якхела бо рухсатномањои доимї мебошанд, Маъмурияти МОИ ба хизматчиёни Маъмурияти МОИ ва ширкати идоракунанда, инчунин ба шахсоне медињад, ки аз тарафи Маъмурияти МОИ ва ширкати идоракунанда киро карда шудаанд.

39. Рухсатномањо пулакї буда, ќимати онњо аз рўи меъёрњои тасдиќнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї пардохта мешавад.

 

10. Беэътиборгардонии рухсатнома, рухсатномањои махсус ва 

                кортњоихидматї

40. Њангоми беэътиборгардонии сертификати субъекти МОИ рухсатнома ва кортњои хидматии кормандон ва хизматчиёнаш баъд аз огоњонидан аз тарафи Маъмурияти МОИ пас гирифта мешаванд.

41. Субъекти МОИ хабари аз кор рафтани кормандонашро бояд худи њамон рўз ба Маъмурити МОИ расонад. Дар ин њолат рухсатномаи ин шахсон баъди 7 рўз беътибор карда мешавад. Агар шахсони мазкур то ба итмом расидани ин мўњлат дар њудуди МОИ љои нави кор ёбанд, рухсатномаашон баъди ба он ворид намудани таѓйиру иловањои зарурї баргардонида мешавад.

Шахсоне, ки рухсатномањояшон беэътибор шудааст, њаќ надоранд дар дохили МОИ «Панљ» бошанд.

11. Тартиби барњамдињии субъектњои МОИ

42. Шахси њуќуќї, ки дар њудуди МОИ «Панљ» таъсис дода шудааст, дар њолатњои зерин метавонад барњам дода шавад:

- мутобиќи асосњои пешбининамудаи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон;

- баъди 12 моњи аз ќайди давлатї гузаштани субъект ба андозаи на камтар аз 50 фоизи њаљми дар њуљчатњои баќайдгирї зикршуда бо санад тасдиќ нашудани сармоягузорї. Маъмурияти МОИ њуќуќ дорад, ки сармоягузориро њамчун амали иљроношуда њисоб намояд ва оид ба барњамдињии он мутобиќи тартиботе, ки дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян гардидааст, тадбирњо андешад.

43. Тартиби барњамдињии субъектњои МОИ мутобиќи Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

          Дар њолати беэътибор кардани ќайди субъекти МОИ ва (ё) барњамдињии он роњбари субъекти МОИ бояд дар бораи беэътибор шуданаш эълон намояд.

          Барњамдињї тањти назорати Маъмурияти МОИ дар асоси фармони маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва аз њисоби субъекти МОИ амалї мешавад.

Дар натиљаи тафтиш, баъди њамаи ўњдадорињоро иљро кардани субъекти МОИ санадњои тафтиш, хулоса дар бораи барњамдињї, њисобот ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї барои аз фењристи баќайдгирї баровардани субъектњои МОИ пешнињод мегарданд.

Муќаррароти мазкур дар њолати барњам додани филиалњо ва намояндагињои ширкатњо, ки дар МОИ фаъолият мекунанд, низ  дахл доранд.

12. Њуќуќи субъектњои  МОИ «Панљ»

44. Субъектњои МОИ, сарфи назар аз шакли ташкилию њуќуќиашон   (ба ѓайр аз ташкилотњои буљетї) њуќуќ доранд:

- бо иштироки сармоягузорони ватанию хориљї ташкилотњои муштарак таъсис дињанд;

          - дар асоси шартномањо бо фаъолияти хољагидорї машѓул шаванд, озодона шарик ва мавзўи шартномаро интихоб намоянд, ўњдадорињо, инчунин њама гуна шартњои дигари муносибатњои байнињамдигарии хољагидориро муайян намоянд;

          - мустаќилона ба фаъолияти иќтисодии хориљї пардозанд, амалиёти мубодилаи мол (бартер) ва миёнаравї, инчунин азнавсармоягузорињоро анљом дињанд, ба шарте, ки хусусияти ин амалиётњо хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон набошад;

          - аз бонкњо, ширкатњо ва ташкилотњои хориљї бе мањдудият ќарз гиранд, барои бастани њама гуна шартномањои суѓуртавї ширкатњои суѓуртавии хориљиро љалб намоянд;

          - дар минтаќањои озоди иќтисодї њама гуна сармоягузорињои бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манънашударо татбиќ намоянд;

- истифодаи заминро дар асоси шартномаи иљораи дарозмўњлат, иљораи такрории замин, молу мулк, њуќуќњои молумулкї ва њуќуќи гузашти истифодабариро ба ворисони њуќуќии онњо аз рўи мувофиќаи дуљонибаи тарафњо, ки шартномаи иљораро имзо кардаанд, инчунин дигар њуќуќњои молумулкї ва ѓайримолумулкиро амалї намоянд;

- шањрвандони хориљї ва шањрвандони Љумњурии Тољикистонро дар асоси шартонома киро намоянд;

- њар гуна фаъолияти дигареро, ки бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ нагардидааст, анљом дињанд.

45. Субъекти МОИ њуќуќ дорад, ки бо фаъолияти соњибкорї берун аз њудуди МОИ дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо риояи ќоидањои умумї, ки аз тарафи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян шудааст, машѓул шавад.

13. Кафолати њуќуќ ва манфиатњои шахсони воќеї

      ва њуќуќї ва сармоягузории онњо дар њудуди минтаќаи

      озоди иќтисодии «Панљ»

46. Давлат риояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии њамаи шахсони воќеї ва њуќуќиро, ки дар њудуди МОИ «Панљ» амал мекунанд, кафолат медињад.

47. Дар МОИ «Панљ» мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва меъёрњои њуќуќи байналмилалї   кафолатњои зерин дода мешаванд:

- њимояи њуќуќи сармоягузорињои хориљї;

- њимояи њуќуќњои муаллифии шахсони воќеї ва њуќуќии ватанї ва хориљї –  субъктњои МОИ;

- низоми њуќуќии сармоягузорињои хориљї бо низоми њуќуќии сармоягузорињои шахсони њуќуќї ва шањрвандони Љумњурии Тољикистон баробар аст;

- роњ надодан ба ягон табъизи ташкилотњои сармоягузории хориљї.

48. Сармоягузорони хориљї, ки ба соњаи хољагидорї ва ё дигар фаъолияти МОИ маблаѓгузорї ва ё сањмгузории моддї кардаанд, њуќуќ доранд аз натиљаи сармоягузории худ, аз љумла, азнавсармоягузорї ва муомилоти тиљоратї дар њудуди Љумњурии Тољикистон истифода баранд. Сармоягузорони хориљї метавонанд фоидаашонро пурра ё ќисман дар шакли мањсулоти истењсоли худї ва ё мањсулоти аз бозор харидашуда аз њудуди он бароранд.

49. Ба сармоягузорони хориљие, ки дар минтаќа амал мекунанд, пас аз пардохти маблаѓњои њатмї интиќоли фоида ба пули хориљї, инчунин фоидае, ки аз фурўши тамоми њиссаи онњо дар сармояи оинномавии ташкилотњои сармоягузорињои хориљї бинобар хориљ шудан ё барњам хўрдани ташкилот њосил шудааст, кафолат дода мешавад. Сармоягузорони хориљї њуќуќ доранд сармояашонро интиќол кунанд, ба гарав монанд, содир намоянд ва сармоягузориро ба минтаќаи озоди иќтисодї ќатъ намоянд.

50. Муносибатњои субъектњои хољагидор дар МОИ, сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси ќарордод (шартнома) ба роњ монда мешаванд. Ташкилотњои минтаќањои озоди иќтисодї барномањои истењсолиро мустаќилона тањия менамоянд.

Бањсњои хољагидорї, аз љумла бањсњо байни иштирокчиёни ташкилотњои сармоягузорињои хориљї, ки дар минтаќањои озоди иќтисодї ба вуљуд меоянд, бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њаллу фасл карда мешаванд.

14. Механизми молиявию ќарзї ва асъорї

51. МОИ дар асоси худмаблаѓгузорї фаъолият мекунад.

Бо маќсади таъмини фаъолияти МОИ «Панљ» буљети мустаќили минтаќа ташкил карда мешавад.

52. Буљети мустаќили МОИ "Панљ" шакли таъсис ва харљи маблаѓи минтаќаи озоди иќтисодї буда, барои таъмини молиявии њадафу вазифањои он ки мутобиќи низомномањо тасдиќ мешаванд ва ин низомномањо ба ќонунгузорї оид ба буљети давлатї барои соли молиявии дахлдор дохил шудаанд, пешбинї мегарданд.

Буљети мустаќили минтаќаи озоди иќтисодї бо маќоми ваколатдори давлатии молиявї мувофиќа карда мешавад.

53. Ба даромади буљети МОИ «Панљ» маблаѓњои зерин ворид мешаванд:

- даромад аз иљораи замин, бино ва таљњизоти дар ихтиёри Маъмурияти МОИ ќарордошта;

- маблаѓи умумии пардохтњои субъектњо барои гирифтани сертификати фаъолияти соњибкорї дар МОИ «Панљ»;

- пардохтњои баќайдгирї;

- пардохтњо барои ворид шудани автомобилњо ба њудуди МОИ «Панљ»;

- пардохт барои ворид шудан ба њудуди МОИ аз тарафи кормандоне, ки дар њудуди МОИ фаъолият мекунанд (ба истиснои њайати Маъмурияти МОИ);

- даромади њар гуна хизматрасонињо;

- дигар даромадњои бо ќонунгузорї пешбининашуда;

- 4 фоизи њиссаи фоидаи фаъолияти ширкати идоракунанда аз хизматрасонињои гуногун;

- даромад аз дигар пардохтњо барои хизматрасонии субъектњои МОИ ва Маъмурияти МОИ мутобиќи муќаррароти дар ќонунгузорї дар бораи буљети давлатї барои соли молиявии дахлдор зикршуда ва Низомномаи мазкур.

54. Номгўи хизматрасонињо ва меъёри пардохтњои Маъмурияти МОИ барои хизматрасонї аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии молиявї дар асоси пешнињоди асосноки иќтисодии Маъмурияти МОИ муќаррар карда мешавад.

55. Мўњлати иљораи дарозмуддати истифодаи масоњат ва майдони анборњои пўшида, биноњои истењсолї ва маъмурие, ки њуќуќи истифодабарии онњоро Маъмурияти МОИ дорад ва иљорапулии онњо аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї вобаста ба намуди фаъолият ва на камтар аз меъёрњои зерин тасдиќ карда мешавад:

- иљораи њармоњаи њар як метри мураббаъи масоњати анборњои пўшида, биноњои доимї љињати фаъолияти тиљоратї оид ба нигоњ доштан, банду баст кардан ва саракорї ба мўњлати то 3 моњ баробари 5 доллари ИМА мебошад. Дар њолати аз 3 моњ зиёд шудани мўњлати иљора пули иљора то 10 фоиз кам карда мешавад. 

- иљораи њармоњаи њар як метри мураббаъи масоњати биноњои маъмурї љињати фаъолияти маъмурї ба мўњлати то як сол баробари 7 доллари ИМА буда, дар мавриди аз як сол зиёд шудани мўњлати иљора пули иљора то 10 фоиз кам карда мешавад.

- иљораи њарсолаи њар як метри мураббаъи майдонњои пўшидаи доимї љињати фаъолияти истењсолї ба мўњлати то 15 сол баробари 3 доллари ИМА аст.

- иљораи њарсолаи њар як метри мураббаъи ќитъаи замин баробари як доллари ИМА мебошад.

Ҳадди нињоии пардохтњои муќарраршуда метавонад бо ќарори маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар асоси таклифњои аз љињати иќтисодї асосноки Маъмурияти МОИ таѓйир дода шавад.

56. Харољоти нигоњдорї, таъмири масоњатњои истифодаи умумї ва ободонии онњо: роњњои даромад ва дохилии автомобилгард, майдончањои муоинат, кабудизоргардонї ва ѓайра аз тарафи ширкати идоракунанда аз њисоби маблаѓи худ ва пардохтпулии резидентњои МОИ аз рўи тарифњои бо Маъмурияти МОИ мувофиќашуда сурат мегирад.

57. Дар МОИ «Панљ» муомилоти озоди пули миллї ва хориљї пешбинї мегардад. Њамаи субъектњои МОИ метавонанд суратњисобњои пули миллию хориљї дошта бошанд, пули миллї ва хориљиро бо ќурби мављудаи доираи шаклњои иљозатдодашудаи хариду фурўши асъор ба таври озодона бихаранд ва њамчунин пули дар суратњисоб доштаашонро чи дар минтаќаи озоди иќтисодї ва чи берун аз он истифода намоянд.

58. Дар њолате, ки сармоягузорони хориљї маблаѓњои худро дар соњањои афзалиятноки минтаќаи озоди иќтисодї, ки аз љониби Маъмурияти МОИ муайян мешаванд, истифода менамоянд, ќисме аз фоида, ки бо пули хориљї ба даст меояд, метавонад бо ќурби мувофиќанамудаи љонибњо аз њисоби пули тарафњои манфиатдор интиќол дода шавад.

59. Субъектњои МОИ метавонанд аз њисоби фондњои асъории ташаккулёфтаи худї ба коргарони худ бо пули хориљї музди мењнат дињанд, дар њудуди МОИ њисоббаробаркунињоро бо пули хориљї дар байни худ амалї гардонанд.

60. Пули корхонањои хориљї ва муштараки минтаќа, бе мањдудият ба воситаи бонкњои минтаќа дар њудуди шабакаи амалиётии љорї, аз љумла бо истифодаи бевоситаи суратњисобњои муросилотии худ дар ташкилотњои бонкии хориљї интиќол дода мешаванд. Дар МОИ метавонанд сарбонк, бонкњои тиљоратї, сармоявї ва дигар бонкњои махсус ва ташкилотњои универсалии ќарзию молиявї мутобиќи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон ташкил карда шаванд. Њамаи њисоббаробаркунињои бонкї, чи дар њудуди минтаќа ва чи берун аз он тавассути суратњисобњои муросилотї, ки дар сарбонки МОИ кушода мешаванд, амалї гардонида мешаванд. Сарбонки МОИ ба амалиёти ќарзию молиявї, муомилоти њама намуди пул назорат мекунад, фондњои махсуси захиравиро (бо пули миллї ва хориљї) дар њудуди МОИ ташкил мекунад.

15. Фаъолияти молиявии хољагидории субъектњои МОИ

61. Субъектњои МОИ ўњдадоранд:

- тибќи тартиби муќарраршуда бањисобгирии муњосибї ва њисоботро дар бораи фаъолияти молиявии хољагидорї амалї гардонанд ва ба Маъмурияти МОИ эъломияњоро дар бораи фоида ва харољот аз рўи шакли муќарраршуда, њисоббаробаркунињоро аз рўи андози иљтимої дар чор нусха ва дигар њуљљатњои зарурї ва маълумотњои бо њисоб ва пардохти андоз алоќамандро пешнињод намоянд. Як нусхаи њисоббаробаркунињо оид ба андози иљтимої аз љониби Маъмурияти МОИ ба нозироти андози ноњияе, ки дар он МОИ љойгир аст, пешнињод мешавад, нусхаи дуюм ба маќомоти таъминоти иљтимої ва нусхаи сеюм ба маќомоти омор пешнињод мешавад;

- пардохтњои њатмї, пули андози иљтимоиро сари ваќт ва дар њаљми пурра супоранд;

- шахсони ваколатдори Маъмурияти МОИ ва ё коршиносони даъватшударо барои тафтиши фаъолияти молиявии хољагидории субъектњои фаъолияти МОИ, ташхис ва андешидани чорањои зиддиэпидемиологї ва эњтиёт аз сўхтор ва чорањои дигар ба биноњои ба иљора ва истифода додашуда, инчунин барои тафтиши њисоббаробаркунињо ва пардохти андозњо дар ваќти корї роњ дињанд.

62. Субъектњои хољагидорї ўњдадоранд, ки муќаррароти маъмурияти МОИ-ро риоя намоянд, дар њолати норозигї дар муддати 3 рўз сабабњои норозигии худро ба таври хаттї ба Маъмурияти МОИ ва маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї пешнињод намоянд.

Дар њолати пешнињоди норизонома субъект њуќуќ дорад то ќабули ќарор аз тарафи сардори маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї муќаррароти аз тарафи Маъмурияти МОИ пешнињодшударо иљро нанамояд.

Дар њолати норозигї аз ќарори ќабулкардаи сардори маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї субъекти хољагидорї њуќуќ дорад дар муддати як моњ аз рўзи ќабули ќарор ба суд мурољиат намояд. Дар њолати амалњои маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодиро нодуруст њисоб кардани суд, ин маќом ўњдадор аст, ки талафоти субъект ва фоидаи дар назардоштаи субъектро љуброн намояд.

63. Субъектњои хољагидорї, ки дар МОИ ба ќайд гирифта шудаанд, ўњдадоранд пас аз тафтиши аудитор-резиденти Љумњурии Тољикистон, ки барои фаъолияти аудиторї иљозатнома дорад, тавозуни муњосибї ва эъломияро дар бораи даромад ва харољот ба Маъмурияти МОИ пешнињод намояд. Хулосаи аудиториро субъекти хољагидории МОИ ўњдадор аст дар давоми семоњаи аввали баъди соли њисоботї пешнињод намояд.

Дар њолати аз тарафи субъекти хољагидории МОИ дар мўњлати муќарраршуда пешнињод накардани хулосаи аудитї аз субъекти хољагидорї љарима ситонида мешавад.

64. Барои  субъектњои МОИ соли молиявї давраест, ки 1 январ оѓоз меёбад ва 31 декабр ба охир мерасад. Дар охири њар соли молиявї  субъектњои МОИ ўњдадоранд, ки аудити активњо, ўњдадорињо, даромадњо ва талафотро бо маќсади омода намудани тавозуни солона ва њисобот оид ба натиљањои молиявии фаъолияти хеш амалї гардонанд. Субъектњои МОИ њамаи ислоњот ва таѓйиротро дар сармоя ва активњо оид ба пуррагардонии фонди оинномавї, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон анљом дода шудааст, дар эъломия зикр менамоянд.

16. Низоми гумрукї дар МОИ

65. Минтаќаи озоди иќтисодї ќисми ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мебошад.

Сарњадњои њудуди МОИ «Панљ» сарњадњои гумрукии Љумњурии Тољикистон ба њисоб мераванд.

Моли дар њудуди МОИ «Панљ» љойгиршуда бо маќсади истифодаи бољњои гумрукї ва андоз, инчунин мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодї, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян шудаанд, њамчун моли берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба њисоб мераванд.

66. Молњои ватанї ва хориљї дар њудуди МОИ тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї бе ситонидани бољи гумрукї ва андозњо, инчунин бе истифодабарии мамнўъият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон љойгир карда мешаванд.

67. Барасмиятдарории гумрукї ва бањисобгирии молњо дар њудуди МОИ тибќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми давлатии ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти тиљорати хориљї анљом дода мешавад.

68. Анљоми амали низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї ва муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол тибќи муќаррароти ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон нисбати молњои аз њудуди минтаќањои озоди иќтисодї содиршаванда амалї гардонида мешавад.

17. Низоми андозбандї дар МОИ

69. Дар МОИ низоми имтиёзноки андозбандї амал мекунад, ба истиснои субъектњои МОИ, ки дар бозори дохилии Љумњурии Тољикистон хизмат мерасонанд. Хизматрасонињои субъектњои МОИ дар бозори дохилї бо андози арзиши иловашуда мутобиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андозбандї карда мешаванд. Тањти мафњуми хизматрасонї дар бозори дохилии Љумњурии Тољикистон хизматрасонињое фањмида мешаванд, ки аз тарафи шахсони воќеї дар њудуди Љумњурии Тољикистон амалї мешаванд.

70. Дар њудуди МОИ фаъолияти соњибкории субъектњои МОИ, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз њама гуна андозбандињои пешбининамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, ба ѓайр аз андози иљтимої, озод карда мешавад.

Андози иљтимої аз тарафи  субъектњои МОИ мутобиќи боби 35 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи давлатии иљтимої» мустаќилона њисоб ва пардохт карда мешавад.

71. Андоз аз даромади шахсони воќеии кироякори субъектњои МОИ ситонида намешавад.

Мутахассисони хориљї дар мўњлати эътибори иљозатномаи кор ва истиќомат аз пардохти андоз аз даромад бо шарти доштани шањодатномаи пардохти њамин намуди андоз дар кишвари худ ба даромади аз  субъекти МОИ бадастомада озод карда мешаванд.

Агар мутахассиси хориљї дар кишвари худаш андоз аз даромадро пардохт нанамояд, он гоњ ў ўњдадор аст, ки андоз аз даромадро мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон пардохт намояд, вале барои кам кардани меъёри андоз ба андозаи 50 фоиз бо маќсади њисобї намудани ўњдадорињои андоз аз даромад њуќуќ дорад.

72. Назорати пардохти пурра ва сариваќтии андози иљтимої ва андоз аз даромад аз тарафи шахсони воќеии кироякори МОИ ба ўњдаи маъмурияти МОИ вогузор карда мешавад.

73. Даромад ё музди мењнати сармоягузорони хориљї, ки бо пули хориљї пардохта шудааст, бидуни монеа метавонад ба хориљи кишвар интиќол дода шавад, дар ин њол аз он андоз ситонида намешавад.

74. Даромад дар шакли фоизи ќарзњои барои дар минтаќа амалї гардонидани барномањои алоњидаи давлатї ва минтаќавї аз пардохти андоз озод карда мешавад.

75. Таъмини ќувваи барќ, обу канализатсия аз сарчашмањои давлатии Љумњурии Тољикистон дар њудуди МОИ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва дигар навъњои андози дар њудуди Љумњурии Тољикистон амалкунанда муќаррар карда мешавад.

18. Тартиби ситонидани андозњо ба буљет ва аз буљет бозпас     

     додани андозњои нодуруст пардохтшуда ва дигар пардохтњои   

     њатмї

76. Маблаѓи андози иљтимої ва дигар пардохтњои њатмї, ки дар мўњлати муќарраршуда ворид нагардидаанд, инчунин даромад аз амалиётњои иљронашуда ва љарима барои пинњонкунї (камнишондињї)-и маблағи андозњо аз љониби Маъмурияти МОИ бо тартиби муќарраршудаи ќонунгузории андоз ситонида мешаванд. Дар њолати аз љониби субъектњои МОИ иљро нагардидани ўњдадорињои молиявї маблағи онњо бо тартиби судї ситонида мешавад.

77. Маблағи андозњои ба буљет зиёдатї пардохтшуда, ки дар натиљаи нодуруст интиќол гардидани он ва ё вайронкунии тартиби андозситонї ба вуќўъ омадааст, бозпас гардонида мешавад ё бо хоњиши пардохткунанда ба њисоби дигар пардохтњои минбаъда гузаронида мешавад, агар аз мўњлати воридшавии он як сол сипарї нашуда бошад. Андозњои нодуруст пардохтшуда дар мўњлати на зиёда аз як соли маълум гардидани пардохти нодуруст аз буљет бозпас гардонида мешаванд.

Назорати иљрои дурусти ин тартиботи андозситонї аз љониби Маъмурияти МОИ мутобиќи Низомномаи мазкур ва тартиби муќарраргардидаи ќонунгузории андоз амалї карда мешавад.

19. Муносибатњои мењнатї дар МОИ «Панљ»

78. Муносибатњои мењнатї, аз љумла масъалањои мењнати кироя ва аз кор озодкунї, интизоми мењнат ва истироњат, кафолатњои иљтимої ва љубронпулињои субъектњои МОИ ба воситаи шартномаи (созишномаи) дастаљамъї ва (ё) шартномањои инфиродии мењнатї (ќарордодњо) мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон танзим карда мешаванд. Шароит ва њаљми музди мењнат, инчунин дигар намудњои даромади кормандон ба пули миллї ва ё хориљї аз тарафи субъектњои МОИ мустаќилона аз њисоби маблағњои худї муќаррар карда мешаванд. Шартњои шартномањои мењнатии дастаљамъї ва инфиродї њолати кормандони ин ташкилотњоро дар муќоиса бо шартњои пешбининамудаи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар бораи мењнат, инчунин эъломияњои Созмони байналмилалии мењнат наметавонанд бад созанд.

79. Мутобиќи ќонунгузорї дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур субъекти МОИ њуќуќњои зеринро дорост:

- бемонеа гирифтани иљозатномаи кор барои кормандони муассиса, ки шањрвандони хориљї мебошанд ва шумораашон дар охири соли 5-уми фаъолияти истењсолї набояд зиёда аз 20 фоизи њисоби умумии кормандонро ташкил дињад;

- гирифтани раводид ва иљозатнома барои кор дар мўњлати ќарордоди мењнатии шањрвандони хориљї дар њудуди МОИ ;

- ба Маъмурияти МОИ ё маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дархостњо барои мусоидат намудан ба гирифтани даъватнома (раводид) ва гирифтани иљозатномаи кор пешнињод намоянд ва ин маќомот бояд ба шањрвандони хориљии кироякори субъекти МОИ иљозатномаи кор ва истиќоматро дињанд.

Маъмурияти МОИ иљозатномаро ба дархосткунандаи хизматрасони субъекти МОИ, ки дар вазифаи идоракунї ё техникї фаъолият дорад, ба мўњлати дархостшуда мувофиќи мўњлати эътибори ќарордоди кироя, ки миёни корфармо ва шањрванди хориљї баста шудааст, медињад.

Маъмурияти МОИ иљозатномаи кор, њамчунин дархостномаро барои истиќомат ба мўњлати 5 сол медињад.

Кормандони хориљии субъектњои МОИ, ки раводид ва иљозати кор гирифтаанд, дар шўъбаи раводид ва баќайдгирї дар мўњлати эътибори раводидашон ба ќайд гирифта мешаванд.

Маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї њуќуќи аз аризадињанда гирифтани тамоми маълумоти заруриро барои додани чунин иљозатномањо, ки бояд беасос мавќуф гузошта нашавад, дорад.

Хизматрасонињо барои додани иљозатномањои кор ва истиќомат ба мутахассисони хориљии субъектњои МОИ ва аъзои оилаи онњо аз рўи меъёрњои муќаррарнамудаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дар мувофиќа бо маќомоти давлатии ваколатдори дахлдор пулакї мешавад.

80. Субъектњои МОИ њар моњ музди мењнати њамаи кормандонро пардохт мекунанд. Дар њолати бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди мењнати кормандон маъмурияти МОИ дар доираи ваколатњои худ нисбати субъекти МОИ тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур, ки ба њифзи њуќуќи кормандон ва хизматчиён равона шудааст, њуќуќ дорад чорањо андешад.

Коргарон ва мутахассисони субъектњои МОИ метавонанд мутобиќи шартномаи мењнатї музди мењнати худро бо пули миллї ё хориљї гиранд, инчунин метавонанд њангоми рафтан ба сафарњои хизматї маблағро бо пули хориљї барои харољоти сафари хизматї гиранд.

Кормандони хориљї музди мењнати худро бо пули миллї ё хориљї пас аз пардохти андозњо метавонанд бе мамониат ба хориља баранд.

81. Субъектњои МОИ бояд:

- ќарордоди мењнатиро барои њар корманди МОИ њангоми мурољиат барои гирифтани раводиди доимї пешнињод намоянд;

-  раводидро дар мўњлати 72 соат пас аз расида омадани хизматчї гиранд;

- њамаи кормандон ва хизматчиёнро бо либоси махсус ва техникаи бехатарии кор таъмин намоянд;

- бедарак ѓайб задани њар як корманди худро фавран ба Маъмурияти МОИ хабар дињанд;

- кормандони худро бо љои истиќомат таъмин намоянд;

- кормандони худро њатман суғуртаи иљтимої ва тиббї кунанд;

- љавобгарии моддии зарареро, ки ба саломатии кормандон ва хизматчиёни аз рўи шартнома коркунанда расидааст, инчунин товони осеби мењнатии бо гуноњи корхона дар њудуди он расидаро ба зимма гиранд.

82. Дар њудуди МОИ корпартої ба мўњлати 10 сол аз оғози фаъолияти субъектњои МОИ манъ карда шудааст.

20. Тартиби дохилшавї ба МОИ «Панљ» ва хориљшавї аз он

83. Дар њудуди МОИ низоми соддаи дохилшавї ва хориљшавии шањрвандони хориљии аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон муќарраргардида амал мекунад, ки ин матолибро дар бар мегирад:

- кам кардани 50 фоизи маблағи пардохтњои консулї;

- кам кардани мўњлати баррасии њуљљатњо барои додани раводидњои дохилшавї ва хориљшавї;

- додани раводидњои дохилшавї барои шањрвандони хориљї дар баробари ташрифи онњо ба Љумњурии Тољикистон, ки ба МОИ равонаанд;

- дигар хизматрасонињои иттилоотию њуќуќї ва машваратї, ки аз љониби Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон барои МОИ мувофиќ бо равандњои тағйирёбандаи рушди минтаќаи озоди иќтисодї пешбинї шудаанд.

84. Субъекти МОИ дар њолати зарурї барои гирифтани раводиди кормандони даъватшудаи минтаќањои озоди иќтисодї ба Маъмурияти МОИ аз рўи тартиби муќарраршуда як моњ пеш аз омадани кормандон дархост пешнињод мекунад.

Маъмурияти МОИ дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї дархостномаро баррасї намуда, ба субъекти МОИ дар бораи имконияти баќайдгирии кормандони зикршуда мушаххасан доир ба њар кадом номзад хабар медињад.

Номгўи шахсоне, ки ба кори МОИ омадаанд, аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї тасдиќ карда мешаванд ва барои баррасї ва мувофиќа кардани он ба идорањои консулии Вазорати корњои хориљии мањалли будубоши кормандон дар њудуди Љумњурии Тољикистон ирсол мегардад.

Маъмурияти МОИ шахсони омадаро бо намояндаи субъекти МОИ ва аз њисоби ў пешвоз гирифта, то њудуди МОИ њамроњї мекунад.

Тартиб ба хориљ рафтани шањрвандони хориљие, ки дар МОИ кор кардаанд, айнан чунин мебошад.

85. Маъмурияти МОИ барои гирифтан, тамдид ва аз эътибор соќит донистани раводиди шањрвандони хориљї мусоидат менамояд.

Маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї њар моњ ба Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон рўйхати шањрвандони хориљиеро, ки ба кори МОИ омадаанд, бо тартиби муќарраршуда пешнињод менамояд.

86. Шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд ба њудуди наздисарњадии Љумњурии Тољикистон бо маќсади сафари хизматї, корї, хусусї ва фаъолияти мењнатї бо иљозатномаи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ворид мегарданд. Шањрвандони хориљї ба њудуди Љумњурии Тољикистон дар асосњои умумии ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ворид мешаванд ва иќомат мекунанд. Масъалањои баќайдгирї, сабти мањалли иќомати муваќќатї, воридшавї ва будубоши шањрвандони хориљї аз љониби маќоми Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди Маъмурияти МОИ њаллу фасл карда мешавад.

21. Мўњлати амали МОИ «Панљ»

87. Мўњлати амали МОИ «Панљ» 25 сол мебошад.

Мўњлатњои давраи гузариш њангоми љорї кардани низоми МОИ аз тарафи маъмурияти минтаќа на зиёдтар аз 7 сол аз рўзи ќабул кардани ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муайян мегардад.

Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи њуќуќї, ба таври воќеї аз худ намудани њудуд ва ташаккули иншооти МОИ истифода мешавад.

Мўњлат ва шартњои давраи гузариш пеш аз ќатъи амали низоми МОИ аз љониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад, дар ин маврид шартњои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то ќатъи амали минтаќаи озоди иќтисодї фаро мерасад. Дар тамоми давраи амали низоми МОИ дар њудуди минтаќа дар баробари забони давлатї забонњои муомилоти байнидавлатї (русї, англисї ва ғайра) забонњои корї ба њисоб мераванд.

88. Барои тамдиди мўњлати амали МОИ «Панљ» аз љониби маъмурияти МОИ ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ асосноккунии иќтисодї оид ба тамдиди мўњлати фаъолияти МОИ «Панљ» пешнињод мегардад, ки инњоро дар бар мегирад:

- дурнамо ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ «Панљ»;

- арзёбии самараи фаъолияти МОИ «Панљ».

22. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ «Панљ»

89. Дар њудуди МОИ «Панљ» вазифаи идоракунї ба зиммаи Маъмурияти МОИ буда, ба он роњбар сарварї мекунад. Тартиби фаъолияти Маъмурияти МОИ бо њамин Низомнома оид ба МОИ «Панљ» муайян карда мешавад.

Маъмурияти МОИ маќоми идоракунандаи МОИ «Панљ» буда, ба фаъолият ва рушди МОИ «Панљ» роњбарї менамояд ва инчунин њамоњангсозии фаъолияти субъектњои мустаќили МОИ-ро оид ба масъалањои дар салоњияташ буда њамоњанг месозад.

Маъмурияти МОИ њамчун шахси њуќуќї дар шакли ташкилоти буљавї таъсис дода шуда, дар тобеияти маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї мебошад ва мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур амал мекунад. Дар мўњри он Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ва номи МОИ «Панљ» ба забонњои давлатї ва англисї тасвир ёфта, суратњисобњо, рамзи  махсус, аломату нишонањои дигар дорад.

Маъмурияти МОИ дар фаъолияти худ аз рўи Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон", Низомномаи мазкур дар бораи МОИ, дигар санадњои меъёрии њуќуќї ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, агар хилофи ќонунгузорї дар бораи МОИ дар Љумњурии Тољикистон набошанд, амал мекунад.  

Маъмурияти МОИ бо маќомоти љумњуриявї ва маќомоти мањаллии њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон њамкорї менамояд.

Маъмурияти МОИ фаъолияти худро дар асоси принсипњои њамкории зич бо маќомоти дигар минтаќањои озоди иќтисодї дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо маќсади мувофиќ гардонидан ва ба њисоб гирифтани манфиатњои дигар минтаќањои озоди иќтисодии љумњурї ба роњ мемонад, ба барќарорсозии стандартњои байналмилалии пешбурди соњибкорї ва одоби корбарї дар тамоми ќаламрави љумњурї мусоидат менамояд.

Роњбари Маъмурияти МОИ ва муовинони вай аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо пешнињоди маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ аз рўи тартиби муќарраршуда ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Њаљми маоши вазифавии роњбарияти Маъмурияти МОИ аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

90. Ваколатњои Маъмурияти МОИ аз инњо иборат аст:

- тањия ва татбиќи стратегия ва барномаи рушди МОИ, аз љумла наќшаи генералии минтаќа;

- ташкил намудани буљети минтаќа, тасдиќ ва иљрои он;

- тањияи љадвали љойгиронии субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї дар њудуди минтаќаи озоди иќтисодї, бо дарназардошти пешнињодњои онњо, аз љумла харољоти молиявии њар як субъекти минтаќаи озоди иќтисодї ва пешнињоди минбаъдаи он ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї;

- тартиб додани сметаи харољот оид ба ободонии њудуди муайяншудаи минтаќаи озоди иќтисодї;

- мувофиќаи наќшаи љойгиршавии инфрасохторњои гумрукї бо маќоми гумрукї;

- таъмини ягонагї ва фаъолияти пурсамари минтаќаи озоди иќтисодї;

- ташкили маљмўаи иттилоотию тањлилии фаъолият ва рушди иќтисодии МОИ;

- њимояи манфиатњои истењсолкунандагон ва кормандони МОИ;

- фароњам овардани шароити мусоид барои љалб намудани инвеститсияњои ватанию хориљї ва дигар намуди захирањо;

- назорати риояи низоми њуќуќии минтаќаи озоди иќтисодї ва ворид намудани таѓйироти зарурї ба ин низом ва пешнињоди таклифњо ба Њукумати Љумњурии Тољикистон;

- таъмини назорати давлатї ва назорати истифодаи оќилонаи захирањои табиї ва мењнатї дар њудуди МОИ «Панљ», иљрои ќонунњо ва санадњои меъёрї оид ба масъалањои рушди њудуди МОИ «Панљ»;

- пешнињоди замин барои иљора ба субъектњои минтаќаи озоди иќтисодї, инчунин дигар иншооти минтаќа дар доираи ќаламраве, ки барои минтаќаи озоди иќтисодї људо гардидааст;

- ташкили маркази иттилоотї, бизнес-инкубатор ва дигар сохторњои зарурї барои фаъолият ва рушди минтаќаи озоди иќтисодї;

- њамоњангсозии корњои ташкилотњои илмї, лоињавї, саноатї, сохтмонї ва дигар муассисањои ватанї ва хориљие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти минтаќаи озоди иќтисодї љалб мешаванд;

- бањодињї ва ќабули ќарорњо бо пешнињоди сармоягузорони дохиливу хориљї, танзими робитањои иќтисодии минтаќаи озоди иќтисодї бо бозори байналмилалї;

- ташкили омўзиш, бозомўзї ва такмили ихтисоси кадрњо барои минтаќаи озоди иќтисодї, иштирок дар иљрои сиёсати давлат дар соњаи ташаккули кадрњо, шуѓл, сиёсати љавонон ва муњољират дар минтаќа;

- ташкили конфронсњо, машваратњо, семинарњо ва ѓайра;

- ташкили баќайдгирии субъектњои МОИ;

- додани сертификат ба субъектњои МОИ;

- баќайдгирии субъектњои МОИ;

- ташкили баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї, филиалњо ва намояндагињои шахсони  њуќуќї, соњибкорони инфиродї, ки дар њудуди МОИ «Панљ» таъсис ва ташкил меёбанд ва инчунин филиалњо ва намояндагињои муассисањо ё ташкилотњои хориљии дар њудуди МОИ воќеънабуда, ки баќайдгирии онњо тибќи ќонунгузорї дар доираи баќайдгирии давлатии Љумњурии Тољикистон сурат мегирад;

- баќайдгирии шартномањо дар бораи фаъолияти муштарак бо иштироки сармоягузорони хориљї;

- љорї намудани ќоидањое, ки фаъолияти соњибкориро дар МОИ танзим мегардонанд ва ба ќонунњое, ки фаъолияти соњибкории Љумњурии Тољикистонро муайян менамояд, хилоф нестанд.

- такмили шаклњои идоракунии хољагии МОИ ва амалигардонии идоракунии хољагї бо дарназардошти самаранокии иќтисодии истифодаи масоњати заминњои давлатї ва моликияти хусусї дар њудуди МОИ;

- таъмини азхудкунии маблаѓгузорї дар лоињањое, ки моњияти умумиминтаќавї доранд;

- иштирок дар тавсеа ва азнавсозии иншооти берун аз минтаќа дар асоси тиљоратї;

- хизматрасонї барои гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиќа бо Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон амалї мегардад;

- ташкил ва назорати фаъолияти воњидњои њарбикунонидашудаи њифзи иншооти МОИ. Сохтор ва шумораи воњидњои дар боло зикршуда аз љониби Маъмурияти МОИ якљоя бо ширкати идоракунанда дар мувофиќа бо вазоратњои дахлдори Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад;

- бањодињии самаранокии ташкил ва фаъолияти МОИ;

- амалигардонии дигар ваколатњое, ки санадњои меъёрии њуќуќї пешбинї намудаанд.

91. Иљрои санадњои Маъмурияти МОИ, ки дар доираи салоњияти он ќабул гардидаанд, дар ќаламрави минтаќа барои тамоми шахсони воќеї ва њуќуќї, ки бо тартиби муќарраршуда ба ќайд гирифта шудаанд, њатмї мебошад.

92. Маќомоти њокимияти иљроия ва идораи давлатї дар доираи салоњияти худ назорати молиявию хољагии фаъолияти Маъмурияти МОИ-ро мутобиќи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд. Фаъолияти Маъмурияти МОИ аз љониби маќоми ваколатдори назорати давлатии молиявї дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї санљида мешавад.

Мониторинги доимии амалиётњои содиротию воридотї, њаракати молњо ва баќияи дар анбор будаи онњо, пардохти њармоњаи андози иљтимої ва санљиши фаъолияти молию хољагии  субъектњои МОИ-ро танњо Маъмурияти МОИ амалї менамояд.

Бо маќсади назорати даќиќи интиќол ва пардохти њатмии маблаѓњо ба даромади буљети МОИ ва амалї сохтани вазифањои назоратї аз рўи фаъолияти субъектњои МОИ Маъмурияти МОИ мониторинги доимии њаракати молу маводи арзишноки  субъектњои МОИ-ро амалї гардонида, њар се моњ њисоботи  субъектњои МОИ-ро ќабул менамояд, ки рўйхат ва миќдори онњо аз љониби маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ муќаррар карда мешаванд.

93. Маъмурияти МОИ ва маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї барои ноил шудан ба маќсадњои фаъолияти худ чунин корњоро иљро мекунанд:

- дар асоси тендер метавонад ширкати идоракунандаро, ки ба талаботи муайяни аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї муќарраршуда мувофиќ аст, интихоб намоянд ва ба зиммаи он масъалањои муайяни идораи хољагидории МОИ «Панљ»-ро вогузор менамоянд;

- Маъмурияти МОИ бо ширкати идоракунанда оид ба идоракунии хољагидории тамоми њудуди МОИ, истифодабарии инфрасохтор, рушди хољагидории њудуди МОИ, ба иљора додани биноњо, иншооти давлатии мављуда ва сохташуда, татбиќи њисоботи муомилоти мол дар МОИ, љамъ намудани пардохтњои њатмї аз  субъектњои МОИ ба фоидаи Маъмурияти МОИ, ки дар Низомномаи мазкур муќаррар шудаанд, пардохти 4 фоиз аз даромади ширкати идоракунанда ба фоидаи Маъмурияти МОИ, аз љумла аз даромадњои ба наќша нагирифташуда барои хизматрасонї дар њудуди МОИ ва ѓайра, ки бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї мувофиќа карда шудааст, шартнома мебандад.

Маъмурияти МОИ њуќуќ дорад дар њамоњангї бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ќисми вазифањои худро дар асоси шартнома барои иљро ба ширкати идоракунанда, аз љумла мониторинг ва гузаронидани њисобот, коргузорї, тозакунии бинои Маъмурияти МОИ, нигоњдории наќлиёт, алоќа, фаъолияти рекламавї, нигоњдории сайти МОИ ва ѓайра дињад.

94. Маъмурияти МОИ њуќуќ дорад:

- барои рушди МОИ сармоягузорони ватанию хориљї, воситањои молиявии ташкилотњои хориљиро дар шакли ќарзњои боимтиёз дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва маќоми ваколатдори давлатии молиявї, ташаккули фонди љумњуриявии рушди МОИ аз њисоби маблаѓњои аз тарафи буљети давлатї људокардашуда, даромадњои ѓайрибуљетї, пардохтњои боимтиёз ва пардохтњои шањрвандон ва ташкилотњо, маблаѓњои иљораи замин, иншоот, таљњизот ва дигар арзишњои моддї ва њуќуќњоро љалб намояд. Таъинот, миќдор, принсипњо ва сарчашмањои ташкил ва тартиби истифодабарии фонди љумњуриявии рушди МОИ аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ дар мувофиќа бо маќоми ваколатдори давлатии молиявї муайян карда мешаванд.

95. Харољот барои нигоњдории дастгоњи Маъмурияти МОИ танњо аз њисоби воситањои буљети давлатї иловатан ба маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї њангоми банаќшагирии сметавии буљети давлатї барои соли навбатии молиявї маблаѓгузорї карда мешавад.

96. Нишондињандаи асосї барои таъини шахсњо ба вазифањои роњбарияти Маъмурияти МОИ чунинанд: маълумоти олии њуќуќї ё иќтисодї, собиќаи корї дар вазифаи роњбари ташкилот на кам аз 5 сол ё дар дастгоњи сохторњои давлатии молиявию иќтисодї дар вазифањои роњбарикунанда на поён аз вазифаи сардори шўъба на кам аз 5 сол ва дар вазифаи хизматчии давлатї на кам аз 5 сол.

97. Роњбари Маъмурияти МОИ:

- МОИ-ро дар њама ташкилотњои ватанї, хориљї, байналмилалї, корхонањо, бонкњо ва муассисањо намояндагї менамояд;

- барои иљрои вазифањои ба зиммаи Маъмурияти МОИ гузошташуда љавобгарии шахсї дорад.

98. Роњбарияти Маъмурияти МОИ дар баробари дигар вазифањо фаъолияти мувофиќашудаи Маъмурияти МОИ ва маќомоти иљроияи мањаллии давлатиро барои ташаккулёбї ва рушди МОИ њамоњанг сохта, оид ба ташкили њамкорињо масъул мебошад.

23. Ширкати идоракунанда

99. Ширкати идоракунанда сармоягузори калон, субъекти № 1 дар МОИ «Панљ » буда, фаъолияти соњибкории худро танњо дар хизматрасонии тамоми њудуди МОИ «Панљ» (аз љумла, муњофизати њудуд ва иншоот, тоза намудани њудуд, баровардани партовњо, корњои дастї ва механиконидашудаи боркунию борфарорї, таъмир ва сохтмони биноњо, иншоот ва нигоњубини онњо, таъмин бо ќувваи барќ, об, канализатсия, наќлиёт, ба кироя додани њудуд, офисњо, анборњо ва дигар биноњо, пешнињоди дигар хизматрасонї ва кор, инчунин ташкили рекламаи МОИ доир ба љалби сармоягузорон) аз њисоби худ амалї менамояд.

100. Фаъолияти савдо аз тарафи ширкати идоракунанда манъ аст.

101. Ширкати идоракунанда метавонад аз тарафи сармоягузорони ватанї ва (ё)  хориљї дар шахси:

- як ширкат;

- ассотсиатсия;

- холдинги  калон ва ѓайра таъсис дода шавад.

102. Баъд аз гузаронидани тендер Маъмурияти МОИ бо ширкати дар тендер ѓолибомада ба мўњлати то 25 сол ќарордод мебандад, ки дар он њамаи шартњою ўњдадорињои ширкати идоракунанда оид ба хизматрасонии МОИ «Панљ»  муайян мегардад.

Дар њолати вайронкунии шартњои ќарордод ё бесифат иљро намудани вазифањои худ бо пешнињоди Маъмурияти МОИ аз ширкати идоракунанда сертификат бозхоста шуда, ќарордод бекор карда мешавад. Дар њолати баанљомрасии мўњлати 25- сола карордод метавонад дароз ва ё бекор карда шавад ва молу мулк ба тасарруфи давлат гузаронида мешавад.

24. Тартиби барњам додани МОИ «Панљ»

103. МОИ «Панљ» бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон», Низомнома доир ба минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон, ки аз 5 декабри соли 2005, №191 бо ќарори Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, барњам дода мешавад.

104. МОИ «Панљ» дар њолатњои зерин метавонад барњам дода шавад:

- ба анљом расидани мўњлати фаъолияти МОИ, ки аз тарафи Низомномаи МОИ «Панљ» муќаррар шудааст;

- набудани пешнињоди асосноки маќомоти воњиди марзию маъмурї, ки дар њудуди он минтаќаи озоди иќтисодї таъсис дода шудааст, оид ба дароз кардани мўњлати фаъолияти он њангоми фаъолияти бомуваффаќияти минтаќаи озоди иќтисодї;

- мувофиќ набудани фаъолияти МОИ ба манфиатњои бехатарии давлатї, аз љумла бехатарии иќтисодї ва экологї;

- бо пешнињодоти асосноки маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ.

105. Барњамдињии минтаќаи озоди иќтисодї дар дигар њолатњо манъ мебошад.

106. Субъектњои фаъолияти иќтисодии дар МОИ ба ќайд гирифташуда дар њолати барњамдињии минтаќаи озоди иќтисодї аз њуќуќњо ва ўњдадорињои худ, ки дар ќонунгузорї оид ба минтаќањои озоди иќтисодї пешбинї гардидаанд, мањрум карда мешаванд.

Барњам додани минтаќањои озоди иќтисодї ба ягон оќибати њуќуќї љињати фаъолият ё барњамдињии шахсони њуќуќї ва филиалњои шахсони њуќуќии хориљї оварда намерасонад ва онњо дар њудуди собиќ минтаќаи озоди иќтисодї фаъолият мекунанд ё тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барњам дода мешаванд.

Маќоми ваколатдори давлатии идоракунии МОИ тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи минтаќањои озоди иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон» ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињодотро оид ба барњам додани МОИ ирсол менамояд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон барои тањлили пурраи иќтисодии ба маќсад мувофиќ будани барњамдињии МОИ комиссия таъсис медињад.

Дар асоси тањлили пурра ва бо дарназардошти аќидаи маќоми ваколатдори давлатии идоракунии минтаќањои озоди иќтисодї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатї комиссия ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињодотро оид ба барњам додани МОИ ва мўњлати барњам додани МОИ- ро барои баррасї ба Њукумати Љумњурии Тољикистон ирсол менамояд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба барњам додани МОИ «Панљ» ќарор ќабул менамояд.

25. Нишонии Маъмурияти МОИ «Панљ»

107. Маъмурияти МОИ «Панљ» дар суроѓаи зайл љойгир аст: Љумњурии Тољикистон, вилояти Хатлон, ноњияи Ќумсангир, мавзеи Ќарадум.