Ҷашнвораи “Ҷаҳони Наврӯз” дар Бурҷи мелоди шаҳри Теҳрон

28-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи миллии ЮНЕСКО - Эрон дар Бурҷи мелоди шаҳри Теҳрон ҷашнвораи “Ҷаҳони Наврӯз” баргузор гардид.  Дар ҷашнвора вазири умури хориҷа М. Зариф, раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарӣ А. Мунисон, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварӣ М. Ғуломӣ, раиси Комиссияи миллии ЮНЕСКО - Эрон Ҳ. Аюбӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллӣ А.Буруҷердӣ, сафирон ва кормандони сафоратхонаҳои Россия, Арманистон, Туркманистон, Булғористон, Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва ҷамъи пажӯҳишгарону алоқамандони Наврӯз ширкат доштанд.

Дар ғурфаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби намояндагӣ ташкил карда шуда буд, гӯшаи ҳафтсину ҳафтшин, ғизо, сӯзаниву маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллӣ, ҳамчунин китобҳои муаррифгари кишвар ба намоиш гузошта шуда буданд. 

Дар ҳамоиши ёдшуда кормандони Сафорат ба иштирокдорон ва алоқамандон дастоварду пешрафтҳои кишварро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзаҳои гуногун, аз ҷумла илму фарҳанг, сайёҳӣ шарҳу тавзеҳ дода, ба онҳо брошура, роҳнамову варақаҳои иттилоотии сайёҳӣ ва СД-ҳо дар бораи Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Баргузории ҷаласаи 236-уми Шӯрои намояндагони доимии СҲИ таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон

04 феврали соли ҷорӣ дар ш.Теҳрон ҷаласаи 236-уми Шӯрои намояндагони доимӣ таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ Неъматулло Эмомзода  - Сафири ҶТ дар Теҳрон, бо иштироки сафирони кишварҳои узв бомуваффақона баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳои муҳими ҷории фаъолияти Созмон, аз ҷумла  тақвими чорабиниҳои СҲИ барои соли 2019; ҷадвали нави аъзоҳаққӣ ва тағйироти сохтории СҲИ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва қабули кишаврҳои узв қарор гирифтанд.

Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҷазираи Киш

 Рӯзҳои 30-31 январи соли  ҷорӣ дар ҷазираи Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Бозори меҳнат дар оянда ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва гардишгарӣ” бо иштироки намояндагони ҳайати дипломатии кишвари иқомат, ниҳодҳои мухталифи Эрон, инчунин сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор гардид.

 Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  Неъматулло Эмомзода суханронӣ намуда,  дар бораи имконият ва зарфиятҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

 Сафир  дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди ҶТ ҳарф зада, оид ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»” эълон шудани солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон, дар  хусуси ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  масоили обию энергетикӣ, бахусус оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иттилоъ дод ва дар зимн аз нақши муҳимми тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ дар  пешрафти ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва кишварҳои минтақа таъкид ба амал овард.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон