Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон

13-уми ноябри соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Теҳрон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими кишвари будубош, аз ҷумла кормандони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

идомаи матлаб...

Баргузории ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Мозандарон

05 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сори, устони Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СҲИ Н.Эмомзода ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ,  бо ҳузури Дабири кулли СҲИ ва сафирони кишварҳои узв (Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Эрон, Туркия,Туркманистон, Ӯзбекистон) баргузор гардид.

Яке аз масъалаҳои дар ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии СҲИ баррасишуда омодагиҳо барои ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ буд, ки қарор аст моҳи декабр дар Дабирхонаи созмон (ш.Теҳрон) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардад.

Дар ҳошияи сафари корӣ, мулоқотҳои алоҳидаи Сафири Тоҷикистон бо муовини роҳи оҳани Эрон, раиси “Бандари Амиробод”  ва устондори Мозандарон баргузор гардид, зимни он ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар соҳаи роҳи оҳан ва ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати тақвияти онро таъкид доштанд.

Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

06.11.2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз ба санаи таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бисту чор сол пур мешавад.

Тамоми мардуми шарифи кишварро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Бисту чор сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.

идомаи матлаб...

Ҷумҳурии Тоҷикистон