Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Теҳрон

25 июни соли ҷорӣ  дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бахшида ба ифтихори 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ нишасти идона ва чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои ҶИЭ, баргузор гардид.

идомаи матлаб...

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ба кори худ оғоз кард.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон  20 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе  дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ки ҳадафи он  пешбурди амал ва муколамаи  сиёсӣ оид ба об барои рушди устувор мебошад,  ба кори худ оғоз кард.  

Дар ин чорабинӣ беш аз 1500 меҳмонон аз 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо/ҳукуматҳо, роҳбарон ва  намояндагони аршади сиёсати хориҷӣ  ва дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок мекунанд. Дар Конфронс ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Бонки умумиҷаҳонӣ, СААД, СҲШ, ИДМ, IFAS ва ғайра, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, созмонҳои ҳавзаи об, институтҳои тадқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимон ширкат доранд.

Барои пӯшиши хабарии чорабинӣ беш аз 300 намояндаи ВАО-и маҳаллӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудаст.  

идомаи матлаб...

Мулоқот бо Вазири неруи Эрон

20 июни соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар доираи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон таъкид намуданд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон