Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар пойтахти гардишгарии кишварҳои Осиё - ш. Ҳамадон

12-13 июли соли ҷорӣ дар ш.Ҳамадон нишасти байналмилалӣ: Ҳамадон – 2018 - пойтахти гардишгарии кишварҳои Осиё, бо ҳузури намояндагони 48 кишвар, аз ҷумла сафирон, масъулини бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангии сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

Дар ҳошияи сафари корӣ, Сафири кишвар бо устондор ва шаҳрдори ш. Ҳамадон мулоқот намуда, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат ва гардишгарӣ табодули назар карда, ба рушди беш аз пеши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳамадон – бародаршаҳрҳо, таъкид намуданд.

идомаи матлаб...

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом!

Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем.

Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям.

Бисту як сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.

идомаи матлаб...

Ҷашнвораи фарҳанги миллӣ дар Исфаҳон

5-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон 16-умин маросими хатми донишҷӯёни хориҷӣ ва 11-умин ҷашнвораи фарҳанги миллӣ бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ, устодони донишгоҳҳо, намояндагони мақомоти мухталиф ва ҳайати дипломатии сафоратҳои муқими кишвар баргузор гардид.

идомаи матлаб...

Ҷумҳурии Тоҷикистон