Сафари расмии Президент ба Япония

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Япония сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо додситони кулли Эрон

10 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ баргузор шуд.

Дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба ҷаласаи 16-уми прокурорҳои генералии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, 20 сентябри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ва ширкати ҳайати эронӣ бо роҳбарии додситони кул дар он ҳамоиш табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар мулоқот масоили равобити дуҷониба мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

 

Таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Теҳрон

4 сентябри соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Теҳрон чорабинӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими кишвари будубош, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.

Ӯ дар бораи ин рӯйдоди бузург ва аҳамияти он дар сарнавишти мардуми тоҷик, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаву ҳадафҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти кишвар сухан ронд.

Дар ҷашн наворҳои видеоӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ пахш гардида, барои меҳмонон ғизоҳои миллӣ низ пешкаш карда шуд.

идомаи матлаб...

Ҷумҳурии Тоҷикистон