Дар Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид

15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, Давлати Исроил, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.

идомаи матлаб...

Нишасти хабарӣ доир ба Иҷлоси панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё

12-уми июни соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон нишасти хабарӣ дар робита ба Иҷлоси панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15.06.2019с. дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, гузаронида шуд. Дар нишасти мазкур намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии исломии Эрон, аз қабили расонаҳои“Ирно”, “Исно”, “Илно”, сайтҳои хабарии “Офтоби Корун”, “Моҳон-нюс”, “Садо ва симо”, “Субҳи миллат”, “Эрон-нюс”, “Ово-дипломотик” ва “Осиё” иштирок намуданд.

идомаи матлаб...

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

01 июни 2019 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  Ҳасани Рӯҳонӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки бо сафари расмӣ дар Теҳрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози дидор Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон салом ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ расонд.

Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат дар бораи тавсеаи равобити дуҷониба, ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла тиҷорату иқтисод  ишора гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон