Таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Теҳрон

4 сентябри соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Теҳрон чорабинӣ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими кишвари будубош, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.

Ӯ дар бораи ин рӯйдоди бузург ва аҳамияти он дар сарнавишти мардуми тоҷик, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаву ҳадафҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти кишвар сухан ронд.

Дар ҷашн наворҳои видеоӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ пахш гардида, барои меҳмонон ғизоҳои миллӣ низ пешкаш карда шуд.

идомаи матлаб...

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат

17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шуданд.

Суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекисто

Ҳурматли Мирзиёев Шавкат Мирамонович – Ӯзбекистон Республикасининг Президенти!

Дӯстони азиз! 

Нахуст иҷозат фармоед, то бори дигар арзи сипоси самимии худро ба Шумо ва тамоми мардуми шарафманду дӯсту бародари ӯзбек барои истиқболи гарму меҳмоннавозии сатҳи олӣ ва таваҷҷуҳи хосса изҳор намоям.

Бо истифода аз фурсати муносиб, дуруду пайғомҳои гарми мардуми Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо мерасонам.

Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои сафари имрӯзаи мо мисли самараи боздиди  таърихии бародари ман, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Шавкат Мирамоновичи гиромӣ!

Боиси сарфарозист, ки мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав ғанӣ гардонидем ва онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштем.   

Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад.

идомаи матлаб...

Ҷумҳурии Тоҷикистон