Суханронӣ дар «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекисто

Ҳурматли Мирзиёев Шавкат Мирамонович – Ӯзбекистон Республикасининг Президенти!

Дӯстони азиз! 

Нахуст иҷозат фармоед, то бори дигар арзи сипоси самимии худро ба Шумо ва тамоми мардуми шарафманду дӯсту бародари ӯзбек барои истиқболи гарму меҳмоннавозии сатҳи олӣ ва таваҷҷуҳи хосса изҳор намоям.

Бо истифода аз фурсати муносиб, дуруду пайғомҳои гарми мардуми Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо мерасонам.

Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои сафари имрӯзаи мо мисли самараи боздиди  таърихии бародари ман, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ мебахшанд.

Шавкат Мирамоновичи гиромӣ!

Боиси сарфарозист, ки мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав ғанӣ гардонидем ва онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштем.   

Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад.

идомаи матлаб...

Истиқболи Президент дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент ба номи Ислом Каримов

17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошкент пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

идомаи матлаб...

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар пойтахти гардишгарии кишварҳои Осиё - ш. Ҳамадон

12-13 июли соли ҷорӣ дар ш.Ҳамадон нишасти байналмилалӣ: Ҳамадон – 2018 - пойтахти гардишгарии кишварҳои Осиё, бо ҳузури намояндагони 48 кишвар, аз ҷумла сафирон, масъулини бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангии сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

Дар ҳошияи сафари корӣ, Сафири кишвар бо устондор ва шаҳрдори ш. Ҳамадон мулоқот намуда, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат ва гардишгарӣ табодули назар карда, ба рушди беш аз пеши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳамадон – бародаршаҳрҳо, таъкид намуданд.

идомаи матлаб...

Ҷумҳурии Тоҷикистон