Мулоқоти Президент бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Барои иштирок дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳамметкалӣ Абилгазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Курейшӣ, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Белорус Сергей Румас, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, намояндагони кишварҳои Эрону Муғулистон ва дигарон, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

идомаи матлаб...

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон

11 октябри соли 2018 дар ҳошияи 17-умин иҷлоси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муртазо Сармадӣ доир гардид.

Зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон миёни ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай мубодилаи афкор сурат гирифт.

Идомаи сафари расмӣ дар шаҳри Киотои Япония

Аз шаҳри Хиросимаи Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музофоти Киото ташриф оварданд.

Дар бӯстонсаройи ҳукуматӣ маросими пазироии расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Волии музофоти Киото Такатоши Нишивакӣ ва Раиси шаҳри Киото Дайсаку Кадокава доир гардид.

Дар сухани шодбошии худ Сарвари давлати мо сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷараёни рушду тавсеаи бемайлони онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

идомаи матлаб...

Ҷумҳурии Тоҷикистон