Баргузории ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Мозандарон

05 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сори, устони Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати  Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СҲИ Н.Эмомзода ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии Созмони ҳамкории иқтисодӣ,  бо ҳузури Дабири кулли СҲИ ва сафирони кишварҳои узв (Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Эрон, Туркия,Туркманистон, Ӯзбекистон) баргузор гардид.

Яке аз масъалаҳои дар ҷаласаи 234-уми Шӯрои намояндагони доимии СҲИ баррасишуда омодагиҳо барои ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ буд, ки қарор аст моҳи декабр дар Дабирхонаи созмон (ш.Теҳрон) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардад.

Дар ҳошияи сафари корӣ, мулоқотҳои алоҳидаи Сафири Тоҷикистон бо муовини роҳи оҳани Эрон, раиси “Бандари Амиробод”  ва устондори Мозандарон баргузор гардид, зимни он ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Эронро дар соҳаи роҳи оҳан ва ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати тақвияти онро таъкид доштанд.

Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

06.11.2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз ба санаи таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бисту чор сол пур мешавад.

Тамоми мардуми шарифи кишварро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Бисту чор сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.

идомаи матлаб...

Нишасте бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Теҳрон

4 ноябри соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Теҳрон нишасте ба муносибати 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ибтидо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳозиринро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфт.

Вай роҷеъ ба аҳаммияти сарнавиштсози қонуни асосии ҷумҳурӣ дар раванди ташаккул ва пойдории минбаъдаи давлати тоҷикон, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳусни тафоҳум ва дастёбии беш аз пеши ҷомеа ба пешрафту шукуфоӣ суҳбат кард. Дар зимн нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ба таври хосса таъкид гардид.

Дар идома чанд тан аз кормандони дипломатии Сафорат перомуни аҳаммият ва паҳлуҳои гуногуни қонуни асосии ҷумҳурӣ ва роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба он ибрози назар намуданд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон