Cуханронии Сафири Тоҷикистон дар маросими бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Академик Бобочон Гафуров

 Бо арзи салом, эҳтирому адаб аввалтар аз ҳама ҳузури шумо, ҳозирини арҷмандро дар маросими бузургдошти сиёсатмадор ва олими маъруфи халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Академик Бобоҷон Ғафуров, хайрамақдам мегӯям.

 

Миллати тоҷик дар тӯли таърихи пурфарозу нишебаш абармардони зиёди  фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори  ҷовидонаашон натанҳо ба мардуми кишвари худ хизматҳои пурарзиш кардаанд, балки дар рушду нумуи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. 

  Яке аз чунин абармардони таърих, сиёсатмадори маъруфи халқи тоҷик, олим ва мутафаккири бузурги Шарқ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки тамоми умри пурбаракати худро ба хизмати халқу Ватан бахшидаанд. Ин фарзанди фарзонаи миллат дар мансабҳои баланди ҳизбӣ ва илмию таҳқиқотӣ адои вазифа намуда, мақому манзалати давлати тоҷиконро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва берун аз он баланд бардоштаанд. 

Ташаккули миллати тоҷик, парвариши эҳсоси волои якдиливу ягонагӣ дар замири сокинони Тоҷикистон, таҳқиқу пажуҳишҳои амиқи таърихи миллати тоҷик ва муайян кардани саҳми он дар тамаддуни башарӣ, ҳадаф ва мароми зиндагии ин абармард буд.

Тақдиру арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони миллат, ки умри гаронмояи хешро сарфи пешрафти илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои зиндагии миллати худ намудаанд, на танҳо сабабгори устувору пойдор гардидани миллат, балки боиси саодат ва рушду нумуи тамоми инсоният мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои ин донишманд баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр кардаанд: «Устод Бобоҷон Ғафуров дар радифи бузургтарин фарзандони Ватани мо қарор дорад. Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаи пурифтихори Ватанашро дар «Шоҳнома»-и безаволи худ пеши назари наслҳои нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин корро устод Бобоҷон Ғафуров  дар китоби безаволи худ «Тоҷикон», бо санадҳои илмӣ анҷом додааст».

Нависандаи забардасти қирғиз, шодравон Чингиз Айтматов барҳақ Тоҷикистонро пойгоҳи  ҷаҳонии захираи зеҳнӣ шуморида, дар саргаҳи ҳамин  боигарии бебаҳо, академик Бобоҷон Ғафуровро қарор додааст.

Ба маҳзи ҷасорату мардонагии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллати тоҷик, асри гузаштаро қарни худшиносию эҳёи давлатдории тоҷикон номидан мумкин аст.

Солҳои фаъолияти Б.Ғафуров дар баландтарин вазифаи сиёсӣ - Дабири аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, солҳои рушду инкишофи санъату меъморӣ, илму фарҳанги ҷумҳурӣ гардид. Сарҷамъ намудани олимону донишмандон, ба роҳ мондани таҳқиқотҳои бунёдӣ дар кишвар, таъсиси  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо ташаббуси устод амалӣ шудааст. Ҳамчунин, як қатор ниҳодҳои муҳими илмӣ-фарҳангӣ, бо ибтикор ва саъю талоши Б.Ғафуров таъсис шудаанд. 

           Дар солҳое, ки Бобоҷон Ғафуров роҳбарии Донишгоҳи Ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравии собиқро бар дӯш дошт, тақрибан тамоми осори шоирон, ҳакимон ва донишмандони тоҷику форс бо забони русӣ нашр гардид. Аз ҷумла, осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ Сино, "Шоҳнома" - и Фирдавсӣ, "Таърихи Байҳақӣ", "Рубоиёт" - и Хайём, "Сиёсатнома" - и Низомулмулк, "Гулистон" - и Саъдӣ, осори Амир Хусрави Деҳлавӣ ва "Девон" - и Ҳофиз бо тиражи зиёд дар қаламрави Шӯравӣ табъу нашр шуданд. 

          Б.Ғафуров ба Эрон ва тамаддуни эронӣ ишқу алоқаи фаровон дошт. Ӯ дар чандин нишаст ва ҳамоишҳои илмӣ дар Эрон ширкат варзид ва ба унвони "Доктори ифтихорӣ" - и Донишгоҳи Теҳрон баргузида шуд.

Бо таҳқиқоту пажуҳишҳои таърихӣ, аллома Б. Ғафуров ба ҷамъоварӣ ва эҳёи нашри бузургтарин ганҷинаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Бо ташаббуси устод мусиқии классикии тоҷикӣ «Шашмақом», ба таври мукаммал мунташир гардид.  

Аллома Б.Ғафуров бешубҳа чун дӯстдор ва донандаи хуби мероси ғановатманди аҷдодӣ дар китоби  «Муборизаи халқи тоҷик барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» бо илҳом аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, муҳимтарин ғояҳои озодихоҳии миллати тоҷикро ба тасвир кашидаанд. Минбаъд бо кумаку ташаббуси устод

«Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба забони форсӣ дар силсилаи «Мероси хаттии Шарқ» (с.1971) ба табъ расиданд. Дар ин раванд, силсилатаҳқиқотҳои устод ва мактаби эшон ба монанди: «Фирдавсӣ – шуҳрат ва ифтихори маданияти ҷаҳонӣ» (1972), «Амир Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Ҳашт биҳишт»» (1971), «Мирзо Ғолиб – шоири бузурги Шарқ» (1972), «Ал-Форобӣ дар таърихи маданият» мунташир шуданд, ки аз ҷониби муҳаққиқон сазовори баҳои баланд гардиданд.

Ҳамзамон устод дар марҳилаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшиданд. Аввалин падидаи неку дурахшони ин раванд, эҷоди асари арзишманди устод Бобоҷон Ғафуров  «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад, ки ҳанӯз дар соли 1947 ба забони тоҷикӣ нашр гардид. 

Натиҷаи заҳмати сисолаи  устод дар илми таърихшиносии тоҷик асари арзишманди «Тоҷикон» - аввалин таҳқиқоти мукаммал оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, натанҳо аз ҷониби аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон, балки дар маҳфилҳои илмии ҷаҳонӣ низ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. 

Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мутамаддин, дорои таъриху фарҳанги куҳан бо санаду далелҳои инкорнашаванда ошно кард. 

Бесабаб нест, ки барои хизматҳои шоистаи ин донишманд ва яке аз сиёсатмадорони Тоҷикистон, Роҳбари хирадманди кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Бобоҷон Ғафуровро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон тақдир карданд.

      Дар поёни сухан аз аҳли кормандони МФ СҲИ ва ҳамаи пешкорон барои роҳандозӣ ва баргузории маросими бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Академик Бобоҷон Ғафуров, самимона изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. 

 Ташаккур, 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон