Мулоқоти Сафир дар Теҳрон

24 июл мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Утоқ (Палата)-и бозаргонӣ, саноат,  маъдан ва кишоварзии ин кишвар Ғуломризо Шофеӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо  барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ таъкид карданд. Ҷониби эронӣ омодагиашро барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон  изҳор намуд ва таҳкими робитаҳои бахши хусусии ду кишварро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард.

 Ҷиҳати муаррифии дастовардҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу коло дар кишварҳои якдигар муҳим дониста шуд. Ҳамчунин тасмими ҷонибҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон, ки қарор аст дар охири соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор гардад, таъкид гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон