Баргузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2019" дар Душанбе

      Ба иттилоъ мерасонад, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои   28-31 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2019" баргузор менамояд.

         Мақсади асосии гузаронидани Намоишгоҳи мазкур тақвияти корҳо дар самти муаррифии имкониятҳо ва иқтидорҳои ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ба кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолии коркарди ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, инчунин истеҳсол намудани маҳсулоти ватании рақобатпазир ба содирот мебошад.

         Сармоягузорон, намояндагони ширкатҳои хусусиву давлатии кишварҳои хориҷӣ, метавонанд дар ин ҳамоиш ширкат варзанд.

         Алоқамандон бояд то 20.02.2019 тайиди иштироки худро аз тариқи номаи расмӣ ба Сафорат ё ба почтаҳои электронии зерин тасдиқ кунанд.

          Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..  

          Ҳамчунин, хоҳишмандон ҷиҳати дарёфти маълумоти бештар метавонанд ба сомонаи www.tpp.tj муроҷиат намоянд.

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон