Ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ таҳти раёсати Тоҷикистон

17 декабр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳти раисии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон Неъматулло Эмомзода  оғоз ёфт.

Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Н.Эмомзода ба уҳда дошта, инчунин ба он намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва иқтисоду савдои кишвар низ шомил мебошанд.

Дар чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби ҷаласаҳои кумитаҳои соҳавӣ як қатор масъалаҳои муҳимму мубрами фаъолияти Созмон, аз ҷумла банақшагирии фаъолияти он дар соли 2019 мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Кори ҷаласа то 20 декабр идома хоҳад ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон